Фанни Фалсафа

Фалсафаи классикии марксизм

Таълимоти К.Маркс дар асри 19 пайдо шудааст, ки маданият ва замони эҷодшудани он дар ин таълимот баръало нақш гузоштааст. К. Маркс дар баробари Ф.Нитсше ва С. Кёркегор дар қатори он мутафаккирони бузургест, ки гузаришро аз фалсафаи классикӣ ба фалсафаи муосир анҷом дода, дар инқилоби бузурги маънавию идеологии замони муосир таъсири бузурге расонидаанд. Ба андешаи Карл Ясперс омӯзиши ҳар кадоме аз ин мутафаккирон ба тадқиқи амиқи зуҳуроту ҳаводисоти замони муосир ҳидоят намуда, « ҳар нафаре, ки аз назди онҳо гузашта рӯй мегардонад, ҳар касе, ки заҳмати омӯзиши онҳоро бар душ нагирифта ба умқи моҳияти таълимоти онҳо сарфаҳм намеравад — ӯ ҳеҷ гоҳ моҳияти хештанро маърифат нахоҳад кард, барои худ шабаҳи тирае боқӣ хоҳад монд ва таҳти салтанати нерӯҳои номаълуме буда, беҳимояву урён дар баробари замони муосир қарор хоҳад гирифт».[1] Ясперс К. Ницше и христианство. М.,1994.с.104.

Марксизм солҳои 40-уми асри 19 ба вуҷуд омад. Марксизм низоми мураккаби ҷаҳонбиниеро муаррифӣ месозад, ки қисматҳои асосии он таълимоти фалсафӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоию сиёсӣ мебошад. Фалсафаи марксистӣ ин маҷмӯи ақидаҳои фалсафии К.Маркс ва Ф.Энгелс, инчунин андешаҳои пайравони онҳоро муаррифӣ мекунад. Ба ҳамин маъно мафҳумҳои «материализми диалектикӣ» ва «материализми таърихӣ» истифода мегардад, ки солҳои 90-уми асри 19 таҳия шуда буд. Баъдтар фалсафаи марксистӣ ба шарҳи ҳизбию идеологие табдил ёфт, ки ҳамчун бунёди назария, идеология ва амалияи дигаргуниҳои сотсиалистӣ табдил ёфт. Тавзеҳу тафсири фалсафаи классикии марксистӣ ва фалсафаи ғайриклассикии марксистӣ вуҷуд дорад. Муайянияти аввал идеяҳои худи Маркс ва Энгелс, нигоҳи дуюм бошад тавзеҳу ташреҳи мухталифи ин идеяҳоро дар назар дорад.

Карл Маркс (1818-1883) дар шаҳри Трир (вилояти Рейни Пруссия) таваллуд шудааст. Дар факултаи ҳуқуқшиносии университети Бонн, сипас университети Берлин таҳсил намуда, асосан ба омӯзиши фалсафа ва таърих машғул мегардад. Соли 1841 рисолаи докториашро, ки таҳлили муқоисавии натурфалсафаи Демокрит ва Эпикурро фаро гирифта буд, дифоъ намуд. Ҳарчанд, ки дар мавқеи гегелчигӣ қарор дошта бошад ҳам, чунин андешаҳои исёнхоҳонаю ошӯбгаронаро баён мекунад: фалсафа бояд муқобили ҳама худоёни заминию осмонӣ мубориза барад, мисли Прометей, ки ба инсонҳо донишу озодӣ меовард ва ғайра.

Карл Маркс соли 1842 ба «Газетаи Рейн», ки рӯҳияи либералӣ дошт ҳамкориро шурӯъ намуда, сипас ба Кёлн рафта муҳаррири ҳамин газета мешавад. Дар аввалин мақолаҳояш муқаррароти ҳуқуқии низоми давлатии Пруссияро танқид намуда, мундариҷаи бисёре аз қонунҳои қабулшударо ғайримардумӣ баҳогузорӣ мекунад. «Қонуне, ки барои усули андеша ҷазо медиҳад, ин қонуне нест, ки давлат барои шаҳрвандони худ ба табъ расонидааст, ин қонуни як ҳизб ба муқобили ҳизби дигар аст. Қонуне, ки барои фикру ғоя таъқиб мекунад, қонунест, ки баробарии шаҳрвандонро дар назди қонун маҳв месозад. Ин қонун- на қонуни иттиҳод, балки қонуни ҷудоиандоз аст ва ҳамаи қонунҳои ҷудоиандоз иртиҷоӣ мебошанд. Ин қонун набуда, имтиёз аст».[2] Ин рӯзнома таҳти роҳбарии ӯ ба мунодии демократияи инқилобӣ табдил меёбад ва боиси норозигии доираи ҳукмрони онвақтаи Пруссия мегардад. Маҳз дар ҳамин давра Маркс ба омӯзиши муносибатҳои моддии ҷамъият ва проблемаҳои моликияти хусусӣ машғул мегардад, ки тақозою талаботи фаъолияти кории ӯ дар ҳамин газета буд. То ин замон гегелчиёни ҷавон ё мактаби гегелчиёни чапро муаррифӣ менамуд, ки барои онҳо принсипи моликияти хусусӣ ҳамчун принсипи комилу бебаҳси «озодии ташаббуси шахсӣ» дар ҳама соҳаҳои ҳаёт, чӣ истеҳсолоти моддӣ ва чӣ маънавӣ эътироф мегашт ва коммунизм ҳамчун кӯшиши иртиҷоии иҷборан бор кардани «принсипи корпоративӣ», ҳамчун идеали Афлотун инкор мегардид. Гегелчиёни немис бо сарварии Б.Бауэр «философияи худшиносиро» инкишоф дода, фалсафа ва динро муқобил гузошта, ҳама муқаррароти мавҷударо зери танқиди назариявӣ мегирифтанд. Ин фалсафа комилан дар чаҳорчӯбаи парадигмаи (намунаи) маорифпарварӣ ташаккул меёфт ва тамоми ҷомеаро ба тарбиякунандагон ва тарбиягирандагон тақсим менамуд. Агар тарбиякунандагон мубаллиғини шуури мутлақи воқеӣ, боақлонаю бохирадона ва аз чизе вобастанабудае бошанд ва ҳамчун мунаққидони олами муносибатҳои мавҷудаи иҷтимоӣ муаррифӣ шаванд, тарбиятгирандагон шунавандагони ғайрифаъоли ин танқид арзёбӣ мегаштанд. Маркс ҳанӯз солҳои таҳсил дар университети Берлин ба омӯзиши фалсафаи Гегел таваҷҷӯҳ дошт. Ӯ кӯшиш мекард дар фалсафаи Гегел ба саволе ҷавоб ёбад, ки чӣ тавр фарқияти идеал ва воқеиятро, ки хоси фалсафаи кантианӣ аст, бартараф созад. Ҷавоби Гегел, ки идеалро мутобиқи воқеият тавзеҳ медод ба Маркс яқину равшан ҷилва медод ва инкишофи диалектикию мутазоддии онро пайравони чапгарои Гегел- ҷавонгегелчиён Б.Бауэр, А. Руге, М. Штирнер ва дигарон пешниҳод менамуданд, ӯро мутмаин месохт. Моҳияти ин тавзеҳдиҳӣ чунин аст, ки онҷо идеал татбиқшавии хирад аст ва на монархияи ҳозираи Пруссия, балки ҷумҳурии ояндаи демократӣ ифодаи ҳамин татбиқшавист ва ба хотири он қабл аз ҳама танқиди фалсафии дин бояд ҷараён гирад, ки такягоҳи мутлақият аст ва сипас танқиди худи давлати Пруссия анҷом дода шавад. Аммо Маркс аз идеалҳои ислоҳотии ҷомеаи демократӣ дилсард шуда аз мавқеи гегелчигӣ ба мавқеи фейербахӣ (Л.Фейербах, 1804-1872, файласуфи материалисти немис) мегузарад. Дар фалсафаи Фейербах инсон ҳамчун мавҷуди олимақоме тасвир мешавад, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ ӯро мавҷуди таҳқиршуда, истисморгашта гардонда, ӯро заифу нафратзада мегардонад. Фалсафаи Фейербах аз ҳамин лиҳоз фалсафаи «тассалидиҳанда» тавсиф мегардад, ки моҳияти асосии бегонашавии инсон бояд аз осмон пас гирифта шуда, ба инсон баргардонда шавад. Ин маънои онро надорад, ки аз дин даст кашид. Дин бояд бошад, вале ҳамчун дини инсоният муқаррар гардад. Инсон бояд Худое барои инсони дигаре бошад. Имони инсон бояд дар «диалектикаи Ман ва Ту» зуҳур карда, табиати авлодии инсонро ифшо созад. Ӯ ба муҳаббат аҳамияти бунёдиро нисбат дода, ақида баён мекард, ки муҳаббат ҳамчун эҳсоси асосӣ бояд ба моҳияту маънои ҳаёт табдил ёбад. Ҳадафи фалсафаро дар он медид, ки он на китоб офарад, балки одамонро эҷод созад. Ин рӯҳияи оштинопазири Фейербах дар баробари муқаррароти масеҳӣ ва калисои католикӣ, ки озодии инсонро пахш месохт, Марксро низ фаро мегирад ва ӯ дар яке аз аввалин навиштаҳояш хело ҳам суфтаю борикбинона таъкид менамояд: «Таҳти раҳнамоии коҳинонамон мо одатан дар ҷомеаи озодӣ танҳо як дафъа қарор мегирем- рӯзи ҷанозаю дафни он»[3] Аммо Маркс нисбат ба дигар пайравони Фейербах дар доираи андешаҳои ӯ маҳдуд нашуда, ба фалсафаи ӯ назари хоси худро равона месозад. Бегонашавии диниеро, ки гегелчиёни ҷавон дар пайравии Фейербах муқобили он пайгирона мубориза мебурданд, Маркс ҳамчун бегонашавии дуюмдараҷа медонад. Ӯ зарурати пайдо кардани бунёди объективии онро ба миён мегузорад. Ва ҳамин тавр, Маркс тадриҷан ба хулосае наву қатъие меояд, ки марҳилаи таърихиро наметавон сирф аз меъёри шуури ҷамъиятӣ, ҳарчанд ҳар қадар тунд ва бошиддат танқидгаронае ҳам бошад, шарҳ дод. Идеяи маорифпарварӣ, ки мувофиқи он азнавсозии олам бо ёрии паҳн сохтани ғояҳои хирад ва таблиғи арзишҳои инсонпарварона бояд ба даст меомад, Марксро ҳаргиз қонеъ намекунад ва ӯ омили беҳтар сохтани ҷомеа ва азнавсозии оламро дар муттаҳид намудани кӯшишҳои одамон, зарурати моддӣ, шароитҳои стихиявӣ, фаъолияти бошууронаи дар заминаи амалия татбиқшаванда, медид. Аз лиҳози ҳамин мавқеъ ва бо таъсиру дастрасии ҳамин андеша асари ӯ «Танқиди фалсафаи ҳуқуқи Гегел» эҷод мегардад, Ва дар ҳамин асар ҷиҳати бартариятию афзалиятии иқтисодиётро нисбат ба сиёсат таъкид карда, зикр намуд, ки на ҷомеаи шаҳрвандӣ давлатро, балки давлат ҷомеаи шаҳрвандиро муайян месозад. Дар ҳамин асар назари Гегелро нисбат ба инсон танқид намуда менависад: « …ӯ фаромӯш месозад, ки моҳияти «махсуси шахс» -ро на риши ӯ, на хуни ӯ, ё на табиати абстрактии ҷисмонии ӯ, балки сифатҳои иҷтимоии ӯ ташкил мекунад»[4] Баъд аз пурзӯр шудани сензураи ҳукуматӣ К.Маркс фаъолиятро дар «Рӯзномаи Рейн» хотима бахшида, ба Париж- маркази ҳаёти сиёсию интеллектуалии Аврупо меравад. Инҷо ӯ ба тадқиқи таърихи инқилоби франсавӣ, материализми франсавӣ, назарияи сотсиализми утопиявӣ, таҷрибаи ҳаракати коргарӣ машғул шуда, бо таваҷҷӯҳи хоссае осори Л.Фейербахро мавриди танқид қарор медиҳад. Баҳори соли 1845 дар робита ба таълимоти Фейербах тезисҳои машҳури худро менависад, ки онҷо назари Фейербахро нисбати моҳияти инсон чунин арзёбӣ мекунад: «Фейербах моҳияти динро ба моҳияти инсон муштаракулмаъно медонад. Вале моҳияти инсон ин мавҳуме нест, ки хоси фарди алоҳида бошад. Дар воқеияти хеш он маҷмӯи ҳама муносибатҳои ҷамъиятӣ аст».[5]

Тобистони соли 1844 дар Париж бо Фридрих Энгелс вохӯрда, бо сабаби айнияти андешаҳо рафоқат пайдо мекунанд, ки натиҷаи ин рафоқату ҳамкории ҳамешагӣ эҷод кардани таълимоти нав буд. Вале новобаста аз оғози муштараку ҳамбастагии аввалаи андешаҳо, ақидаҳои Маркс ва Энгелс ба самтҳои гуногун ташаккул ёфта, саҳми интеллектуалии онҳо дар эҷоди фалсафаи марксизм фарқ мекунанд.

Солҳои 1844-1848 давраи эҷодиёти бошиддати К.Маркс сурат мегирад, ки ӯ проблемаҳои муҳимтарини моҳияти инсон, гуманизм, нақши меҳнату амалия дар ҳаёти инсон, масъалаҳои нақши иҷтимоии дин ва фалсафа, проблемаи шуур, табиати фалсафаи нав ва робитаи он ба фалсафаи гузаштаро амиқ таҳлил мекунад. Дар робита ба ин масъалаҳо асарҳои ӯ «Дастхатҳои иқтисодӣ-фалсафии 1844», «Тезисҳо оид ба Фейербах», «Идеологияи немис» ва ғайра навишта мещаванд, ки онҷо табиати иҷтимоию таърихии инсон таҳлил мегардад. Ҳамин тавр Маркс оғози нигоҳу назари материалистӣ, бунёди фаҳмиши материалистии ҷамъиятро тарҳрезӣ намуд. Соли 1848-1849 ба Германия баргашта «Рӯзномаи нави Рейн»-ро бунёд мегузорад ва мавқеи пролетариро дар инқилоб ҳимоя мекунад. Ҳукумати Пруссия ӯро соли 1849 бадарға менамояд ва ӯ ба Лондон рафта, онҷо ба қавли яке аз мунаққидони таълимоти марксизм Исайя Берлин « ин олими нимқашшоқ аз бойгонии пурчангу ғубори музеи Британия набаромада» асари асосии худ «Капитал»-ро менависад. Исайя Берлин ба як тамасхӯре аз шаҳомати таълимоти Маркс ноилоҷ ҳарф мезанад: « Инак, Маркс амалан ташкилоти наву экуменистие, як созмони зиддикалисоиеро бо аппарати комили консептуалие эҷод кард, ки қодир аст ба ҳама саволҳои пайдошудае, аз қабили саволҳои умумию ҷузъӣ, таърихию табиӣ, ахлоқию эстетикӣ ҷавоб бидиҳад. Сен-Симон ва Кант дар бораи Инҷили ҳаракати нав орзӯ мекарданд: Маркс ва Энгелс ба хирад ва эҳсоси одамони воқеие, ки индустриализми мутаассил инкишофёбанда онҳоро муттаҳид сохтаю, дарк намудаанд, ки онҳо бадбахтию манфиатҳои умумӣ доранд, муроҷиа намуда, чунин Инҷилро эҷод карданд».[6]

Фридрих Энгелс (1820-1895) дар шаҳри Бармен (вилояти Рейни Пруссия), дар оилаи фабриканти нассоҷӣ таваллуд шуда, аввали солҳои 40-уми қарни 19 муқими Лондон шуда, дар фабрикаи падараш кор мекунад. Маҳз дар ҳамин давра муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсиро дар кишвари инкишофёфтаи ҳамон замон меомӯзад. Ба ҳаёти табақаи коргар ошно шуда, асари худ «Аҳволи синфи коргар дар Англия»-ро менависад, ки маводи зиёди ғуншуда ба муаллиф имкон медиҳанд, то ба хулосаҳои хуби назариявӣ биёяд. Энгелс ба хулосае меояд, ки пролетариат на танҳо синфи азияткашида, балки синфи муборизабаранда буда, сотсиализм ҳамон вақт ба нерӯи воқеӣ табдил меёбад,ки агар ба ҳадафи муборизаи сиёсии синфи коргар табдил ёбад. Энгелс тамоми ҳаёт, суботкоронаю собитқадамона ба худомӯзӣ машғул шуда, дониши амиқи энсиклопедиро на танҳо дар илмҳои ҷамъиятшиносӣ, балки дар илмҳои табиатшиносӣ, инчунин илми ҳарбӣ ва чанд илми дақиқ низ дарёфт мекунад. Энгелс диққати зиёдеро ба бунёд гузоштану инкишофи марксизм сарф мекунад. Ба ғайр аз асарҳои муштаракан бо Маркс навиштааш, ӯ муаллифи асарҳое аз қабили «Людвиг Фейербах ва хотима ёфтани фалсафаи классикии немис», «Анти-Дюринг», «Диалектикаи табиат» ва ғайра мебошад.

Маркс ва Энгелс аз чунин мавқеъ ва аз чунин эътиқод баромад карданд, ки тавассути идеяҳо, тағйироти шуур наметавон оламро дигаргун сохт. Дар «Тезисҳо оид ба Фейербах» тамоми материализми кӯҳанро барои характери муроқибавию ғайрифаъол доштанаш ва идеализмро барои фаъолнокии инсонро танҳо дар фаъолияти маънавӣ маърифат намуданаш , танқид мекунанд. Ҳам ба ину ҳам ба он мафҳуми амалияро чун фаъолияти моддию предметӣ муқобил мегузоранд. Аз нигоҳи Маркс ҳаёти ҷамъиятӣ «моҳиятан амалӣ» ба шумор меравад. Ҳамин тавр дар фалсафа соҳаи нави тадқиқотӣ самти предметӣ- соҳаи фаъолияти дигаргунсозандаи одамон, ки пештар фалсафа инкор менамуд, (пештар таҳти фалсафаи амалӣ фалсафаи ахлоқ дар назар дошта мешуд) эҷод шуд. « Мавҷудоте, ки предмети худро берун аз худ надорад, мавҷуди предметӣ нахоҳад буд. Мавҷудоте, ки худ барои мавҷуди сеюм предмет нест,ҳеҷ як мавҷудотеро ҳамчун предмети худ надорад, яъне худро ба тарзи предметӣ пеш набурда, ҳастии предметӣ нахоҳад буд. Мавҷудоти ғайрипредметӣ номумкин буда, мавҷудоти бемаънист».[7]


[1] Ясперс К. Ницше и христианство. М.,1994.с.104.

[2] Маркс К. Заметки о новейшей прусской цензурной инструкции. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.1.с.15.

[3] К.Маркс. К критике гегелевской философии права. Введение.// Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.1.с. 416

[4] К. Маркс. К критике гегелевской философии права. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.3.с.242.

[5] К. Маркс. Тезисы о Фейербахе. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч. том.3. с. 3.

[6] Исайя Берлин. Философия свободы. Европа. М..2001.с. 367, 369.

[7] К.Маркс. Экономическо- философские рукописи 1844 года. // Маркс К., Энгельс Ф. Соч.том. 42. с.163.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *