Фанни Ботаника

Поя ва навдаи растани

Поя яке аз узвҳои асосии вегетативии растаниҳои олии баргу поядор мебошад, ки аз нӯги ва байни буғумҳо сабзида дароз мешавад.

Дар ҳолати ибтидоии худ поя ҳанӯз дар ҷанини тухм мавҷуд аст. Дар вақти неш зада баромадани тухм он ба берун мебарояд. Вай аз ҳисоби тақсимшавӣ ва баъд дарозшавии ҳуҷайраи конуси расиш месабзад.

Поя узви меҳварӣ буда, вазифаи асосиаш баргу шоха пайдо кардан ва бо худи ҳамин сатҳи рӯизаминии растаниро зиёд кардан мебошад. Ин барои ғизогирии ҳавоии (фотосинтез) растанӣ ахамияти калон дорад.

Бофтаҳои гузаронандаи поя ва решаю барг як узви бутуни ягонаро ташкил медиҳанд ва аз ин сабаб поя звенои пайвасткунандаи байни решаю баргҳо мебошад.

Вазифаи дигари поя ин аз реша ба баргҳо додани об ва моддаҳои дар он ҳалшуда, аз баргҳо ба реша фиристодани моддаҳои ғизоии пластикӣ мебошад.

Об бо моддаҳои дар он ҳалшуда аз решаи дарахтон ба баландии то 20 – 100 м мебарояд. Ин гуна баланд бардошта шудани об ба воситаи қувваи макидагиранда и ҳуҷайраҳое, ки он боиси фишори осмотикии ҳуҷайраҳо мегардад, инчунин бо таъсири фишори решагӣ ба амал бароварда мешавад, ба якчанд атмосфера мерасад. Барои ба боло баромадани об инчунин қувваи макидагирии баргҳо, ки дар натиҷаи обро бухор кардани (транспиратсияи) баргҳо ташкил меёбад, ёрӣ мерасонад.

Моддаҳои органики (пластикии) дар об ҳалшаванда аз боло ба поён ва ба ҳар тараф ба шохаҳо аз баргҳо, ба поя ва решаҳо асосан ба воситаи найчаҳои элакшакли флоэма (луб) ҷорӣ мешавад.

Ғайр аз ин ду вазифа пояи баъзе растаниҳо боз вазифаи узви ассимилятсия ва нафасгирӣ узви афзоиши вегетативӣ, узви муҳофизатӣ (хорҳо) – ро иҷро менамояд.

Поя баръакси реша, геотропизми манфӣ надорад. Яъне он ба тарафи муқобили таъсири қувваи кашиши замин месабзад. Поя аз замин рӯ ба манбаи равшанӣ месабзад, яъне он баръакси реша, дорои фототропизми мусбат мебошад.

Морфологияи поя ва навда. Қисмҳои таркибии навда. Омӯзиши пояи растанӣ бевосита бо навда алоқаманд аст. Пояе, ки дар он муғҷа ва баргҳо инкишоф ёфта истодаанд, навда номида мешавад. Дар навдаи калон қисмҳои зерини таркибиро фарқ мекунонанд: поя, буғум, байнибуғум, муғҷа, баргҳо.

Ҷои ба поя мустаҳкамшавии барг буғум номида мешавад. Буғуми поя одатан ғафстар мешавад. Ин хусусан дар ғалладона (гандум, бамбук) нағз аён аст.

Қисми байни ду буғуми ба ҳам наздики поя байни буғум номида мешавад. Дарозии байнибуғумҳои ҳам растаниҳои гуногун ва ҳам дар пояи ҳамон растанӣ вобаста ба ҷои ишғолкарда якхела намешавад. Дар алафҳо байнибуғумҳои поягӣ дар зери замин ҳам мешавад, ки дар ин ҷо онҳо бештар ба ҳам наздиканд (юнучқаи марғзор). Пояи бисёр алафҳо хеле кӯтоҳ аст ва байнибуғумҳои ба ҳам наздик доранд (қоқу, гули марворидак). Растаниҳои кӯтоҳпоя миқдори зиёди баргҳоро инкишоф медиҳанд, ки ин баргҳо дар рӯи хок розеткаҳои баргҳои наздирешагиро ташкил медиҳанд. (қоқу, зулф, манжетка ва ғайра).

Баъзе пояи растаниҳо барг надорад. Онҳоро ақрабаки гул меноманд. Ин ақрабакҳои бебуғум ва байнибуғум дар охир тӯдагул меоранд (пиёз, зулф, примула, қоқу ва ғайра). Кунҷе, ки поя ташкил медиҳад ва аз он барг мебарояд, бағалаки барг номида мешавад. Дар вақти хазонрезӣ дар поя сӯрохии барг нағз аён мешавад, ки дар он бо чашми оддӣ баромадгоҳи бандчаҳои гузаронанда – нишонаи баргҳоро дидан мумкин аст.

Муғҷа ин навдаи ибтидоӣ мебошад. Тамоми қисмҳои он наздику якҷояанд. Ҳар як навда аз муғҷа пайдо мешавад. Дар вақти тадқиқи микроскопии сохти муғҷа (расми 43) нағз дидан мумкин аст, ки он аз пояи ибтидоӣ иборат буда, бо баргчаҳои ибтидоӣ иҳота шудааст. Дар бағалаи баргҳои ибтидоӣ бошад дар шакли теппача муғҷаҳои паҳлӯии ибтидоӣ мехобанд. Муғҷаҳо бо пулакчаҳо (бо баргҳои шаклан дигар) пӯшонида шудаанд, ки онҳоро аз ҳарорати пасти зимистон эҳтиёт мекунанд. Пулакчаҳои муғҷа бештар бо мӯякчаҳо ва моддаҳои смоламонанд пӯшонда шудааст, ки пулакчаҳои муғҷаро ба ҳам зич мустаҳкам намуда, аз сармо муҳофизат менамоянд.

Муғҷаҳои тобистон ташкилёфтаи дарахту буттаҳо дар давоми зимистон дар ҳолати оромӣ мебошанд ва аз ин сабаб ҳам онҳоро зимистонӣ меноманд. Муғҷаҳои растаниҳои гуногун шаклан ва ҳаҷман ниҳоят ҳар хел мешаванд. Масалан, муғҷаҳои тӯс майда, муғҷаҳои бузина калон мешавад.

Шумораи онҳо низ як хел нест. Муғҷаҳои лӯнда, тана, реша инчунин пиёзак аз таъсири сармо бо қабати хок муҳофизат карда мешавад. Растаниҳое, ки розеткаи баргҳои назди решагиро ташкил медиҳанд ( қоқу, зулф, сурепка (зардгулак)) ва ғайра дар маркази розеткаи баргҳо муғча доранд: бисьёр вақт ин муғчаҳо дар зимистон бо қабати барф пӯшида мешавад, ки онҳххоро аз сармозанӣ нигох медоранд.

Вобаста ба ҷойгиршавии муғчаҳо дар поя, вазифаҳои онҳо се типи асосии муғчаро фарқ мекунанд: муғчаҳои нӯгӣ, паҳлӯи ва иловагӣ.

Муғчаҳои нӯгӣ дар нӯги пояҳои асос ё паҳлӯӣ аз конуси расиш инкишоф меёбанд.Минъбад аз муғчаҳои нӯгии дарахтон ва буттаҳои навдаҳои дарози дорои байнибуғумии васеъ месабзанд. Ин давраҳои дароз барои васеъ шудани сатҳи умумии болои дарахт мадад мерасонанд. Дар онҳо миқори зиёди баргҳо пайдо мешаванд ва аз ин сабаб ҳам муғчаҳои нӯгиро бештар муғҷаҳои баргӣ ё вегетативӣ меноманд.

Муғҷаҳои паҳлӯӣ дар бағалаи барг инкишоф меёбанд ва минбаъд аз онҳо навдаҳои кӯтоҳи дорои байнибуғумҳои масофааш кӯтоҳ ташкил меёбанд.Аз ҳисоби онҳо майдони ишғолкардаи баргу шохҳои дарахтон хеле зиёд мешаванд.

Муғчаҳои паҳлӯгӣ на ҳамеша ҳар сол месабзанд. Баъзан онҳо хусусан дар қисми поёнии поя дар давоми чандин солҳо ба ҳолати оромӣ мебошанд.Ин гуна муғҷаҳоро муғҷаҳои хобида номида мешаванд. Ин муғҷаҳоро бо роҳи сунъӣ бедор кардан мумкин аст.Дар ин ҳолат нӯги дарахт бурида партофтан лозим аст.Агар дарахт бурида шавад, муғҷае,ки дар асоси дарахт ҷойгир,зуд ба сабзиш медарояд ва аз кундаи дарахт навда зада мебарояд,(липа,сафедор).

Муғчаҳои иловагӣ ё адвентивӣ,баръакси муғҷаҳои паҳлӯӣ,на дар бағалаи барг балки дар ҳар ҷои поя (дар баргу решаи баъзе растаниҳо) пайдо мешаванд.

Дар навдаҳои баъзе растаниҳо муғчаҳои вегетативӣ (сабзиш) ва гулро фарқ мекунанд.Аз муғчаҳои вегетативӣ баҳорон поя ва баргҳо ва аз муғчаҳои гулӣ гул инкишоф меёбанд. Муғчаҳои вегетативӣ назар ба муғчаҳои гул ҳаҷманхурд мешаванд ва мувофиқан ба намуди муайяни растанӣ шаклан дигар мебошанд.

Дар амал муғчаҳоро бештар чашмак (дар растаниҳои мевадиҳанда,лӯндаҳои картошка,ноки заминӣ ва ғайра) меноманд. Муғчаҳои дарахтон давраи муайяни оромӣ доранд ,ки он тамоми зимистон давом мекунанд. Муғчаҳои навдаҳои кӯтоҳ назар ба муғчаҳои вегетативии нӯги навдаи байни буғумҳояш аз ҳамдигар дур давраи кӯтоҳи оромӣ доранд..Аз ин сабаб муғчаҳои навдаҳои кӯтоҳ баҳорон барвақт месабзанд.Дар ҳолатҳое,ки муғчаӣ дарахт зарар дида бошанд, як ё якчанд муғчаҳои паҳлӯӣ на ба паҳлӯ, балки ба таври вертикалӣ месабзанд ва аз онҳо як ё якчанд навда ташкил меёбад, ки пояи асосиро иваз мекунанд.

Шохронии поя.Растаниҳои дорои шохнаронанда хеле каманд.Пояи аксарияти растаниҳо сершоха мебошанд,ки дар натиҷаи он майдони ишғолкардаи баргу шохҳои растанӣ ва массаи баргҳои он зиёд мешавад.

Ду типи асосии шохронии поя ва навда мавҷуд аст:лихотомӣ ва моноподиалӣ.

Шохронии дихотомӣ бо он характернок аст, ки дар конуси сабзиши поя 2 муғча пайдо мешаванд.Ин муғчаҳо дар вақти сабзидан 2 шохаи вилкашаклташкил медиҳанд: ҳар яки аз ин шохаҳо бо ҳамин роҳ шоха меронанд.

Шохронии дихотомӣ ё вилкашакл аз ҷиати эволюсия хеле қадимӣ ва оддӣ ҳисобида мешавад.Ин гуна шохронӣ ба растаниҳои ибтидоӣ -ушнаҳо, шлаунҳо,папоротниеҳо хос аст.

Шохронии пояи моноподиалӣ ба чунин растаниҳо хосанд,ки дар нӯгӣ онҳо як муғча мавҷуд аст.Ин муғча сабзида, давоми навдаи асоси мешавад ва навдаҳо паҳлӯии тартиботи якум аз ҳисоби муғчаҳои паҳлӯӣ ташаккул меёбанд.Дар шохаҳои паҳлӯӣ аз навдаи асосӣ баланд намесабзанд,масалан,растаниҳои сӯзанбарг(ель,қарағай,пихта ва ғайра).

Шакли поя дар буриш.Дар вақти кӯндаланг доира буридани поя растаниҳо шаклҳои гуногун доранд: доира (растаниҳои хӯшадор,лӯбиёгӣ ва ғайра) серқирра,(ғеша),чорғирра(мармарак,яснотка,пудина),теғанок(купыри бешагӣ,дягиль балдирғон (боршевик)),болнок (чинаи марғзор,чертополок) ва

баъзан пояҳои паҳн вомехӯранд.Дар олами растанӣ бештар шакли гирдаи поя дучор мегардад.

Дар пояи кӯндаланг буридашудаи растаниҳо ба осонӣ дидан мумкин аст, ки пояи яке комилан пур аз дилак буда,дигаре тамоман холӣ аст.Пояҳои пур аз дилак пояҳои пурра номида мешаванд.Ин гуна пояҳо дар бисёр растаниҳо дидан мумкин аст.Пояе,ки дарунаш холӣ бошад ,ковок номида мешавад.Растаниҳои оилаи соябонгул,каду ва аксарияти растаниҳои хӯшадор пояи ковок доранд.Пояи растаниҳои хӯшадор хас пахол номида мешаванд.

Хас дар буриши кӯндаланги доира, деворачаҳои тунуку сахт мебошад.Байнибуғумҳои хас холӣ буда, вале буғумҳо пурраанд.Буғумҳои хас назар ба қисмҳои дигари поя хеле ғафстар аст(гандум,ҷавдор,ҷав,бамбук ва ғайра) ва аз ин сабаб ҳам нағз аёнанд.Пояи баъзе растаниҳои хӯшадор (ҷуворимакка,алафи судан) пурра мебошанд.

сабзиш пояҳои зеринро фарқ мекунанд: пояҳои рост,хазанда,печанда,час-панда ва ғайра.Аксарияти растаниҳо,хусусан дарахту буттаҳо,алафҳои бисёрсола пояи рост доранд.Пояи онҳо қариб силиндршакл буда, ба таври вертикалӣ ба андозае каҷтар месабзад ( тӯс,себ,дарахти булут)

Сохти анатомии поя.Поя аз ҳисоби меристемаи болоӣ чанд вақт ба дарозӣ месабзад.Дар меристемаи аввалини конуси сабзиши поя 2 комплекси ҳуҷайраҳоро фарқ мекунанд.Дар рӯи он туника ҷойгир аст, ки аз як ё якчанд

қабат ҳуҷайраи асосан ба таври антиклинӣ (мувозеъ ба сатҳ) тақсим мешудагӣ иборат аст.Дра зери туника корпуси бисёрқабата ҷойгир аст,ки ҳуҷайраҳо аз он ба ҳар тараф тақсим мешаванд.Аз ҳуҷайраҳои туника эпидермис ташаккул меёбад. Ҳуҷайраҳои корпус бошанд,ба бофтаҳои боқимондаи доимии поя дифференсасия мешаванд.Агар туника аз якчанд қабат ҳуҷайра иборат бошад,аз қабатҳои дарунии он ҳам ба пайдоиши пӯстлоқи аввалин ибтидо мегузорад.

Сохти анатомии поя бо вазифаҳои иҷромекардагии он зич алоқаманд аст.Сохти аввалину дуюми поя фарқ мекунад.

Сохти аввалини поя. Сохти аввалини поя дар натиҷаи дифференсасияи ҳуҷайраҳои меристемаи аввалин конуси сабзиш ташаккул меёбад.Бандчаҳои гузаронанда аз участкаҳои махсуси меристема-прокамбий пайдо мешаванд.Прокамбий дар натиҷаи он пайдо мешаванд,ки баъзе ҳуҷайраҳои меристемаи конуси сабзиш бештар ба дарозӣ тақсим шудан мегиранд ва ба деворчаҳои кӯндаланг тақсим шудани онҳо суст мегардад.Дар натиҷаи ҳуҷайраҳои тақсимшавандаи пур аз моддаҳои ғафси донадор пайдо мешаванд,ки онҳо дар шакли ресмонҳои овезони алоҳида ёсар тосар силиндшакл ҷойгиранд. Сохти аввалини пояи растаниҳои алафии якпалла ва дупалла ба куллӣ фарқ мекунад.

Растаниҳои якпалла.Хусусияти характерноки растаниҳои якпалла аз он иборат аст ,ки бандчаҳои гузаронандаи онҳо пӯшида мебошад.Дар натиҷаи он пояи онҳо ғафс намешавад.Пояи баъзе дарахтони якпалла хеле ғафс мешавад.Ин аз ҳисоби камбий набуда, балки аз ҳисоби ҳалқаи махсуси ғафсшавӣ, ки аз ҳуҷайраҳои паренхимаи асосӣ пайдо мешаванд, ба амал меояд.Бандчаҳои гузаронандаи растаниҳои якпалла ба таври спирал ҷойгиранд ва дар тамоми рӯи буриши кӯндаланги поя паҳн гардиданд

Дар бисёр ҳолат пояи растаниҳои якпалла аз бофтаҳои зерин иборат аст: эпидермис,склеренхима ва паренхимаи асосӣ, ки аз он бандчаҳои гузаронанда мегузаранд. Пояи растаниҳои якпалла бо пӯстлоқ ва меҳвар ё ба силиндр аниқ тақсим намешавад,зеро пӯстлоқ ҳанӯз равшан мушоҳида намешавад ва дар шакли хатти борик дар канори поя ҷойгир аст. Бандчаҳои гузаронандаи коллатералӣ ва оддӣ бо ҳалқаи склеренхима иҳота шудаанд. Бандчаҳои гузаронандаи рӯи поя хурданд ва миқдоран назар ба қисмҳои марказии поя зиёданд.Аз ҳар як барги пояи баъзе растаниҳои якпалла (ҷуворимакка,палма) миқдори зиёди бандчаҳо мебароянд,ки онҳо ба тамоми поя тақсим мешаванд. Бандчаҳои гузаронандаи хусусан дар буғумҳои пояи ҷуворимакка хеле инкишоф ёфтааст.Ҳангоми гузаштан аз барг ба поя бандча ба маркази поя равон мешавад ва сонӣ ба поён рафта,тадриҷан ба канори поя наздик мешавад.

Пояи аксар растаниҳои хӯшадор:ҷавдор,ҷав,гандум ва ғайра аз хас иборат буда ,сохти анатомии ба худ хос доранд.Дар сатҳи хас эпидермис,пас аз он склеренхима,ки аз ҳуҷайраҳои ғафсдевор иборат аст,ҷойгиранд.Дар байни эпидермис ва склеренхима участкаҳои паренхимаи хлорофилнок вокеъ аст,ки ҳуҷайраҳои он пӯсти тунук ва хлоропласт доранд.Дар марказ бофтаи паренхимавии дорои ҳуҷайраҳои калон ҷойгир аст, ки пӯсти онҳо чӯб шуданаш мумкин аст.Аз байни ҳуҷайраҳои паренхима бандчаҳои пӯшидаи коллетералӣ мегузарад.Дар маркази поя ҷои ковокии калон мавҷуд аст, ки ба он ҳуҷайраҳои бофтаи асосӣ омода мерасонад.

Дар натичаи ин тамоми бандчахои гузаронанда гуё ба берун чойгиранд , Бандчахои хурдтар дар руи поя , бандчахои калонтар бошад хам дар наздикии чои ковоки чойгиранд.

Сохти аввалин дар давоми тамоми хаёли растанихои якпалла ба тамоми дарозии поя давом мекунад.

РАСТАНИХОИ ДУПАЛЛА.

Маълум аст, ки пояи растанихои дупалла ба эпидермис , пустлоки аввалин ва цилиндри маркази таксим мешавад. Пустлоки аввалин асосан ба бофтаи паренхима иборат аст , ки дар хучайрахои он бештар хлоропласт мавчуд аст. Дар таркиби пустлоки аввалин бофтахои механики – коленхима ва склеренхима хам дохил мешавад. Колленхима одатан бевосита дар зери эпидермис мехобад ва склеренхима дар шакли халкаи доира ё бо участкахои чудогона (офтобпараст) наздиктар ба маркази поя чойгир мешавад

Хучайрахои чукур чойгиршудаи паренхима беранганд, зеро дар таркиби худ хлоропласт надоранд. Кабати аз хама дарунтари пустлоки аввалин аз эпидерма иборат аст , ки он бештар ба багалаи крахмалдор дифференциация мешавад. Дар хучайрахои он донахои сершумори крахмал мавчуданд , ки онхо хатто хангоми нарасидани моддахои гизои истеъмол карда мешаванд. Баъзе олимон чунин мешуморанд, ки багалаи крахмалдор боиси рост сабзидани поя мегардад.

Цилиндри маркази поя аз перицикле , ки бевосита ба эпидерма пайваст аст, сар мешавад . Дар перицикли бисёр растанихо решахои иловаги , мугчаи иловаги , меристемахои дуюм пайдо шуданаш мумкин аст. Дар марказ дуртар аз перицикл бандчахои гузаронанда , ки аз флоэма , ксилема ва камбии бандчаги иборатанд , чойгир мебошанд.

Хангоми сохти аввалин дар пояи растанихои дупалла хусусиятхои зерини анатоми мукоиса карда мешаванд ки онро аз пояи растанихои якпалла фарк мекунонанд.

  1. Бандчахои гузаронанда кушод мебошад , яъне дар онхо камбии бандчаги мавчуд аст , ки аз хисоби он бандча сабзида метавонад.
  2. Бандчахои гузаронанда дар гирдогирд . яъне дар руи поя , ба масофаи якхела чойгиранд.

Дар пояи растанихои дупалла одатан 2 типи бофтахои механики – колленхима ва склеренхима мавчуданд.

Сохти аввалини пояи растанихои дупалла танхо дар кисми чавони поя – дар зери мугчаи болои мушохида карда мешавад. Баъд он тадричан бо сохти дуюм иваз мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *