Фанни Таърих

Германия дар асри ХVI-нимаи аввали асри ХVII. Германия дар арафаи реформатсия

Германия дар асри ХVI-нимаи аввали асри ХVII. Германия дар арафаи реформатсия.

Сохти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсии Германия дар асрҳои ХV-ХVI. Дар асрҳои XV-ХVI саноати Германия ба якчанд муваффақиятҳо соҳиб мешавад. Дар Саксония, Вестфалия, дар вилоятҳои Рейн ва болооби Дунай саноати металлургӣ ва бофандагӣ хеле тараққӣ мекунад. Дар асри XVI Германия дар савдои хориҷӣ нақши калонро бозида, дар тиҷорати мамлакатҳои ҷанубу шимол бошад нақши миёнаравро мебозид. Дар асри ХVI дар Германия ширкатҳои калони бонкӣ — судхӯрӣ мавҷуд буданд. Аммо ин пешрафти иҷтимоии кишвар дар ҳамаҷо як хел набуд. Баробари вилоятҳои тараққиёфта дар қисми марказии Германия вилоятҳое ҳам буданд, ки онҳо ҳатто дар мубодилаи мол байни вилоятҳо ҳам иштирок карда наметавонистанд. «…Болоравии истеҳсолоти миллии Германия, — навишта буд Ф. Энгелс,- ҳоло ҳам аз тараққиёти истеҳолоти дигар мамлакатҳо ақиб монда буд»[1]. Марказҳои муҳими саноатӣ– савдоии Германия дар гӯшаю канораҳои мамлакат воқеъ гашта буданд, ки онҳо аз ҷиҳати иқтисодӣ бисёртар бо бозорҳои хориҷӣ робита доштанд. «Дар байни шарқ ва ғарби Германия қариб ҳеҷ гуна мубодила мавҷуд набуд. Ҳар як мулк бозорҳои алоҳида ва алоқаҳои савдоии махсуси худро дошт. Ягон шаҳр маркази саноатӣ ва тиҷоратии мамлакат шуда натавонист, чуноне ки дар Англия Лондон шуда буд»[2].

Барои тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти Германия пеш аз ҳама парокандагии сиёсии он халал мерасонид. Бо сустшавии ҳокимияти императорӣ парокандагии кишвар боз ҳам пурзӯр шуда, князҳо ва феодалони калон торафт ба ҳокимони алоҳидаи мустақил мубаддал мешаванд.

(Империяи Германия наздик ба соли 1512)

Баробари аз нав пурқувватшавии феодалони калон-князҳо аҳволи дворянҳои хурд-ритсарҳо беш аз пеш вазнин мешуд. Баъд аз ихтирои борут, яроқҳои оташфишон ва баланд шудани нақши қӯшунҳои пиёдагард, ритсарҳои савора торафт аҳамияти худро гум мекарданд. Аҳолии зиёди шаҳрҳоро бюргерҳо ташкил мекарданд, ки онҳо аз ҳунармандон, савдогарон ва қисман аз мануфактурачиёни нав-бавуҷудомада, иборат буданд. Аз сабаби парокандагии мамлакат бюргерҳо ҳоло суст буда, ба синфи алоҳидаи нави буржуазӣ пурра мубаддал нагашта буданд. Барои ҳамин ҳам аҳамияти сиёсии онҳо дар кишвар баланд набуд. Ғайр аз бюргерҳо ва патрисиатҳо[3] дар шаҳрҳои Германия  аломатҳои нимпролетариат ҳам бисёр буданд, ки онҳоро ҳунармандони камбағал ва деҳқонони крепостнойи гуреза ташкил мекарданд. Ин аломатҳои нимпролетарӣ ба ҳаракатҳои деҳқонӣ ҳамроҳ шуда, зидди аристократияи шаҳрӣ ва феодалон мубориза мебурданд. Аммо шумораи зиёди аҳолӣ ва синфи асосии истисморшавандаи Германияро деҳқонон ташкил мекарданд.

         Шӯришҳои деҳқонон дар охири асри ХV ва аввали асри ХVI. Аз сабаби аз тарафи феодалон ва ҳукумату калисои католикӣ ғун доштани боҷу хироҷҳои гуногун аҳволи деҳқонон хеле вазнин гашт. Аз ин сабаб дар байни деҳқонон шӯришҳои бисёре ба вуҷуд меомаданд, ки яке аз онҳо шӯриши соли 1476 буд. Ин  шӯриш дар Франкония сар зада, роҳбари он чӯпон Ганс Бегайм буд. Г. Бегайм дар байни деҳқонон ташвиқот бурда, ба онҳо таълим медод, ки бояд ҳамаи андозҳо бекор карда шуда, ҳама баробар кор кунанд ва баробар истеъмол намоянд. Ин таблиғоти ӯ ба ғояи гуситҳо монанд буд. Аз зиёдшавии теъдоди шӯришгарон тарсида, епископи деҳаи Вюрсбург Ганс Бегаймро дастгир менамояд ва бояд баъд аз ин ҳаракати деҳқонон як қадар хомӯш мешавад.

Дар соли 1493 дар Элзас, дар солҳои 1502, 1513 ва 1517 дар соҳилҳои рости Рейн-дар Баден ва Швабия ҳаракати дигари деҳқонон ба амал омад, ки он дар таърих бо номи ҳаракати «Иттифоқи кафшҳо»[4]  маълум аст.

Дар аввали асри XVI дар Вюртенберг ташкилоти дигари деҳқонон ташкил шуд, ки он «Конради кабағал» ном дошт. Дар соли 1514 аъзоёни ин ташкилот бар зидди герсоги Вюртенберг шӯриш бардоштанд, ки ба онҳо шаҳриён низ ҳамроҳ шуданд.

Дар давраи ҳукмронии император Максимилиани I (1493-1519) ба империяи Германия ғайр аз Австрия, Штирия, Каринтия, Крайна, инчунин Тирол ва якчанд ноҳияҳои Швабияю Нидерландия дохил мешуданд. Баъд аз вафоти Максимилиан наберааш Карли V (1519-1555) яке аз императорони пурқуввати Аврупо гардид. Аммо Карли V мағрурона саргарми ишғоли заминҳои бегона шуда, ба корҳои дохилии Германия кам аҳамият медод, ки ин ба сустшавии ҳокимияти императорӣ бурда расонид. Дар натиҷаи сустшавии ҳокимият дар мамлакат таъсир ва истисмори папаи Рим ва рӯҳониён зиёд мегардад. Барои ҳамин ба рӯҳониён  норозигиҳои қариб ҳамаи табақаҳои Германия меафзояд.

       Ҳаракатҳои гуманистӣ ва намояндагони аввалини он. Аз миёнаи асри ХV сар карда, дар Германия низ гуманизм паҳн мешавад. Дар солҳои 60-70-уми ҳамон аср дар якчанд донишгоҳҳои Германия маҳфилҳои гуманистӣ ташкил мешаванд. Дар аввали асри XVI калонтарин ва нерӯмандтарин маркази гуманистони кишвар маҳфили гуманистони шаҳри Эрфурт буд, ки он дар назди донишгоҳ таъсис ёфт. Роҳбарии маҳфили онро Мутсиан Руф (1471-1526) ба ӯҳда дошт, ӯ чанд муддат дар Италия зиндагӣ карда, онҷо бо фалсафаи неополитианӣ[5] шинос шуда буд. Вай зидди схоластика баромад намуда буд.

Аммо машҳуртарин гуманистони немис Эразми Роттердамӣ (1467-1536), Иоганн Рейхлин (1455-1522) ва Улрих фон Гуттен(1488-1523) буданд.

    Э. Роттердамӣ дар шаҳри Роттердами Голландия таваллуд шудааст. Ӯ дар якчанд мамлакат, аз ҷумла дар Франсия, Англия, Германия ва Италия истиқомат намуда, дар охир соли 1513 дар шаҳри Базел истиқомати доимиро ихтиёр мекунад. Дар байни олимон-гуманистони он давра Э. Роттердамӣ пеш аз ҳама ҳамчун филолог-забоншинос машҳур буд. Дар асари ҳаҷвии худ «Сухани таҳсиномези нодон» ӯ беҳудагӣ ва нодонию аҳмақии намояндагони динро сахт танқид карда, асоси ҳамаи калисои католикиро суст мекард. Э. Роттердамӣ дар дигар асараш «Шикояти Сулҳ» ӯ фикри хешро дар бораи аҳволи байналхалқии он давра изҳор карда, ҷангҷӯён ва манфиатдорони ҷангро фош мекунад. Бо ин китобаш Э.Роттердамӣ ба оммаи халқ муроҷиат карда, онҳоро ба мубориза барои сулҳ даъват мекунад. Ӯ аз номи сулҳ менависад: «Бигзор ҳамаи одамон зидди ҷанг муттаҳид шаванд! Бигзор ҳамаи инсонҳо зидди ҷанг овози худро баланд бардоранд! Фаҳмида бошед, ки дар муттаҳидии аксарият қувваи бузург ниҳон аст…»

       И. Рейхлин ҳам яке аз филологҳои машҳури давраи худ буд. Ӯ дар солҳои 1509-1510 ба муқобили сӯзонидани китобҳои яҳудиён баромадааст, ки ба ин эътирози И. Рейхлин гуманистон, аз ҷумла аъзоёни маҳфили Эрфурт  тарафдории худро изҳор карданд. Ба муқобили И. Рейхлин ва умуман гуманистон схоластҳо мубориза бурдаанд. Ин мубориза дар яке аз ёдгориҳои он рӯзгор, дар асари «Мактубҳои одамони ҷоҳил» инъикос ёфтааст. Асар аз 2-ҷилд иборат буда, дар солҳои 1515-1517 чоп шуда буд. Муаллифи ҷилди аввал Крот Руф (яке аз шогирдони И. Рейхлин) ва муаллифи ҷилди дуюм худи И. Рейхлин буд. Дар ҷилди аввали «хатҳо» сохта будани донишмандии схоластҳо ва беҳудагии онҳо зикр шуда, дар ҷилди дуюм бошад, беҳудагӯиҳои намояндагони дин фош карда шудааст.

Улрих фон Гуттен аз намояндагони  насли дуюми гуманистон буда, дар танқиди равияҳои католикӣ нисбат ба Э. Роттердамӣ ва И. Рейхлин пеш рафтааст. Монанди тарафдорони ҷараёни гуситҳо Улрих фон Гуттен гумон мекард, ки бе истифодаи қувваи зӯрӣ (яроқ) амали намудани реформатсия, яъне ҳаракатҳои иҷтимоӣ-сиёсии зидди феодалӣ номумкин аст. Ӯ талаб дошт, ки ҳамаи рӯҳониёни католик,  пеш аз ҳама роҳибон аз Германия пеш карда шаванд. Аммо Гуттен дар кори гузаронидани табаддулоти сиёсӣ табақаи ритсарҳоро қувваи асосии синфӣ ҳисоб мекард, ки ин нодуруст буд. Шӯриши ритсарҳо бе ёрии шаҳриён, деҳқонон ва дигар қишрҳои аҳолӣ ба ғалаба бурда наметавонист.

Реформатсия ва ҷанги деҳқонон.  М. Лютер ва оғози реформатсия.

Тезутундшавии зиддиятҳои синфӣ дар аввали асри ХVI ба ҳаракати инқилобӣ оварда расонид. Давраи якуми ин ҳаракат реформатсия[6] (яъне мубориза бар зидди калисои католикӣ бо мақсади ислоҳоти он) буд. «Пеш аз он, ки – навишта буд Ф. Энгелс-дар ҳар як давлат зидди феодализми ғайридинӣ бархезанд, аввал зарур лозим буд, ки ташкилотҳои марказӣ, динии онҳоро вайрон кунанд»[7]. Саршавии реформатсия дар Германия бо номи Мартин Лютер алоқаманд мебошад.  Мартин Лютер (1483-1546) дар оилаи сарватманди соҳиби кони Тюригия чашм ба дунё кушодааст. Ӯ дар соли 1501 донишгоҳи Эрфуртро хатм карда, соли 1509 профессори фалсафа ва теологияи донишгоҳи навтаъсиси Виттенберги Саксония мешавад. М. Лютер андеша дошт, ки дин пеш аз ҳама эътиқоди ҳар як шахси алоҳида ба Худо мебошад. Аз болои диндорон бояд ҳеҷ кас назорати доимӣ накунад. Ин таълимоти М. Лютер эътироз (протест) бар зидди ташкилотҳои динии рӯҳониён буд, ки онҳо ҳама вақт диндоронро ҳукфармоӣ намуда, бо ҳар роҳ истисмор менамуданд.

Дар соли 1517 Лютер нахустин маротиба баромад карда, бар зидди савдои индулгенсия[8] 95-тезис (мулоҳиза) пешниҳод кард. Дар соли 1519 дар яке аз баҳсу мунозираҳои дар шаҳри Лейпсиг баргузор шуда, М. Лютер рӯйирост изҳор кард, ки калисо бе папа ҳам вуҷуд дошта метавонад. Ӯ дар баромади худ назарияи Ян Гусро дуруст ҳисобида,  ба оташ сӯзонидагони онро айбдор ҳисобид. М. Лютер ба император Карли V муроҷиат карда, аз ӯ талаб кард, ки Римро аз дасти папа кашида гирифта, дар империяи Германия секуляризатсияи заминҳои калисоро гузаронад. Пас аз ин чанд вақт дар атрофи М. Лютер одамони зиёде ҷамъ омаданд. Улрих фон Гуттен, Филипп Меланхтон ва бисёр гуманистон ҳам ба Лютер тарафдорӣ мекарданд, лекин насли якуми гуманистон мисли И. Рейхлин ва Э. Роттердамӣ аз реформатсия ҷонибдорӣ накарданд. Ф. Энгелс навишта буд, ки:  «Барқе, ки М. Лютер ҳаво дода буд, зарбаи сахти худро расонид. Ҳамаи халқи немис ба ҳаракат омад»[9].

22 январи соли 1521 дар шаҳри Вормс бо иштироки император Карли V маҷлиси рейхстаг ҷамъ омад, ки ба он М. Лютер ҳам даъват шуд. Дар рейхстаг Карли V аз папа тарафдорӣ намуда, ба М. Лютер таклиф намуд, ки аз назарияҳои худ рӯй гардонад. Аммо М. Лютер ба ин таклифи рейхстаг розӣ нашуда. Аз аъзоёни он талаб кард, ки нодурустии  андешаҳои ӯро исбот кунанд. Гарчанд М. Лютер аз назарияи хеш рӯй нагардонида бошад ҳам, аммо рейхстаг дар ҳаққи ӯ ягон чорае надид. Моҳи майи соли 1521, баъд аз парокандашавии аъзоёни рейхстаг Карли V фармон баровард, ки М. Лютер ба ҳабс гирифта шавад. М. Лютер фирор карда, то соли 1522 дар қасри курфюрсти[10]Вартбург пинҳон шуд. Император  дар ҷанг бо Франсия овора буда, қисмате аз князҳо ба реформатсия шавқманд буданд, аз ин рӯ фармони император нисбат ба масъалаи М. Лютер иҷро нашуд. М. Лютер ҳангоми дар Вартбург буданаш Таврот ва Инҷил(Библия)-ро аз лотинӣ ба забони немисӣ тарҷума карда, баъзе қисматҳои онро барои асоснок кардани як хел талаботҳои аҳолии деҳқонон ва плебейҳо истифода кардааст. М. Лютерро асосгузори забони адабии немис меноманд.

Дар солҳои 1521-1522 ҳаракатҳои мухолиф ва зидди папа паст шуда, М. Лютер акнун ҳаракат мекард, ки ислоҳоти худро дар бораи ҷудо кардани калисо аз папа, секуляризатсия заминҳо ва дигарсозии сохтори калисоро ба таври осоишта ва ошкорою қонунӣ бо ёрдами худи князҳо гузаронад. Дар амал ҳам М. Лютер сардори лагери реформатсияи муътадили бюргерӣ-князӣ буд. Дар ислоҳоти ин гурӯҳ дар бораи масъалаҳои иҷтимоӣ сухане набуд. Ғайр аз ин лагери ислоҳталабони лютерӣ боз ба ду гурӯҳи дигар вуҷуд дошт, ки яке аз онҳо лагери реаксионии феодалӣ-католикӣ бо роҳбарии император ва қисман князҳо ва лагери дигари инқилобии деҳқонӣ — плебейӣ, ки роҳбари он Томас Мюнсер буд.

       Томас Мюнсер. Т. Мюнсер(1490-1525) дар аввал баромадҳои М. Лютерро ба муқобили папа дуруст ҳисобида, онро тарафдорӣ мекард. Аммо дере нагузашта, харакатери мӯътадил доштани ислоҳоти М.Лютерро фаҳмида, аз ӯ дилгир шуд. Бо назарияҳои динӣ ва сиёсии худ Т.Мюнсер нисбат ба М. Лютер пешқадам буд. Дар баромадҳояш Т. Мюнсер нафақат рӯҳониёни католик, балки феодалони ғайридинӣ ва сарватмандро ҳам сарзаниш мекард.

Т. Мюнсер ба монанди М. Лютер сарчашмаи дин ва эътиқодро дар Библия надида, балки дар ақли инсон медид. Аммо даъватҳои М. Лютер ҳам бенатиҷа намонд. «Даъвати М. Лютер ба ошӯб ба муқобили калисо-навишта буд Ф. Энгелс, — ду шӯриши сиёсиро: аввал, дар соли 1523 шӯриши дворянҳои майдаро бо роҳбарии Франс фон Зиккинген ва баъдан-дар соли 1525 шӯриши бузурги деҳқононро  ба вуҷуд овард»[11].

       Шӯриши ритсарҳо. Шӯриши дворянҳои майда, яъне ритсарҳо, дар моҳи августи соли 1522 дар вилояти Рейн ба вуҷуд омада аст, ки роҳбари он соҳиби якчанд қалъа ритсар Франс фон Зиккинген(1481-1523) буд. Моҳи сентябри соли 1522 фон Зиккинген бо 6-7 ҳазор ритсарҳо ба муқобили архиепископии шаҳри Трир ҳуҷум карда, аммо онро ба даст оварда натавонист. Ба архиепископ князҳои ҳамсоя ёрдам расонида, онҳо ритсарҳоро нафақат аз Трир пеш карданд, балки то мулки Зиккинген ҳуҷум карда, дар ҳамонҷо ба ристарҳо зарбаи сахт заданд. Дар ҷанги асосӣ фон Зиккинген ҳалок гардид. Аз ин вақт сар карда, ритсарҳои немис мустақилияти сиёсии худро гум карда, тобеи князҳо мешаванд. Нисбат ба шӯриши ристарҳо шӯриши солҳои 1524-1525-и деҳқонон характери оммавӣ-халқӣ дошт, ки ин шӯриш дар таърих номи Ҷанги Бузурги Деҳқононро гирифтааст. Ин ҷанг се маркази асосӣ дошт: 1) Швабия, 2) Франкония ва 3) Тюрингия-Саксония.

        Шӯриши деҳқонони Швабия. Шӯриши деҳқонони Швабия дар баҳори соли 1524 дар музофоти Швартсвалд (дар наздикии сарҳади Швейтсария) сар зада аст. Дар охири фасли баҳори ҳамон сол 3500 деҳқон ҷамъ шуда, дастаи яроқноки худро ташкил карданд, сарварии онро Ганс Мюллер ба ӯҳда дошт. Дар се моҳи аввали соли 1525 ноҳияҳои шӯриш боз ҳам васеъ шуда, дастаи яроқноки деҳқонон ба 6-адад расида, шумораи умумии деҳқонони шӯришбардошта ба 30-40 ҳазор расид. 6-7 марти соли 1525 дар шаҳри Мемминген анҷумани роҳбарони 6 дастаи шӯришгар даъват шуда, дар он бо номи «Дувоздаҳ мақола(модда)» барномаи талаботҳои деҳқонон қабул карда шуд. Деҳқонон дар ин барнома як қатор талабҳои мушаххаси худро пешниҳод карда буданд, аз ҷумла дар моддаи 3-юм бекор кардани ҳуқуқи шахсии крепостнойӣ, дар моддаҳои 4,5 ва 10-ум ба деҳқонон гашта додани заминҳои обшинагии онҳо, дар моддаҳои 6,7,8,9 ва 11-ум кам кардани баршина, оброк ва ҷаримаҳоро талаб карданд. Умуман барномаи «Дувоздаҳ мақола (модда)» -ҳуҷҷати муҳими зиддифеодалӣ буд, аммо дар он дар бораи мусодира кардани заминҳои помешикон чизе гуфта нашуда буд ва деҳқонон ба нигоҳ доштани баъзе маҷбуриятҳо розӣ буданд. Ғайр аз ин камбудиҳо қувваи ҳарбии деҳқонони Швабия пурра муттаҳид набуданд. Ҳар дастаи ҳарбӣ алоҳида ва худсарона рафтор мекарданд, ки аз ин заифии онҳо сарлашкари Иттифоқи Швабия Георг Трухзес истифода бурда, ба ҳуҷум гузашт. 2 апрели соли 1525 Г. Трухзе ба муқобили яке аз дастаи деҳқонони Лейпгем ногаҳонӣ зарба зада, онро шикаст дод. Сипас ба муқобили дигар дастаи деҳқонон лашкар кашида, 17 апрели соли 1525 сарварони дастаҳои шӯришгари Приозер ва Балтрингенро маҷбур сохт,  ки бо ӯ шартнома банданд.

       Шӯриши деҳқонони Франкония. Пас аз бастани ин шартнома Г.Трухзес имконият пайдо кард, ки қувваи худро бар зидди шӯриши деҳқонони Франкония равон кунад. Нисбат ба таркиби иҷтимоии шӯришгарони Швабия, таркиби ошӯбгарони Франкония мурракабтар буда, ғайр аз деҳқонон дар он инчунин ритсарҳо ва шаҳриён иштирок доштанд. Сардорони аксари деҳқонони Франкония аз ритсарҳо буданд.

Шӯришгарони Франкония садҳо қалъаю калисоро ба даст дароварданд. 9-12 майи соли 1525 шӯришгарон дар шаҳри Гейлбронн барномае тартиб доданд, ки сармуҳаррири он Вендел Гиплер буда, он бо номи «Барномаи Гейлброннӣ» маълум аст. Якчанд моддаҳои ин барнома (ҳамагӣ аз 14 модда  иборат буд) манфиати ритсарҳоро ҳимоя мекард. Аз ҳисоби заминҳои мусодирашуда бояд ба ритсарҳо замин ҷудо карда шуда,  ба онҳо ҳуқуқ дода мешуд, ки дар суди империявӣ иштирок намоянд. Нисбат ба деҳқонон бошад дар барнома озод шудани онҳо аз ҳуқуқҳои крепостнойӣ ва вобаста  шудан ба заминҳо (дар ҳолате, ки онҳо бар ивази ин заминҳо пул пардохт намоянд), моддаҳои дахлдор ҷой дошт.  Аммо шарти охирин ба деҳқонон хеле вазнин буд, зеро аксарияти онҳо имконият надоштанд, ки озодии худро харида гирифта тавонанд. Талаби ба деҳқонон баргашта додани заминҳои пештараи обшинагии онҳо, ки дар барномаи деҳқонони Швабия мавҷуд буд, дар «Барномаи Гейлброннӣ» акс наёфта буд. Умуман барномаи дуюми шӯришгарон характери буржӯазӣ дошт. Он талаби оммаи васеи деҳқононро қонеъ карда наметавонист. Аммо ба ин нигоҳ накарда барномаи деҳқонони Франкония ба ҳаёт татбиқ карда нашуд. Дар вақти дар Гейлброн муҳокима намудани барнома Г. Трухзес ба Франкония ҳуҷум карда,  шӯришгаронро шикаст дод. 7 июни соли 1525 Г.Трухзес охирин истеҳкоми шӯришгарон — шаҳри Вюртсбургро ба даст оварда, боқимонда дастаҳои ошӯбгаронро беяроқ кард. Баъд аз ин Г. Трухзес ба Швабия баргашта, 6 декабри соли 1525 дар инҷо ҳам охирин бошишгоҳи шӯришгарон — шаҳри Валдсгутро ба даст даровард.муқобили ў оммаи халқ ва хусусан деҳқонон ба мубориза мехезанд. Деҳқонон дар мубориза байрақи худро доштанд, ки дар он расми Мария (модари Исо) ва кашфи деҳқонон бо ресмони дароз кашида шуда буд.Дар оянда ин байрақи «кафшдор» аломати даъвати деҳқонон барои мубориза бо феодалону князҳо мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *