Месяц: Март 2020

  • Масъалаҳои техникии сохтани веб – саҳифаҳо

    Аз ҳама асбоби боэътимоди тиҷорати электронӣ ин веб-сайт мебошад. Бо моҳияти худ веб-сайт маҷмӯи барномаҳои компутери коркардаистодае, ки ба интернет доимӣ пайваст аст ва ба истифодабарандаи шабакаи интернет имкон медиҳад тавассути браузер контентҳоро аз назар гузаронад. Дар ин ҳолат, чун қоида, компутер дорои IP-суроғаи доимӣ ва номи доменӣ мебошад. IP-суроға…

    Муфассалтар »
  • Суғурта дар Интернет

    Зери мафҳуми суғурта системаи муносибатҳои иқтисодӣ фаҳмида мешавад, ки он истифодабарии фондҳои мақсадноки воситаҳои пулиро барои рӯйпӯш кардани хароҷот ҳангоми ҳолатҳои нохушро дар назар дорад. Хизматрасонии суғуртавӣ иштироки ду тарафро дар назар дорад: суғурташаванда ва суғуртакунанда. Суғурташаванда – — шахси ҳуқуқӣ ё ҷисмонӣ, ки шартнома мебандад оид ба саривақт супоридани…

    Муфассалтар »
  • Таҳсилоти фосилавӣ дар интернет

    Омӯзиши фосилавӣ – ин чизи нав нест. Омӯзиши ғоибона солҳои зиёд вуҷуд дорад ва васеъ паҳн гардидааст. Инчунин таълимот тариқи телевизион вуҷуд дорад. Дар марҳилаи ҳозира омӯзиши фосилавӣ бо истифодабарии шабакаи Интернет паҳн шуда истодааст. Потенсиали веб-технологияҳо диққати омӯзгорони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб менамояд, зеро ин технологияҳо захираҳои таълимотиро,…

    Муфассалтар »
  • Хизматрасонӣ дар шабакаи Интернет

    Бонкҳо дар иқтисодиёти муосир нақши калонро мебозанд. Предмети фаъолияти бонкҳо ин маҳсулоти бонкӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти бонкӣ ин хизматрасонии моддӣ-нақшавӣ мебошад. Вазифаи асосии бонкҳои тиҷоратӣ инҳоянд: миёнравӣ дар пардохт; миёнравии молиявии навъи якум – кредит-депозит, хариду фурӯши қоғазҳои қиматнок ва асъор; миёнравии молиявии навъи дуюм – ҷойгиршавии қоғазҳои қиматнок…

    Муфассалтар »
  • Бехатарии пардохт дар Интернет

    Коркунии системаҳои пардохтӣ дар интернет танҳо дар шароити бехатарӣ имконпазир аст. Ҳалли муаммои бехатарӣ ба системаҳои криптографӣ ва рақамӣ (шифрӣ) асос ёфтааст, ки он конфиденсиалӣ, аутентификатсия ва яклухтиро таъмин мекунад: конфиденсиалӣ – ахборот бояд ҳифз карда шавад аз дастрасии ғайриқонунӣ ҳам ҳангоми нигоҳдорӣ ва ҳам ҳангоми додугирифт. Бо тарзи шифрӣ…

    Муфассалтар »
  • Ситемаҳои пардохти электронӣ дар асоси пулҳои электронӣ

    1. CyberPlat (www.cyberplat.ru) – ин системаи универсалии байнибонкии пардохтҳо тариқи интернет буда аз тарафи мутахассисони бонки «Платина» ва ширкати «Инист» коркард шудааст. CyberPlat системаи аввалини федератсияи Руссия ба ҳисоб меравад, ки пардохтҳои электрониро тариқи интернет дар реҷаи пайвастшавӣ ба амал меорад. Хусусиятҳои асосии системаи CyberPlat: интегриронидашуда. Система якчанд зерсистемаҳоро барои…

    Муфассалтар »
  • Системаҳои пардохти электронӣ

    Пардохти маҳсулот ва хизматрасонӣ раванди гузаронидани пулҳои муайян дар намуди пули нақд ё ҳуҷҷатҳои лозимӣ бо ёрии технологияи махсус ба роҳ монда мешавад. Моҳияти гуногуни пардохти вуҷуд дошта бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Дараҷаи идентификатисияи тарафҳо гуногун шуда метавонанд: аз комилан махфӣ будан ҳангоми пардохти нақд то идентификатисияи пурра ҳангоми…

    Муфассалтар »
  • Интернет- мағозаҳо

    1.Ҳайати коркунони интернет -мағоза ва намудҳои ҷалбкунии харидор ба интернет- мағозаҳо. Ҳайати коркунони интернет-мағоза аз ҳайати коркунони корхонаҳои анъанавии савдои чакана, чи бо гурӯҳи мансабҳо, ва чи дар қисми ба ҷо оварии ӯҳдадориҳо фарқ мекунад. Проблемаи асосии интернет-мағозаҳо, монанди савдои анъанавии корхонаҳо ҷалбкунии харидорон мебошад. Вариантҳои имконпазири ҳалли онҳо бисёр…

    Муфассалтар »
  • Намудҳои тиҷорати электронӣ

    2.1. Музояда (аукцион)-и электронӣ. Яке аз хусусиятҳои махсуси Интернет муттаҳид шудани муштариён аз ҳар гуна минтақаҳои ҷуғрофӣ, ҳавас зоҳир намудани онҳо мебошад. Ин гурӯҳи одамон истеъдоди хизматрасони музоядагӣ доранд. Музоядаи электронӣ – ҷараёни тиҷорат кардан, дар асоси технологияи иттилоотии муосир, ки муносибати байни контрагентҳо бо қонунҳои махус назорат карда мешавад.…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои назариявии тиҷорати электронӣ

    1.1.Тиҷорати электронӣ ва анъанавӣ. Тиҷорати электронӣ аз маҷмӯи иштироккунандагон ва ҷараёни мулоқоти онҳо, дар ҳудуди қонунҳои муайян шуда иборат аст. Асоси тиҷорати электрониро сохтори иттилоотӣ ва технологияи телекоммуникатсионӣ ташкил менамояд. Хусусиятҳои асосии тиҷорати электронӣ: дар тиҷорати электронӣ теъдоди зиёди фурӯшанда ва харидорон иштирок менамоянд; барои ворид шудани иштирокчиёни нав ягон…

    Муфассалтар »
  • Ҳисобгирии бухгалтерӣ дар Тоҷикистони имрӯза

    Аз ибтидои солҳои 90 – уми асри гузашта дар раванди гузариш аз хоҷагии нақшавии марказонидашуда ба иқтисоди бозорӣ дар ватани мо ислоҳоти қатъӣ гузаронида шудаанд. Ин табадуллотҳо наметавонистанд, ки элементҳои муҳими идоракуниро монанди ҳисобгирӣ, назорати молиявӣ ва таҳлил дар ҳоли худ гузоранд. Азбаски ҳисобгирӣ дар системаи фармонфармонии пешина функсияҳои принципиалии…

    Муфассалтар »
  • Такмилдиҳии ҳисобгирии истеҳсолӣ, эҳёи принсипҳои классикии ҳисобгирии бухгалтерӣ

    Бо баохиррасии ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар назди мамлакат масъалаҳои тамоилдиҳии иқтисодиёт ба инкишофи минбаъда ва барқароркунии хоҷагии ҳалқи вайроншуда меистоданд. Стратегияи инкишофи баъдиҷангии хоҷагии ҳалқ на танҳо аз барҳамдиҳии зарари расонидаи ҷанг ва расидан ба сатҳи то замони пешазҷангии хоҷагии ҳалқ, балки аз инкишофдиҳии минбаъдаи қувваҳои истеҳсолкунанда иборат буд. Дар…

    Муфассалтар »
  • Баҳисобгирии иттиҳоди шӯравӣ

    Таърихи ҳисобгирии бухгалтерӣ дар ИҶШС ба таври кулли анъанаҳои Руссияи то инқилобиро давом медод, вале ибтидои ҳисобгирии навро аз ҳафтаҳои аввали инқилоби фарвардӣ дидан мумкин аст. Алакай дар моҳи Марти соли 1917 Назорати коргарӣ ба миён омада дар ҳаёт ҷорӣ карда мешавад. Инқилоби кабири сусиолистии Октябр ба табаддулоти калони иҷтимоӣ…

    Муфассалтар »
  • Инкишофи ҳисобгирии бухгалтерӣ дар Аврупо

    Бухгалтерияи италиёвӣ (дутарафа) тадриҷан аз ҷониби мамолики Аврупо қабул карда мешуд. Испания дар назарияи ҳисобгирӣ, хусусан дар даркнамоии табиати юридикии он саҳмгузор гаштааст. Саромади ҷанбаи ҳуқуқии ҳисобгирии бухгалтерӣ олими намоён – математик ва ҳукукшинос Диего дель Кастелло (1522)мебошад. Ӯ ҳар як факти ҳаёти хоҷагидориро – харид , фурӯш, гузориш ва…

    Муфассалтар »
  • Ҳисобгирӣ дар давраи Таҷаддуд ва бухгалтерияи итолиёвӣ

    Инкишофи босуръати илм ва ҳисобгирӣ дар давраи таҷаддуд таҳти таъсири арабҳо гузаштааст. Дар Бағдод калонтарин маркази илмии ҳазораи 1-ум ба вуҷуд омад. Регистрҳои ҳисобгирии Рими Қадим дар бухгалтерияи Итолиёвӣ ҳамчун манбаъи пайдоиш ҳизмат намудаанд. Бенедетго Котрульи — тоҷири Рагузи (Дубровник), муаллифи китоби «Дар бораи савдо ва тоҷири баркамол ». Дастнависи…

    Муфассалтар »
  • Ҳолат ва инкишофи ҳисобгирӣ дар Вавилон, Миср, Юнон ва Рим

    1.Заминаҳои пайдоиши ҳисобгирӣ 2. Пайдоиши ҳисобдори дар Юнони қадим Ҳисобгирӣ ҳанӯз дар давраои адимтарин пайдо шуда аст, то ҳол касе инро аниқ муайян накардааст. Ҳисобгирӣ тадриҷан ва номуайян ба вуҷуд омадааст. Одатан се ҷавобро гуфтан мумкин астт: 6000 сол пеш аз ин, вақте ки одамон бо мақсадҳои муайян ҳодисаҳои ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Шартҳои асъорию молиявӣ ва пардохтии кредити байналхалқӣ

    Асъори қарз. Суммаи қарз. Омилҳои муайянкунандаи муҳлати қарз ва арзиши қарз. 1. Асъори қарз. Суммаи қарз. Шартҳои қарзи байналхалқӣ як қатор мафҳумҳои асосиро дар бар мегиранд, ки ҳангоми тартиб додани созишномаи кредити ба эътибор гирифтани онҳо ҳатми мебошад. Ин мафҳумҳо инхоянд: 1. асъори қарз ва асъори пардохт; 2.суммаи қарз; 3.мӯҳлати…

    Муфассалтар »
  • Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ:шартҳо ва шаклҳои он

    1.Моҳиятва шартҳои ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ. 2.Шаклҳои ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ. С.1. Ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ-ин танзим намудани пардохтҳо оид ба талаботҳои пули ва ӯҳдадориҳо мебошад, ки дар вобастагӣ бо муносибатҳои иқтисоди сиёсӣ ва фарҳангии байни шахсони ҳуқуқи ва воқеии мамлакатҳои гуногун ба вуҷуд меоянд. Вазъи ҳисоббаробаркунии байналхалқӣ аз омилҳои зерин вобаста аст: аз муносибати иқтисоди…

    Муфассалтар »
  • Кредити байналхалқи ва шаклҳои он

    Кредити байналхалқӣ моҳият, принсипҳо ва вазифаҳои он. Шаклҳои кредити байналхалқӣ. 3.Лизинг,факторинг, форфейтинг:моҳият ва хусусиятҳои истифодаи онҳо. 1. Кредити байналхалқӣ моҳият, принсипҳо ва вазифаҳои он. Барои муайян намудани зарурият ва моҳияти кредити байналхалқӣ бояд мафҳуми сармояи қарз ҳамчун категорияи иқтисоди ба хотир овард. Сармояи қарз-ин воситаҳои пулиест, ки дар асоси фоизи…

    Муфассалтар »
  • Танзимкунии байналхалқии муносибатҳои асъорӣ ва Сиёсати асъор

    Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъорӣ. Сиёсати асъор. Намудҳои сиёсати асъор. 1. Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъорӣ. С.1.Танзимкунии бозорӣ ва давлатии муносибатҳои асъориро аз якдигар фарқ мекунанд.Танзимкунии бозори ба қонунҳои арзиш талабот ва пешниҳод инчунин рақобат асос ёфтаистода ба таври стихияви ба амал бароварда мешавад. Танзимкунии давлатии муносибатҳои асъорӣ…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои ба вазъи баланси пардохт таъсиркунанда

    Омилҳое ки ба вазъи баланси пардохт таъсиррасон. Баланси пардохт ва объектҳои танзимшавандаи он. 1. Омилҳое ки ба вазъи баланси пардохт таъсиррасон. Омилҳои таркиби вазъи иқтисодии мамлакатро ифода карда истода дар мӯҳлати дарозмуддат ба тағйирёбии қурби асъор таъсир мерасонад ва аз инҳо иборат аст. 1.тараққиёти нобаробари иқтисоди ва сиёсии давлатҳо. 2.характери…

    Муфассалтар »
  • Баланси пардохт ва усулҳои танзимнамоии он

    Баланси пардохт ҳамчун категорияи хоҷагии ҷаҳонӣ. Сохтори баланси пардохт. Баланси амалиётҳои ҷорӣ ва баланси ҳаракати сармоя ва қарзҳо. 1. Баланси пардохт ҳамчун категорияи хоҷагии ҷаҳонӣ. Яке аз нишондиҳандаҳои интегралии вазъияти умуми иқтисодии ин ё он мамлакат дар шароити иқтисоди бозор баланси пардохт мебошад. Баланси пардохт таносуби байни пардохтҳои хақиқие, ки…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои муайянкунандаи қурби (нархи) асъор

    Омилҳои ба бузургии қурби асъор таъсиррасонанда. Низоми (режими) қурби асъорҳо дар ҳолати эҳтимолӣ. Намудҳои танзимнамоии қурби асъори ва хусусиятҳои он. 4. Назарияҳои асъорӣ ва принсипҳои он. Омилҳои ба бузургии қурби асъор таъсиррасонанда. Як омилҳо вуҷуд дорад, ки онҳо ба тағйирёбии фундаменталии қурби мубодилавии асъор таъсир мерасонад. Ин омилҳо ба ду…

    Муфассалтар »
  • Қурби (Нархи) асъор ва паритети асъор

    Моҳият ва таснифи нархи асъор. Қурби (Нархи) асъор ҳамчун категорияи макроиқтисод. Қурби асъор ин таносуби мубодилавии байни ду асъор мебошад, яъне нархи воҳиди пулии як мамлакат, ки дар воҳиди пули мамлакати дигар ифода карда шудааст. Таснифи намудҳои қурби асъор чунин аст Меъёрҳо Намудҳои қурби асъор 1 Тарзи муқаррарнамоӣ -тағйирёбанда, муомехта…

    Муфассалтар »
  • Системаи асъор ва марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор

    Марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор Проблемаҳои муосири системаи чаҳонии асъор. Проблемаҳои барқарорнамои ва фаъолияти системаи Аврупоии асъор. 1.Марҳилаҳои тараққиёти системаи чаҳонии асъор СҶА дар миёнаҳои асри ХIХ бо сабаби пайдо шудани пулҳои қоғази вавасеъ гаштани ҳаҷми умумии тиҷорати байналхалқӣ ташкил ёфт. Аввалин система соли 1861 дар Париж ташкил ёфт, ки…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои байналхалқии асъор

    1.Предмет ва методи фанни МБАМҚ 2.Системаи чаҳонии асъор; заминаҳои барқароршави, элементҳои асосӣ. 1. Предмет ва методи фанни МБАМҚ Фанни МБАҚ ва молияви- категорияҳои иқтисоди қонуниятҳои тараққиёт принчипҳои асоси ва шаклҳои ташкили ин муносибатҳоро меомӯзад. Вазифаҳои ин фан чунин аст: 1) таҳлил намудани МБАҚ ва М ҳамчун маҷмӯи муносибатҳои иқтисоди, ки…

    Муфассалтар »