Фанни Таърих

Истилокунии испаниҳо дар Америка

Баробари саёҳати Ф. Магеллан испаниҳо ишғоликунии Америкаро сар карданд. Дар солҳои 1519-1521 Фернандо Кортес  яке аз мамлакатҳои сераҳолӣ ва сарватманди инҷо-Мексикаро забт намуда, 19 миллион сӯми тиллоро аз ин ҳудуд ба даст овард. Дар солҳои 1532-1535 Франсиско Писсаро дар қисми ғарбии Америкаи Ҷанубӣ мамлакати Беру ё Перуро ишғол карда, соҳиби 150 миллион мабалағи тилло гашт. Дар соли 1536 испаниҳо Чили ва соли 1538 Гранадаи Нав(Колмубия)-ро ба даст оварда, соли 1549 забткунии Аргентинаро сар карданд.

Дар соли 1536 дар қисми кӯҳии Перу, дар Пойози-Потоси (Боливияи ҳозира) кони нуқра кушода шуд, ки аз ҳамин давра сар карда, дар Америка истихроҷи нуқра ва тилло сар мешавад. Аҳолии маҳалӣ, ки онҳоро аврупоиҳо ҳиндиён (ин ном аз давраи Х. Колумб сар шуда буд) меномиданд, мавриди истисмор қарор гирифта, ба корҳои вазнини конковӣ маҷбуран сафарбар гаштанд. Дар зери ин асорати вазнин ҳиндиён гурӯҳ-гурӯҳ ҳалок мегаштанд. Аз сабаби кам мондани аҳолии маҳаллӣ мустамликадорони испанӣ барои корҳои конҳо аз Африка ба Америка ғуломони зангиро меоварданд. Дар нимаи якуми асри ХVI дар Америка  аллакай сиёпӯстон бисёр буданд, аммо ҳиндиён бошанд торафт кам мешуданд. Дар нимаи дуюми асри ХVI дар ҷазираҳои калони Ямайка, Эспанола ва Куба (дар баҳри Кариб) аҳолии маҳаллӣ қариб тамоман нест карда шуданд.

Сиёсати мустамликакунии португалиҳо. Дар ҳамин вақт дар уқёнуси Ҳинд, дар ҷазираҳои Маллук ва соҳилҳои Ҳиндустон португалиҳо ҳам сиёсати вазнини мустамликавӣ мегузарониданд. Дар уқёнуси Ҳинд киштиҳои португалиҳо роҳзанӣ карда, ба савдои арабҳо, ҳиндуҳо ва дигар мамлакатҳои Аврупо халал мерасониданд. Дар ҷойҳои ишғолкардаи хеш аҳолии маҳаллиро ҳаматарафа ғорат мекарданд. Ин сиёсати ғоратгаронаи аврупоиҳоро фош карда, К. Маркс навишта буд: «Кашфиёти конҳои тилло ва нуқра дар Америка маҳвкунӣ, асиркунӣ ва  зинда ба зинда гӯронидани аҳолии маҳаллӣ–қадамҳои аввалин барои забткунӣ ва тороҷкунии Ост-Индия (Ҳиндустони Шарқӣ) буд… Ҳамин аст шафақи субҳи давраи истеҳсолоти капиталистӣ…»[1].

 

 

Кашфиёти ҷуғрофии нимаи дуюми

 асри ХVI ва нимаи якуми асри ХVII. Дар асрҳои ХVI ва ХVII ҳам кашфиётҳои ҷуғрофӣ давом дошт. Дар нимаи дуюми асри ХVI испаниҳо дар уқёнуси Ором якчанд экспедитсия гузаронида, дар соли 1567 ҷазираҳои Саломонов, дар 1595 ҷазираҳои Маркиз, дар соли 1606 гулӯгоҳи Торрес, ки Австралияро аз Гвинеяи Нав ҷудо мекард, кашф карданд.

Дар оянда дар қисми ҷанубии уқёнуси Ором голландиҳо саёҳатро сар карданд. Дар соли 1616 Шаутэн де Горни голландӣ қисми ҷанубии Америкаро кашф намуда, онро бо номи худ-димоғаи Горн номид. Дар нимаи якуми асри ХVII голландиҳо соҳилҳои Австралияро кашф намуда, ба он номи Голландияи Навро доданд. Дар тадқиқоти соҳилҳои Австралия ва дарк кардани он ҳамчун қитъаи алоҳида саёҳати Абел Тасман(1642-1644) аҳамияти калон дошт. Дар нимаи дуюми асри ХVIII ба Австралия англисҳо дохил мешаванд.

Дар асрҳои ХVI–ХVII дар нимкураи шимолӣ ҳам якчанд кашфиётҳо карда шуданд. Баҳрнаварди голландӣ Вилгелм Баренс (1550-1597) баҳри Баренсро тадқиқ карда, ба он номи худро гузошт. Дар солҳои 1594-1597 Баренс барои ихтироъ намудани роҳи шимолӣ ба Хитой ва Ҳиндустон се экспедитсия гузаронида, дар охир якҷоя бо одамони худ ҳалок мегарданд. Дертар, дар соли 1871 баҳрнавардони рус ҷойи охирини зимистонгузаронии Баренсро ёфта буданд.

Дар тадқиқоти уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ ва қисми шимолии уқёнуси Ором нақши русҳо ҳам хеле калон мебошад. Якумин ихтирокунандагони Замини Нав ва ҷазираи Шлитсберген аз голландиҳо пештар, русҳо буданд. Русҳо инчунин резишгоҳҳои дарёҳои Об ва Енисейро тадқиқ намуда, то назди нимҷазираи Таймир дар охири асри ХVI то соҳили баҳри Ором расиданд. Дар солҳои 30-юми асри ХVII як гурӯҳ казакҳои Красноярск бо роҳбарии Иван Москвитин то соҳилҳои шохоби рости Лена-дарёи Алдан аз кӯҳҳо гузашта, ба баҳри Охотск баромаданд. Дар солҳои 40-уми ҳамин аср Поярков ва Хабаров поёноби Амуро тадқиқ намуда, аввалин маротиба харитаи ин дарёро тартиб доданд.

Дар соли 1648 казаки Сибир Семён Дежнёв димоғаи охирини Шарқи Дур-димоғаи Семён Деженёв (аз номи кашшофаш) ва гулӯгоҳи Берингро, ки Осиёро аз Америка ҷудо мекард, кашф намуд, ки он 80-сол пештар аз тадқиқоти капитани рус Беринг буд.

Оқибатҳои иқтисодии кашфиётҳои ҷуғрофӣ. Ин кашфиётҳои ҷуғрофӣ ба ҳаёти иқтисодии Аврупо таъсири калон бахшид. Дар натиҷаи ин, чуноне ки К. Маркс навишта буд, «бозорҳои ҷаҳонӣ якбора васеъ шуда, гардиши молҳо, рақобати байни ҳамдигарии миллатҳои Аврупо барои аз они худ кардани маҳсулоти Осиё ва ганҷҳои Америка, низоми мустамликавӣ якбора меафзояд…» [2]. Акунун роҳи асосии савдо уқёнуси Атлантика ва баҳри Шимолӣ (немисӣ) мешаванд. Дар натиҷаи паст шудани аҳамияти тиҷоратии Баҳри Миёназамин Италия ҳам нақши пештараи савдоии худро гум  мекунад. Дар кори савдо ҷойи пешини Италияро акнун Португалия, Нидерландия ва Англия ишғол мекунанд. Дар асри ХVI дар савдо нақши калонро хусусан Нидерландия мебозид ва яке аз шаҳрҳои он Антверпен ба маркази савдои ҷаҳон мубаддал гашт. Дертар шаҳрҳои Амстердам ва Лондон ҳам аз марказҳои муҳими тиҷорати ҷаҳонӣ мешаванд.

Дар натиҷа дар давоми асри ХVI аз Америка ва Ҳиндустон ба Аврупо ҷамъ гаштани миқдори зиёди тилло ва нуқра, қимати онҳо дар Аврупо паст гашта, нархи молу маҳсулот хеле баланд мешаванд. Дар нимаи дуюми асри ХVI дар баъзе мамлакатҳои Аврупо (хусусан дар Испания) нархи молҳо то 4-5 маротиба зиёд мешвад, ки ин дар соҳаи нархҳои Аврупо инқилоби калон буд. Дар натиҷаи ин «инқилоби нарх» синфҳои нави савдоӣ ва саноатӣ, инчунин заминдорони калони бо бозор алоқаманд хеле сарватманд гашта, аҳволи коргарон ва заминдорони феодалӣ хеле вазнин мешавад. Ин шароит камбағалони шаҳр ва деҳотро боз ҳам ба хонавайронӣ бурда, тобеияти онҳоро ба капитали ба вуҷудомада торафт зиёд мегардонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *