Фанни Таърих

Тоҷикон дар хайати Давлати Қарахониён (Қарохитоиҳо) ва Ғазнавиён

Давлати Қарахониён дар солхои 90 –уми асри Х дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, таъсис ёфта буд. Дар байни муҳаққиқони таърих доир ба пайдоиш ва номи қарохониён баҳсу мунозираҳо вуҷуд доранд.

Зоҳиран ҳастии асосии давлати Қарохониёнро қабилахои турки яғмо ва чигил ташкил мекарданд. Асосгузори сулолаи Қарохониён Абдулкарим Буғрохони муғулнажоди туркзабон буд. Давлати Карахониёнро асосан ду қабилаи турк яғмо ва чигилҳо барпо кардаанд.

Хонадони чигили ба худ лақаби Арслонхон- шер ва хонадони яғмо лақаби Буғрохон – шутурро гирифта буд. Қарохониён ҳанўз дар охири асри Х нуфўз ва иқтидори зиёд пайдо намуда, соҳиби мулкҳои зиёд шуда буданд. Ба ислом рў овардани Қарохониён ба инкишофи минбадаи давлаташон сабаб шуд. Қабул намудани ислом ба Қарахониён имконият дод, ки то ба Мовароуннаҳр сар дароранд. Ҳафтруду қисми Туркистони Шарқӣ – Қашқарро соҳиб гарданд. Аввалин походи муташаккилонаи қарахониён бар зидди давлати Сомониён ба соли 992 –таҳти сарварии Буғрохон рост омад. Баъди ҳуҷум қарахониён ғанимати зиёде ба даст оварда, ба мулкҳои хеш баргаштанд. Походи қарахониён ба Мовароуннаҳр ноустувории давалати Сомониёнро нишон дод.

Буғрохон хост, ки бори дигар қувва ҷамъ намуда Сомониёнро батамом аз байн барад, вале ба мақсадаш нарасида ҳамон сол (992) вафот кард. Соли 999 Наср Элики Қарохони набераи Буғрохон ба мавҷудияти давлати Сомониён хотима гузошта пойтахти давлати Сомониён шаҳри Бухроро ба даст дароварданд. Қарахониён баробари забт намудани Бухоро тамоми шахсони бонуфўзи хонадони Сомониро асир гирифта дар Узгенд зиндони карданд. Вале бародари Абдумалик -Абўиброхим Исмоил аз зиндон гурехта, аз миёни тарафдорони Сомониён лашкар чамъ намуда барои аз нав барқарор кардани ҳукмронии Сомониён кўшиш намуд. Соли1000- ум Абўиброҳим мулаққаб ба Ал – мунтасир ( яъне фотеҳ) дар назди Бухоро ва Самарқанд лашкари қарахониёнро торумор карда, бар тахти подшоҳи нишаст. Баъд аз ғалабаҳо Мунтасир саъй намуд, ки Хуросонро ҳам ба даст дароварад. Султон Маҳмуди Ғазнавӣ аз амалиётҳои ҷасуронаи Мунтасир ба ҳарос афтода бо қарахониён бар зидди ў иттифоқ баст. Дар натиҷаи амалиёти якҷояи қарахониёну ғазнавиён лашкари Мунтасир шикаст хўрда, худи ў соли 1005 дар майдони муҳориба ҳалок гардид.

Пас аз торумор гардидани Мунтасир иттифоқи байни Маҳмуди Ғазнавӣ ва Насри Қарахони барҳам хўрд. Дар вақти ба Ҳиндустон лашкар кашидани Маҳмуд ( 1006) Насри Қарохони аз фурсат истифода бурда, лашкари хешро ба ҷанги зидди ғазнавиён омода сохт. Маҳмуд аз аҳдшикании туркони қарохони воқиф шуда ақиб гашт. Байни ғазнавиёну қарохониён 4 январи соли 1008 дар Балх муҳорибаи шадиде ба вуқуъ пайваст. Султон Маҳмуд ғалаба кард. Туркони қарохони ба Хуросон гурехтанд.

Пас аз марги Наср бародараш Мансур аз Аҳмад ҷудо шуда худро хони бузург эълон кард. Дар натиҷа солҳои 1015-1016 барои Фарғона байни бародарон муноқиша сар зад. Хоразмшоҳ Мамнун барои пайдо намудани иттифоқчии зидди Султон Маҳмуд бародаронро бо ҳам ошти дод. Аз ин пай бурда Султон Маҳмуд ба Хоразм лашкар кашида Мамнунро аз тахт махҳрум кард ва ҳоҷиби худ Олтунтошро Хоразмшоҳ эълон намуд. Бо вуҷуди ин сарҳадҳои шимолии давлат Султон Маҳмудро ба ташвиш оварда буданд.

Раванди ба худ хоси ҳукмронии замони сулолаи қарохониро дар он мебинем, ки давлат ба мулкҳои хурду калон табдил ёфта буд. Аз ин рў, таърихи сиёсии замони ин хонадон пурпечу тоб ва аз кашмакашиҳо иборат мебошад.

Дар замони Буритегин давлати Қарохониён дар Мовароуннаҳр шуҳрат пайдо кард, вале дар давраи ҳукмронии писараш Шамсулмулук( 1070-1080) заминҳои шимолии Мовароуннаҳр ба дасти Қарохониёни шарқи гузаштанд.

Азбаски Қарохониён асоси давлати худро аз иттиҳодияи туркҳои кучманчӣ-қарлуқхо, чигилҳо ва яғма ташкил дода буданд, бинобар ин онҳо ҳаёти нимбодиянишиниро аз сар мегузарониданд.

Дар ибтидо Қарохониён бо руҳониёни иртиҷоии ислом бар зидди ғояҳои озодфикрӣ ва шўришҳои халқӣ забон як карда буданд. Вале дертар дар байни хонҳои қарохонӣ ва руҳониён норозигиҳо ба вуҷуд омаданд. Руҳониён мехостанд, ки хонҳо иҷрокунандаи иродаи онҳо бошанд. Аммо Буритегин инро намехост ва бар хилофи дархости онҳо яке аз муллоёни маъруфи он замон Абулқосим Смарқандиро қатл кард. Баъд аз Буритегин Шамсулмулк шайх Абўиброҳим Исмоил ас- Сафарро кушт, ки он оқибати муборизаи тезу тунди байни руҳониёну хонҳои қарохонӣ гардид.

Минбаъд давлати Қарохониён гирифтори тохтутози сулолаи Салҷуқиён- қабилаҳои бодиянишини Оғуз гардид. Салҷуқиён аввал ноҳияҳои алоҳидаро ба даст дароварда, баъд ба Мовароуннаҳр Марказӣ ҳуҷум карданд. Ниҳоят соли 1089 Маликшоҳи Салҷуқи аз дарёи Аму гузашта, аввал Бухоро баъд Самарқандро тасарруф намуд. Салҷуқиён хонадони қарохониёнро нест накарда ва мустақилияташонро ҳам пурра барҳам назаданд. Ба корҳои дохилии қарохониён дахолат намекарданд.

Дар охири солҳои 30-юми асри Х11 дар қисми шарқии ноҳияҳои қарохониён душмани пурзурӣ онхо қарохитоиҳо пайдо шуданд.Онҳо дар муборизаҳои зидди хонҳои қарохонӣ дастболо шуда, ба он муваффақ гаштанд, ки соли 1125 давлати худро ташкил намоянд. Қарохитоихо дере нагузашта ба тамоми заминҳои Шарқии қарохониён соҳиб гашта, ба мулкҳои Мовароуннаҳрии онҳо низ таҳдид намуданд.

Қарохитоихо тайёрии пурзўр дида. соли 1137 дар наздикии Хуҷанд ба Маҳмуди Қарохонӣ зарбаи сахт заданд. Баъди чор соли ин воқеъа 9-сентябри соли 1141 Қарохитоиҳо бо лашкари муттаҳидаи Маҳмуди Қарохони ва Султон Санҷар дар дашти Катвони наздикии Самарқанд

чунон зарба заданд, ки онро таърих ёд надорад. Қушуни муттахидаи Салҷуқию Қарохони шикаст хурд. Маҳмуду Санҷар ақиб нишастанд ва қарохитоиҳо тамоми Мовароуннаҳрро аз худ намуданд. Дар натиҷаи ин ғалаба Қарохитоиҳо Қарохониҳоро ба вассали худ табдил дода, маҷбур намуданд, ки ба онҳо андоз диханд. Бо вуҷуди ба худ тобеъ намудани Қарохониён Қарохитоиҳо ба корҳои дохилии давлати онҳо дахолат намекарданд. Дар натиҷа парокандагии дохилии Қарохониён рўз аз рўз аён мешуд. Пас аз муҳорибаи Катвон нуфўзи Қарохониёни Шарқӣ ё худ «ҳасаниён» баланд шуд. Онхо аз соли 1156 сар карда ҳатто Самарқандро низ ба зери тасарруфи хеш дароварданд. Вале бояд ҳаминро хотирнишон сохт, ки дар нимаи дуюми асри Х11 ва ибтидои асри Х111 Мовароуннаҳри Марказӣ ва Фарғона чун мулкҳои алоҳидаи Қарохонӣ амал мекарданд. Ҳатто ҳокимони он ба номи худ танга сикка мезаданд.

Дар нимаи авали асри Х11 дар Бухоро хонаводаи олинасаб намояндагони руҳониёни дарачаи олии ислом, ки унвони « Садри ҷахон»- ро гирифта буданд нуфўзи калон пайдо намуданд. Миқдори зиёди заминҳои вақф, ба дасти руҳониён гузашта, даромади муассисаҳои тиҷоратӣ, бозор, андози заминҳои зироатии гирду атрофии шаҳр, хамчун молиёти пешаварон ва тоҷирон сарвати садрҳоро хеле афзуд.

Сарчашмаи дигари сарвати садрҳои Бухоро аз ҳисоби чамъоварии маблағ барои пардохтани хироҷи солонаи мамлакат ба қарохитоиҳо буда ба ҳар васила мардуми меҳнаткашро ғорат мекарданд. Зимнан қисмати зиёди сарвате, ки ба ин тариқа чамъовари мешуд, ба худи садрҳо мерасид.

Албатта, ҳамаи ин беадолати ва ғоратгариҳо ҳисси нафрат ва адовати оммаи васеъро нисбат ба садрҳо ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки Муҳаммади Хоразмшоҳ Мовароуннаҳро ба осони фатҳ намуд. Аҳолии ин сарзамин умедвор буданд, ки пас аз ронда шудани қарохитоиҳои бутпараст ва истиқрор ёфтани ҳокимияти хоразмшоҳиёни ҳамдин вазъияти онҳо беҳтар хоҳад гардид. Ин умедвории халқро Султон Маҳмуд дар роҳи расидан ба мақсад хеле хуб истифода намуд. Ҳангоме, ки ў соли 1207 Бухороро ишғол намуд, зоҳиран ба аскарони худ фармон дод, ки ба аҳоли ҳеҷ гунна ҷабру зулм накунанд.

Вале аҳолии Мовароуннаҳр ба зуди тамоми сахтиҳои ҳокимияти хоразмшоҳи « мусулмонро» ҳис карданд.

Ҷабру зулми ҳокими дар Самарқанд гузоштаи Муҳаммади Хоразмшоҳ то дараҷае сахт буд, ки халқи шаҳр тоқат наёварда дар соли 1212 ба муқобили ситамгарон шўриш карданд. Онҳо медонистанд, ки барои мубориза бурдан бо Муҳаммади Хоразмшоҳ қувваи кофи надоранд, бинобар ин қарохитоиҳоро ба ёри даъват намуданд. Лекин Муҳаммади Хоразмшоҳ аз ин ҳодиса хабардор шуда, фавран ба Самарқанд омад ва шўришро дар як сурати бераҳмона фурў нишонд. Қатлу ғорати аҳолии шаҳр се рўз давом кард. Дар натиҷаи ин ваҳшоният ҳазорон одамони бегуноҳ нобуд шуданд. Усмон ибни Иброҳими Қарохони ҳам кушта шуд.

Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ пас аз он, ки ба аҳолии саркаши Самарқанд чунин рафтор кард, ин шаҳрро ба иқоматгоҳи худ табдил дода, дар ин ҷо ба сохтани масҷид ва қасри подшоҳи шурўъ намуд. Вай баро мустаҳкам гардидани мавқеи худ дар Мовароуннаҳр фармуд, ки дар вилоятҳои чудогонаи Осиёи Миёна ҳокимони қарохониро ба қатл расонанд.

Усмон ибни Иброҳими Қарохони дар ҳудуди асрҳои Х11 – Х111 ба тахти падар нишаста, пас аз чанде унвони дабдабаноки « султони бузурги султонон»-ро қабул намуд. Дар Фарғона бародари ў Қадархон ҳукмрони мекард. Вазъияти Усмони Қарохони байни Муҳаммад Хоразмшоҳ ва қарохитоихо чунон буд, ки гуё дар « миёни обу оташ» қарор гирифта бошад. Вале ў то як муддат хеле моҳирона аз ин вазъият берун меомад. Муносибати байни Қарохониён ва Муҳаммади Хоразмшоҳро метавон ба се марҳила ҷудо кард: аввал муносибати муттафиқона, сони муносибати тобеият ва ниҳоят, таъқиб ва нест кардани ҳокимони Қарохонӣ.

Дар соли 1213 дар Узганд пойтахти калонтарини мулки Қарохониён ва дар Самарқанд пойтахти давлати Қарохонӣ сикка бо номи Муҳаммади Хоразмшоҳ зада шуд, ки ин маънои аз байн рафтани сулолаи Қарохониёнро дошт.

Давлати Қарохониён зиёда аз 200 сол ҳукмрони кард ва аз солҳои аввали мавҷудияташ ба муқобили давлатҳои Ғазнавиён, Салҷукиён, Қарохитоиҳо ва давлати Хоразм мубориза мебурд.

Дар охири асри X аз байн рафтани давлати Сомониён ба таърихи сиёсии Мовароуннаҳру Хурусон дигаргуниҳои куллиро дохил намуд. Зеро ба ҷои давлати муттамарказонидашудаи тоҷик якчанд ҳокимиятҳои халкҳои туркнажод ба арсаи сиёсат қадам ниходанд, ки

онҳо дар тулии зиёда аз дусад сол байни хеш мубориза намуда, иқтидори иқтисодӣ ва хочагии Осиёи Миёнаро суст намуданд. Ин раванд дар он ноҳияҳое чашмрас буд, ки кучманчиён аз халқи маҳаллӣ ибрат гирифта, ба ҳаёти муқимӣ кадам мегузоштанд. Дар ин роҳ қабилаҳои қарлуқ, чигил ва яғмо, ки бо онҳо Сомониён барои забти Исфанҷоб ва водии Талас дурудароз мубориза бурданд, ба муваффақият ноил гаштанд.

Асосгузори давлати Ғазнавиён Сабуктегин ба шумор меравад. Сабаб дар он аст, ки Сабуктегин аз ғуломи Сомониён то ба вазифаи сипаҳсолорӣ сабзида расид ва дар замони Нўҳи 11 ( 976-997) илова ба Ғазна, ба идора намудани мулкҳои тоҷикон дар Хуросон муваффақ гашт. Вай то вафоташ (997) ба ташкили давлати калон асос гузошт.

Ба сари тахт омадани Маҳмуд имконият дод, ки ҳудуди давлати Ғазнавиён хеле васеъ гардад. Дар ибтидои асри Х1 ба Маҳмуд муяссар шуд, ки ба ҳайати давлати хеш Панҷоб, Балуҷистон ва қисми зиёди Эрони Шарқиро ҳамроҳ кунад.

Маҳмуди Ғазнави ( 998- 1030) давлати худро мустаҳкам намуда, дар Шарқ то ба Ҳиндустон ва дар Ғарб то ба қисми шарқии Эрон соҳиб гашт. Сипас дар байни қарохониёну ғазнавиён зиддият ба амал омад.Дар вақти ба Ҳиндустон лашкар кашидани Маҳмуд (1006) Нари Қарохони аз фурсат истифода бурда, лашкари хушро ба ҷанги зидди ғазнавиён омода сохт. Даставвал туркони қарохони ба Балх ҳуҷум намуданд. Чанде аҳолии шаҳр бар зидди онҳо истодагарӣ карданд. Вале туркҳо дастболо шуда, шаҳрро гирифтанд ва бойгариашро тороҷ намуданд. Баьд онҳо озими Ҳироту Тўс ва Нишопур гаштанд. Маҳмуд аз аҳдшикании туркони қарохони воқиф шуда, ақиб гашт. 4 январи соли 1008 дар Балх муҳорибаи шадиде байни ғазнавиёну қарохониён ба вуқуъ пайваст. Султон Маҳмуд ғалаба кард. Туркони Қарохони аз Хуросон гурехтанд.

Бо вуҷуди ин сарҳадҳои шимолии давлат Султон Маҳмудро ба ташвиш оварда буданд. Ҳар ду тараф барои аз ҳуҷуми якдигар дар амон будан чора меҷустанд. Баъди ташкили давлати Салҷукиён ( асри XI)муборизаи байни ғазнавиёну қарохониён хомуш гашт.

Баъд ин Махмуд ба забти мулкхои кухсори тоҷикон, води Ҳарируд камар баста, дар охир вилояти Ғурро, ки дар он ҷо мардони далеру ҷанговар умр ба сар мебурданд, ба давлати хеш ҳамроҳ кунад.

Султон Маҳмуд ҷангҳои худро дар зери ливои ислом пеш бурда, чун ҳомии дин ба мувафақиятҳо ноил мегашт. Ў бо ҳамин роҳ молу мулки халқҳои гуногунро тороҷ намуда, хазинаи хешро пур мекард. Вай усули ба худ хоси идора кардани давлатро пеша карда буд. Аз паси ҳар як ҳокими бонуфуси худ ҷосус монда, маълумот ҷамъ мекард. Ҳатто, сарчашмаҳо ёдовар мешаванд, ки аз паси вориси асосиаш Масъуд низ ҷосус гузошта будааст.

Баробари ин султон Маҳмуд сарлашкари хеле болаёқат буд. Ў дар ихтиёри лашкараш филҳои ҷангӣ, мошинаҳои сангандоз, пулҳои сабукӣ аз болои дарёҳо шинокунанда дошт. Инчунин аз ҳисоби ғуломони турк ва тоҷикон лашкари таълимгирифта ва боинтизом ташкил намуд.Султон Маҳмуди Ғазнавӣ баъди ғоратгариҳои зиёду пур намудани хазина ба касалии сахт дучор мегардад. Табибони машҳур ба дарди ў даво намеёбанд.

Марги Султон Маҳмуд( 1030) норозигии фарзандонашро ба миён овард. Чи хеле, ки ёдовар шудем, вай ба писари калониаш Масъуд начандон бовари дошт. Тоҷу тахтро ба писари хурдиаш Муҳаммад васият намуд. Пас аз вафоти Маҳмуд аҳли олимақоми дарбор васияти подшоҳро ба ҷо оварда, Муҳаммадро ба тахт нишонданд. Аммо дере нагузашта Масъуд ба додараш суиқасд намуда, ба чашмони ў мил кашида, ҳамроҳи аҳли оилааш ҳабс намуд. Сипас худро Султон эълон кард.

Замони ҳукмронии Султон Масъуд ( 1030-1041) такрори давраи падараш буд. Ў дар ҳарисию хасиси аз падари хеш ками надошт. Масъуд низ мисли падар барои аз Қарохониён эмин нигоҳ доштани ҳудуди давлат муборизаи муросокорона мебурд. Султон Маҳмуд ҳангоми ҳокими Хуросон буданаш бар зидди Қарохониён мубориза мебурд. Барои гирифтани пеши рохи муборизахои байни Хуросону Мовароуннаҳро ў ба гурўҳи калони туркони бодянишини салҷуқӣ рухсат дода буд, ки дар ноҳияҳои шимоли давлаташ зиндагӣ кунанд. Онҳо дар муддати кўтоҳ қувват гирифта, баъди сари Маҳмуд ба давлати ў ҳуҷум намуданд. Султон Масъуд бо мақсади зада гардонидани ҳуҷуми Салҷуқиён соли 1035 аз қувваи аҳолии Нишопур истифода бурд. Дар ин муҳориба Ғазнавиён дастболо шуда бошанд ҳам, салҷуқиён вақти қулай поида лашкари Масъудро торумор намуданд. Акнун салҷуқиҳо пай дар пай бар зидди Ғазнавиён ба мубориза бармехестанд. Онҳо вилоятҳои ғарбии Ғазнавиён, аз ҷумла Нишопурро ба зери тасарруфи хеш гирифтанд. Ҳамин буд, ки соли 1040 Султон Масъуд зидди онҳо лашкар кашида, дар наздикии Дандонакон ба шикасти марговар дучор шуд. Баъди ғалаба сардори Салҷуқиён Туғралбек худро ҳокими Хуросон эълон кард. Дар ин мубориза мардуми Марву Нишопур тарафи ғазнавиёнро нагирифтанд, сабаб дар он буд, ки манфиатҳои онҳо аз тарафи Масъуд ҳимоя карда нашуд. Масъуд маҷбуран ба Ғазна баргашт. Барои дабора ҳуҷум намудан бар зидди Салҷуқиён ҷуръат накард, зеро медонист, ки халқ ўро дастгири намекунад.

Азбаски муборизаи Масъуд бар зидди Салҷуқиён бебарор баромад, юриши Ҳиндустонро ихтиёр кард. Вай бародараш Муҳаммадро, ки дар ҳабс буд, озод намуда хост ҳамроҳ ба сафар барад. Аммо тарафдорони Муҳаммад забон як намуда, Масъудро асир карда, дар ҳабс қатл намуданд.(1041).Овозаи кушта шудани Масъуд зуд ба гўши писараш Мавдуд расид. Вай ба муқобили амакаш ба ҷанг баромада, дар наздикии Динур аз болои ў ғалаба кард.

Мавдуд худро Султон (1041-1050) эълон намуд. Ўба Ҳиндустон рафта лашкари зиёде ҷамъ намуда, ба юриши зидди Салҷуқиён баромад. Вале Салҷуқиҳо лашкари ўро дар солҳои 1049-1050 торумор сохтанд. Дар натиҷа Мавдуд ба касали гирифтор шуда, дар шаҳри Ғазна вафот ёфт. Ҳамин тавр салтанати хонадони Ғазнавӣ, ки қариб 50 сол давом дошт, дар зери муборизаҳои дохилӣ, зулму истибдоди мардум, зарбаҳои пай дар паи туркони салчуқӣ аз байн рафт. Сипас баробари салҷуқиён, инчунин туркони қарохонӣ қувват гирифтанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *