Фанни Ботаника

Сикли инкишофи ушнахо

Афзоиши ғайри ҷинсии ушна бо ёрии спораҳо, ки дар узвҳои махсус – спорангия ташкил меёбанд, ба вуҷуд меояд. Афзоиши ҷинсии он ба тариқи оогамӣ ба амал меояд. Фазаҳои ядроии ушнаҳо аз рӯи қонун муайян ва пай дар пай мегузарад.

Ушна сикли инкишофи худро аз сабзиши спора сар мекунад. Спора бо роҳи митоз тақсим шуда ресмони хурди сабзро ташаккул медиҳад, ки он обсабзи сабзро ба хотир меоранд. Ин сабзаки ушна протонема номида мешавад. Дар протонемаи сабзанда «муғҷа» ташкил меёбад, ки ба асоси қисми баргу пояи ушнаи сабз ибтидо мегузоред. Ушна ба хок бо ризоидҳо – пайдоишҳои ресмонмонанди решашакл, ки аз як қатор ҳуҷайраҳо иборатанд, мечаспад. Қисми баргу пояи ушнаи сабз аз поячае иборат аст, ки дар он пайдоишҳои баргмонанд ҷойгиранд.

Ушнаи сабз муддати дароз дар шакли растаничаи сабз вуҷуд дорад. Баъди муддати муайян дар наздиктари нӯги растанӣ, дар бағалаи як баргчаи сабз узви ҷинсии модина – архегония, дар бағалаи дигар узви ҷинсии нарина – антеридия ташкил меёбад.

Архегония узви ҷинсии модинаи бисёрҳуҷайрагии шаклан шишамонанд мебошад. Қисми поёнии он васеъ аст, ки дар он ҷо ҳуҷайратухм ҷойгир мешавад. Қисми болоиаш дарозу баромадгоҳ дорад. Архегонияи ушнаҳо дорои пойчаҳо мебошад.

Антеридияи ушнаҳо бисёрҳуҷайра аст. Дар дохили антеридия бисёр сперматазоиди қамчинакдор мавҷуд аст. Сперматозоидҳо танҳо дар обҳаракат мекунанд. Аз ин сабаб агар об мавҷуд набошад, онҳо ба архегоний дохил шуда, ҳуҷайратухмро бордор карда наметавонанд. Дар дохили об сперматозоид бо ҳуҷайратухм якҷоя шуда, зиготаҳо ташкил медиҳад. Бо ташаккули зигота як авлод – авлоди ҷинсӣ тамом шуда, гузаштан ба дигар авлод – авлоди ғайриҷинсӣ сар мешавад.

Дар сикли ҳаётии ушна давраи аз спора то зигота авлоди ҷинсӣ мебошад. Ин давраи сикли инкишофи ушна аз он сабаб давраи авлоди ҷинсӣ номида мешавад, ки он бо ташаккули элементҳои афзоиши ҷинсӣ гаметаҳо тамом мешавад. Авлоди ҷинсӣ аз ушнаи сабз иборат, ки дар ҳолати гаплоидӣ мебошад. Растании авлоди ҷинсӣ гаплобионт ё гаметофит номида мешавад. Вазифаи он ташкил намудани гаметаҳо мебошад.

Ба ҳамин тариқ авлоди ҷинсӣ аз спора сар шуда бо гамета тамом мешавад. Аз зигота давраи дуюми сикли ҳаётии ушна авлоди ғайриҷинсӣ, ки он авлоди ҷинсиро иваз мекунад, сар мезанад. Зигота ҳуҷайраи диплоидӣ мебошад. Аз ин рӯ дар баробари гузаштан аз авлоди ҷинсӣ ба авлоди ғайриҷинсӣ фазаҳои ядрои ҳам иваз мешаванд. Ушна аз ҳолати гаплоидӣ ба ҳолати диплоидӣ мегузарад. Зиготаи ташаккульёфта ба узви махсус сабзидан мегирад, ки вазифаи он ташкил намудани спора мебошад, ки онро спорагоний меноманд. Спорагонии сабз аз ду қисм иборат аст: пояча ва қуттича ва пайдоиши диплоидӣ мебошад. Ҳуҷайраҳои он хлорапласт надоранд ва барои ҳамин вай ба растаничаи сабзи гаплоидӣ мӯфтхӯрӣ мекунад. Спорогоний баръакси гаплобионт, диплобионт мебошад. Вазифаи он ташкил додани спораҳо аст. Аз ин сабаб авлод ҳанӯз спорофит (растание, ки спора медиҳад) номида мешавад.

Спораҳо дар даруни қуттичаҳо ташкил меёбанд, ки дар ин ҷо бофтаи махсуси археспорагӣ – археспорий пайдо мешавад. Ин бофтаи махсуси меристемае аст, ки барои истеҳсоли спораҳо қобилият дорад. Ҳар як ҳуҷайраи археспория дар баробари пухтан бо роҳи мейоз (редуксионӣ) тақсим мешавад ва чор спора ташкил медиҳад. Баъди археспорияи қуттичаи спорогоний бо спораҳо пур мешавад, ки дар баробари пухта расидан аз он мерезанд ва ба ҳар тараф пош мешаванд: спора дар шароити боб аз нав месабзад.

Ҳамин тавр авлоди ғайриҷинсӣ аз пайдоиши зигота сар шуда, бо ташаккули спораҳо ба анҷом мерасад. Маълум мешавад, ки сикли ҳаётии онтогенези ушна аз спора сар шуда, бо пайдоиши спора тамом мешавад, авлоди ҷинсӣ бо авлоди ғайриҷинсӣ иваз мешавад. гаметофит ва спорофити ушнаҳо организми бутунро ташкил медиҳад. Спорофит, ки аз зигота сар мезанад, аз растании модарӣ – гаплоидӣ ҷудо нашуда месабзад ва инкишоф меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *