Год: 2017

  • Функсия ва принсипҳои менеҷмент

    Зери мафҳуми функсияи менеҷмент давраҳои заниҷараи идоракунӣ ё ин ки натиҷаҳои мобайнии ҳаракат ба мақсади муайянкардашуда фаҳмида мешавад. Муҳандиси фаронсавӣ Анри Файдлем (1841-1925) панҷ функсияи умумии менеҷментро пешниҳод намуда буд, аз ҷумла: банақшагирӣ; ташкилӣ; роҳбарӣ; ҳамоҳангсозӣ ва назорат. Бо мурури замон ин номгӯй ба ҳаштод расид ва аз инҳо иборат…

    Муфассалтар »
  • Мафҳум, мазмун ва намудҳои менеҷмент

    Тарҷумаи таҳтуллафзии истилоҳоти англисии «management» ва «control» ба забони тоҷикӣ бо се калима — «роҳбарӣ», «идоракунӣ» ва «назорат» ифода меёбанд. Менеҷмент истилоҳи англисӣ буда, ба маънои идоракунии истеҳсолот, маҷмӯи принсипҳо, усулҳо, восита ва шаклҳои идоракунии истеҳсолот фаҳмида мешавад, ки ба мақсади баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот ва зиёд намудани фоида таҳия…

    Муфассалтар »
  • Созишномаи мусолиҳа

    Созишномаи мусолиҳа гуфта, чунин расмияти маросими муфлисшавиро меноманд, ки дар давраи дилхоҳи баррасии парвандаи кори муфлисшавӣ аз ҷониби суди иқтисодӣ байни кредиторҳо ва қарздор бо роҳи бастани созишномаи ихтиёрона ба даст меояд. Бо баробари бастани созишномаи мусолиҳа, ки як тарзи ба итмом расидани кори муфлисшавӣ мебошад, чунин ҳолат рӯй медиҳад:…

    Муфассалтар »
  • Суди иқтисодӣ дар корҳои муфлисшавӣ

    Парвандаҳо оид ба муфлисии шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони ба ҳайси соҳибкори инфиродӣ бақайд гирифташуда, аз ҷониби суди иқтисодӣ ҳаллу фасл мешаванд (м.м.8, 39 Қонун «Дар бораи муфлисшавӣ»). Таҳлили мавқеи суд дар мурофиаи муфлисшавӣ водор менамояд, ки мавқеи судро мутобиқи қонунгузории ҷорӣ ба ҳайси дорандаи имкониятҳои воқеӣ барои ба даст овардани…

    Муфассалтар »
  • Субъектҳои муносибатҳои муфлисшавӣ

    Ҳайати шахсоне, ки дар мурофиаи муфлисшавӣ иштирок менамоянд, ниҳоят васеъ мебошанд: — қарздор – шаҳрванд ё шахси ҳуқуқие, ки қобилияти қонеъ намудани талаботҳои кредиторҳоро аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ ва ӯҳдадориҳои пардохтӣ ҳатмӣ аз даст додааст; — кредитори озмунӣ; — мудири судӣ; — мақомотҳои ваколатдор аз рӯи талаботҳое, ки аз ӯҳдадориҳои…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқии муфлисшавӣ

    §1. Мафҳум ва аломатҳои муфлисшавӣ Тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ» аз 25 июни соли 2003, аз тарафи қарздор дар ҳаҷми пурра қонеъ карда натавонистани талаби кредиторон оид ба ӯҳдадориҳои пулӣ ва ё иҷро карда натавонистани ӯҳдадориҳои ворид намудани пардохтҳои ҳатмие, ки аз ҷониби суд эътироф шуда…

    Муфассалтар »
  • Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ

    Ташкилоти ғайритиҷоратӣ гуфта, шахси ҳуқуқиеро меноманд, ки мақсади асосии фаъолияти онро ба даст овардани фоида ташкил намедиҳад ва фоидаи ба даст овардаашро байни иштирокчиёнаш тақсим намекунад (қ.1 моддаи 50 КГ ҶТ). Фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ – фаъолияти фоидаовар буда, ба мақсади таъсиси ташкилоти ғайритиҷоратӣ мувофиқ мебошад ва аз истеҳсоли мол…

    Муфассалтар »
  • Корхонаҳои давлатӣ

    Асоси ҳуқуқии фаъолияти корхонаҳои давлатиро Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» аз 28 феврали соли 2006 ташкил медиҳанд. Корхонаҳои давлатӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд: 1) корхонаҳои воҳиди давлатӣ; 2) корхонаҳои давлатӣ. Корхонаи воҳиди давлатӣ-ташкилоти тиҷоратие мебошад, ки нисбати амволи аз ҷониби соҳибмулк ба…

    Муфассалтар »
  • Кооперативҳои истеҳсолӣ

    Кооперативҳои истеҳсолӣ (артел) – иттиҳоди ихтиёронаи шаҳрвандонро дар асоси аъзогӣ барои ба амал баровардани фаъолияти якҷояи истеҳсолӣ, ё ин ки дигар фаъолияти хоҷагӣ меноманд, ки бо иштироки шахсии меҳнати ё ин ки дигар шакли иштирок дар фаъолияти он, инчунин аз ҷониби аъзоён (иштирокчиён) муттаҳид намудани аъзоҳақии амволӣ асос ёфтааст. Мафҳуми…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои корпоративии фаъолияти соҳибкорӣ

    а) ширкати комил ва ба боварӣ асосёфта (коммандитӣ). Мувофиқи қонунгузорӣ ширкатҳои хоҷагӣ дар ду шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд: ширкати комил ва ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкатҳои коммандитӣ). Ду гурӯҳи шарикон дар таркиби субъективии ширкатҳо ҷудо карда мешаванд, яъне иштирокчии ширкати комил танҳо шарикони комил ва иштирокчиёни ширкати ба боварӣ…

    Муфассалтар »
  • Соҳибкории инфиродӣ

    Ҳуқуқи шаҳрвандон ба фаъолияти соҳибкорӣ асоси конститусионӣ дорад, яъне ҳар кас метавонад қобилият ва моликияти худро баҳри ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манъкарданашуда озодона истифода намояд (м.19 КГ ҶТ; м.1 Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар ҶТ»). Соҳибкории инфиродӣ гуфта, шаҳрванди…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои амволии фаъолияти соҳибкорӣ

    § 1. Амвол ҳамчун асоси фаъолияти соҳибкор. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ, соҳибкор бояд амволи муайян дошта бошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як касро барои озодона истифода намудани амволи худ ҷиҳати ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти бо қонун манънашуда мустаҳкам намудааст (м. м. 12, 32…

    Муфассалтар »
  • Ҳолати ҳуқуқии соҳибкор

    § 1. Ҳуқуқ ба фаъолияти соҳибкорӣ: асосҳои ба вуҷудоӣ ва тарзҳои амали намудани он Машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ яке аз ҳуқуқҳои асосӣ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як кас ҳуқуқи озодона истифода намудани қобилият ва амволи хешро баҳри фаъолияти соҳибкорӣ ва фаъолияти дигари…

    Муфассалтар »
  • Соҳибкор ва ҳуқуқи соҳибкорӣ

    §1. Мафҳуми соҳибкор ва фаъолияти соҳибкорӣ. Барои таҳқиқи амиқи мафҳуми соҳибкорӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ зарурати муайян намудани асоси иқтисодиёт ба миён меояд. Ду омил асоси иқтисодиёти муосирро ташкил медиҳад. Омили аввал- талаботи моддии ҷомеа, яъне талаботи фардҳо ва институтҳои ҷомеа, ки чун қоида номаҳдуд ё ин ки қонеънашавандаанд ва омили…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ, иқтисодиёт, бозор

    Иқтисодиёт: хусусиятҳои асосӣ ва функсияҳо. Иқтисодиёт тавассути тавсиф додани чунин мақсадҳои он шарҳ дода мешавад: 1) инкишофи иқтисодиёт, яъне таъмин намудани истеҳсоли миқдори муайяни мол (кор, хизмат) бо сифати беҳтарин ва дар ин замина таъмин намудани сатҳи баланди ҳаёти аҳолӣ; 2) шуғли пурра, яъне ба кор таъмин намудани ҳамаи онҳое,…

    Муфассалтар »
  • Маълумоти умумӣ оиди ҳуқуқ иқтисодӣ

    Мафҳум, нишонаҳо ва функсияҳои ҳуқуқ. Ҳуқуқ — масъалаи марказии улуми ҳуқуқӣ мебошад. Ҳуқуқ воситаест, ки тавассути он давлат қоидаю рафтори барои тамоми зинаҳои тараққиёт заруриро муқаррар менамояд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ бо давлат дар робитаи ногусастанӣ қарор дорад. Ҳуқуқ умуман қоидаи рафтори барои ҳама ҳатмиест, ки аз ҷониби давлат муқаррар…

    Муфассалтар »
  • Баҳсҳои меҳнатӣ

    1.Мафҳуми баҳсҳои меҳнатӣ ва намудҳои онҳо 2. Баҳсҳои фардии меҳнатӣ. 3. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ § 1.Мафҳуми баҳсҳои меҳнатӣ ва намудҳои онҳо. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзимнашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди)…

    Муфассалтар »
  • Интизоми мехнат ва масъулияти моддии тарафхои муносибатхои мехнати

    1.Мафҳум ва усулҳои таъмин намудани интизоми меҳнат. 2. Чораҳои танбеҳи интизомӣ ва тартиби татбиқи онҳо. 3. Мафҳум, вазифа ва намудҳои масъулияти моддии коркунон. § 1.Мафҳум ва усулҳои таъмин намудани интизоми меҳнат Интизоми меҳнат — ин тартиботи зарурӣ барои амалӣ кардани ҳама гуна меҳнати якҷоя, қатъи назар аз шаклҳои моликият ва…

    Муфассалтар »
  • Шартнома (қарордод)- и меҳнатӣ

    Мафҳум, нақш ва намудҳои шартнома (карордод)- и меҳнатӣ Мувофиқи моддаи 26 КМ Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ — созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро…

    Муфассалтар »
  • Тавсифи умумии ҳуқуқи меҳнатӣ

    1. Предмет ва мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ 2. Сарчашмаҳои ҳуқуқи меҳнатӣ 3. Принсипҳои ҳуқуқи меҳнатӣ 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд ва корфармо 5. Мафҳум ва таъиноти шартномаи коллективӣ § 1. Предмет ва мафҳуми ҳуқуқи меҳнатӣ Нишонаи муҳимтарини ба соҳаҳои алоҳида ва мустақил таҷзия намудани ҳуқуқи миллиро предмет ва усулҳои…

    Муфассалтар »
  • Мурофиаи ҷиноятӣ дар ҷумҳурии Федеративии Олмон

    Мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии федеративии Олмон ба шакли омехтаи мурофиа дохил мешавад. Меъёрҳои ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ на танҳо дар КМҶ (дар редаксияи оли 1987 бо тағйиротҳо), балки дар Қонун дар бораи сохтори судӣ, Қонун дар бораи судҳо оид ба парвандаҳои ноболиғон ва дигар қонунҳо муқаррар шудаанд. Одатан пешбурди парвандаро ба…

    Муфассалтар »
  • Мурофиаи ҷиноятӣ дар Франсия

    Кодекси мурофиавии ҷиноятии Франсия соли 1958, ки сарчашмаи асосии ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар ин давлат мебошад, намунаи сазовори шакли омехтаи мурофиаи ҷиноятӣ мебошад. Тафтишоти пешакӣ. Тафтишоти пешакӣ ба ҳуқуқи давлат оиди ба ҳуқуқвайронкунанда эълон кардани айбдоркунӣ асос меёбад. Чун қоида пеш аз тафтишоти пешакӣ полис таҳқиқ мегузаронад, ки ду намуди…

    Муфассалтар »
  • Мурофиаи ҷиноятӣ дар англия

    Мурофиаи ҷиноятии Англия мурофиаи классикии давраи капитализм ба шумор меравад. Маҳз дар Англия бори нахуст институтҳои заминавие ба вуҷуд омадаанд, ки минбаъд дастоварди низомҳои дигари мурофиавӣ гардиданд. Сарчашмаҳои асосии ҳуқук аз ҷумла сарчашмаи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ дар Англия, статутҳо (қонунгузории парламент) ва амсолҳои судӣ мебошанд. Ба ғайр аз ин дар…

    Муфассалтар »
  • Мурофиаи ҷиноятӣ дар има

    Дар барқароршавӣ ва инкишофи ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятии ИМА ҳуқуқи англия таъсири ҳалкунанда дорад. Идеяҳои муҳими низоми ҳуқуқии англосаксонӣ дар решаи амрикоӣ қариб ки тағйир наёфтаанд. Хусусияти мурофиаи ҷиноятии ИМА ба сохти федеративии давлатдорӣ асос меёбад. Бинбар ин дар баробари қонунгузории умумииттифоқӣ ҳар як штат қонунгузории мурофиаии ҷиноятии худро дорад. Вобаста…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқии тартиби расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ

    Суд, прокурор, муфаттиш, мақомоти таҳқиқ ҳангоми зарурати дар қаламрави давлати хориҷӣ гузаронидани пурсиш, муоина, ёфта гирифтан, кофтуков, экспертиза ва амалиёти дигари мурофиавӣ гузаронидани онҳоро ба мақомоти дахлдори давлати хориҷие, ки бо он доир ба расонидани кӯмаки мутақобили ҳуқуқӣ шартнома ё созишномаи байналмилалӣ мавҷуд аст, супориш медиҳад. Супориши гузаронидани амали алоҳидаи…

    Муфассалтар »
  • Моҳият, асосҳо ва шартҳои рӯёнидани товони зарар

    Дар таҷриба ҳолатҳое ба чашм мерасанд, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мақомоти пешбурди мурофиаи ҷиноятӣ шахсони бегуноҳ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд ё маҳкум карда мешаванд. Бешубҳа, дар чунин маврид барқарор намудани ҳуқуқҳои вайроншудаи онҳо зарур аст. Зеро давлат барои ҳаракатҳои ғайриқонуние, ки аз тарафи шахсони мансабдорӣ давлатӣ содир мешаванд, масъулият…

    Муфассалтар »
  • Моҳият ва аҳамияти пешбурди суръатнок

    Бо қабул гардидани Кодекси мурофиавии ҷиноятии нав дар мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон институти нави ҳуқуқи мурофиавии ҷиноятӣ – пешбурди суръатнок ҷорӣ гардид, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ шаклҳои гуногуни он вуҷуд дошта, бо номҳои пешбурди соддашуда, пешбурди кутоҳшуда, пешбурди суръатнок ва монанди инҳо амал мекунад. Чунончӣ, дар ИМА ва давлатҳои Аврупои Ғарбӣ…

    Муфассалтар »
  • Хусусиятҳои пешбурди парвандаҳои ҷиноятии категорияҳои алоҳида

    ТАРТИБИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДАҲО ОИД БА ҶИНОЯТҲОИ НОБОЛИҒОН Тартиби пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон тибқи қоидаҳои умумии КМҶ ҶТ бо риояи қоидаҳои махсусе, ки меъёрҳои умумиро илова ва инкишоф медиҳанд ва кафолатҳои иловагии ҳуқуқи ноболиғонро муқаррар мекунанд, амалӣ мегардад. Қоидаҳои махсуси пешбурди парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои ноболиғон дар боби 44…

    Муфассалтар »
  • Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ

    БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА МОҲИЯТ ВА АҲАМИЯТИ МАРҲИЛАИ ПЕШБУРДИ ПАРВАНДА БИНОБАР ҲОЛАТҲОИ НАВ ОШКОРШУДА Аз нав сар кардани пешбурди парвандаи ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ин марҳилаи мустақил ва истисноии мурофиаи ҷиноятӣ мебошад, ки дар он суди ваколатдор дар асоси хулосаи прокурор ҳукм, таъинот, қарори ба қувваи қонунӣ даромадаро бинобар…

    Муфассалтар »
  • Пешбурд дар суди марҳилаи назоратӣ

    МАФҲУМ ВА АҲАМИЯТИ ПЕШБУРД ДАР МАРҲИЛАИ НАЗОРАТӢ Шакли асосии санҷиши қонунӣ ва асоснок будани ҳукм ин пешбурди парванда дар суди марҳилаи кассатсионӣ мебошад. Вале ҳарчанд пешбурди парванда дар марҳилаи дуввум то андозае вазифаи пешгирӣ намудани иҷроиши қарорҳои ғайриқонунӣ ва беасоси судро таъмин мекунад, гуфтан мумкин нест, ки танҳо дар чунин…

    Муфассалтар »