Фанни Ботаника

Сохти дуюми поя ва Сохти пояи алаф

Сохти дуюми пояи растанихои дупалла дар натичаи фаъолияти меристемаи дуюм пайдо мешавад. Дар баробари пайдоиши камбии бандчаги, ки ба он хучайрахои бофтахои паренхимии шуоъхои дилак ибтидо мегузоранд ва дар байни бандчахо чойгиранд, гузаштан ба сохти шуоъхои дилак сар мешавад.. Камбии байнибандчаги бо камбии бандчаги пайваст мешавад ва дар натичаи ин халкаи бутуну фаъоли бофтаи пайдоиштба вучуд меояд. Участкахои камбии байнибандчаги бандчахои нави гузаронанда пайдо мекунанд. Тадричан тамоми бандчахо якчоя пайваст мешавад . ки дар натичаи ин кабатхои томи флоэма ва ксилема пайдо мешавад. Дар маркази поя аз хучайрахои бофтахои асоси дилак мавчуд аст, ку хангоми чудошавии он чои ковоки пайдо мешавад. Бо ин инкишофи поя ба охир мерасонад. Зеро пояи алафхои яксолаи минтакахои муъталид дар охири давраи вегетациони гафс нашуда мемиранд.

Мисолхои дар боло овардашудаи сохти анатомии поя ба бандчаги дахл дорад .Типи бандчагии сихти поя бо гузаштани ресмонхои овезони чудогонаи прокамбиги равшан маълум мегардад . Баъд аз ин ресмонхои овезон бандчахои гузаронандаи аз хам чудо пайдо мешаванд. Дар вакти ташаккули сохти дуюми типи бандчаги бо сохти бебандчаги иваз мешавад .Типи бандчагии сохти поя танхо дар баъзе растанихо дар давоми хаёти поя боки мемонад.

Сохти бебандчагии бисёр растанихои дупалла хануз аз ибтидои дифференциация шудани хучайрахои меристемаги гузошта мешавад. Дар айни хол прокамбий халкаи бутуни пушонидаро ташкил медихад ва ба халкаи камбий ва флоэмаю ксилемаи халкаги ибтидо мегузорад. Аз ин ру , хангоми сохти бебандчаги бандчахои гузаронандаи аз хам чудо ташкил намеёбанд ва дар байни сохти аввалину дуюмини поя фосилае гузоштан имконпазир мегардад.

Аз растанихои сохти танаи бебандчагидошта загир мисол шуда метавонад. Дар нуги пояи загир эпидермис вокеъ аст , баъди он паренхимаи хлорпофилнок мавчуд аст. Баъзан пасмондахои эндодерма боки мемонад , ки аз паси он ресмонхои овезони нахи лубиё , участкахои флоэма ва халкаи камбий меравад. Дар марказ аз камбий ксилемаи дуюму якум ва дилак чойгир аст бештар дар натичаи кисман вайрон шудани дилак дар маркази поя чои ковоки пайдо мешаванд.

СОХТИ ПОЯИ ДАРАХТОН. Пояи дарахтон одатан сохти бебандчаги дорад . пояи дарахтон баръакси алафхо , бисёрсола буда , даххо, садхо ва хатто хазорхо сол умр мебинанд. Хусусияти анатомии пояи дарахт аз он иборат аст , ки дар руи он перидерма ташаккул меёбад ва эпидермисро иваз мекунад.

Дар пояи дарахт пустлок , камбий , чуб (ксилема) ва дилакро фарк мекунанд.

Дар такиби пустлок тамоми бофтахои поя . ки дар канори камбий , чойгиранд, дохил мешаванд. Кабатхои берунии пустлок аз перидерма иборат аст , ки он пука , камбий пукаги ва фелодермаро дар бар мегирад. Баъзан дар руи пука бокимондахои эпидермисро дидан мумкин аст , ки он баъд тамоман бархам мехурад. Аз паси перидерма элементхои пустлоки аввалин чойгиранд , ки дар натичаи дифференциация шудани меристемаи ибтидоии конуси сабзиш пайдо шудаанд.

Ба ин элементхо колленхима ва хучайрахои бофтаи асоси , ки бештар хлоропластхо ва донахои крахмалу друзхо доранд, дохил мешаванд. Наздиктар ба маркази поя пустлоки дуюм , ки дар натичаи фаъолияти камбий пайдо шудааст , чойгир мешавад. Дар пустлоки дуюм участкахои флоэма нагз намоёнанд, ки шаклан ба трапеция монанданд.Дар ин участкахои наххои лиф ибо найчахои элакшакл , хучайрахои хамрох ва хучайрахои паренхимаи лифи паихам меоянд. Найчахои элакшакл дар пояи дарахт 2-3 сол амал мекунанд, баъд моддахои гизоиро намегузоранд , мемиранд ва бо найчахои элакшакли нав иваз мешаванд. Аз байни мучасткахои флоэма шуоъхои дилак мегузаранд ,ки аз хучайрахои бофтаи асоси иборатанд.Дар ин хучайрахо моддахои гизои крахмал , равган , канд мавчуданд. Ба воситаи шуоъхои дилак ба тарзи горизонтали дар байни дилак ва бофтахои дар кисми берунии поя чойгиршуда алока ба вучуд меояд.

КАМБИЙ аз хучайрахои тунукдевори дарозкашидаи шаклан росткунча иборат аст. Хучайрахои камбий асосан ба тарзи тангентали таксим мешаванд. Дар ин холат элементхои ксилема назар ба элементхои флоэма хеле зиёдтар пайдо мешаванд . Шумораи хучайрахо дар халкаи камбий дар натичаи ба самти радиали таксим шудани онхо меафзояд , ки ин боиси бемахдуд гафсшавии поя мегардад. Фаъолияти интенсиви камбий дар давоми сол якхел нест : он дар бахор фаъолтар амал карда , баъд фаъолияти он суст шуда , тирамох катъ мегардад ва давраи ороми ба амал меояд.

ЧУБ (КСИЛЕМА).Аз найчахо , трахеид , паренхимаи чуб ива либроформа иборат аст . Аз чуб шуоъхои дилак мегузаранд. Дар хучайрахои паренхимаи чуб ива шуоъхои дилак моддахои гизои чамъ мешаванд.

Дар натичаи фаъолияти гуногуни камбий хучайрахои дар чуб ташкилкардаи он хачман хархелаанд.Хучайрахои аз хама калон бахор , вакте ки фаъолияти камбий пурзур аст пайдо мешаванд.Тадричан фаъолияти камбий суст мешавад ва хучайрахои ташкил мекардагии он хам хачман хурд ва гафсдевор мешаванд.Хамин тарик , дар як давраи вегетациони халкаи яксолаи чуб ташкил мешаванд, ки дар он хучайрахои бахори , тобистони, тирамохи нагз маълуманд. Баъди оромии зимистона фаъолияти камбий аз нав баркарор мегардад ва халкаи нави яксола ташаккул меёбад , хучайрахои калони он бевосита бо хучайрахои хурд якчоя мешаванд .Одатан , дар як сол факат як халкаи чуб ба вучуд меояд . Вале дар баъзе дарахтон дар 1 сол то 2-3 халкаи яксолаи калбаки пайдо мешавад, хол он ки пояи растанихои тропики , ки дар он чойхо иклими сол якборав тагйир намеёбад, халкаи соллона тамоман мавчуд нест.Васеии халкаи солона бо шароитхои сабзиш ва ба синну соли растани вобаста аст.

Дар баробари пир шудани чуб тадричан тагйир меёбад ва хусусиятхои нав пайдо мекунад.Зарфхо ва трахеидхо ё моддахои гуногун пир шуда , баста мешаванд ва обро намегузаронанд, хучайрахои бофтахои асоси бошанд мемиранд . Хучайрахои чуб бо зифт ва моддахои даббоги , равгани эфир парварда шуда , баъзан зуд ранг пайдо мекунанд .Ин кисми марказии амалкунандаю мурда чуби ядрои номида мешаванд. Чуби ядрои такягохи асосии сутун мебошанд , ки вазни баргу шохахоро мебарорад. Чуби ядроии бисёр навъхои дарахтон (ольха , тис, дарахти сурх ва гайра.)хеле зебо, буда хамчун масолехи кимматбахои ороиш истифода бурда мешавад.

Кабатхои канории дарахт ки бевосита дар наздикии камбий чойгиранд ва вазифаи гузарондани обу моддахои дар он халшударо ичро мекунанд , заболонь номида мешавад. Заболонь одатан назар ба чуби ядрои ранги сафедча дорад.

ТИЛЛАТАШКИЛЁБИ. Зарфчахо ва трахеидхои бисёр алафхои яксола ва бисёрсола дар давоми тамоми давраи вегетациони амал мекунанд. Вале зарфчахо ва трахеидхои дарахтон мунтазам амал карда наметавонанд. Бо мурури замон руи зарфчахо ва дар бисёр холат трахнид баста мешавад ва онхо махлули намакхои минералиро гузаронда наметавонанд . Зарфчахо бештар бо шохахои аз сурохча ба руи онхо сабзида баромадаи хучайрахои паренхимии шафаташон баста мешаванд. Ин шохахо тилла ё тиллазисхо номида мешаванд. Баъзан ядрои хучайрахои паренхими хам ба шохаи куббачамонанд – тилла табдил меёбад Баъзан ядрои ба руи зарфча расида баромадаи хучайрахои паренхими таксим мешавад ва яке аз ядрохо дар худи хучайраи паренхими боки мемонад, дигараш ба тилла табдил меёбад. Ядро дар тилла боз аз нав таксим мешавад ва дар ин холат дар байни ядрохои на деворча пайдо мешавад. Дар натича бофтаи калбакии паренхими ба вучуд омада , зарфчаро мебандад. Процесси дар сатхи зарфчахо зада баромадаи хучайрахои паренхим ива баста шудани он тиллаташкилёби номида мешавад.Дар бисёр холатхо дар хучайрахои варам кардаистодаи махсули охирини мубодилаи моддахо чамъ мешаванд, ки сабаби мурдани худи хучайрахо мегарданд. Баъзан дар ин хучайрахо моддаи захирави , масалан , донахои крахмал гузошта мешаванд.Тиллаташкилёби бештар дар кисмхои кухнаи поя ва баъзан дар навдахои яксолаи растани мушохида карда мешавад. Дар пояхои чавони растани чойхои назди кисмхои захмдоршуда низ ба вучуд омадани тилла мумкин аст . Тилла дар баъзе алафхои яксола хам пайдо шуда метавонад. (каду)

Дар баъзе дарахтон тилла мушохида карда намешавад , зарфчахо бо моддахои гуногуни минерал ива органики баста мешаванд ва дар натича амал намекунанд (олуболу, тус , заранг)

Фаъолияти зарфчахои зотхои гуногуни дарахтон як давом намекунад. Он аз 2-3 то 40-50 сол давом хохад кард.

Тиллаташкилёби ахамияти калони биологи дорад.Вай аз чихати механики кисмхои марказии танаи дарахтонро мустахкам намуда , онро бо моддахои органикии зифтмонанд мепечонад. Ки ин барои ба организми растани таъсир накардани микроорганизмхо ва хашаротхо ёри мерасонад.

Эволюцияи стель . Чунон ки маълум аст , ки поя ва решаи растани цилиндри маркази ё мехвари доранд, ки онхо аз системаи бофтахои гузаронанда , асоси ё механики иборатанд. Ин бофтахо дар марказ аз пустлоки аввалин саршуда аз он ба воситаи эндодерма ё махмали крахмал хосилкунанда чудо мешаванд.Ин мехвари марказии растани стель (сутун) номида мешавад.Стели реша дар процесси эволюция чандон тагрир наёфтааст , хол он ки стели поя дар инкишофи худ як катор мархилахоро гузарондааст. Шакли аввалаю бештар кадимии стель протостель мебошад . Он шуоъхои дилак надорад ва аз ксилемаю флоэмаи онхо ихотакунанда иборат мебошад. Эндодерма ва перицикл одатан дифференциация карда нашудаанд. Диаметри протостель хеле хурд аст ( на зиёд аз 3 мм ). Протостель асосан барои растанихои мурда характернок аст.

Мархилаи дигари инкишофи стель диктиостель мебошад , ки барои он дар массаи ксилема пайдоиш рахнахо характерно каст. Одатан эндодерма ва перицикл нагз намоёнанд.

Шакли хеле такмилёфтаи стель аустель мебошад ( стели хакики ). Ин шакл ба растанихои лучтухм ва аксарияти растанихои дупалла хос аст. Бандчахои коллатералии кушода пайдо мешаванд, к ибо шуоъхои хеле инкишофёфтаи дилак аз хам чудо карда шудаанд.

Барои растанихои якпалла ва баъзе растанихои дупалла бандчахои гузаронандаи парешон характернок мебошад. Ин шакли стель атактостель номида мешавад.

Поя ва реша хангоми сохти дуюм ба хамдигар хеле монанданд, вале дар маркази поя хамеша дилак (ё ковоки) ва дар маркази реша ксилемаи якум мавчуд аст.

ГУЗАШТАНИ СОХТИ ПОЯ БА СОХТИ РЕША . Аз сохти аввалини поя гузаштан ба сохти якуми реша зонаи зеритухмпаллаги дар участкаи байни тухмпалла ва гарданаи реша мавчудои поя ба амал меояд. Ин процесс тадричан ба тамоми дарозии гипокотиль ба амал омада метавонад, ки ин дар аксарияти куллии растанихо мушохида карда мешавад. Дар кисми кутохи гипокотиль он хеле кам руй медихад. Мохияти аз сохти тана ба сохти реша гузаштан аз онхо иборат аст : ресмонхои кашидашудаи бандчахои коллатералии поя тадричан кач буда , нисбат ба мехвари дарозии узв аз нав чойгир мешаванд , ва чуфт-чуфт пайваста гардида , дар охирон дар участкаи ксилема якчоя мешаванд. Участкахои флоэма дар равияи тангентали дароз кашида мешаванд ва нугхои онхо ба хам часпида , ресмонхои кашидашудаи флоэмаро ташкил медиханд , к ибо участкахои ксилема чой иваз карда меистанд.

ДАВОМНОКИИ ХАЁТИ РАСТАНИХО.Сохти поя ба андозаи муайян ба давомнокоо хаёти растани вобаста аст.Растанихое мавчуданд , ки хамаги 5-7 хафта бархаётанд.Аммо растанихое низ хастанд ,ки то 5000 сол ва аз он хам зиёд хаёт мегузаронанд.

Растанихои яксола – алафхо пояи хар сол мемурдаги доранд; пояи алафхои бисёрсола одатан дар охири давраи вегетациони мемирад. Пояи дарахтон дар тамоми давоми умр бархаёт аст . Растанихои бисёрсолаи дорои пояи чуби ба дарахтон буттахо ва нимбутта таксим мешаванд.

Дарахтон растанихои хеле калон мебошан, ки пояи асосии онхо – сутун бо навдахои сершумори пахлуи нагз инкишоф меёбад. Баландии дарахтони гуногун аз 4 то 110 м ва аз он баландтар мешаванд. Эвкалипти австралияги як вактхо дарахти баландтарини руи замин ба шумор мерафт.Вале дар натичаи аниктар чен кардани эвкалипт маълум гардид , ки баландии танаи он аз будаш зиёд нишон дода шудааст ва хамаги 95-99 м-ро ташкил медихад. Хол он ки дарахтони сузанбарги секвойе ва пихтаи дугласи аз он баландтар мебошад. Ин дарахтони азим . ки дар куххои Калифорния (ШМА) ва Колумбия Британия (Канада) меруянд , 109-110 м ва баъзе аз онхо то 127 м ва хатто то 142 м. баланд мешаванд.Гафсии танаи баъзе эвкалиптхо 30 м , секвойе бошад 36 м мешавад.

Дарахтон нисбат ба растанихои дигар умри дароз мебинанд.

Буттахо аз дарахтон фарк мекунанд, ки пояи асоси надоранд.Дар он якчанд пояи якхела пайдо мешаванд, ки баландиашон 4-6 м-ро ташкил медихад (дулона , юргай, корт ва гайра.). Пояхои буттахо бисёрсола мебошанд.

Нимбуттахо хам мисли буттахо пояи асоси надоранд ва танхо кисми поёнии пояхои онхо бисёрсола мебошад.Кисми болоиашон бошад яксола буда ,он хар сол мемирад. Намояндагони ин буттахо бештар дар районхои биёбон , нимбиёбон меруянд (явшон , астрагалхо). Баландии нимбуттахо то 2 м. мерасад.

Буттахое ки то 1 метр баланд мешаванд , бештар буттачахо номида мешаванд (брусника ва гайра ).

Алафхои яксола , дусола ва бисёрсола мавчуданд. Алафхои яксола дар давоми як тобистон амалиёти худро тамом мекунад. Он дар бахор сабзида , дар давоми тобистон гул , мева ва тухм карда , тирамох бошад , тамоми узвхои онхо , аз чумла реша хам мемиранд. Ба алафхои яксола аксарияти зироати хочагии кишлок – гандум, чав, чуворимакка, ва офтобпараст дохил мешаванд .

Зироатхои тирамохи : гандум , рож , чавдор ва чав дар тирамох кошта зимистонро аз сар мегузаронанд ва тобистони соли оянда баъди хоси додан мемиранд . Онхо аз чихати давомнокии хаёташон ба растанихои яксола дохил мешаванд.

Растанихои дусола цикли хаётии худро дар давоми 2 сол ба охир мерасонанд. Дар соли якум ин растанихо пояхои гулкунанда пайдо намекунанд , дар онхо танхо решав а баргхои наздирешаги пайдо мешаванд. Решаи растанихои дусола сергушт –бехмева мебошад. Дарсоли дуюми хаёташ растани аввали бахорон аз хисоби моддахои гизоии захиравии реша месабзад ва навдахои гулдору мевадиханда мебарорад.Ба растанихои дусола аз растанихои зироати – лаблабу , сабзи , турб , ки бехмева медиханд ва аз растанихои ёбои кашкарбеда , лопушник , чатркоку ва сабзии ёбои дохил мешаванд.

ИСТИФОДАИ ПОЯ ВА НАВДАХО.Поя ва навдахои растанихои гуногунро одамон дар хурок , хурокии чорво , чун масолехи бинокори , барои тайёр кардани дорувори , когаз , спирт ва гайра истифода мебаранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *