Фанни Адабиёт

Мавлоно Чалолиддини Балхи

Аз ҷумла Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба Мавлоно Ҷалодиддини Балхӣ ва осори вай таваҷҷӯҳи хосса доштааст. Таъсири Мавлавӣ ба ғазалиёту маснавиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ ба таври равшан намоён аст. Ӯ дар асари хеш “Нафаҳоту-л-унс” дар бораи ба Мавлоно ва фарзанди ӯ Султонвалад маълумоти муфассал медиҳад ва ин байти Мавлоноро аз “Маснавии маънавӣ” меоварад:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,

Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.

Бад – ин тариқ онро тазмин ва пайравӣ намудааст:

Ҷон аз он лабҳо ҳикоят мекунад,

Тӯтӣ аз шаккар ривоят мекунад.

Ҳар ки гӯянд ҳадиси салсабил,

З – он лаби нӯшин киноят мекунад.

Аз рақибон мекунад паҳлу тиҳӣ,

Ҷониби моро риъоят мекунад.

Чашми шӯхаш мекашад теғи ҷафо,

Лаъли ҷонбахшаш ҳимоят мекунад.

Дур аз он лаб ҷон яке нолон най аст,

“Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад”,

З – он лаби ҳамчун шакар монда ҷудо,

“Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад”.

Қатли Ҷомиро чӣ ҳоҷат захми теғ?

Ғамзае ӯро кифоят мекунад!

Абдурраҳмони Ҷомӣ ин ғазалро низ дар пайравии Мавлоно сурудааст:

Хатат фитнаст-у лабҳо фитнаангез.

Дилам з – он фитна хуну дида хунрез.

Диле овехтаи зулфат зи ҳар мӯй,

Киро бошад чунин зулфе диловез?!

Зи шакли қоматат шуд кушта халқе,

Туро гар майли қатли мост, бархез!

Ту чашмиву бувад дуд офати чашм,

Зи дуди оҳи муштоқон бипарҳез!

Хушам бо меҳнати ишқи ту, оре,

Бувад ранҷи муҳаббат роҳатомез.

Ало, эй моҳи Табрезӣ, ки чун ҳур

Нашояд кард дар рӯят назар тез.

Чу Мавлоност Ҷомӣ масти ишқат,

Ту бо рухсори рахшон Шамси Табрез.

Соиби Исфаҳонӣ ё худ Табрезӣ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ихлоси комил дошта, ашъорашро ҳамвора мавриди истиқболу тазмин қарор медодааст:

Ҷавоби он ғазали Мавлавист ин, Соиб,

“Зи умр якшаб кам гиру зиндадор маҳсуб!”

***

Хоҳад расид рутбаи Соиб ба Мавлавӣ,

Гар Мавлавӣ ба рутбаи Аттор мерасад.

Абдулқодири Бедили Деҳлавӣ низ ба Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ иродати зиёд доштааст. Ӯ дар оғози маснавии“Муҳити аъзам” чунин мефармояд:

Касеро мерасад ишратнавоҳои ин маҳфил,

Ки чун шамъаш нафас аз дил шарарбардор меояд.

Ба сомон оламе дорад баҳористони огоҳӣ,

Ки он ҷо гар равад ранге зи худ гулзор меояд.

Зи бас яксар саводи хати соғар равшан аст ин ҷо,

Нигаҳ то пар занад аз хонаи хаммор меояд.

Шунидан он қадар маст аст, аз ин афсонаи ҳайрат,

Ки пиндорӣ зи сайри олами дидор меояд.

Зи ҷоми Мавлавӣ гар ҷуръат бахшанд дарёбӣ,

К – аз ин майхона бӯйи таблаи Аттор меояд.

Мирзо Асадуллоҳи Ғолиб, ки намояндаи маъруфи адабиёти форсиву урдуи Ҳиндустон мебошад, Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро устоди маънавии хеш меноманд ва дар оғози маснавии “Сурмаи биниш” байти аввали “Маснавии маънави”-ро мавриди тазмин қарор медиҳад:

«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад

В – аз ҷудоиҳо шикоят мекунад”.

Ман наям к – аз худ ҳикоят мекунам

В –аз дами мардӣ ривоят мекунам.

Аз дами файзе, ки к – аз устод оварам,

Хомаро чун най ба фарёд оварам.

Аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ нуқтаи олии мавлавигароӣ ва мавлависароӣ дар шеъри форсии тоҷикист, зеро ҳам дар маснавиҳо ва ҳам дар ғазалиёти ӯ ҳузуру нуфузи ҳазрати Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Румӣ ошкор аст:

Ҳар нафас оғози ишқ мерасад аз чапу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост.

Мавлавӣ

Гиряи мо беасар, нолаи мо норасост,

Ҳосили ин сӯзу соз як дили хуниннавост.

Иқбол

Ман масту ту девона, моро ки барад хона,

Ман чанд туро гуфтам, кам хӯр ду – се паймона.

Мавлавӣ

Фарқе наниҳад ошиқ дар Қаъбаву бутхона,

Ин ҷилвати ҷонона он хилвати ҷонона.

Иқбол

Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар як ҷойи хушку холӣ зуҳур накарда, балки дар заминаи адабиёти оламшумули форсӣ инкишофу рушд ёфтааст ва мутолиъаву мурур дар адабиёти пешин яке аз сарчашмаҳои илҳом ва эҷоди вай будааст. Ба ибораи дигар, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ бо гӯяндагони бузурги пеш аз худ: – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саноӣ, Аттор, Хоқонӣ, Низомӣ ва дигарон робитаи қавии эҷодӣ дошта, беҳтарин суннат ва дастовардҳои онҳоро инкишофу идома додааст ва мӯҷиби як инқилоби адабӣ дар шеъру адаби форсӣ ва ҷаҳон гардидааст. Мавлоно Ҷалолиддин борҳо ба ин нукта ишора намудааст. Аз ҷумла аз шоирон ва мутафаккирони бузурги исломӣ Ҳаким Саноии Ғазнавӣ ва Шайх Аттори Нишопуриро устодони маънавии худ ҳисобидааст:

Аттор рух буду Саноӣ ду чашми ӯ,

Мо аз пайи Саноиву Аттор омадем.

***

Ҳафт шаҳри ишқро Аттор гашт,

Мо ҳанӯз андар хами як кӯчаем.

Гузашта аз ин, ҳазрати Мавлоно Румӣ ҳамчун адиби соҳибсабку соҳибмактаб дар арсаи адабиёт қомат афрохта ва дар рушду такомули минбаъдаи на танҳо адабиёти форсӣ, балки пешрафти шеъру адаби халқҳои дигар низ саҳми бориз гузоштааст. Беҳуда нест, ки дар тӯли ҳашсад сол садҳо шоирон ба ӯ ва осораш пайравӣ кардаанд ва мекунанд, аммо ҳеҷ кадом аз пайравонаш ба дараҷаи ӯ нарасидаанд. Танҳо аллома Муҳаммад Иқболро метавон комёбтарин чеҳра дар ин ҷода, яъне пайравӣ донист, зеро Иқболи Лоҳурӣ чун донишманд ва мутафаккири бузурги исломӣ воқеъан ҳам аз нахустин қадамҳои эҷодиаш таҳти таъсири шадиди андешаву афкори Мавлоно Румӣ қарор гирифта будааст ва ин таъсир то вопасин лаҳзаҳои умри ӯ давом кардааст. Инро дар тамоми осори манзуму мансури форсию урдуи вай ба таври рӯшан мушоҳида кардан мумкин аст. Иқбол, ки ба ҷону дил шефтаи шахсият ва осори Мавлавӣ аст, аз пайравию ихлосмандиаш аз ӯ ифтихор менамояд, сар ба осмон месояд ва мегӯяд:

Мар бингар, ки дар Ҳиндустон дигар намебинӣ,

Бараҳманзодае, рамзошнои Руму Табрез аст.

Иқболи Лоҳурӣ, ки шеъри форсии худро бо маснавӣ оғоз карда, сахт таҳти таъсири “Маснавӣ” будааст, ин таъсир аз нахустин маснавиҳояш то поёни умраш идома кардааст. Ба таъбири дигар бигӯем, Мавлавӣ Румӣ дар маснависароӣ муршид ва раҳнамои Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ будааст. Аз ҷумла, ӯ маснавиҳои худ: “Асрори худӣ”, “Румузи бехудӣ”, “Бандагинома”, “Ҷовиднома”, “Мусофир”, “Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?” дар пайравии «Маснавии маънавӣ» эҷод карда, мисли Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ба мардум дарси ҳақиқату тариқату адолат додааст:

Пири Румӣ хокро иксир кард,

Аз ғуборам ҷилваҳо таъмир кард.

Зарра аз хоки биёбон рахт баст,

То шӯъои офтоб орад ба даст.

Мавҷаму дар баҳри ӯ манзил кунам,

То дурри тобандае ҳосил кунам.

Ман, ки мастиҳо зи саҳбояш кунам,

Зиндагонӣ аз нафасҳояш кунам.

Муҳаммад Иқбол дар поёнии асари худ — “Ҷовиднома” хитобан ба фарзанди худ мегӯяд:

Пири Румиро рафиқи роҳ соз,

То Худо бошад туро сӯзу гудоз.

З – он, ки Румӣ мағзро донад зи пӯст,

Пойи ӯ маҳкам фитад дар кӯйи дӯст.

Шарҳи ӯ карданду ӯро кас надид,

Маънии ӯ чун ғазал аз мо рамид.

Рақси тан аз ҳарфи ӯ омӯхтанд,

Рақсро аз аз рақси ҷон бардӯхтанд.

Рақси тан дар гардиш орад хокро,

Рақси ҷон барҳам занад афлокро.

Илму ҳукм аз рақси ҷон ояд ба даст,

Ҳам замин ҳам осмон ояд ба даст.

Ин ғазалро низ Муҳаммад Иқбол дар пайравии ғазали машҳури Ҷалолиддини Румӣ “Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст” навиштааст:

Тиру синону ханҷару шамшерам орзуст,

Бо ман маё, ки маслаки Шаббирам орзуст.

Аз баҳри ошёна хасандӯзиам нигар,

Боз ин нигар, ки шӯълаи даргирам орзуст.

Гуфтанд: “Лаб бубанду зи асрори мо магӯ,

Гуфтам, ки хайр, наъраи такбирам орзуст.

Гуфтанд: «Ҳар чӣ дар дилат ояд, зи мо бихоҳ»,

Гуфтам, ки беҳиҷобии тақдирам орзуст.

Аз рӯзгори хеш надонам ҷуз ин қадар,

Хобам зи ёди рафтаву таъбирам орзуст.

Ку он нигоҳи ноз, ки аввал дилам рабуд?

Умрат дароз бод, ҳамон тирам орзуст.

Предыдущая страница 1 2 3 4 5

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *