Фанни Таърих

Вазъи муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар империяи рим дар асрҳои iv — v

МУНОСИБАТҲОИ ИҶТИМОӢ. Рӯ ба таназзул ниҳодани ҷомеаи қадим дар охирҳои Империяи Рим дар барҳам хӯрдани низоми полисии моликият ба замин, таҳким ёфтани моликияти хусусӣ ва дар заифшавии алоқаҳо дар байни гражданин ва полис зуҳур ёфт. Таназзул ёфтани шаҳрҳо ба ҷудошавии иҷтимоию иқтисодии заминдорони шаҳрӣ алоқаманд буд. Қисмати болоии куриалҳо дар шаҳр мавқеи ҳукмронро ба даст оварда, аз ҳисоби даромадҳои шаҳр бой шуда, дар баробари ин, тамоми масъулиятро барои ҷамъоварии андози давлатӣ ба зимаи куриалҳои қаторӣ ва заминдорони хурду миёна вогузор мекард, ба онҳое, ки хоҷагиашон рӯ ба таназзул ниҳода буд. Гарчанде ки тибқи маълумоти ритори Антиохия Либания баъзан аз ҷумлаи куриалҳо бо роҳи аз тарафи устохонаҳои косибӣ харидорӣ карда шудани ии мулкҳо дар заминҳои шаҳрӣ бойшавии плебейҳо ба амал меомад. Ин кор ба куриалҳо даромади баланд меовард, вале эҳтимол ин воқеа хеле кам рух медод. Зуҳуроти оммавии муфлисшавии куриалҳо дар натиҷаи ҷидду ҷаҳди онҳо баҳри баромадан аз табақаи камбағал ба миён меомад.

Куриалҳо аз шаҳрҳои азизи худ фирор карда истода, кушиш ба харҷ медоданд, ки заминҳои худро фурӯхта, ба хизмати ҳарбӣ ва ё граждании давлатӣ дароянд ва ё ба колонҳои сарватмандон (магнатҳо) табдил ёбанд, ба ғуломдухтарон хонадор шаванд, писарони худро барои таҳсил ба шаҳрҳои дигар фиристонанд, то ки дигар ба шаҳрҳои худ барнагарданд. Масалан, дар Оргонти Антиохия дар зарфи асри IV шумораи куриалҳо аз 600 то 60 нафар коҳиш меёбад. Дар асрҳои IV – V куриалҳо ба ҷамъоварии андозҳо натанҳо бо амволи худ, балки шахсан масъул буданд. Барои напардохтани андоз амволи онҳоро мусодира мекарданд, ки дар натиҷаи ин кор хазинаи заминҳои шаҳрӣ коҳиш меёфт. Барои ин гуноҳ шахсро ба зиндон мепартофтанд, ҳатто ба ҷазои резонандаи обрӯю эътибор дар байни омма гирифтор мекарданд. Масалан, шиканҷа додан дар майдони шаҳрӣ ва ё ба сари шахс пӯшонидани кулоҳи масхарабоз аз ҷумлаи чунин ҷазоҳо буданд.

Дар ин давра баромади камбағалони шаҳр бар зидди андозҳои вазнин точанде афзоиш меёбад. Исёнҳои гуруснагии люмпен — пролетарҳо ба амал меомаданд ва ободонии шаҳрҳо рӯ ба таназзул ниҳода, аҳолии шаҳр кам мешавад. Лекин ҳамаи ин зуҳурот дар шаҳрҳои гуногуни Империя нобаробар зуҳур меёфтанд. Сабаб ин буд, ки дар музофотҳои Шарқ таназзули шаҳрҳо нисбат ба музофотҳои Ғарб камтар ба назар мерасид, чунки дар Шарқ ғуломдории классикӣ кам паҳн гардида буд. Бинобар ин, дар ин минтақа бӯҳрони сохти ғуломдорӣ як қадар суст ва фаъолияти тиҷоратию косибӣ устувортар буд.

ВАЗЪИ ШАҲРҲОИ ИМПЕРИЯ. Дар тамоми Италия шаҳрҳои хурд нисбат ба шаҳрҳои калон бештар таназзули ёфта буданд, чунки онҳо имкон доштанд ба фишори сарватмандон (магнатҳо) бомуваффақият муқобил истанд. Мувофиқи шаҳодати муаррих Либания дар асрҳои IV-V дар натиҷаи таназзули шаҳрҳои хурд дар баъзе шаҳрҳои калони Рими Шарқӣ – Антиохия ва Оронте савдои дар нашъунамобуда марказонида шуда, инчунин бинокорӣ дар авҷ мегирад. Дар баробари ин, шаҳрҳои сершумори Сурия ба деҳаҳо табдил ёфта, онҳоро мулкҳои калон дар якҷоягӣ бо заминашон фуру мебурданд.

Дар асрҳои IV–V рушди шаҳрҳо дар музофотҳои шарқӣ (Византияи барвақта) на аз ҳисоби умумии болоравии фаъолияти тиҷоратию косибӣ ба амал меомад, балки, бештар аз ҳисоби таназзули шаҳрҳои сершумори хурд, ки ба шаҳрҳои калон тобеъ гардида буданд, сурат мегирифт. Дар марказҳои музофотҳо қасрҳои ҳокимон, биноҳои гражданӣ, муассисаҳои ҳарбӣ ва амбору устохонаҳо, марказҳои калисовӣ ва истеҳкомҳои ҳарбӣ, инчунин биноҳои шахсӣ низ сохта мешуданд. Барои сохтани чунин иншоотҳо бисёр вақт биноҳои кӯҳнаи ҷамъиятӣ вайрон карда мешуданд. Сохтмон дар шаҳрҳои калон бештар аз ҳисоби буҷети шаҳрҳои хурд ба амал бароварда мешуд. Бисёр вақт масолеҳи бинокориро аз ин шаҳрҳо мебароварданд. Ҳамин хел воқеаҳо низ рух медоданд, ки биноҳои шаҳри хурдро вайрон мекарданд. Дар шаҳрҳои калон одатан гарнизонҳои ҳарбӣ мустақар буданд, чунки дар натиҷаи таназзули низоми полисӣ вазифаи нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ точанде ба зимаи давлат вогузор иегпрдид.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *