Фанни Фалсафа

Мафҳуми маданият.Маданияти моддӣ ва маънавӣ

Моҳияти луғатии маданият аз арабӣ – мадина мебошад, ки маънояш шаҳрнишин шудан, ба ахлоқу одоби шаҳриён одат карданро мефаҳмонад. Аз лотинӣ бошад – култиватсияи замин, кор кардани замин, кор кардани чизе, падидае ва ғайра.

Мафҳуми маданият одатан дар вақти муқоиса бо табиат истеъмол карда шуда, ҳамаи он чизҳои моддӣ ва маънавӣ, ки инсон нисбат ба табиат ба вуҷуд овардааст ва ба вуҷуд меоварад, мебошанд. Маданиятро «дуюмин табиат» — и ба вуҷуд овардани инсон мегуянд. Вай натиҷаи ҳамаи фаъолияти шууронаи инсон аз замонҳои қадим то ҳозира мебошад. Ташаккулёбии одам, пайдоиши он ҳам ба мафҳуми маданият медарояд. Маданият новобаста ба одам ё пеш аз одам буда наметавонад чӣ тавре, ки одам новобаста ба маданият, ё пеш аз маданият буданаш мумкин нест.

Маданият гуфта маҷмуи арзишу неъмату қиматҳои ҷамъиятӣ, тарзу усули ба вуҷуд овардан ва аз насл ба насл додани он қиматҳоро меноманд.

Фаъолияти одами ба кадом соҳаҳое, ки тақсим шавад, дар охири охирон ё ба истеҳсолоти моддӣ, ё ба истеҳсолоти неъматҳои маънавӣ (ё руҳӣ) вобаста аст. Ҳар дуи ин соҳаҳои фаъолияти одамон аз ҳамдигар фарқ доранд. Барои ҳамин ҳам онҳо соҳаҳҳои гуногунро ташкил мекунанд: ҳастии ҷамъиятӣ ва шуури ҷамъиятӣ. Асоси ҳастии ҷамъиятиро истеҳсолоти моддӣ ташкил менамояд, чунки вай барои он пайдо шуда, тараққӣ мекунад, ки одамон зиндагӣ кунанд. Барои истеҳсоли онҳо яроқҳои моддӣ: дос, болға, табар, ғулак, ЭВМ, АСУ, информатика, роботҳо ва ғайра ба кор бурда мешаванд.

Дар баробари ҳамаи ин, одам ба истеҳсолоти руҳӣ ҳам овора аст, ки дар протссеси он одамон на ба яроқҳои моддӣ, балки ба воситаи яроқҳои маънавӣ: образҳо, ғояҳо, назарияҳо ва мафҳумҳо, ақидаҳою қонунҳо неъматҳои маънавиро ба вуҷуд меоавранд.

Аз ин ру, маҷмуи неъматҳои моддӣ ва маънавӣ, тарзи ба вуҷуд овардан ва истифода бурда тавонистани онҳо барои протсесси ояндаи инсоният ва аз насл ба насл додани онҳо мафҳуми маданиятро ташкил мекунанд. Одами маданӣ тавлид намешавад, балки ба маданият соҳиб мешавад. Ҳар як шахс барои одами маданӣ шудан бисёр чизҳоро бояд дона два омузад. Маданият хосияту моҳияти табиию авлодии инсон аст.

Маданият тарафи моддӣ ва маънавӣ дорад: ба маданияти моддӣ пеш аз ҳама, 1) тарзи истеҳсолот, қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ; 2) воситаҳои истеҳсолот ва 3) предметҳои (чизҳои) меҳнат дохил мешаванд. Маданияти моддӣ, дараҷа ва характери он бо муносибатҳои истеҳсолии ҳукумрони ҷамъият муайян карда мешаванд. Маданияти моддӣ яке аз нишондиҳандаҳои дараҷаи аз тарафи одамон то чӣ андоза мутеъ намудани табиат ва қонунҳои он мебошад.

Маданияти маънавӣ бошад, муваффақиятҳои инсоният дар донистани табиат ва ҷамъият, тараққӣёти малака, дониш ва муносибати одамон ба меҳнат, дараҷаи шуурнокии аъзоёни ҷамъият, боигарии шуур маънавӣ ва эстетикӣ мебошад. Маданияти маънавиро чунин ҳодисаҳо, ба монади меҳнат карда тавонистан (маданияти меҳнат), қувваи мантиқӣ тафаккур, зебоӣ (маданияти нутқ), қоидаҳои рафтор ва меъёрҳои одамгарӣ, ахлоқӣ, идора карда тавонистани ҳиссиёти худ (маданияти ҳиссиёт), маданияти сиёсӣ ва ғайра муайян мекунанд.

Маданияти маънавиро маҷмуи ҳамаи шаклҳои шуури ҷамъиятӣ – ғояҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ахлоқию эстетикӣ, санъат, фалсафа, илм ташкил мекунанд. Таърихи маданияти руҳии инсоният ба чунин шакли шуури ҷамъиятӣ – ба дин ҳам алоқа дорад, вобаста аст.

Баръакси консепсияҳои мухолифони марксизм дар бораи маданият, ки асоси онро дар руҳ медиданд, фалсафаи иҷтимоӣ асос ва сарчашмаи тараққӣёти маданияти маънавиро дар протсесси истеҳсолоти моддӣ мебинад.

Ҳаёти маънавии ҷамъият характери таърихӣ дорад, вай доим дар асоси инкишофи қонунҳои ҷамъият тағйир меёбад. Бо тағйирёбии ҳастии одамон шуури ҷамъиятӣ низ тағйир меёбад. Ҳар як форматсияи ҷамъиятӣ ба худ дараҷаи маданияти руҳии муайян дорад.

Маданият ҳодисаи таърихӣ мебошад, дар ҷамъиятҳои синфӣ вай характери синфӣ дорад. Дар давраи тақсимоти ҷамъият ба синфҳои антагонистӣ дар ҷамъиятмаданияти синфҳои доро ҳукумрон мебошад. Масалан, дар ғуломдорӣ – маданияти ғуломдорон, дар феодализм маданияти феодалҳо, дар капитализм маданияти буржуазӣ.

В.И.Ленин ҷамъияти буржуазиро дар назар дошта, навишта буд, ки дар ҳар як маданияти миллӣ элементҳои демократӣ ва сотсиалистии маданият ҳаст, чунки дар ҳар як миллат меҳнаткашон ва мазлумон ҳастанд, ки шароити зиндагиашон идеологияи демократӣ ва сотсиалистиро ба вуҷуд меовард. Аммо дар ҳар як миллат маданияти буржуазӣ низ ҳаст, ки вай маданияти ҳукумрон мебошад. Ба мо зарур аст, ки маданияти ҷамъияти буржуазиро аз маданияти буржуазия фарқ намоем. Характери синфии маданият дар ҷамъияти синфӣ онро инкор намекунад, ки дар маданияти маънавии ин ва ё он миллат як қатор хислатҳои умумӣ низ ҳастанд, чунки асоси ҳар як маданияти миллиро ҳалқ ба вуҷуд меоварад ва асосиаш ҳамин тарзи истеҳсолот аст. Дар вақти тараққӣёти ҷамъият маданияти синфи ҳукумрон ин хислатҳои халқии маданиятро фаромуш карданӣ шавад ҳам, аммо онҳо дар рафти инкишоф ба худ роҳ меёбанд ва сарчашмаи ҳамагуна маданияти миллӣ мебошад.

Агар мансубияти синфии одамон мазмуни маданияти руҳии онҳоро муайян намояд, мансубияти миллии онҳо ба шаклҳои маданияти руҳӣ таъсири калон мерасонад. Масалан, маданияти мазмунан буржуазӣ дар шаклҳои миллӣ зоҳир мешавад. Маданияти мазмунан сотсиалистӣ, ки дар рафти револютсияи маданӣ ба амал оварда мешавад, дар шаклҳои миллӣ мавҷуд аст, ки элементҳои прогресивию мусбати анъанаҳои миллӣ – таърихии халқдоро ба ҳисоб мегирад.

Дар замони ҳозира протсесси торафт ҳаматарафа омехташавии неъматҳои руҳии байни миллатҳои гуногун ба амал омада истодаанд. Табиати ягонаи интернатсионалии миллатҳои гуногун торафт бештар маданияти маънавиро намунаи ояндаи маданияти руҳии умумибашарии инсонӣ карда истодаанд. Масалан, забонҳо, урфу, одат тарзи пушоку хурок, оиладорию маишат, муошират ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *