Фанни Таърих

Аҳолии карфаген

Дар заминҳое, ки ба Карфаген тааллуқ доштанд, аз ҳамаи онҳо дида, аҳволи либиягиҳо вазнинтар буд; онҳо аҳолии муқимии Африқои Шимолӣ буданд. Барои он, ки ин халқҳо дар тобеият нигоҳ дошта шаванд, ҳукумати Карфаген мулкҳои либиягии худро ба вилоятҳои минтақавӣ тақсим карда, ба стратегҳо тобеъ кунонид. Ин тадбир истиқлолияти ҷамоаҳои маҳаллӣ ва мустақилияти онҳоро на танҳо дар сиёсати хориҷӣ, инчунин дар ҳалли масъалаҳои ҳаёти дохилӣ ҳам аз байн бардошт.Либиягиҳо ба Карфаген андозҳои калон мепардозтант. Полибий рафтори ҳокимияти пуниро дар қаламрави Либия дар солҳои Ҷанги Якуми Пунӣ чунин маънидод менамояд: “…Дар солҳои ҷанги гузашта, ба хотири он, ки баҳона вуҷуд дошт, карфагениҳо бар аҳолии Либия ҳукм ронда, аз ҳама намудҳои мевагӣ онҳо нисфи ҳосилро мерӯёниданд. Нисбат ба замонҳои қаблӣ ба аҳолии шаҳрҳо андозҳои дукарата бор мекарданд ва нисбат ба муздурон раҳму шафқат надоштанд ва гузашт ҳам намекарданд. Онҳо на ҳамон ҳарбиёнро шӯҳратманд ва иззату эҳтиром мекарданд, ки нисбати халқ ғамхору башардӯстона рафтор мекарданд, балки онҳоеро, ки андози бештар ҷамъоварӣ ва нисбати халқ золимона рафтор мекарданд”. Сухани худро идома дода, менависад, ки мардҳо – сарварони оилаҳо (“шавҳарҳо ва падарон”)-ро барои адо накардани андозу пардохтҳо ба зиндон мепартофтанд ва ё ба ғуломӣ фурӯхта мешуданд.

Дар бораи золимии  пуниҳо дар Либия Диодор низ маълумот медиҳад. Аз либиягиҳо ба андозаи зиёд заминҳои босифату ҳосилхези воқеъ дар мавзеи дарёи Багради  соҳилҳои баҳри Миёназаминро кашида мегирифтанд; ин заминҳоро ашрофони пунӣ ғасб намуда ва дар онҳо бустонсаройҳои худро бунёд карданд. Ниҳоят, дар қаламрави Либия  ба артишии худ сафарбаркунии мунтазами екрутӣ (маҷбурӣ) ташкил менамуданд. Ин аст, ки вазъият дар Либия доимо дар ҳолати шиддат қарор дошт.Дар ин ҷо ҳар сари чанд вақт  исёнҳо сар мезаданд ва онҳо аз дар мавзеи дарёи Баград рафи ҳукумати Карфаген ба таври золимона пахш карда мешуданд; душманони карфагениҳо, ки дар қаламрави соҳилии Шимоли Африқо лангар мепартофтанд, ҳама вақт ба муносибатҳои дӯстона ва дастгирии мустақими аҳолии маҳаллӣ умед баста метавонистанд.

Қисмати дигари аҳолии давлати Карфагенро сокинони шаҳрҳои Ситсилия – юнониҳо, сикулаҳо ва сиканаҳо ташкил менамуданд. Онҳо бо маҳдудиятҳои бузургу зиёд базур истиқлолияти худро нигоҳ дошта, махсусан дар ҳамон вақтҳое ки масъалаҳои сиёсӣ мавриди зарурати мувофиқкунонии сиёсати хориҷӣ бо манфиатҳои пуниҳо зуҳур меёфт ва ҳам дар пардохти андоз аз замин, ки аз даҳ як ҳиссаи ҳосилро ташкил менамуд. Аз эҳтимол дур нест, ки онҳо бояд ӯҳдадориҳои дигарро низ иҷро мекарданд. Шаҳрҳои зери ҳокимияти Карфагенбудаи воқеъ дар Ситсилия, сарфи назар аз он, ки Карфаген кушиш ба харҷ медод савдоро дар тамоми ғарби баҳри Миёназамин инҳисор дошта бошад, истиқлолияти худро нигоҳ медоштанд. Ин ҳолат ба шаҳрҳои Ситсилия имконият фароҳам меовард, ки аз миёнаравии тоҷирони пунӣ истифода набурда, робитаҳои бевоситаи мустақими савдоиро муқаррар намояд, аз он ҷумла ба берун аз давлати Карфаген ҳам.

Гурӯҳи сеюми аҳолиро шаҳрвандони мустамликаҳои финикии воқеъ дар Ғарби баҳри Миёназаминташкил менамуданд, ки дар атрофи Карфаген муттаҳид шуда буданд. Онҳо бо маҳдудияти камтар дар соҳаи фаъолияти сиёсати хориҷӣ, сохтори давлатию маъмурӣ, инчунин қонунгузориашон бо Карфаген монанд ва истиқлолияташон зоҳирӣ,  иттифоқчиёни Карфаген ҳисобида мешуданд. Онҳое, ка баромадашон аз мустамликаҳо буд, амалан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти шаҳрвандӣ бо карфагениҳо баробар карда шуда буданд, махсусан муҳим буд, ки онҳо ҳуқуқ доштанд бо карфагениҳо ақди никоҳ  банданд. Чунин никоҳро қонун эътироф мекард. Ин иттифоқҳои оилавӣ оқибатҳои нобаробарҳуқуқии фарзандонро надошт. Онҳо дар ҳаёти сиёсии Карфаген иштирок карда наметавонитанд, яъне чунин шаҳрвандон мустақиман ба тақдири давлат, ки ҷузъи онро ташкил менамуданд, бевосита таъсир расонида наметавонистанд

Ҳолати дигари ниҳоят муҳим он буд. ки карфагениҳо кушиш мекарданд  иттифоқч,  ба мавҷуд буданд, ки дар мавридҳои ҷангҳои байниҳамдигарӣ аз ҷумлаи онҳо ҳатто артишҳои хусусӣ ташкил карда мешуданд; ғуломдорони аз ҳама калон калон ибодатхонаҳо буданд. Бояд зикр кард, ки ғуломон баъзан хоҷагиҳо ва оилаҳои худро доштанд, ки онҳоро қонун эътироф мекард.

Эҳтимол меравад, ки дар ҷомеа вазъи гурӯҳҳои гуногуни ғуломон як хела набуд. Дар Карфаген ба озодӣ ҷавобшудагон, ҳам дар шакли харидоришуда ва ҳам дар шакли бе харидорӣ, низ мавҷуд будаанд.Баъди ба даст овардани озодии расмӣ ба озодӣ ҷавобшудагон тобеияти расмии худро аз хуҷаинони қаблӣ идома медоданд. Онҳо бо шаҳрвандони озод таваллудшудаи Карфаген ҳуқуқи баробар пайдо намекарданд: ба онҳо мақоми шахсҳое дода мешуд, ки аз “ҳуқуқи сидон” истифода мебурданд, вале мазмуни воқеии ин ҳуқуқ аз чӣ иборат буд, то ҳол маълум нест. Шояд мафҳуми мазкур маҷмӯи ҳуқуқҳоеро ифода намояд, ки аз он финикиҳо – бешаҳрвандиҳое истифода мебурдаанд, ки баромадашон аз шаҳрҳои Финикияи Осиёи Пеш ва аз мустамликаҳои дар ғарби баҳри Миёназамин воқеъбуда бошад.

Рақибони қадимтарини карфагениҳо мустамликаҳои финикии Утика ва Гадрумет буданд.  Вале маълум нест, ки онҳо кай ва чӣ тавр ба Карфаген муттаҳид шудаанд: ягон хел далелҳои хаттӣ  дар бораи ягон ҷанг вуҷуд надорад. Қавмҳои дигари бо карфагениҳо дар робитабуда этрускҳои Италия буданд

Этрускҳои Итавлияи Шимолӣ дар як вақт ҳам иттифоқчӣ ва ҳам рақибони тиҷоратии Карфаген буданд. Ин баҳрнавардони сариштакор, тоҷирон ва роҳзанони баҳрӣ дар асри VI п.а.м. дар қисмати зиёди Италияи Шимолӣ ҳукмронӣ мекарданд. Вилояти асосии сукунати онҳо бевосита дар шимолтари Рим воқеъ гардида буд. Онҳо Рим ва заминҳои аз он ҷануб сар карда ва то он ҳудудҳоеро забт карданд, ки баъди ин онҳо дар ҷануби Италия бо юнониҳо рӯ ба рӯ мешаванд.  Соли 535 бо этрускҳо иттифоқ баста, дар баҳр бар фокейҳо — юнониҳо ғалабаи бузург ба даст оварда, Корсикаро ишғол мекунанд.

Этрускҳо Корсикаро ишғол карда, дар тули ду насл ҷазираро дар дасти худ нигоҳ доштанд.  Дар соли 509  п.а.м. римиҳо онҳоро аз Рим ва Латсия пеш карданд. Дере нагузашта аз ин воқеа юнониҳои ҷануби Италия кафолати дастгирии юнониҳои Ситсилияро гирифта,  ҳаракатро бар зидди этрускҳо  пурзӯр карданд ва соли 474 п.а.м., онҳоро дар наздикии Куми воқеъ дар халиҷи Неапол торумор карда, бо ҳамин ба ҳукмронии онҳо дар баҳр хотима бахшиданд. Карфагениҳо дар шахси Сардиния такягоҳи худро пайдо намуда, ба ҷониби Корсика ҳаракат карданд. Ин буд иттифоқшавӣ ва бархурди карфагениҳою этрускҳо.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *