Фанни Таърих

Ҳаракати  Абумуслим ва Шӯриши  Шерак Ибни Шайх

Аз сиёсати халифаҳои бани – Умиявӣ (661- 750 ), ки ҳимоятгари манфиати аъёну ашрофи араб буданд, на танҳо халқҳои Мовароуннҳру дигар халқҳои истилошуда , балки аҳолии араби хилофат ҳам норози буд. Ин норозигӣ ба муқобили сиёсати бани Умия дар замони халифии Марвонӣ ( 744 – 750) пурзўр ва шиддатнок гардид. Халқ аз боҷу хироҷи зиёд ба танг омада буд.

Аз ин норозиги сулолаи Аббосиён истифода карда , аз солҳои 30 – юми асри У111 зидди бани Умия ташвиқот мекарданд.

Дар солҳои 40 уми асри У111 роҳбарии Аббосиён ба дасти писари Муҳаммад ибни Али Иброҳим ибни Муҳаммад гузашт. Тарғиботи Аббосиён ҳамон вақт ҷонноктар гардид, ки ба ин ҷо форс Абумуслим омад. Абумуслим,ки шахси доно ва сиёсатмадори моҳир буд, мехост оммаи халқро ба шўриш бархезонад. Шўриши Абумуслим шакли оммавиро гирифт.Дар ин шуриш тамоми табақаҳои аҳолии бо нияте иштирок доштанд, ки аҳволашон беҳтар мешавад. Абумуслим дар зери байрақи сиёҳи Аббосиён Марв ва Хуросонро ишғол карда, соли 749 вилоятҳои ғарбии холофатро ба даст овард. Соли 750 пойтахти хилофат-Димишқро ишғол карда, ба ҷои ҳукмронии сулолаи байни Умия сулолаи Аббосиёнро ба миён овард.

Абумуслим бошад, ҳокими Хуросон таъин гардид. Ба сари тахт омадини Аббосиён аҳволи халқро заррае беҳ накард.Онҳо каму беш ашрофони маҳаллиро ба идоракунии давлат ҷалб намуда, истисморро ҳам пурзур карданд. Аз ин ҷост,ки муборизаи халқи маҳалли боз ҳам ба муқобили арабҳо пурзур гардид. Зулми ду тарафа- яке истисмори хонадони Аббосиҳо ва дигаре зулми феодалони маҳаллӣ ба сари халқ бор шуд ва ин аҳволи вазнин боиси афзудани нафрат ва норозигии халқ ба сулолаи Аббосиҳо гардид. Дар натиҷа соли 750 -751 дар Бухоро шўриши зиддиараби бо сарварии Шарик ибни Шайх ал-Маҳри сар зад. Шўришгарон бо даъвати он, ки Аббосиёнро аз Хилофат дур кард, ба ҷои онҳо аз авлоди бевоситаи Муҳаммад паёмбар ва домоди ў Али ибни Абўтолиб ба тахти хилофат оянд,бархестанд. Абумуслим ба муқобили исёнгарони Бухоро неруи ҷангии дуҳазорнафараро фиристод, ҷанг бо исёнгарон сию ҳафт рўз давом кард. Оқибат шўришгарон шикаст хурданд, Шарик дар майдони ҷанг ҳалок гардид, ғоратгарон шаҳро оташ заданд, ки вай то се рўз хомуш нашуд.

Соли 751 қушуни императори Чин аз зидиятҳои дохилии Хилофати Араб истифода карда, ба Мовароуннаҳр ҳамла овард. Абумуслим бар болои лашкари Чиниҳо ҳам ғалаба ба даст дароварда, дар назди халифаҳои Аббоси шуҳрат пайдо кард.Њаракати Абумуслим бар зидди халофати Умаявиҳо ба фоидаи Аббосиён анҷом ёфта бошад ҳам, ҳисси озодихоҳии халки маҳаллиро ифода мекард. Ин маъниро ба ёрии Абумуслим аз ҳар гушаву канори мамлакат омадани намояндагони халқ исбот мекунад.Абумуслим тарафдори Аббосиён бошад ҳам, арабҳо аз обру ва эътибори ў дар назди халқ тарсида, суйқасди вайро пеш гирифтанд. Аз иқтидор ва шуҳрати Абумуслим ба ваҳм афтода халифа ал-Мансур соли 755 ўро ба дарбор даъват карда ваҳшиёна ба қатл меросонад. Қатли Абумуслим боиси авҷи ҳаракатҳои халқи дар Хуросону Мовароуннаҳр мегардад, ки яке аз онҳо соли 755 дар Нишопур таҳти васояти Сунбоди Муғ, ки номи аслиаш Фирузи Испаҳдад аст, руй дод. Халифа ба муқобили исёнгарон бо сарварии сарлашкар Љавҳар ибни Марар(747-756) қувваи ҳарбии даҳҳазора сафарбар кард, ки дар натиҷа байни ин қувва ва исёнгарон дар биёбони Њамадону Рай ҷанги хунине сурат гирифт, ки он ҳафтод рўз давом кард. Ниҳоят пайравони Сумбоди Муғ шикаст хурданд ва худи у ба қатл расонида шуд, вале бо ин мавҷи ҳаракати халқи паст нашуда, тадриҷан авҷ гирифт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *