Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ

1. Асоси меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ

Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалкунанда буда, самтҳои фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатӣ: иҷроия, қонунбарор ва судиро муайян менамоянд. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ ҳимоя ва барқарорсозии ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи инсон мебошад.

Дар ҳама гуна давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди замони ҳозира суд дар тамоми низоми ҳуқуқӣ мавқеи марказиро ишғол менамояд. Маҳз суд қонунияти асил ва адолати ҳақиқиро таҷассум месозад. Нақшу эътибори суд ва адолати судӣ, умуман, ҳар қадар баланд бошад ва суд дар муносибати байниҳамдигарӣ бо дигар мақомоти ҳокимият ҳар қадар бештар мустақилияту соҳибихтиёрӣ зоҳир кунад, дар мамлакат дараҷаи қонунияту демократия ҳамон қадар баландтар мешавад, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон аз тааррузҳои имконпазир ҳамон қадар боэътимодтар ҳифз мегарданд. Ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ кафолати муҳими амалишавии ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳо мебошанд.

Аммо ба одамони таҳсилоти махсуси юридикӣ надошта ба қонунҳо ва санадҳои зерқонунии сершумори танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ сарфаҳм рафтан хеле душвор аст, бинобар ин онҳо эҳтиёҷманди ёрии касбии ҳуқуқӣ мебошанд. Расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии одамон дар салоҳияти адвокатура аст.

Ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқ ба ёрии юридикӣ ҳуқуқҳо ва озодиҳои муҳимтарини шахсӣ (шаҳрвандӣ) мебошанд. Онҳо ба ҳар одам мансуб буда, аз мавҷудияти шаҳрвандӣ вобаста нестанд, онҳоро ҳам шаҳрванди хориҷӣ ва ҳам шахси бешаҳрвандӣ амалӣ гардонда метавонад.

Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон проблемаи дастрасӣ ба адолати судӣ барои табақаҳои нисбатан камҳимояи аҳолӣ: ашхоси дар хонаҳои парастории иҷтимоӣ қарордошта, пиронсолон ва ашхоси бемории кӯҳнадошта, ашхоси дар муассисаҳои табобатии бемориҳои рӯҳӣ қарордошта, ноболиғони дар колонияҳои тарбиявӣ ва муассисаҳои кӯдакона нигоҳдошташаванда, ашхоси дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ қарордошта, гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ, ашхоси имкониятҳояшон маҳдуд ва ғайра вуҷуд дорад.

Ҳуқуқи инсон ба ҳимояи судӣ ва ба ёрии ҳуқуқӣ мутлақанд, зеро онҳо дар ягон ҳолат, ҳатто дар шароити вазъияти фавқулодда, маҳдуд карда намешаванд.

Бар фарқият аз дигар ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, ки инсон ҳамеша амалӣ месозад (дахлнопазирии шахсият, дахлнопазирии манзил, озодии виҷдон ва ғ.) ҳуқуқи инсон ба дастрасӣ ба ҳимояи судӣ ва ба ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби одамон давра ба давра, яъне вақте ки ба он зарурат пеш меояд, вақте ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои вайронкардашуда тақозо мегардад, амалӣ мегарданд. Бисёр вақт ҳуқуқҳои мазкурро мурофиавӣ меноманд, зеро инсон онҳоро дар мурофиаи судӣ иштирок карда, амалӣ месозад.

Ҳуқуқи инсон ба дастрасӣ ба адолати судӣ бори аввал дар Хартияи бузурги соли 1215-и Британия, баъд дар Билли амрикоӣ оид ба ҳуқуқҳо (соли 1791) ва дар Эъломияи фаронсавии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (соли 1789) зикр гардидааст. Вай дар натиҷаи ташаккули дурударози таърихӣ басо рушд кардаву ғанӣ гаштааст. Дар айни замон он дар стандартҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи ҳуқуқҳои инсон таҷассум ёфта, бо қонунгузории миллии ҳар давлат таъмин карда мешавад.

Эъломияи умумии ҳуқуқи башар дар моддаи 8 ҳуқуқ ба ҳимояи судиро чунин муайян кардааст: «Ҳар як инсон дар сурати поймол гардидани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳақ дорад», яъне ба ҳар давлати узви СММ тавсия шудааст, ки бо мақсади барқарорсозии ҳуқуқҳои поймолшудаи инсон дар қаламрави худ суди миллии босалоҳият ташкил намоянд.

Дар моддаи 10-и Эъломия омадааст, ки “Ҳар як инсон барои муайян намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоснокии айбномаи ҷиноятие, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст, ба таври баробарии комил ҳуқуқ дорад, ки парвандаи ӯро суди мустақилу бетараф ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасӣ намояд”. Ба ин тариқ, ҳуҷҷати мазкури байналмилалӣ ҳуқуқ ва ҳимояи судиро

барои ҳама, сарфи назар аз ягон фарқият, таҳким бахшидааст.

Моддаи 14-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ба ҳар одам ҳуқуқи ҳимояи судиро кафолат медиҳад: «Ҳамаи одамон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд. Ҳар кас ҳангоми баррасии ҳама гуна айби ҷиноятии ба дӯши ӯ гузошташуда, ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқу вазифаҳои ӯ дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ ба баррасии боадолатона ва ошкорои парвандааш дар суди мустақилу бетарафи дар асоси қонун ташкилёфта ҳақ дорад».

Ҳамаи меъёрҳои санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии зикршударо Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар мундариҷаи худ таҳким бахшидааст.

Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад, талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Қисми 1-и моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Меъёри мазкури конститутсионӣ ҳуқуқ ба ҳимояи судиро дар баробари ҳуқуқҳои асосӣ эълом дошта, тасдиқ мекунад, ки он ба ҳамаи одамон сарфи назар аз баромаду миллат, вазъи иҷтимоӣ, амвол, синну сол ва дигар асосҳо тааллуқ дошта, аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Кафолати ҳимояи судӣ бо таҳкими ҳуқуқи шахсият бобати талаб кардани баррасии парвандаи ӯ аз ҷониби суд муайян карда шудааст.

Пайдошавии ёрии юридикӣ бо пайдошавии ҳуқуқ ва ташаккули давлат ба таври ногусастанӣ алоқаманд аст. Ҳанӯз дар давлати Афина дар асрҳои VI-VII ҳуқуқи ҳар одами хоҳишманд ба муроҷиат кардан баҳри ёрии ҳуқуқӣ ба се «тафсирбахшандаи ҳуқуқи муқаддас» пешбинӣ шуда буд. Истилоҳи «адвокат» (аз лотинӣ advocatus) дар Рими қадим пайдо шудааст, яъне дӯстон ва хешовандони шахсро (яке аз ҷонибҳо дар суд), ки ӯро ҳамроҳӣ мекарданду дар рафти мурофиа маслиҳатҳо медоданд, чунин меномиданд. Баъди инқилоби буржуазӣ ҳуқуқ ба ҳимоя ҳангоми кашидан ба ҷавобгарии ҷиноятӣ асосан дар санадҳои қонунгузории дохилии давлат таҳким ёфта, маълум мегарданд.

Нахустин ҳуҷҷати байналмилалии таҳкимбахшидаи ҳуқуқ ба гирифтани ёрии юридикӣ Эъломияи умумии ҳуқуқи башар аст. Дар моддаи II–и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ба инсон «ҳамаи имкониятҳо барои ҳимоя» дар доираи мурофиаи судӣ кафолат дода мешавад. Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар банди b, қисми 3-и моддаи 14 ҳуқуқи ҳар касро баҳри ҳимоя аз ҷониби худи ӯ ё ба воситаи ҳимоятгар ҳангоми баррасии ҳама гуна айбномаи ҷиноятии ба зиммаи ӯ гузошташуда таҳким бахшидааст.

Ҳуқуқи гирифтани ёрии юридикиро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.

Ҳар шахс аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад

Қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба ин тариқ, ҳуқуқи ҳар кас ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқи ҳар нафар ба ёрии ҳуқуқӣ дар стандартҳои байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ таҳким ёфта, барои ҳама кафолати амалишавӣ ва ҳимояи дигар ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошанд.

2. Ҳуқуқ ба баррасии боадолатонаи судӣ аз ҷониби

суди салоҳиятдор, мустақил ва беғараз

Ҳар инсон имконият дорад, барои баррасии парвандааш ва ҳимояи ҳуқуқу вазифаҳояш таъмин кардани суди мустақилу беғараз ва ошкорою боадолатонаро талаб намояд. Давлат оид ба таъмини ҳуқуқи мазкур, аз ҷумла бобати ташаккул додани низоми судӣ, таъмини он бо кадрҳои баландихтисос, биноҳои обод ва воситаҳои техникӣ, қабули қонунҳое, ки самти аз ҷониби суд баррасишавандаи парвандаҳои конститутсионӣ, ҷиноятӣ, гражданӣ ва маъмуриро ба тартиб медароранд, ба зиммаи худ ӯҳдадориҳо мегирад.

Танҳо суд ҳуқуқҳо ва вазифаҳои тарафҳои баҳскунандаро муайян карда, дар натиҷаи гузаронидани фаъолияти махсуси мурофиавӣ нисбати парванда метавонад адолатро муқаррар созад. Ҳокимияти судӣ дар тамоми қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амал карда, ҳар кадоме метавонад аз он истифода намояд ва дар сурати розӣ нашудан бо қарори суд аз болои он шикоят оварад. Суд дар асоси принсипҳои таъминкунандаи бартарияти вай дар назди дигар мақомот ташкил гардида, амал менамояд. Чунончи, тибқи моддаи 87-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «судҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст». Судяҳо ҳокимияти судиро мустақилона аз номи давлат ва дар асоси принсипҳои ошкорбаёнӣ, баҳсу мунозира ва баробарии ҷонибҳо амалӣ мегардонанд.

?Ба хотир оред, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом судҳо ҳокимияти судиро ба амал мебароранд?

Ҳар одам аз рӯи ҳар кор метавонад ҳимояи судӣ талаб кунад. Қонунгузорӣ чунин навъҳои парвандаҳои дар судҳо баррасишавандаро муайян кардааст: конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, хоҷагӣ. Парвандаҳои меҳнатӣ ва молумулкии шаҳрвандон дар доираи мурофиаи судии гражданӣ баррасӣ мешаванд. Масалан, шикояти шаҳрванд Н. дар хусуси он ки ӯро барои дағалона вайрон кардани интизоми дохилии ташкилот аз кор озод кардаанд, ҳамчун парвандаи гражданӣ мутобиқи қонунгузории мурофиавӣ баррасӣ карда мешавад. Агар ҳангоми баррасии парванда, сарфи назар аз навъи он, суд қонунеро истифода намояд, ки он ҳуқуқҳои конститутсионии шахсро вайрон мекунад, вай метавонад ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намояд ва талаб кунад, ки ҳуқуқу манфиатҳояш ҳимоя шуда, парвандаи ӯро баррасӣ намояд ва қонуни ғайриконститутсиониро бекор кунад.

Зиндагии ҳаррӯза бештар бо муносибатҳои шаҳрвандии ба қонеъсозии манфиатҳои шахсии мо нигаронидашуда алоқаманд аст. Ҳар рӯз судяҳо аз рӯи даъвоҳои шаҳрвандон даҳҳо парвандаҳои гражданӣ кушода, аз рӯи онҳо баррасиҳои судӣ ба амал мебароранд, вайронкуниҳои ҳуқуқу манфиатҳоро муайян месозанд, барои барқарорсозии онҳо чораҳое мебинанд, ки қонун муайян кардааст. Масалан, қарордоди иҷора бекор карда мешавад, манзил ба соҳибаш баргардонида мешавад, даъво дар хусуси ҷуброни зарари маънавӣ қонеъ гардонда мешавад, ақди никоҳ бекор мегардад, барои нигоҳдории кӯдакон алимент ситонида мешавад, одами ғайриқонунӣ аз кор озодшуда дар вазифаи пештарааш барқарор карда мешавад ва ғайра.

Аз болои ҳама гуна амалҳо ва санадҳои мақомоти қонунбарору иҷроия, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро поймол месозанд, ба суд шикоят кардан мумкин аст. Мутобиқи қисми 3-и моддаи 32-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва ё шахсони алоҳида мебинад, мувофиқи қонун аз ҳисоби онҳо рӯёнида мешавад». Дигар қонунҳо низ методи судии аз болои санадҳо ва қарорҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор шикоят карданро муайян менамоянд. Масалан, тибқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ» (соли 1998) «шахси гумонбари он ки амалиёти мақомоти фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯиро ба амал бароварда боиси вайрон гардидани ҳуқуқу озодиҳои ӯ шуданд, ҳақ дорад, ки аз болои ин амалҳо ба мақомоти болоии фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯиро ба амал бароварда, прокурор ё суд шикоят намояд».

Шартҳои муҳимтарини баррасии боадолатонаи судӣ салоҳиятмандӣ, мустақилият, беғаразии суд ва ташкилшавии он тибқи қонун мебошад.

Суди босалоҳият судест, ки аз рӯи қонун ҳуқуқи баррасӣ кардани парвандаҳои муайян, яъне парвандаҳои танҳо ба вай тааллуқдоштаро бо ҳайати қонунии суд соҳиб аст. Адолати судиро бояд соҳибкасбони аз нигоҳи юридикӣ босавод, ҷиддӣ ва ба андозаи кофӣ таҷрибаи кории касбию ҳаётидошта ба амал бароранд. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (соли 2001) талаботи ба довталабони ишғол кардани мансаби судя пешниҳодшаванда, тартиби пешбарии номзадҳо ба мансаби судя, мӯҳлати ваколати онҳоро муайян кардааст. Дар мамлакат таъсиси додани судҳои алоҳидаи махсус барои кадоме аз рӯи парвандаҳои муайян манъ карда шудааст. Мутобиқи моддаи 84-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис додани судҳои фавқулодда манъ аст.

Ҳуқуқ ба баррасии парванда аз ҷониби суди мустақил чунин маънӣ дорад, ки агар нисбати мустақилияти суд шубҳае пайдо шавад, шахс ҳақ дорад, ба чунин суд норозигӣ изҳор карда, талаб намояд, ки барои ӯ ҳайати нави судро пешниҳод кунанд. Агар суд мустақил набошад, вай аз рӯи адолат амал карда наметавонад ва ҳеҷ кас намехоҳад, ки парвандаи худро ба он бовар кунад. Мувофиқи моддаи 84-и Конститутсия ва моддаи 2-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» «ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсону шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд». Бинобар ин ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ба фаъолияти адолати судӣ дахолат кунад. Дар сурати дахолат ба адолати судӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Суд бояд беғараз бошад. Танҳо дар шароити беғаразӣ суд метавонад парвандаро баррасӣ намуда, адолатро барқарор созад. Агар судя ва машваратчиёни халқӣ ба анҷоми кор шахсан манфиатдор бошанд, барқарор сохтани ҳақиқат имконнопазир аст. Он ҷое, ки ҳақиқат нест, адолати судӣ низ нест.

Суди ба истеҳсолот ариза ё шикояти шахсро қабулкарда мутобиқи қонунҳои мурофиавӣ вазифадор аст, ки онро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ намояд ва қарори барқарорсозандаи ҳуқуқу манфиатҳои вайронкардашударо қабул кунад. Мутобиқи моддаи 88-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон «мурофиа ба тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад. Мурофиа дар ҳамаи судҳо ба тарзи ошкоро мегузарад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст. Мурофиа ба забони давлатӣ ва ё забони аксарияти аҳолии маҳал баргузор мегардад. Шахсоне, ки забони мурофиаро намедонанд, бо тарҷумон таъмин карда мешаванд».

Кафолати муҳими адолати судӣ аз ҷониби суди мустақил, беғараз ва боадолат фарзияи бегуноҳист, ки мақоми ҳуқуқии гумонбар ва айбдоршаванда ба он асос меёбад.

3. Фарзияи бегуноҳӣ

Принсипи муҳимтарини амалишавии ҳокимияти судӣ принсипи фарзияи бегуноҳӣ мебошад. Моддаи 11-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар онро ба таври зайл таҳким бахшидааст: «Ҳар як инсоне, ки дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста мешавад, ҳақ дорад то замоне бегуноҳ дониста шавад, ки гуноҳаш дар мурофиаи ошкорои судие, ки дар он барои ҳимояи ӯ тамоми имкониятҳо фароҳам оварда мешаванд, бо тартиби қонунӣ исбот нагардидааст”. Дар қисми 2-и моддаи 14-и Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ омадааст: «Ҳар шахси ба содир намудани ҷиноят айбдоршаванда ҳақ дорад, то вақте ки гунаҳкории ӯ мувофиқи қонун исбот нашавад, бегуноҳ дониста шавад».

Фарзияи бегуноҳӣ принсипест, ки мутобиқи он айбдоршаванда (судшаванда) то замоне, ки гуноҳи ӯ бо тартиботи муқарраркардаи қонун исбот нагардидааст (зимнан, исбот кардан ба зиммаи мақомоти айбдоркунанда вогузошта мешавад), бегуноҳ дониста мешавад.

Мундариҷаи принсипи фарзияи бегуноҳӣ дар моддаи 20-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфтааст: «Ҳеҷ кас то эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар содир кардани ҷиноят гунаҳкор дониста намешавад. Ҳеҷ кас баъди гузаштани мӯҳлати таъқиби ҷиноӣ, инчунин барои содир кардани рафторе, ки ҳангоми воқеъ шуданаш ҷиноят ҳисоб намеёфт, ба ҷавобгарӣ кашида намешавад. Барои як ҷиноят ҳеҷ кас такроран ҷазо намебинад. Қонуне, ки баъд аз содир кардани рафтори ғайриқонунии шахс қабул шудааст ва он ҷазои шахсро вазнин мекунад, қувваи бозгашт надорад. Агар баъд аз содир шудани рафтори ғайриқонунӣ барои он ҷазо пешбинӣ нашуда бошад ва ё ҷазои сабук пешбинӣ шуда бошад, қонуни нав амал мекунад. Мусодираи пурраи молу мулки шахси маҳкумшуда манъ аст».

Ҳукми суд дар бадали ҳафт рӯз аз лаҳзаи эълон шудани он, агар аз болои он аз ҷониби тарафҳо шикоят нашуда бошад, қувваи қонунӣ пайдо мекунад. Ба ин тариқ, азбаски то қувваи қонунӣ гирифтани ҳукми суд одамон бегуноҳ дониста мешаванд, онҳо ҳуқуқ доранд, талаб намоянд, ки парвандаашонро суди босалоҳият, беғараз ва мустақил баррасӣ намояд.

4. Ҳуқуқ ба ёрии ҳуқуқӣ

Имконияти ёрии ҳуқуқии баландсифат гирифтани ҳар одам дар ҳама гуна ҷомеаи мутамаддин неъмати муҳимест. Дар ҷаҳони имрӯза беш аз пеш вазъиятҳое ба амал меоянд, ки барои одам бе маслиҳати мутахассиси баландихтисос ҳал кардани ин ё он проблема басо душвор аст. Бинобар ин давлат вазифадор аст ба ҳар кас ёрии ҳуқуқиро пешниҳод намояд, ки аз ҷониби адвокатҳо пулакӣ ё ройгон расонда мешавад.

Ба ҷуз Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ва Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар доираи СММ соли 1990 ҳуҷҷате бо номи «Принсипҳои асосии марбут ба нақши ҳуқуқшиносон» қабул шуд. Дар он омадааст: «Ҳар одам ҳуқуқ дорад бо мақсади гирифтани ёрӣ барои ҳимояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худ дар ҳар марҳилаи мурофиаи ҷиноятӣ ба ҳуқуқшиносон муроҷиат намояд. Ҳукумат барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба одамони камбизоат пардохти кофиро таъмин менамояд».

Моддаи 92-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон дар ҳамаи марҳилаҳои тафтишот ва суд ёрии ҳуқуқиро кафолат медиҳад.

Ташкил ва тартиби фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура» (соли 1995) муайян мешавад. Мутобиқи моддаи 1-и қонуни мазкур адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияи мустақили касбӣ маҳсуб шуда, мувофиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ ва юридикӣ расонидани ёрии ҳуқуқиро таъмин мекунад.

Адвокат ҳуқуқҳо ва манфиатҳои шахсони воқеӣ ва юридикиро ҳимоя карда истода, ғояҳои инсондӯстӣ, адолат ва қонуниятро ба раҳбарӣ мегирад.

Чанд навъи расонидани ёрии ҳуқуқиро ба мизоҷон ҷудо кардан мумкин аст: 1) додани маслиҳатҳо ва тавзеҳот, маълумотҳои шифоҳӣ ва хаттӣ оид ба масъалаҳои юридикӣ; 2) тартиб додани аризаҳо, шикоятҳо, дархостҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои юридикӣ; 3) гирифтани маълумотҳо, ҷамъоварии далелҳои исботкунанда ва тайёр кардани ҳуҷҷатҳо барои баррасию ҳалли онҳо мувофиқи тартиботи муқарраргардида; 4)иҷрои вазифаҳои намоянда оид ба парвандаҳои гражданӣ, парвандаҳои ҳуқуқвайрокуниҳои маъмурӣ ва дигар навъҳои парвандаҳо; 5) иштирок дар баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар суд, ҳангоми баррасии баҳсҳои хоҷагӣ ва дар суди конститутсионӣ ба сифати ҳимоятгарон ва намояндагон. Ҳамчунин дигар методҳои иштирок, ки хилофи қонунгузории амалкунанда набошанд, мавҷуданд.

Фаъолияти адвокатӣ оид ба расонидани ёрӣ аз ҷониби давлат дода мешавад. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор вазифадоранд ба адвокатҳо имконият диҳанд, ки ёрии ҳуқуқӣ расонанд. Талаб кардани рухсати махсус ва мамониати ғайриқонунӣ ба фаъолияти адвокат, зоҳир кардани беҳурматӣ ба адвокат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рои ба ҷавобгарӣ кашидани одамон метавонанд сабаб шаванд. Давлат бояд мустақилияти фаъолияти адвокатура, дастрасии аҳолиро ба гирифтани ёрии ҳуқуқӣ таъмин намояд. Давлат ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ адвокатураҳоро бо биноҳои зарурии барои шаҳрвандон қулай ва дар назди судҳо воқеъгардида таъмин мекунанд. Давлат ҳамчунин ҷудо кардани маблағҳои пулиро барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандони камбизоат кафолат медиҳад.

Ба ин тариқ, ҳуқуқи ҳар кас ба ҳимояи судӣ ва ҳуқуқи ҳар нафар ба ёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) маҳсуб шуда, ба одамон имконият медиҳанд, ки ҳуқуқҳо ва манфиатҳои худро бо ёрии ҳуқуқшиноси касбӣ дар суд ҳимоя кунанд, худро аз оқибатҳои гуногуни ҳуқуқвайронкуниҳо зери парастории давлат эмин нигоҳ доранд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *