Фанни Ботаника

Пардаи хучайра

Ҳуҷайраи растанӣ баракси ҳуҷайраи ҳайвонот пардаи ғафс дорад. Онҳо протопласт дар протсеси фаъолияти ҳаёти кор карда мебарояд. Мавҷудият ё вуҷуд надоштани парда нишонае мебошад, ки ҳуҷайраи растаниро аз ҳуҷайраи ҳайвон фарқ мекунад. Аз рӯи ақидаи бисёр олимон ин нишона хеле аломати бо эътимод мебошад. Парда протопластаро аз таъсири берунӣ муҳофизат мекунад ва ҳуҷайраро ба шакл дароварда, мустаҳкам менамояд. Аз дарун пардаи ҳуҷайра бо плазмолемма фарш карда шудааст. Баъзе ҳуҷайраҳои растанӣ парда надорад. (ҳуҷайраҳои ҷинсӣ, луоби ва ғайра).

Пардаи ҳуҷайра вобаста ба расиш ва типи ҳуҷайра хеле тағир меёбад. Ҳуҷайраҳои ҷавон — пардаи тунуктар дошта ҳуҷайраҳои пурра ташакул ёфта пардаи ғафс доранд. Пардаи ҳуҷайра хусусияти ба ҳар шаклу ҳаҷм пештараашро барқарор карда метавонад. Пардаи ҳуҷайра дар вақти дарозшавӣ ҳам мустаҳкам мебошад. Сохти парда бо функсияи ҳуҷайра алоқаманд аст.

Таркиби химиявӣ ва структураи парда. Дар таркиби парда бештар целлюлоза (клетчатка), гемицеллюлоза (нимклетчатка) ва моддаҳои пектинӣ дохил мешаванд. Аз ҳама аҳамиятнок целлюлоза мебошад, ки он то 90% моддаҳои пардаро ташкил медиҳад. Вай аз ангиштоб (полисахарид) иборат аст, ки ба крахмал монанд мебошад ва чунин формудаи эмпирикӣ (С 6 Н 10 О 5) дорад. Аммо дар ин ҷо «п» коэффиценти дигар буда, сохти молекулаҳо ҳам мураккабтар мебошанд. Молекулаҳои целлюлоза структураи риштамонанд доранд ва ба таври мутавозӣ ҷой гирифта ба як бандча – мицелла тӯб мешаванд. Мицеллаҳо ҳам элементҳои бештар калонтар – фибрилаҳоро ташкил медиҳанд, ки сӯроҳиҳои байни онҳо пур аз моддаҳои асосии парда (матрикс) мебошад. Ин модда аз пектин ва гемицеллюлоза иборат аст. Целлюлоза танҳо дар кислотаҳои зӯр ва реактивҳои Швейцер маҳлул мешавад. Гемицеллюлоза ҳам моддаи хеле устувор мебошад. Вале нисбат ба целлюлоза ба осони ҷудо мешавад. Гемицеллюлоза ҳамчун моддаи ғизоии захиравӣ бештар дар пардаи ҳуҷайраҳои тухми ва меваи растанӣ (дарахти қаҳва, нахли хурмо, люпин) ҷамъ мешавад.

Моддаҳои пектинӣ баракси целлюлоза ва гамицелюлоза на аз малекулаҳои риштамонанд, балки аз молекулаҳои ба шохаҳо ҷудо шуда иборатанд. Моддаҳои пектинӣ ва чандон мустаҳкаманд ва нисбатан ба осонӣ ҷудо мешаванд. Пардаи ҳуҷайраҳои баъзе растаниҳои ибтидоӣ комилан аз моддаҳои пектинӣ иборатанд.

Гузориш ва расиши парда. Дар ҳуҷайра пардаи якум ва дуюм аз ҳамдигар фарқ кунонида мешаванд. Ҳар як ҳуҷайраи аз нав ташкилшуда дарҳол ба пардаи тунуки шаффоф печонда мешавад. Ин парда аввал буда дар он моддаҳои гамицелюлоза, пектинӣ ва миқдори зиёди об мавҷуданд. Вақте, ки ҳуҷайра ҳаҷмаш калон шуда, аз расиш мемонад ташакули пардаи якум низ ба охир мерасад. Баъзе ҳуҷайраҳо то охири умри худ бо пардаи якум печонда мешаванд. Аммо дар бисёр ҳолатҳо баъди тамом шудани расиши ҳуҷайра протопласти он пардаи дуюмро ташкил медиҳад. Ба таркиби пардаи дуюм асосан целлюлоза дохил мешавад. Он одатан қабат- қабат буда, хатҳои борик дорад, ки ин аз асбоби сохти субмикроскопиаш мебошад. Барзиёдии целлюлоза боиси сифати баланди механикии пардаи дуюм мегардад. Баъзан дар ҳуҷайра дар шакли қабати тунуки дохилӣ пардаи сеюмро фарқ мекунанд.

Дар байни пардаҳои якуми ҳуҷайраҳои ҳамсоя қабати моддаи пектинии байниҳуҷайрагӣ мавҷуд аст, ки онро пластинкаи мобайни меноманд. Вайроншавии пластинкаи мобайнӣ боиси ҷудошавии ҳуҷайра мацерасия мешавад.

Пардаи ҳуҷайра бо ду роҳ калон мешавад: бо роҳи ба қабатҳои кӯҳна (опозитсия) гузоштани қабатҳои навӣ ( одатан аз дарун) парда ва бо роҳи дар байни қабатҳои кӯҳна ҷорӣ намудани ҳиссачаҳои моддаҳои парда

Дар вақти ситорриз дучор гардидан тамоми ҳуҷайра фишурда шуда ситоплазма ба деворча ҷудо намешавад ва беобии ҳуҷайра ба қисмҳои ҷудогонаи ҷилд ҳам таъсир мерасонад. Ҳамин тавр ситорриз дар натиҷаи бо роҳи осмосӣ гум кардани об ба амал наомада, балки ба туфайли аз растанӣ бухор шуда, ба муҳити атроф парешон шудани об ба вуҷуд меояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *