Фанни Таърих

Давлатҳои Қарахониён ва Ғазнавиён

Баъди барҳамхӯрии давлати Сомониён дар ҳудудҳои ин давлат давлатҳои Қарахониён ва Ғазнавиён таъсис ёфта, замонеарзи вуҷуд доштанд. Дар давраҳои гуногуни асрҳои Х1-ХШ қисматҳои алоҳидан қаламрависобиқдавлати Сомониён ба давлатҳои Салҷуқиён ва Ғуриён низ дохил будаанд.

ДАВЛАТИ ҚАРАХОНИЁН

ТАЪСИСИ ДЛВЛАТИ КАРАХОНИЁН.

Давлати Қарахониён дар охирҳои асри X дар Туркистони Шарқӣ ва Ҳафтрӯд таъсис ёфт, ки асосгузори он Абдулкарими Буғрохон аз сулолаи муғулнажоди туркзабони Қарахониён буд. Ин давлатро аслан ду қабилаи туркӣ — яғмоҳо ва чигилҳо ташкил карда буданд.

Туркҳои қарахонӣ аз соли 992 тохотози худро ба давлатиСомониён оғоз карда, худи ҳамон сол бе муқобилияти ҷиддии Сомониён ба Бухоро зада даромадаанд ва онро талаю тороҷ карда, боз ба ҷою макони худ баргаштанд.

Ин вақт Сомониён аллакай қудрати ҳимояи давлати худро надоштанд. Ба замми ин мушкилоти дигаре ба сари онҳо омад. Писари Сабуктегин Маҳмуд Хуросонро аз давлати Сомониёнҷудо карда, давлати Ғазнавиёнро таъсис намуд. Душманон чашмони Мансурибни Нӯҳи Сомоннро кӯр карда, ба тахти подшоҳӣбародари ӯ Абдумаликро шинонданд. Дар ҳамин лаҳзаи барои тақдири давлати Сомониён мушкил соли 999 лашкари Қарахониён дар зери роҳбарии Насри Илокхон башаҳри Бухоро зада даромад. Баъди задухӯрди начандон тӯлоние

ба Илокхон муяссар шуд, кишаҳри Бухороро ба даст дарорад. Ин воқеа 23 октябри соли 999 ба амал омад.

Бо гирифтанишаҳри Бухоро давлати Сомониён аз байн рафт.

СУЛОЛАИ ҚАРАХОНӢ.

Баъди ба даст дароварданишаҳри Бухоро Қарахониёнҳокимиятихудро оҳиста-оҳиста дар ҳудудҳоиМовароуннаҳр васеъ кардан гирифтанд.

Дар идораи давлати Қарахониён ду сулола — «Арслонҳо», яъне «шерҳо» ва «Буғроҳо», яъне «шутурҳо» иштироқмекарданд. Пешвои хонадони «шерҳо» Алӣ ва пешвои хонадони»шутурҳо» Ҳасан буд. Аз ин рӯ сулолаҳо мувофиқан «Алиён» ва «Ҳасанисн» ном доштанд.

Ракобати Алиён ва Ҳасаниён бароиҳокимият дарсолҳои 40-уми асриXI ба хонадониҲасаниёнғолибият овард. Баӯ муяссар шуд, ки ҳудудҳои давлати Қароҳониёнро васеъ кунад. ВилоятҳоиХатлон, Чағониён, Вахш, Ҳафтрӯд, Шош, Чоч, Илок ва Фарғонаро забт кард.

БАРҲАМ ХӮРДАНИДАВЛАТИ ҚАРАХОНИЁН.

Шоҳҳои Қарахониён дар асриXII давлати худро аз тохтутози давлатиҚарахониёни берун аз ҳудудҳоидавлати Қарахониён ташкилёфта базӯрҳимоя мекарданд. Ин муқовимат зиёда аз ним аср давом карда, давлати Қарахониёнро заиф гардонд. Дарғарбии давлати Қарахониён қабилаҳои салчуқӣ муттаҳид шуда, давлати худроташкил мекарданд. Охирҳои асри XII дар ҳудудҳои давлати Қарахониён сулолаи Хоразмшоҳон низ сар бардошт. Ҳамин тариқ, қисми қаламрави давлати Қарахониёнро аввал Салҷуқиён ишғол намуданд ва баъд дар қисми боқимондаи он давлатиХоразмшоҳон таъсис ёфт.

ДАВЛАТИ ҒАЗНАВИЁН
ТАЪСИСИДАВЛАТИҒАЗНАВИЁН.

Соли 963 баъди вафоти Алптетин сарбозони ӯ Сабуктегинро амири Ғазна таъин карданд. Бо вуҷуди ба амирони Сомониён итоат кардани Сабуктегин дар Хуросон ӯ қариб пурра мустақил буд. Барои васеъ кардани ҳудудҳои зери итоаташ аз Сомониён иҷозат ҳам намепурсид. Ин буд, ки вилоятҳои Хуросонро пан ҳам ба даст медаровард.

Сабуктегин дар яке аз ҷангҳои зидди ҳокимони саркаши Хуросону Балх ба амири сомонӣ- Нӯҳи II ёрӣ ҳам расонд. Нӯҳи II барои ин хизмат Хуросонро ба Маҳмуд ном писари

Сабуктегинтӯҳфа кард. Баъди вафотиСабуктегинсоли 997 ба тахти Ғазнавиёнписарикалонии ӯ — Маҳмуд (998-1030)менишинад.Аз оғозиҳукумронииСултон Маҳмуд давлати Ғазнавиён пурраташаккулёфта, истиқлолиятбадастдаровард.

ИКТИДОРИ ДАВЛАТИ ҒАЗНАВИЁН.

Султон Маҳмуд дар муддати кӯтоҳ қариб тамоми Хуросонро забт кард. Дар ин кор дар байни Султон Маҳмуд ва халифаи Бағдод якдигар фаҳмӣ ҳукмрон буд. Ҳамин тавр, давлати Сомониёнро аз шимол Қарахониён ва аз ҷануб Ғазнавиён забт карданд. Дарёи Панҷ сарҳади ин ду давлат шуд.

Дар 32 соли салтанати Султон Маҳмуд давлати Ғазнавнён давраитараққиёти худро аз сар мегузаронид. Ӯ дар Хуросон мавқеи худро мустаҳкам карда, лашкаркашиҳои сершуморро анҷом дод, ки онҳо ба давлати Ғазнавиён ғанимати бузург оварданд. Маҳмуд танҳо баҲиндустон 17 маротиба лашкар кашидааст.

Лашкаркашиҳои ӯ ба ин мамлакаг дар зери шиори пешинҳодкардаи халифа — «ғазавот» сурат мегирифтанд. Барои Ҳамин натнҷаи дилхоҳмедодаад.

Султон Маҳмуд аввал қисмиғарбииАфғонистон ва баъд Хоразмро забт намуд. Дарсоли 1019 аз як лашкаркашии бомуваффақият ба Ҳиндустон 57 ҳазор ғулом ва 350 фил сарватиғораткардаро ба Ғазна овард. Соли 1024 ба Мовароуннаҳр зада даромада, Чағониён. Қабодиён ва Хатлонро ҳам забт намуд. Баъди нн Исфаҳон, Рай ва вилоятҳои дигари имрӯзаи Эронро ба даст даровард.

Аз қаламрави бузурги ишғолшуда андозҳои ҷамъкарда ба хазинаи Ғазнави ён ворид мешуд.Султон Маҳмуд тамомихалқи қаламрави давлаташро ба ду тақсим кард: ҷанговарон ва халқи авом. Ба ҷанговарон дар ҳар чор моҳ як маротиба маош медод. Мардуми авом барои таъминилашкар ва маоши мансабдорон, ки дар марказу маҳалҳо дар идораидавлатӣ кор мекарданд, андоз мепардохтанд.

Оромгоҳи Султон Маҳмуд дар Ғазна. Асри XI.

ДАВЛАТИ ҒАЗНАВИЁН ДАР АҲДИ МАСЪУДИҒАЗНАВӢ.

Султон Маҳмуд соли 1030 вафот карда,ба тахти подшоҳӣписари ӯ Масъуд менишинад. Дар давраи ҳукмронии Масъуд зиндагии мардуми авом боз ҳам вазнинтар шуд. Дар дастгоҳидавлатӣ ришвахӯриавҷ гирифт. Ин буд, ки мардум борҳо бар зидди

Коваи оҳангар пешопеши шуршигарон. Мусатараи асри XV.
ҳокимияти Масъуд шӯриш бардоштанд. Яке аз чунин шӯришҳо соли 1030 дар шаҳри Тӯс ба амал омад. Вилояту музофотҳои алоҳида аз зери итоати Ғазнавиён мебаромаданд. Соли 1034 Хоразм аз зери итоати Ғазнавиён баромада, бо ҳамроҳии Қарахониёну Салҷуқиён бар зидди Ғазнавиён ба ҷанг даромада, шаҳри Нишопурро ба даст дароварданд. Соли 1040 Масъуди Ғазнавӣ дар Дандонакан ном маҳаллаи воқеъ дар наздикии Марв аз Салҷукиён шикаст хӯрд. Дар ин ҷанг як қисми аҳолииНишопур ва Марв Салҷуқиёнро дасгирнамуда, ғалабаи онҳоро бар Ғазнавиён осонтар гардонд.

БАРҲАМХӮРИИ ДАВЛАТИ ҒАЗНАВИЁН.

Дар сулолаи Ғазнавиён ягонагӣ ҳукмфармо набуд. Дар натиҷа Салҷуқиён бар Онҳо паси ҳам дастболо мешуданд. Соли 1041 Масъуд аз тарафи ҷонибдорони бародараш кушта шуд. Баъди ин Салҷукиён Хуросон, Балхва Ҳиротро бо осонӣишғол намуданд. Ин ҳолат дар бораи торафт заифтар шудани давлати Ғазнавиён гувоҳӣ медод.

Вале сабабгори асосии рӯ ба таназзул ниҳодани давлати Ғазнавиён давлати тоҷикииҒуриён буд. Он борҳо ба лашкарҳои Ғазнавиён зарбаҳои ҳалокатовар задааст. Оқибатлашкари Ғуриён соли 1151 шаҳри Ғазнаро бадаст даровард. Баҳромшоҳи Ғазнавӣбо аҳли рикобаш баҲиндустон фирор карда, дар он ҷо давлати худро аз нав эҳё намуд. Шаҳри Лоҳурро пойтахти он қарор дод. Лекин соли 1186 Ғуриён ин шаҳрро ҳам ба даст дароварданд. Бо ҳамин давлати Ғазнавнён пурра аз байн рафт.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *