Фанни Ботаника

Млечникхо

Дар реша , поя баргхо ва дигар узвхои баъзе растанихо дар хучайрахои махсус ширае мавчуд аст , ки зохиран ба шир монанд мешавад. Ин шираи ширмонанд дар хучайрахои махсуси калони сершоха ё бандчахои хучайрахои махсус . ки млечникхо номида мешаванд, чамъ мешаванд. Хучайрахои шираи ширмонанд одатан дар байни хучайрахои паренхими дар кисмхои гуногуни растани чойгир мешаванд ва тури мураккаби паренхимиро ташкил медиханд. Ин хучайрахо тунукдевор буда , баъзан чилдхои ширагии як хел хучайрахо мешаванду вале каишу мустахкам мебошанд. Дар деворчахои бисёр сурохчахо мавчуданд.Цитоплазмаи хучайрахои шираи ширмонанд – девори ва лейкопласту бисёр ядро доранд. Дар хар чо – хар чо худуди байни латексу цитоплазма маълум нест ва ба назар чунин менамояд, ки тамоми моддахои зиндаи хучайрахои шираи ширмонанд гуё омехта шудаанд. Таркиби химиявии латекс мураккаб ва гуногун аст . Вай аз эмульсияи моддахои гуногуни захирави ва махсули охирини моддахои мубодилави иборат аст. Дар латекс кандхои гуногун , донахои крахмал , донахои сафеда , витаминхо , алкалоидхои гуногун , глюкозидхо, танинхо , кислотахои органики , лухоб , равгани эфир , камедахои гуногун , катрон ва об (50-82 %) мавчуданд. Донахои крахмалии латекс шакли ба худ хос доранд , ки ба устухони китф монанданд. Моддаи пуркиммати шираи ширмонанди каучук ва гуттаперча мебошанд , ки дар суспензияи коллоидии шираи ширмонанд дар холати муаллак вокеъ аст.

Аксар растанихои дорои млечникхо дар саноат ва хочагии кишлок ахамияти гуногун доранд. Растанихое , ки млечникашон аз канд , крахмал ва сафедахо бой мебошанд , алафи хурокии хушсифати чорвоянд. Растанихое , ки дар млечникашон алкалоид ва глюкозоид мавчуд аст , чун манбаи папаверин , морфин , пантопон ва гайра истифода мешаванд.. Бисёр растанихои тропикии дорои шираи ширмонанд хамчун наркотикхо истифода мешаванд . Баъзеи онхо , монанди растании мураккабгул ва гайра , захрноканд ва чорво намехурад.

Растанихое , ки млечникашон микдори зиёди каучук ва гуттаперча дорад,, низ барои тайёр карданикаучук истифода мебаранд ва бисёрии онхоро парвариш мекунанд. Дарахти каучук дар бозори чохони манбаи асосии савдои каучук мебошад.Растанихо монанди эвкомия , гваюла хам каучукдиханда мебошанд , ки дар бисёр мамлакатхо аз чумла дар чануби СССР парвариш карда мешаванд. Бисёр намудхои бересклетхо гутаперча доранд.

Аксарияти растанихои каучукдор бо оилаи растанихои дорои шираи ширмондаи зарбатхо (молочайхо) ва мураккабгул дохил мешаванд. Дар СССР растанихои каучукдори ба мураккабгулхо дохилшаванда , аз чумлаи куксагиз, токсагиз, кримсагиз ва гайра парвариш карда мешаванд . Ин намудхои растани дар куххои Казогистон , Кавказ , Точикистон ва Крим месабзанд. Дар поя ва баргхои анчир хам шираи ширмонанд мавчуд мебошад. Вале дар ин шира микдори каучук чандон зиёд аст.

Аз чихати химияви каучук ба ангиштобхои мураккаб дохил мешавад.

Дар бораи шираи ширмонанд мафхумхои гуногун мавчуданд.Баъзе олимон дар шираи ширмонанд мавчуд будани захираи моддахои гизоиро ба назар гирифта , шираи ширмонандро ба категорияи бофтахои гузаронанда дохил кардани мешаванд. Дар шираи ширмонанд мавчудияти микдори зиёди махлулхои пасмондаи мубодила имконият медихад , ки он ба гурухи бофтахои чудокунанда дохил карда шавад.Халли ин масъала аз ин сабаб душвор мегардад , ки млечникхо барои тамоми растанихои оли бофтахои зарурии пайдоиш нестанд.

Мувофики структураи морфологи млечникхои бе узв ва узвнок мешаванд. Млечникхои бе узв яке аз хучайрае, ки дар баробари сабзиши реша ва поя месабзад , пайдо шуда , тамоми танаи растаниро фаро мегирад . Ин гуна млечникхо девор надоранд Баъзан дар як растани якчанд-то ин гуна хучайрахои калон мавчуд мебошад. Млечникхои бе узв дар зарбат (молочай) инкишоф ёфтаанд.

Млечникхои узвнок монанди зарфхо ташкил меёбанд.Заррачахои шираи ширмонанд катори вертикалии зарчирамонанд ташкил медиханд. Деворахои кундалаги ин хучайрахо дар латекс хам хал мешавад ва дар натича системаи бандчахои ширмонанд тамоми узвхои растаниро бо анастомозхо печонда мегирад . Млечникхои узвнок дар намояндагони растанихои мураккабгул , кукнор ва дар баъзе зангулахо васеъ пахн гардидаанд.

Шираи ширмонанд на хамеша сафедранг мешаванд. Он баъзан зард , норанчи ё беранг мешавад. Латекс дар бисёр растанихои кукноршакл ранги зард дорад. Дар тут ва олеандр рангаш шаффоф аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *