Фанни Фалсафа

Намуд ва сохтори дониш

 

Дониш ин иттилоот дар бораи ягон предмет аст. Бояд қайд намоем, ки чунин таърифи мухтасар хеле назарфиреб аст, чунки дар он на ҳамаӣ хосиятҳои дониш ифода карда шудаанд. Ба таҳлили баҳси файласуфон, ки дар атрофи ин мавзӯъ доман паҳн намудааст, дода нашуда, фақат баъзе иловаҳо ба таърифи мазкурро қайд карда мегузарем.

А) Дониш ва иттилоот мафҳумҳои айниятноку ҳаммазмун нестанд. Ҳар кадом дониш иттилоот аст, вале на нар кадом иттилоот дониш аст. Дониш фақат дар шуур вуҷуд дорад, дар ҳолате, ки иттилоот ба низомнои табиии бешуур низ хос буда метавонад. Аслан ҳар кадом иттилоот имкони ба дониш табдилшавӣ дорад, вале барои ин вай бояд факти шуури мо гардад, яъне аз ҷониби субъект қабул ва дониста шавад. Дониш ин на ҳамаи иттилоот, ки субъект гирифтааст, балки фақат қисме аз он, ки субъект азбар кардааст ва фаҳмидааст. Ҳамин тавр,  дониш — иттилоотест, ки субъект дар борааш фикрронӣ карда, сарфаҳм рафтааст.

Б) Дониш ҳамеша ягон тасдиқот аст, ҳарчанд, ки дар шакли гуфторҳои тасдиқӣ ва инкорӣ ифода шуда метавонад. Инчо дониш — тасдиқот дар бораи будан ё набудани ягон хосияти предмет мебошад.

В) Ҳар кадом дониш дар худ заминаи объективӣ будани худро дорад. Донишро аслан на хоҳиш, кайфият ва хусусиятҳои объективии инсон, балки хосиятҳои объект муайян менамояд.  Бояд қайд намуд, ки баъзе донишҳоро ҳамчун ақида баррасӣ менамоянд ва аз ин лиҳоз, чунин донишҳо аз унсурҳои субъективӣ озод буда наметавонанд.

Донишро доир ба воқеияти объективӣ ҳар як инсон дар давоми ҳаёташ бо тарзҳои гуногун дастрас менамояд. Баъзеи донишҳоро мо ҳангоми муошират, шунидан, мутолиа кардан азбар менамоем, ки қабл аз насли мо одамони дигар ин донишҳоро ҳосил намудаанд. Баъзеи донишҳоро худи мо коркард менамоем, агарчи дар аксари ҳолатҳо ин донишҳо барои ҷомеа каблан маълум буданд. Вале, дар ниҳояти кор, ҳар кадом донишҳои инсонӣ дар ягон замони муайян ва аз ҷониби ягон фарди мушаххас аввалин маротиба дар фаъолияти маърифатии мустақилонааш дастрас карда шудааст.  Донишҳои муқаррарӣ, образӣ-бадеӣ, асотирӣ, динӣ, фалсафӣ илмиро ҷудо кардан мумкин аст. Фаъолияти маърифатии одамонро таҳлил намуда, файласуфон ҳануз дар давраҳои пешин фарқи ду шакли асосиро муайян кардаанд, ки тавассути онҳо натиҷаи фаъолияти маърифатӣ дар шуур ифода мешавад:  1)образҳои аёнӣ ва 2) фикри абстрактӣ. Дар мазмуни -образҳои аёнӣ хосиятҳои мушаххас, фардии предметҳо ба қайд гирифта мешаванд, ки ба дарки ҳиссӣ дастрас аст. Дар муносибати фазоӣ-ванқтӣ образи аёнӣ ба худи предмет монандӣ дорад. Мазмуни фикри абстрактӣ бошад, нишонаю аломатҳои умии предметро ифода мекунад, ки ҷудо аз хосиятҳои ба таври ҳиссӣ даркшаванда ва фардии предмет гирифта шудаанд.  Албатта, доир ба монандии фазоӣ-вақтии фикр ва предмет ҳарф задан беҷою муҳол аст.

Намудҳои дониш

Маърифат ҳаракати пай дар пай ба сӯи дониш мебошад. Истилоҳи «маърифат» дорои мазмунҳои зиёде мебошад. Авалло маърифат  ҳамчун моҳияти аслии қобилияти инсон шинохта шуда,  ӯро аз ҳайвонот ҷудо месозад. Дар ин мазмун маърифат яке аз қобилиятҳои инсон мебошад, ки барои мутобиқшаии вай дар ҳаргуна  шароитҳои номутобиқи биологӣ барои ҳаёт ба ӯ ёрӣ мерасонад.

Сониян маърифат ҳамчун раванди эҷодии азхудкунии дониш фаҳмида мешавад. Ба ин маъно маърифат- ин яке аз шаклиҳои фаъолияти маърифатнокии  буда, чи дар сатҳи фарди алоҳида ва чи дар сатҳи инсоният амалӣ мегардад. Сеюм, маърифат метавонад бо дониш баробар шавад. Дар ин маврид фаъолияти маърифатии инсон ва натиҷаи он шабоҳат пайдо мекунанд.

                                 Намудҳои дониш

          Дониш натиҷаи маърифат мебошад

          Ҳамаи намудҳои дониш ҳамчун таркиби маданияти маънавӣ қимати баробар дошта, барои дарки табиати маърифатии инсон хело  заруранд. Ҳар як намуди дониш шакл ва мазмуни хоси худро дошта, новобаста аз намудҳои дигар вуҷуд дорад.

          Дониши муқаррарӣ донишест, ки бар таҷрибаи ҳаррӯза асос дорад, ки бо ақли солим мувофиқат мекунад. Бо андозаи паҳншавии ҳаҷми воқеа, ки онҳоро инсон медонад, яъне бо андозаи траққиёти илм, фалсафа, санъат, ҳудуди дониши муқррарӣ низ васеъ ва таъғир меёбад. Дониши муқаррарӣ ҳамчун асосии донишҳои дигар ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин нақши ӯро набояд маҳдуд донист.

          Дониши бадеӣ дар соҳаи санъат ташаккул ёфта, аз донишҳои илмӣ ва фалсафӣ бо он фарқ мекунад, ки  асоснокӣ ва исбот барои ин намуди дониш муҳим нест. Шакли мавҷудияти ин намуди дониш образи бадеӣ мебошад. Хусусияти асосии образҳои бадеӣ эътимоднокӣ ва баёни равшану новобаста аз ягон исбот. Дар санъат бар хилофи илм ва фалсафа тахаюл роҳ дода мешавад, ҳато тахайюл маҳаки асосии ин навъи дониш ба ҳисоб меравад. Аммо тхайюл ба он хотир дар ин навъи дониш қобили пазириш мебошад, ки ба воситаи он оиди ҳақиқат ягон дониши айнӣ ифоданоктар баён мегардад. Санъат бештар на ба омӯзиши ҳақиқати табиӣ, балки ба омӯзиши ҳақиқати инсонӣ ва маданӣ, ки дар илм инъикоси маҳдуд доранд, машғул аст. Санъат ба востаҳои худӣ такя намуда, кушиш менамояд, ки чизи нодиреро монанди ҷавҳари ҳақиқат дарк намояд.

          Дониши асотирӣ ифодакунндаи ягонагии синкретии (аз ҳам ҷудонашаванда)  ратсионалӣ (ақлонӣ) ва эмосионалии инъикоси ҳақиқат мебошад. Дар дониши асотирӣ маълумот оид ба олами гирду атроф мавҷуд аст, аммо онҳо аз нигоҳи ратсионалӣ омӯхта намешаванд. Дар марҳилаҳои авали ташаккули нсон дониши асотирӣ мақоми муҳим дошта, суботи ҷомеаи ибтидоиро нигоҳдошта, интиқоли маълумоти заруриро аз насл ба насл таъмин мекард. Таснифи зуҳуроти ибтидоии асотирӣ барои пайдоиши минбаъдаи  шаклиҳои донишҳои ратсионалӣ- фалсафӣ ва илмӣ асос гузошт.

          Дониши динӣ – хусусияти хоси дониши динӣ ин боварӣ ба қувваи фавқултабии мебошад.  Дин ин маҷмӯъи  боварӣ, эҳсос ва амали ботиниест, ки ба сӯи барқарор кунии робита бо қувваи фавқултабиӣ равона шудааст. Дар  дин эътибор ба эътиқод дода мешавад, на ба исботу фактҳои илмӣ. Бисёри динҳо ба инсон эътиқод, ҳиссёт ва ҳамдард буданро меомӯзанд, аммо на мулоҳиза кардан ва хулоса бароварданро. Дониши динӣ ягон нуқтаи назари интиқодӣ, ва озмоишро пешниҳод накарда аз маҷмӯи арзишҳои таъғирнопазир, қоидаҳои ахлоқӣ ва мақсади олии динӣ намояндагӣ мекунад. Дин ҳамчун яке аз вариантҳои ҷавоб ба саволҳои абадӣ, манзараи олами хоси худро пешниҳод менамояд.

          Хусусияти хоси дониши фалсафӣ ин шакли рационалӣ-назариявии он мебошад. дар тафовут аз илм, ки ҷавобҳои ҷузъӣ ба саволҳои ҷузӣ медиҳад, философия ба таври муфассал ба пурсишҳои ҷаҳонбинӣ ҷавоб медиҳад. Дар марҳалаи ташаккул дониши фалсафӣ бо дониши илмӣ алоқаи қавӣ дошт. Дар даврони антиқа фалсафа гуфта ҳамаи маҷмӯи донишҳои назариро дар назар доштанд. Аммо баъдтар аз фалсафа илмҳои дигар оҳиста щҳиста ҷудо гардиданд. Дар фалсафаи муосир қисматҳое мавҷуданд, ки бевосита ба дониши илмӣ алоқа доранд. Фалсафа ҳам монанди илм ба дарки ҷавҳар (сущность) равона шудааст. Дар он бурҳон ва исботи мантиқӣ хуш пазируфта мешавад. Фалсафаро истинод ба методҳои тадқиқотии ратсионалӣ-назариявӣ ба илм наздик мекунад.  Ҳам дар илм ва ҳам дар фалсафа дониш дар шакли ратсионалӣ дар намуди мафҳум, муҳокима ва хулосабарорӣ ифода меёбад. Амммо тафовут байни фалсафа ва илм дар он аст, ки дониши илмӣ дорои хусусияти ҷаҳоншиносӣ нест. Илм ба инсон оид ба оид ба ниёзҳои ҳаётӣ экзистенционалӣ чизе намегӯяд. Предмети тадқиқоти илм дар соҳаи гуманитарӣ, ҷомеашиносӣ, ё табиатшиносӣ фақат яке ҷониби муносибатҳои ҷаҳонбинӣ: ё инсон ё одам мебошад. Ягон илм кушиши исботи муносибатҳои ҷаҳонбинии фундаменталӣ «одам-олам»-ро надорад. Ягон илм масъалаи хайру шар, ҷабру ихтиёр, озодӣ ва ғуломӣ, ҳақиқат ва дурӯғ, зебогӣ ва зиштӣро ҳал намекунад, ҳар чанд илм ба имконияти шуури инсон, хусусияти дарки шаклҳои эстетикӣ ё дониши аниқ оид ба ҳақиқати ҷисмонӣ рағбат дошта бошад. Илм танҳо донишҳои ҷузъиро оид ба олам дода дар асоси он системаи ҳамаҷонибаи ҷаҳонбинӣ шакл мегирад. Маҳз барои ҳамин дониши фалсафиро набояд бо дониши илмӣ айният дод.

         Хусусияти асосии дониши илмӣ ин рационалӣ будани он аст.  Дар илм маълумотҳои нав оид ба ҳақиқат дар намуди нуқтаи назар  ва қонунҳои ғайри муқобили ҳам ташаккул ва ифода меёбанд. Тасаввурот оид ба рационалӣ аз як давр ба даври дигар таъғир меёбад, аммо устувории мантиқӣ чун мери таъғирнаёбанда дар таҳкурсии ҳаргуна консепсияи рационалӣ меистад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *