Фанни Таърих

Таҳлили ташаккулёобии иқтиоди миллии Тоҷикистон дар шароити соҳибистиқлоли

Нақша:

Сарсухан,

  1. Сохибистқлоли заминаи асосии ташаккуёбии иқтисоди милли,
  2. Мархилаи таърихии ташакули иқтисоди миллии мамлакат.
  3. Заминахои сиёсии, иқтисоди ва ташкили бунёдшавии иқтисоди милли дар Ч.Т.
  4. Хадаф ва хусусиятхои чоришавии муносибатхои бозоргони дар иқтисоди милли.
  5. Хулоса
  6. Адабиётхо.

Сарсухан;

Хак як давлати сохиб истиклол бояд иктисоди миллии худро дошта бошад Омӯхтани асосҳои назариявии ин бахши илм барои мутахассисони ояндаи ҷумҳурӣ барои фаъолияти онҳо дар ин ҷода заминаи лозимӣ мешавад.Бехатарии иқтисодӣ ва рақобатпазирӣ дар сиёсати давлатии мамлакатҳои ҷаҳон аҳамияти калонро соҳиб шуда истодаанд. Рақобат имрӯз ба зуҳуроти васеъ густаришёфтаи байналмилалӣ мубаддал гаштааст. Идоракунии рақобат чун ҷараён тавассути танҳо бартариятҳое муяссар мегардад, ки агар ҳар як субъект ба он соҳиб бошаду, онро ба хотири ба даст овардани ҳадафи худ истифода намояд. Ингуна бартарият арзише мебошад, ки (чунончи соҳиб будан ба навоварӣ, сармоя, муташаккилии беҳамто, тамғаи шӯҳратдори савдо ва ғайра) истифодаи оқилона ва идоракунии он дарёфти мақсади наҷибро муҳайё месозад ва боиси пешравию музаффариятҳо мегардад. Соҳиб гаштан ба бартариятҳо дар назди рақибон аз чандин омилҳо иборат буда, онҳоро чун омилҳои воқеӣ ё имконпазир, дохилӣ ё хориҷӣ, стратегӣ ё тактикӣ, асосӣ ё дуюмдараҷа, меросӣ ё сунъӣ, техникӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, омилҳои вобаста ба иқлиму табиати кишвар метавон гурӯҳбандӣ намуд.

1.Сохибистиклоли заминаи асосии ташаккуёбии иктисоди милли,

Иқтисоди милли махз ба давлати миллии мустақил хос буда, чун хоҷагии бисёрзинаи мамлакат танҳо дар шароити истиқлолияти давлатии кишвар метавонад арзи вуҷуд намояд. Бинобар ин, агар давлат мустақил набошад, яъне дар тобеияти ягон давлати дигар бошад, дар ин ҳолат иқтисодиёти онро миллӣ гуфтан ҷоиз намешавад, зеро он маҳз ба давлати миллии соҳибистиқлол мансуб аст.

Дар аҳди шӯравӣ Тоҷикистон, гарчанде ки зоҳиран «Ҷумҳурии шӯравии сотсиалистии мустақил дар ҳайати ҷумҳуриҳои иттифоқӣ» ном гирифта бошад ҳам, ба иқтисоди миллии худ соҳиб набуд, зеро иқтисодиёти он узви ҷудонашавандаи иқтисоди миллии ИҶШС буда, асосан ба манфиатҳои умумииттифоқӣ нигарон буд. Мантиқан як иқтисоди миллӣ дар дохили иқтисоди миллии дигар ҷой дошта наметавонад. Бинобар ин дар Точикистон, ҳамчунон дар дигар давлатҳои собиқи шӯравӣ, иқтисодиёти воқеии миллӣ пас аз оғози соҳибистиқлолии давлатӣ ба вуқӯъ пайваст.

Истиқлолияти давлатӣ имкониятҳои беназирро барои шукуфонии кишвар, эҳёи тамаддуни миллӣ, рушди оқилонаву пурсамари иқтисодиву иҷтимоӣ ба миён меоварад.

«Истиқлолият — ин соҳибихтиёрӣ ва мустақилияти комили давлат дар танзими фаъолияти дохилӣ ва хориҷии кишвар аст.

Истиқлолият дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардидани низоми давлатдорӣ, мустақилона пеш бурдани сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат мебошад.

Истиқлолият – ин шарафу номусу ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу ранҷи бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост.

Истиқлолият – ин бародариву баробарии ҳамаи аъзои ҷомеа, сарфи назар аз халқият, миллат, урфу одат ва ақоиду афкор.

Истиқлолият – ин хонаи обод, рӯи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар як фарди соҳибдавлату соҳибватан аст

Истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ. Дар бисёр мавридҳо мустақилияти давлатиро бо маънои ба вуҷуд омадани мустақилияти иқтисодӣ мефаҳманд, ки ин ақидаи нодуруст мебошад

Дар ин чо бояд қатъиян иброз намуд, ки соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ маънои соҳибшавиро ба истиқлолияти иқтисодӣ надорад. Мафҳуми истиқлолияти иқтисодӣ маънои мустақилии хоҷагидории мамлакат, пешбарии иқтисодиётро новобаста аз ягон давлати дунё мефаҳмонад. Яъне ин маънои онро дорад, ки гуё кишвари мазкур фаъолияти иқтисодии хешро бе ҳамкорӣ бо хориҷа пеш бурда метавониста бошад. Аммо ингуна мақсадро ягон давлати дунё дар назди худ гузошта наметавонад, зеро равнақи равобитҳои хориҷии иқтисодии ба бартариятҳои тақсимоти баналхалқии меҳнат асосёфта яке аз омилҳои асосии пешравии мамлакатҳои ҷаҳони имрӯза гаштааст. Бинобар ин иқтисодиёти мамлакати мустақил комилан мустақил шуда наметавонад. Ҳатто ИМА, ки дар ҷаҳон бузургтарин давлат аст, ба мустақилияти комили иқтисодӣ соҳиб нест, иқтисоди миллии Амрико бе ҳамкорӣ бо дигар давлатҳои ҷаҳон пеш рафта наметавонад.

2. Мархилаи таърихии ташакули иктисоди миллии мамлакат

«Таҷрибаи башарӣ – мегӯяд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов, — собит месозад, ки озодӣ ва истиқлол бо осонӣ ба даст намеояд. Мо миллатҳо ва халқҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои дастёбӣ ба истиқлолият даҳсолаҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзандони огоҳ ва азизи худро аз даст додаанд. Мо имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқҳои оддитарини миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Аз ин рӯ, онҳо истиқлолиятро чун василаи ягонаи ҳифзи асолату ҳуввият ва бақои таърихии худ медонанд…

Бар хилофи гуфтаҳову навиштаҳои бадхоҳонаву ғаразноки баъзе муаллифон ва пиндошти гурӯҳҳои алоҳидаи зиёиён тоҷикон дар тамоми даврони ҳастии иҷтимоии худ мардуми мубориз, фидокор ва ватандӯст буда, пайкор барои Ватан ва озодӣ дар рӯҳу равони онҳо сахт решадор будааст.

Дар таърихи халқи мо ҷунбиши бузурги сарбадорон маъруф аст, ки дар он даҳҳо ҳазор афроди озод ва ватандӯст таҳти шиори муқаддаси «зиндагии бошарафона ё сар ба дор» дар муддати даҳсолаҳо пайкори озодихоҳона ва фидокорона намудаанд. Ин муқовимати ватандӯстона ва озодихоҳона дар асрҳои минбаъда низ дар шароити боз ҳам сангинтари таърихӣ идома ёфт. фарзандони огоҳ ва фарзонаи миллати мо аз афроди асотирии намунаи иҷтимоишудаи Рустами Достон, Сӯҳроби паҳлавон, Сиёвуши ҷавонмард ва сарварони шуҷоъ ва мубориз – Куруши Кабир, Дорои бузург, Спитамен, Оксиарт, Канишкои бузург, Хусрави Анушервон, Тоҳир ибни Ҳусайн, Абдуллоҳи Тоҳир, Яъқуби Лайс, Муқаннаъ, Темурмалик ва бахусус Исмоили Сомонӣ таҷассумгари барҷастаи омезиши табиӣ ва оқилонаи иродаи босубот ва шикастнопазири озодиву истиқлол буданд. Ба шарофати талоши онҳо давлатдории мо таърихан бунёди нерӯманди маънавӣ ва фарҳангӣ касб кардааст»1)[1].

Дар натиҷаи инқилоби соли 1917, таъсисёбии Иттиҳоди ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ (ИҶШС, соли 1922), бунёдшавии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон (соли 1924), ташкилёбии Ҷумхурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) марҳилаҳо ва заминаҳои асосии пайдоиши давлати тоҷикон дар давраи шӯравӣ буд. Эъломияи соли 1991 дар бораи истиқлолият — марҳилаи бузурги бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ва ташаккули иқтисоди миллии он мебошад.

«Таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Тоҷикистон ва навсозии давлатдорӣ сарфи назар аз иштибоҳҳои тақсимоти марзии Иттиҳоди Шӯравӣ барои пайвастани миллати тоҷик ба решаҳои кӯҳани таърихӣ ва ташаккули фарҳангу ҷаҳонбиниии нав мусоидат кард… Таърихи ҳафтод соли ҳамзистӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ як порчаи фаромӯшнашавандаи бунёдкорию созандагӣ ва эҳёи давлату давлатдории мо дар фазои нави сиёсӣ буда, бо вуҷуди маҳдудиятҳояш Тоҷикистонро ба сӯи иқтисоди пешрафта, техникаю технологияи нав ва маърифати волои замонавӣ ҳидоят намуд…»2).

Пайдоиш ва инкишофи иқтисоди миллии давлатҳои дунё тамоман гуногун буда, ба якдигар монандӣ надоранд. Сабабҳои пайдоиш ё пош хӯрдани иқтисоди миллӣ, манбаҳои ташаккулёбӣ, ангезаҳои ривоҷу равнақи он гуногунанд. Таърихи пайдоиши иқтисоди миллии мамлакат аз таърихи пайдоиши забони миллӣ, фарханги миллӣ ба куллӣ фарқ мекунад.

Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ барои тақдири халқи Тоҷикистон ва давлати миллии он, ба хотири таъмини ҳаққи зиндагии шоиста барои ҳар як инсон иродаи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода намуда, истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 ботантана эълон карда буд1).

Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирифта, 9 сентябри соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд2).

Таърихи ташаккулёбии иқтисоди миллии Тоҷикистонро аз давраи ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ шуморидан дуруст аст. Соҳибистиқлолии Тоҷикистон аз лаҳзаи аз Давлати Шӯравӣ (ИҶШС) чудо шудан ибтидо мегирад. Ин чудошавӣ, ки аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ проблемаҳои гуногунро ба миён овард, кори чандон осон набуд, зеро Тоҷикистон дар давраи тӯлонӣ — аз давраи барқароршавии ҳокимияти шӯравӣ дар Осиёи миёна ҳамчун узви сиёсӣ ва хоҷагии ягонаи давлати бузурги дунё – Иттифоқи Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ буд. Дар ин давра ҳамаи риштаҳои хоҷагидории ҷумҳурии мо бо иқтисоди пуриқтидори давлати Шӯравӣ печ дар печ пайваст гашта буд.

Тақсимоти моликияти дар ихтиёри марказ будаи иттиҳоди азбайнрафта, тақсимоти «мероси иттифоқӣ» барои Тоҷикистон, ҳамчунон дигар давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ як тарзи махсуси милликунонӣ – воситаи ташаккули иқтисоди миллӣ буд. Ин «мерос» барои ташкил намудани иқтисоди миллии давлатҳои навбунъёди мустақил заминаи хубе гузошт. Тақсимоти моликият дар қатори корхонаҳои калон, бонкҳо, роҳҳои оҳан ва дигар боигариҳои дохилии мамлакат, инчунин қарзҳои собиқ давлати Шӯравиро дар бар гирифта буд – чӣ қарзҳои аз хориҷа гирифташуда ва чӣ қарзҳои ба хориҷа додашударо.

Мувофиқи созишномае, ки дар Бишкек бо иштироки роҳбарони давлатҳои ИДМ оид ба масъалаи тақсимоти моликияти иттифоқӣ соли 1992 қабул шуда буд, ин тақсимот аз рӯйи чунин принсип сурат гирифт: ҳар як ҷумҳурии иттифоқӣ соҳиби ҳамон моликияте мегардад, ки дар санаи тақсимот дар қаламрави он ҷойгир шуда бошад. Қарор шуд, ки ҳамаи боигариҳои хазинаҳои давлатии дар марказ буда ба ихтиёри Федератсияи Русия мегузарад, ҳамаи карзҳои давлатҳои хориҷиро низ Русия медиҳад ва мегирад[2]

Заминахои сиёсии, иктисоди ва ташкили бунёдшавии иктисоди милли дар Ч.Т. Ташаккулёбии иқтисоди миллиро аз рӯйи заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ таҳлил менамоянд.

Заминаи сиёсӣ масъалаи муқарраршавии ҳокимияти давлатӣ, низоми ҳокимияти сиёсӣ ва самтҳои сиёсати иқтисодии онро дар бар мегирад. Дар ин асос принсипҳои татбиқи сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, гумрукӣ, арзӣ, сиёсати буҷетию андозгузорӣ, демографӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

Заминаву шароити сиёсӣ ба пешрафти иқтисоди миллӣ бевосита таъсири худро мерасонад – на танҳо бо ёрии омилҳои дохилӣ, балки омилҳои берунаи вобаста ба ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ, ки низ аз заминаву вазъи сиёсӣ вобастагии қавӣ дорад.

Таъсири омилҳои сиёсӣ ба натиҷаҳои хоҷагидории ҳар як мамлакати алоҳида бо чунин роҳҳо сурат мегирад:

1.аз рӯйи усулҳои сафарбаркунии омилҳои сиёсии пешрафти иқтисодиёт, аз ҷумла имкониятҳои сиёсии сафарбаркунии омма ба сӯи ҳадафҳои асосии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат;

2. аз рӯйи кафолатҳои сиёсие, ки давлат пешкаш менамояд, аз ҷумла дар бобати ҳавасмандгардонии соҳибкорон ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат, ҷорӣ намудани барномаҳои мушаххаси дастгирии лоиҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, таблиғоти оқилонаи чораҷӯиҳои давлатӣ дар соҳаи ислоҳоти иқтисодӣ, табаддулотҳои сохтории пешрафти хоҷагӣ, ҷорӣ намудани тартиботи низомӣ, пешгирии қонуншиканиҳо, беадолатиҳои иқтисодӣ, ришвахӯрӣ, дигар намудҳои суиистеъмолкуниҳои мансабӣ ва камбудиҳои ҷамъиятӣ дар мамлакат;

3.фароҳам овардани шароити мусоид барои сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ.

Маълум аст, ки соҳибкорӣ, аз ҷумла сармоягузорӣ — ин кори таваккалӣ аст. Таваккалӣ чунин маъно дорад, ки натиҷаи (фоида, даромад, самараи иҷтимои)-и дар оянда ба даст меомада (ба гирифтани он умедбасташуда) ҳеҷгуна кафолат надорад, баракс, хатари ноумедӣ, зарар, барбод рафтани сармоя ё ноил нашудан ба натиҷаи дилхоҳ ҷой дорад. Бинобар ин сармоягузор хоҳ аз дохили кишвар, хоҳ аз берун бошад ба ду омили асосӣ аҳамият медиҳад:

  • якум, то чӣ андоза иқтидори сармоягузорӣ дар хоҷагии мамлакати миллии мазкур ҷалбкунанда аст – кадом соҳаҳо, минтақаҳо, кадом намуди фаъолиятбарӣ, кадоми аз ҳарифони мавҷуда ва ғайра;
  • дуюм, аз ҷониби мақомоти сиёсӣ, пеш аз ҳама мақомоти давлати мазкур чигуна шарту шароитҳои фаъолиятбарӣ барои сармоягузорон пешкаш шудаанд. Дар ин ҷо сухан дар бораи таваккалии сиёсӣ, вазъи рушди сиёсӣ меравад. Ин ду омили номбаршуда ба густариши сармоягузорӣ дар мамлакат, ҳаҷм, суръату натиҷабахшии он бевосита таъсир мерасонанд.

Омилҳои сиёсии ҷалбшавандагии иқтисоди миллии мамлакат барои сармоягузорон аз хориҷи кишвар аз хавотиркашии онҳо аз чунин эҳтимолияти ҳодисаҳои маъмуриву хоҷагии имконпазир ба чашм мерасад:

— хавотиркашӣ аз эҳтимолияти милликунонии моликияти хориҷиёни сармоягузор (резидентҳои хориҷӣ) бе пардохти ҷуброн, бе пардохти зарар аз амволи (сармояи) гузошташуда;

— хавотирӣ аз эҳтимолияти бекор кардани шартномаҳои консессионӣ оид ба коркарди захираҳои табиӣ;

— эҳтимолияти аз тарафи давлат бекор кардани тартиботи воридот ё содироти асъори хориҷӣ;

— хавотирӣ аз эҳтимолияти сар задани ҷанг ё бетартибиҳои шаҳрвандӣ бо фалаҷ шудани низоми хоҷагии мамлакат, ки аз ин сармоягузори хориҷӣ зарар мебинад.

Заминаҳои иқтисодӣ. Дар Тоҷикистон заминаи иқтисодии ташаккулёбии хоҷагии миллӣ бо заминаи сиёсӣ, яъне соҳибшавӣ ба истиқлолияти давлатӣ печ дар печ дар як давра ба миён омад.

Дар Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 сентябри 1991 бо Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, навишта шудааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибият, истифода ва ихтиёрдории сарвати миллии республика ҳуқуқи том дорад. Замин, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар захираҳои табиии республика сирф моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад…

Объектҳои моликияти давлатӣ, бо молу мулки корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаю муассиса ва ташкилотҳои тобеи иттифоқ, воситаҳои асосии истеҳсолӣ, ғайриистеҳсолии онҳо, муомилоти фондҳо ва дигар амвол, системаҳои робитаҳои дохилӣ, нақлиёт, алоқа ва энергетика, картография ва геодезияи ҷумҳуриявӣ моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои ҷудогона имконият медиҳад, ки дар ҳудудаш объектҳои моликияти муштарак, инчунин моликияти дигар ҷумҳуриҳои мустақил, давлатҳои хориҷӣ ва шахсони алоҳида вуҷуд дошта бошанд»…

Ҷумҳурии Тоҷикистон бонкҳои махсус таъсис карда, сиёсати молия, қарз ва нархро мустақилона муқаррар менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудудаш кори истихроҷ, коркард ва нигоҳдории тилло, дигар металлу сангҳои қиматбаҳоро мустақилона анҷом дода, ба он назорат мекунад ва захираи тилло, алмос ва дигар сангу металҳои қиматбаҳои худро ташкил медиҳад.

Заминаҳои иқтисодии ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ба вазъи иқтисодие вобаста аст, ки дар он низоми хоҷагӣ амал мекунаду инкишоф меёбад. Вазъи иқтисодиро асосҳои қонунгузорӣ муайян мекунанд. Маҳз қонунҳо муносибатҳои моликият, инчунин шаклҳои ҳуқуқию ташкилии хоҷагидориро ба танзим медароранд. Кодекси граждании ҶТ, дигар қонунҳо, амали онҳо унсурҳое буданд, ки дар асоси онҳо иқтисоди миллӣ дар шароити ташаккулёбии худ танзим гашт.

Заминаҳои ташкилии иқтисоди миллии мамлакат фаъолияти низоми хоҷагии мамлакатро дар бар мегирад, ки худ чун объекти мураккаб зоҳир гашта, аз ҷониби давлат идора карда мешаавад.

Заминаи ташкилӣ пеш аз ҳама ташкили идоракунии мамлакатро фаро гирифта, тавассути фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки дар навбати худ се шохаи ҳокимиятро дар бар мегирад, амалӣ мегардад. Ташакукулёбии ин се шохаи ҳокимият дар ҷумҳурӣ — ҳокимияти қонунгузор, ҳокимияти иҷроия ва ҳокимияти судӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои ҷумҳурӣ асос ёфтааст. Дар шароити соҳибистиқлолӣ ташкили идоракунӣ дар мамлакат дар давраи кӯтоҳтарини таърихӣ табаддулотро пушти сар намуда, сохти нави давлатдорӣ, принсипҳои нави мустақилона ҳал намудани муаммоҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва геополитикиро дарёфт намуд, идоракунӣ ба худ нақши навро ороста, ба сифати баланди хадамоти давлатӣ ноил гашт, барои бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ муҳити нави соҳибкориро ба пеш овар д

  1. Хадаф ва хусусиятхои чоришавии муносибатхои бозоргони дар иктисоди милли.

Сохибистиклолию ташаккулёбии иқтисоди миллӣ ва гузариш ба бозор — ин ду чараёни бузург дар Тоҷикистон дар як давра ба миён омаданд. Ин ҷараёнҳо бе таъхир ва ба таври қатъӣ гузаронидани табаддулоти куллии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиро ба рӯзномаи ҳаёти ҷомеа гузоштанд.

Маълум аст, ки иқтисоди бозорӣ барои Тоҷикистон ва дигар давлатҳои собиқ шӯравӣ низоми нави хочагидорие мебошад, ки бар ивази хоҷагии плании марказонидашуда ҷорӣ гашт. Агар хоҷагии бозориро таърихан хоҷагии чандинасра ҳисобем, хоҷагии планӣ низ хоҷагие буд, ки дар давоми мӯҳлати тӯлонӣ дар мамлакати мо реша ронда, ҳамчун низоми ба худ хоси хоҷагидорӣ арзи вуҷуд намуда буд. Ивазшавии як низом ба низоми дигар – даст кашидан аз хоҷагидории планӣ, аз идоракунии мутамарказу усули амрдиҳиву маъмурӣ ва, дар айни ҳол, гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ — табаддулоте буд, ки ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти ҷамъиятиро фаро гирифт. Пеш аз ҳама тафаккури одамони шӯравиро, ки барои онҳо низоми нав – низоми капиталистӣ на танҳо бегона, балки дар натиҷаи таблиғоти тӯлонии сохти шӯравӣ ҳатто бохусумат буд. Бинобар ин давраи аввал душвориҳои бисёреро ба пеш овард — душвориҳои ташкилӣ, надоштани таҷриба, монеаҳои психологӣ ва ғайра.

Ба хотири ҳамаҷониба ва ба тарзи муташаккилона ҷорӣ намудани муносибатҳои бозорӣ дар Тоҷикистон ва ҳал намудани ҳамаи муаммоҳои иқтисодиву ташкилии он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.

Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995 — 2000, Барномаи миёнамӯҳлати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1999 — 2002, Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015, таҳияи стратегия, консепсияҳо, барномаҳои гуногунмӯҳлати тараққиёти соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди миллӣ, Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ аз ҷумлаи онҳо буданд.

Ҳадафи асосии табаддулоти иқтисодӣ дар мамлакат – ин гузариш ба низоми нави ба иҷтимоиёт нигаронидашудаи бозорӣ, ки ба рушди иқтисодиёт ва некӯаҳволии мардум мусоидат менамояд.

Вазифаҳои стратегии дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар марҳилаи аввали гузариш ба бозор, чӣ тавре ки дар Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 1995 – 2000 нишон дода шуда буданд, инҳо буданд:

  1. ташаккули низоми самараноки танзими давлатии иқтисодиёт;
  2. ташаккули иқтисодиёти ба шаклҳои гуногуни моликият асосёфта ва муҳити рақобатдор дар асоси ислоҳоти муносибатҳо дар соҳаи моликият;
  3. ба вуҷуд овардани низоми пулию қарздиҳие, ки босамар амал мекунад;
  4. ҷорӣ намудани ислоҳоти сохторӣ ва таҷдидии иқтисодиёт;
  5. ноил шудан ба иқтисоди озод (кушода), муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ ва инкишофи иқтидори содиротии мамлакат;
  6. ташаккули низоми танзими воридот;
  7. ташкил намудани низоми самараноки ҳавасмандкунии меҳнат;
  8. пурзӯр намудани ҷараёнҳои ҳамгироӣ ва инкишофи равобити хориҷӣ бо мамолики ҷаҳон.

Ҳадафҳои асосии ислоҳоти иқтисодӣ дар мамлакат марҳила ба марҳила амалӣ гашта, барои пурра ҷорӣ гаштани механизми бозории хоҷагидорӣ заминаҳои зарурӣ ба вуҷуд оварданд.

Гузариш ба бозор тақозо менамуд, ки асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои бозорӣ таҳия шаванд, бинобар дар давоми солҳои 1991—2006 аз ҷониби Шӯрои Олӣ, Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо таҳия ва тасдиқ гаштанд. Татбиқи онҳо имконият дод, ки дар мамлакат муносибатҳои нави иқтисоди бозорӣ бо тариқи мукарраршуда, маданӣ ҷомаи амал пӯшанд. Таҳия ва такмили қонунгузорӣ дар ҷумҳурӣ оид ба муносибатҳои бозорӣ давом дорад.

Инкишофи муносибатҳои бозорӣ ҳоло аз норасоиҳо хориҷ нест. Пеш аз ҳама дар соҳаи инкишофи соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ ҷуръат, ҷасорат ва як андоза таваккалиро талаб мекунад. Аз камбудиҳои имрӯза сухан ронда бояд гуфт, ки соҳибкорони мо кӯшишашонро бештар ба корҳои ғайриистеҳсолӣ — ба тиҷорат, ба сохтани хонаву қасрҳои зебо равона мекунанд, ҳол он ки соҳаи истеҳсолот асоси пешравии иқтисодиёт аст. Тоҷирони мо маблағҳояшонро пинҳон ё дар бонкҳои хориҷӣ нигоҳ медоранд. Қонунигардонии маблағҳо ҳаминро нишон дод, ки як қисми тоҷирон маблағҳояшонро дар бонкҳо нагузоштаанд ва имрӯз маблағҳои дар сандуқҳо мондаашонро истифода карда наметавонанд, масалан корхонаи азим сохта наметавонанд.

Шароити ҳозираи рушди соҳибкорӣ дар мамлакат ба мавҷудияти мушкилотҳои амиқи марбут ба дастёбии субъектҳои соҳибкории хурду миёна ба бозор, аз қабили қобилияти пасти пардохтии аҳолӣ, болоравии хароҷоти нақлиётӣ ва дигар пардохтҳо, набудани дастрасӣ ба сарчашмаҳои ашёи хом, технологияҳои нав, сармояи қарзӣ иртиботи зич дорад. Таҳлили вазъи ҳозираи рушди соҳибкорӣ нишон медиҳад, ки маҷмӯи мамониятҳои иқтисодӣ ва маъмуриву ҳуқуқӣ аз тарафи мақомоти идораи давлатӣ ва ҳамчунин ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо вуҷуд дорад. Истеҳсолкунандагони ватанӣ ба мушкилиҳои зиёде дар мавриди ба фурӯш расонидани молу маҳсулоти худ бо сабаби ракобатпазир набудани молашон нисбат ба молҳои воридшаванда, рӯ ба рӯ мешаванд.

Гузариш ба муносибатҳои бозорӣ, чораҷӯиҳои зайлро амалӣ сохт:

  1. Дар мамлакат ниҳоди (институти) моликияти хусусӣ ба воситаҳои истеҳсолот ҷорӣ гашт.
  2. Моликияти ягонаи давлатӣ, аз ҷумла фонди манзилии давлатӣ хусусӣ гардонида шуд.
  3. Ба ҳамаи корхонаҳо ва шаҳрвандон, аз ҷумла ба шаҳрвандони хориҷӣ озодии пурраи фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, аз ҷумла дар соҳаи фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, тиҷорати хориҷӣ дода шуд.
  4. Нархҳо озод гаштанд, ба истиснои номгӯи хурди онҳое, аз ҷониби давлат танзим карда мешаванд.
  5. Ташаккулёбии инфраструктураи бозорӣ (бонкҳои тиҷоратӣ, биржаҳо, мақомоти танзими зиддиинҳисорӣ, суғуртавӣ, мубодилаи арзи хориҷӣ ва ғайра).
  6. Таҷдиди корхонаҳои коллективӣ ва давлатии соҳаи кишоварзӣ (ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ).
  7. Қонунигардонии даромаду хароҷоти шахсии шаҳрвандон.
  8. Тасдиқи мустақилияти Бонки миллӣ, ҷорӣ намудани арзи миллӣ.
  9. Пулакӣ намудани қисми хизматрасонии муассисаҳои тиббӣ, соҳаи маориф ва чанде дигар ташкилотҳои соҳаи иҷтимоӣ.
  10. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқи байналхалқӣ эътироф гаштанд.

Ислоҳот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи кӯтоҳ ва даврае, ки нотинҷиҳои сиёсӣ ҷой дошт, сурат гирифт. Барномаҳои таҳия ва қабулгашта на ҳама вақт мӯътадил татбиқ мегаштанд, бинобар солҳои сипаригашта дар чаҳорчӯбаи ислоҳот – ин солҳои ҳам созандагӣ ва ҳам солҳои ҷанги шҳрвандию барқароркунии баъдиҷангӣ, ҳам ислоҳи хатогиҳо ба ҳисоб мераванд.

Ислоҳот дар ҷумҳурӣ дар асоси сиёсати нави давлати навбунёд сурат гирифта буд. Сиёсат – ин санъати идоракунии мамлакат, пешбарии корҳои давлатӣ, ин моҳияти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Хулоса:

Хар як давлати сохибистиклол бояд иктисоди миллии худро дошта бошад. Ва инчунин бозорхои калону хурдро дар дохили кишвар чойгир карда бошад ва махсулоти истехсолкардаашро ба фуруш барорад, иктисоди мили тамоми сарватхои ки дар дохили мамлакат карор дорад бебошад. Давлати сохибихтиёр бе иктисод будан наметавонад чунки иктисод пояи давлат мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *