Фанни Фалсафа

Фарзия ва роли он дар инкишофи дониши илмӣ.

Ба фикри М. Планк ягон назарияи илми дар шакли комилан тайёр пайдо нашудааст, чунонки Афина Паллада аз сари Зевс ба дунё омадааст: назария аввал дар шакли фарзия ҳам яку якбора пайдо нашуда, аз давраҳои муайяни ташаккул мегузарад. Вақтҳои аввал ин гумони пешакӣ, тахминест, ки аз мушоҳидаи ҳодисаҳои нав бармеояд. Ин ҳоло ба маънои томи сухан фарзия нест. Дар натиҷа худи фарзия чун тахмини ба ҳақиқат наздиктарин баён мешавад, ки ба қувваи эътимоди психологӣ ва мантиқии саҳеҳиаш такя карда, ба системаи эҳтимолии аз он ҳосилшудани оқибате асос меёбад. Фарзия тахминест, ки аз фактҳо бармеояд, ақидаест, ки асрори моҳияти соҳаи олами ҳанӯз ба қадри кифоя омӯхтанашударо кашф карданист.

Фарзия одатан дар вазъияти пайдо шудани масъалае лозим мешавад, ки фактҳои нави маълумшударо аз рӯи назарияи мавҷуда шарҳ додан мумкин набошад. Маърифат ба сӯи ҳақиқат ғайр аз «пуле», ки аз фарзияҳо дар болои ҷарии номаълумиҳо сохта шудааст, роҳи дигар надорад. Бинобар ҳамин ҳар олим фарзияҳои сершуморе баён мекунад, ки ин фарзияҳо дар мағзи сари вай чун занбӯрони асал дар қуттӣ давр зада, ӯро ором намегузоранд, ҳатто аз хобу фароғат маҳрум месозанд; ин ҳолат то вақте давом мекунад, ки яке аз ин фарзияҳо бештар қобили қабул барояд.

Дар илм мубориза ақидаҳо давом дорад, ки ифодаи фарзияҳои мухталиф, баъзан ифодаи фарзияҳои зидди ҳамдигар мебошад.

Чунончи, дар атрофи кашфиёти Э. Дюбуа (ӯ аз ҷазираи Ява устухони питекантропро ёфтааст) мубоҳиса вусъатёфт, ки дар натиҷаи он бештар аз 50 тахмин баён шуд. Мутахассисон даъво менамоянд, ки ҳоло бештар аз 600 фарзияи барқи кулӯла маълум аст.

Фарзияҳо боре ҳам пайдо шуда, зуд аз байн намераванд, балки дар илм муддати каму беш зиёд «кор мекунанд». Тавре ҳам мешавад, ки фарзияе аввал рад мешаваду сонитар, шояд баъди даҳсолаҳо боз «ба хотир меояд» ва ҳатто назария мегарданд.

Фарзия аҳамияти соф ёрирасон, вале бағоят калони эвристи дорад: он ёри мерасонад, ки кашфиёте карда шавад. То ҳол ягон усуле ёфт нашудааст, ки имкон диҳад фарзия аз рӯи қоидаҳои муайян пеш гузашта шавад – фарзия самараи фаҳму фаросати олим, парвози хаёлот, илҳоми вай аст.

Фарзия бо роҳи таҳлилидониши андӯхта, бо фактҳои таҷрибавии маълум, бо фактҳои нав бо фактҳое, ки дар оянда муқарар шуданашон мумкин аст, қиёс кардани он асоснок кардани фарзия тақозо менамояд, ки он аз нуқтаи назари самарабахш шарҳ додани фактҳои маълум ва пешгӯӣ кардани фактҳои нав қиёс шавад.

Фарзия ҳам мисли назария ҷамъбасти муайяни дониши мавҷуда мебошад. Дар баробари ҳамин донише, ки дар фарзия баён ёфтааст, аз дониши пешина ҳатман барнамеояд.

Фарзия принсипан характери эҳтимолӣ дорад: ҳаққонияти фарзия гӯё ки насия аст. Дар ин асно Фрейд мулоҳиза меронд, кидар ҳақиқат ҳам дар маркази Замин чи қарор гирифта бошад. Яке бемории дигар тахмин кардааст, ки ин мағз аз мармалад иборат аст ва акнун Фрейд на дар бораи аз чӣ иборат будани мағзи Замин, балки дар бораи он фикр мекард. Хулласи калом, қимату аҳамияти фарзия аз рӯи дараҷаи эҳтимолию яқин буданаш муайян мешавад.

Фарзия ҳам аз назария камтар қадр намешавад. Гарчанде назария як унсури бештар саҳеҳ ва сазовори мартабаи бенуқси аст, вале, чунонки аз таърихи илм дида мешавад, назарияро баъзан ҳатто нобуд ҳам мешавад. Дар харобаҳои он фарзияҳои нав пайдо мешавад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *