Ҳуқуқ, иқтисодиёт, бозор
Иқтисодиёт: хусусиятҳои асосӣ ва функсияҳо.
Иқтисодиёт тавассути тавсиф додани чунин мақсадҳои он шарҳ дода мешавад:
1) инкишофи иқтисодиёт, яъне таъмин намудани истеҳсоли миқдори муайяни мол (кор, хизмат) бо сифати беҳтарин ва дар ин замина таъмин намудани сатҳи баланди ҳаёти аҳолӣ;
2) шуғли пурра, яъне ба кор таъмин намудани ҳамаи онҳое, ки хоҳиш ва қобилияти кор кардан доранд;
3) самаранокии иқтисодиёт, яъне бо хароҷоти камтарин ба даст овардани фоидаи зиёд аз захираҳои маҳдуди истеҳсолии ҷойдошта.
4) устувории дараҷаи нарх, яъне пешгирӣ намудани пасту баландшавии нарх;
5) озодии иқтисодӣ;
6) тақсимоти боадолатонаи даромадҳо;
7) таъминоти иқтисодӣ, яъне таъмин намудани беморони доимӣ, одамони ғайриқобили меҳнат, ғайриқобили амал, кӯҳансолон ва ғайра;
8) мувозинати савдо, яъне мувозинати хирадмандонаи савдои байналмиллалӣ ва нигоҳдории аҳдҳои молиявии байналмилалӣ.[1]
Ду омили бунёди асоси ҳама гуна иқтисодиётро ташкил медиҳанд. Ба сифати омили аввал, талаботи моддии ҷомеа, яъне талаботи одамон ва дигар институтҳои ҷомеа, ки одатан беҳудуданд баромад менамоянд.
Ба ҳайси омили дуюм – захираҳои иқтисодӣ — яъне воситаҳо барои истеҳсоли мол ва хизмат баромад менамоянд, ки ҳамеша маҳдуд мебошанд.
Чуноне қайд намудем, талаботи моддӣ номаҳдуд буда, бо роҳи харид намудани молҳо ва хизматҳои фоиданок қонеъ карда мешавад[2]. Номгӯи молҳое, ки тавассути онҳо талаботи ҷомеа ва инсон қонеъ гардонида мешаванд ниҳоят зиёд мебошанд, аз ҷумла, манзили истиқоматӣ, воситаҳои нақлиёт, хамираи дандоншӯӣ, радио, хӯрокворӣ либос ва ғайра.
Неъматҳои моддии номбаршударо ба ду гурӯҳи асосӣ ҷудо намудан мумкин аст:
1) молҳои зарурии якумдараҷа, аз ҷумла, маводи ғизоӣ, ҷойи истиқомат, сарулибос ва ғайра;
2) молҳои бошукӯҳ, аз қабили атр, мошин, киштӣ ва ғайра.
Талаботи моддӣ на танҳо ба одамон, балки ба корхонаҳо ва ҳукумат низ хос мебошад. Масалан, корхонаҳо мехоҳанд, бо мақсади амалӣ гардонидани истеҳсолот бино, воситаи нақлёт, анбор дошта бошанд.
Ҳукумат ҳамчун таҷассумкунандаи талаботҳои коллективии шаҳрвандони кишвар ба сохтани мактабҳо, беморхонаҳо, техникаи ҳарбӣ машғул мешавад.
Захираҳои иқтисодӣ одатан маҳдуд ё камчин мебошанд. Зери мафҳуми захираҳои иқтисодӣ, ҳамаи захираҳои табиӣ, инсонӣ, захираҳои истеҳсолкунанда фаҳмида мешавад, ки барои истеҳсоли мол ва хизмат зарур мебошанд. Захираҳоро бо ду намуди асосӣ ҷудо менамоянд:
— захираҳои моддӣ – замин, ашёи хом ва маблағҳо;
— захираҳои инсонӣ ва қобилияти соҳибкорӣ.[3]
Ҷамъият барои ҳал намудани масъалаҳои иқтисодӣ аз сохторҳои гуногуни институтсионалӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозӣ истифода менамояд. Умуман давлатҳои мутамаддини ҷаҳони муосир бо аломатҳои муайян аз якдигар фарқ мекунанд, аз ҷумла:
1) бо шакли моликият ба воситаҳои истеҳсолот;
2) бо тарзҳое, ки тавассути онҳо идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад.
Вобаста ба ин аломатҳо чунин навъҳои низоми иқтисодиро ҷудо намудан мумкин аст:
1) капитализми соф;
2) иқтисодиёти амрӣ;
3) иқтисодиёти омехта;
4) иқтисодиёти анъанавӣ.
Капитализми соф ё капитализми давраи рақобати озод дорои ду хусусияти асосӣ мебошад:
а) моликияти хусусӣ будани захираҳо;
б) истифодаи низоми бозор ва нарх барои ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ ва идоракунии он.
Иқтисодиёти амрӣ баръакси капитализми соф буда, ба моликияти ҷамъиятӣ будани ҳамаи захираҳо ва идоракунии марказонидашуда тавсиф дода мешавад.
Дар олами воқеӣ дигар низомҳои иқтисодӣ байни капитализми соф ва иқтисодиёти амрӣ қарор доранд. Масалан, иқтисодиёти ИМА ба капитализми соф наздик аст, аммо ҳукумат низ дар ин ҷо нақши муассирро иҷро менамояд, яъне истеҳсоли номгӯи муайяни молҳоро, ки дар шароити иқтисодиёти бозоргонӣ камфоида мебошанд, ба зиммаи худ мегирад, аз ҷумла, таъмин намудани бехатарии экологӣ, пешгирӣ намудани обхезӣ ва ичунин ҳамоҳангсозии фаъолияти ширкатҳои калон ва ғайраҳо.
Иқтисодиёти анъанавӣ хоси давлатҳое мебошад, ки тараққиёти онҳо ниҳоят суст буда, низоми иқтисодӣ ба одатҳои муайяни миллӣ ё динӣ асос ёфтааст. Дар ин мамлакатҳо прогресси техникӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ ниҳоят суст татбиқ карда мешаванд, чунки онҳо мухолифи анъанаҳои нав ва мутаносибан устувории сохти ҷамъиятӣ мебошанд. Арзишҳои динӣ ва маданӣ дар ин давлатҳо нисбат ба фаъолияти иқтисодӣ муқаддамтар мебошанд.
§ 2. Таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқ.
Иқтисодиёт ва ҳуқуқ таносуби бевосита доранд, чунки фаъолияти мӯътадили иқтисодиётро бидуни ҳуқуқи мутаммадин тасаввур кардан мумкин нест.
Вобаста ба зиннаҳои тараққиёти давлатдорӣ таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқ дар шаклҳои гуногун зоҳир меёбад. Умуман ҳуқуқ ифодакунандаи муносибатҳои иқтисодӣ буда, онҳоро дар меъёрҳои худ мустаҳкам менамояд ва барои ба даст овардани натиҷаҳои ниҳоии онҳо мусоидат менамояд.
Ба фикри олимони муосири тоҷик: «Таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқ атрофи як масъалаи муҳим – моликият сурат мегирад. Интихоби ин ва ё он шакли моликият, реҷаи ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, бартарии намудҳои алоҳидаи моликият таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқро муайян мекунад».[4]
Албатта, масъалаи моликият – масъалаи асосии тамаддуни инсонӣ буда, дар ҳамаи давру замон ва дар ҳамаи мамлакатҳои олам новобаста аз сохти давлатдориашон мавриди таваҷҷӯҳи сиёсатмадорону иқтисоддонҳо, олимону муҳаққиқон, файласуфу, сотсиологҳо ва ҳуқуқшиносон буд ва мебошад.
Тавассути моликият сохти иқтисодии ин ё он давлат муайян карда мешавад. Масалан, иқтисодиёти сотсиалистӣ ба як шакли моликият, яъне моликияти давлатӣ асос меёфт, бинобар ин ба фикри профессор Р.Ш. Сотиволдиев чунин ниқтисодиёт ба танзими давлатӣ асос ёфта буд.
Ҳамин тариқ, вобаста ба зинаҳои гуногуни тараққиёти давлатдорӣ зинаҳои гуногуни таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқро ҷудо намудан мумкин аст.
Тибқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, баробарҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла, моликияти хусусӣ дар кишвари мо иҷозат дода шудааст.
Аз ин меъёри конститутсионӣ баромеояд, ки таносуби иқтисодиёт ва ҳукуқ на танҳо тавассути моликият, ҳамчунин тавассути механизмҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва иқтисодӣ ба амал бароварда мешавад, масалан, тавассути чунин воситаҳои танзими давлатии иқтисодиёт, аз қабили нарх, қарз, андоз, боҷи гумрукӣ, сиёсати иқтисодии беруна ва ғайраҳо. Ба замми ин, воситаҳои гуногуни ҳуқуқии танзимнамоии давлатии иқтисодиёт ва соҳибкориро низ номбар намудан мумкин аст, ки ба дигар самтҳои иқтисодиёти муосир таъсир мерасонанд. Бинобар ин муайян намудани таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқ танҳо тавассути моликият қобили қабул нест.
Дар мисоли се давраи инкишофи давлатдории тоҷикон таносуби иқтисодиёт ва ҳуқуқро бараъло мушоҳида намудан мумкин аст.
Давраи якум ба ибтидои солҳои 20 – уми асри ХХ рост меояд, ки он давра бо номи сиёсати нави иқтисодӣ дар таърих машҳур гардидааст. Ҷиҳати мусбии ин давраро иқтисодиёти бисёрукладӣ инъикос менамуд.
Давраи дуюм то ибтидои солҳои 80-уми садаи ХХ давом намуда буд, ки дар ин давра шакли ягонаи моликияти давлатӣ вуҷуд дошт ва иқтисодиёт дар асоси нақшаҳои давлатӣ рушд менамуд ва хусусияти тавсифкунандаи ин давра «давлатикунонии иқтисодиёт» номида мешуд.
Давраи сеюм ба охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ рост меояд, ки ин давраи тараққиёти давлатдорӣ бо номи «бозсозӣ» дар таърих боқӣ мондааст. Низоми иқтисодии он давра бо шакли ягонаи моликияти давлатӣ ё ин ки умумихалқӣ асос ёфта буд.
Хусусияти дигари ин давра аз он иборат буд, ки ҳукумати шӯравӣ тавассути ҳуқуқ кӯшиши тағйир додани низоми иқтисодиётро намуда буд.
Дар он давра дар ИҶШС қонунҳои зиёде ба мақсади ташкил намудани иқтисодиёти бисёрукладӣ қабул шуда буданд.
Аз ҷумла, Қонуни СССР «Дар бораи кооператсия дар СССР», Қонуни СССР «Дар бораи фаъолияти инфиродии меҳнатӣ», Қонуни СССР «Дар бораи асосҳои иҷора ва муносибатҳои иҷоравӣ дар СССР», Қонунҳои СССР «Дар бораи моликият», Қонун «Дар бораи соҳибкории шаҳрвандон дар СССР», Асосҳои қонунгузории граждании умумииттифоқ ва ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ва даҳҳо қонунҳои дигар. Ҳамаи кӯшишҳои ҳукумати шӯравӣ бинобар набудани заминаи зарурии иқтисодӣ ба натиҷаҳои мусбӣ оварда натавонистанд.
Пас аз барҳам хурдани ИҶШС ва ба даст овардани соҳибистиқлолӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зинаи нави тараққиёти давлатдории худ дохил гардид. Ин давра бо гузориш ба муносибатҳои бозаргонӣ тавсиф дода мешавад, ки асоси иқтисодиёти онро гуноугншаклии моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ ташкил медиҳад.
Иқтисодиёти бозаргонӣ аз рӯи моҳият худтанзимкунанда мебошад, вале ин маънои онро надорад, ки дар ин сохти иқтисодӣ давлат ва ҳуқуқ нақш надоранд. Баръакс, дар ин давра нақши ҳуқуқ дар ҳаёти иқтисодӣ меафзояд. Ба ҷойи усулҳои маъмурӣ — фармонфармоӣ, усулҳои нави танзим, аз қабили усулҳои индикативии идоракунӣ ба мадди аввал мебароянд. Усулҳои индикативии танзим ба воситаҳои мушахасси иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ асос меёбанд ва ба субъектҳои муносибатҳои иқтисодӣ имконияти интихобро медиҳанд.
Қайд кардан зарур аст, ки иқтисодиёти бозаргонӣ низ ниёзманди танзими давлатӣ мебошад. Вобаста ба нақш ва дараҷаи танзими давлатӣ ду намуди иқтисодиёти бозоргониро ҷудо менамоянд:
якум, иктисодиёти бозоргоние, ки дар танзими он нақши давлат муассир ва дуюм, иқтисодиёти бозаргоние, ки дар танзими он нақши давлат маҳдуд аст.
Нақши ҳуқуқ дар танзими муносибатҳои бозаргонӣ дар шаклҳои зерин ифода меёбад.
Якум, ҳуқуқ асосҳои меъёрии муносибатҳои бозаргониро муайян мекунад. Дар Ҷумҳури Тоҷикистон санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул карда шудаанд, ки фаъолияти мӯътадили муносибатҳои бозаргониро таъмин менамоянд, аз ҷумла, меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ( м.м.12, 13, 32, 45, 25), қонунҳои алоҳида дар бора ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, дар бораи фаъолияти бонкӣ, суғурта, аудиторӣ, муҳосибавӣ ва ғайра.
Дуюм, танзими ҳуқуқии муносибатҳои бозоргонӣ дар асоси воситаҳои гуногуни иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ ба амал бароварда мешаванд. Ҳатто давлат барои ҳал намудани вазифаҳои худ бо субъектони бозор дар муносибатҳои шартномавӣ дохил мешавад.
Сеюм, ҳуқуқ доираи иштирокчиёни муносибатҳои бозаргониро муайян мекунад. Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на ҳамаи шаҳрвандон ҳуқуқи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуданро доранд (мм.58, 68, 73, 90 ). Дар баробари ин, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ» низ чунин меъёрҳо вуҷуд доранд. Албатта ин маҳдудиятҳо мухолифи озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ набуда, баръакс барои ҳимоя намудани манфиатҳои ҷомеа равона карда шудаанд.
Чорум, ҳуқуқ тартиби баррасӣ намудани баҳсҳои байни иштирокчиёни муносибатҳои бозаргониро пешбинӣ менамояд. Мутобиқи қонунгузории ҷорӣ баҳсҳое, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ бармеоянд ба тобеияти суди иқтисодӣ дохил карда шудаанд, гарчанде баъзе аз баҳсҳо бо иштироки соҳибкорон аз ҷониби суди умумӣ ва дигар мақомотҳои бо қонун ё шартнома муқарраркардашуда низ ҳаллу фасл шуданашон мумкин аст.
Панҷӯм, дар меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ҷавобгарии иштирокчиёни муносибатҳои бозаргонӣ муқаррар карда шудааст.
§ 3. Мазмун ва сохтори бозор.
Бозор ин институт ё механизме мебошад, ки харидорон ва фурӯшандагони молҳо ва хизматҳоро рӯ ба рӯ мекунад. Бозор шаклҳои гуногун дорад. Масалан, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ барои нақлиёти автомобилӣ, мағозаи фурӯши молҳои рӯзғор ва ғайраҳо ба сифати бозорҳои оддӣ баромад мекунанд. Биржаи сармояии Ню-Йорк ё биржаи ғаллаи Чикаго алакай бозорҳои инкишофёфтае мебошанд, ки харидорон ва фурӯшандагони тамоми ҷаҳонро ба худ ҷалб намудаанд.
Ҳамин тариқ, як намуди бозорҳо хусусияти маҳаллӣ ва намудҳои дигарашон бошад, хусусияти миллӣ ё байналхалқиро доранд. Дар баъзе аз бозорҳо алоқаи шахсии харидор ва фурӯшанда ҷой дошта, дар баъзеи онҳо умуман чунин алоқа вуҷуд надорад, яъне харидор ва фурӯшанда якдигарро намебинанд.
Бозорҳои маҳсулот ва бозори захираҳоро ҷудо менамоянд. Қонуни асосии фаъолияти бозор — ин қонуни талабот ва пешниҳодот мебошад.
Талабот гуфта миқдори маҳсулотеро меноманд, ки истеъмолкунандагон тайёранд ва метавонанд бо нархи муайян ва дар давраи муайян онро харидорӣ намоянд.
Ба талабот пеш аз ҳама нарх таъсир мерасонад. Агар нарх паст бошад, пас истеъмолкунандагон метавонанд, моли пешниҳодшударо харидорӣ намоянд. Дар баробари ин, омилҳои ғайринархие низ мавҷуданд, ки ба талаботи бозор таъсир мерасонанд, аз ҷумла, шумораи истеъмолкунандагон дар бозор, завқи харидории истеъмолкунандагон, ки бо ҳарчӣ беҳтар донистани хусусиятҳои истеъмолии мол тавсиф дода мешавад, даромадҳои пулии харидорон, таваҷҷӯҳи истеъмолкунандагон нисбати нарх ва даромадҳои оянда.
Пешниҳодот гуфта, миқдори гуногуни маҳсулотеро меноманд, ки истеҳсолкунанда мехоҳад ва метавонад онро истеҳсол намуда, бо нархи мушаххас ва дар давраи муайян пешниҳоди харидорон намояд.
Истеҳсолкунанда ҳамеша хоҳиши бо нархи баланд фурӯхтани маҳсулоти худро дорад, аммо муайянкунандаи нарх на хоҳиши шахси мушаххас, балки ба ҳам мувофиқ омадани талаботу пешниҳодот мебошад. Бинобар ин, то андозае, ки нарх паст бошад, то ҳамон андоза хоҳиши харидкунии харидорон меафзояд. Бинобар ин нарх ё монеаи фурӯш ё ин ки мусоидаткунандаи он мегардад.
Дар баробари ин як қатор омилҳои ғайринархие низ вуҷуд доранд, ки ба таклифот таъсир мерасонанд, аз ҷумла, нархи захираҳо, технологияи истеҳсолот, андоз ва дотатсия, нархи молҳои дигар, интизории тағйирёбии нарх, миқдори фурӯшандаҳои бозор.
Барои муайян намудани фаъолияти мӯътадили иқтисодиёти бозаргонӣ зарур аст, ки мавҷудияти панҷ масъалаи бунёдиро эътироф намоем, ки ҳар як низоми иқтисодӣ бояд ҷавобгӯи онҳо бошад:
Чӣ қадар бояд истеҳсол карда шавад?
Чӣ бояд истеҳсол карда шавад?
Ин махсулотро чӣ хел истеҳсол намуд?
Кӣ бояд ин маҳсулотро харидорӣ намояд?
Оё низом метавонад ба тағйиротҳо мутобиқ гардад?
Муҳаққиқони иқтисодиёти бозоргонӣ ба якчанд норасоиҳои ин сохти иқтисодӣ ишора намудаанд:
1) бо мурури замон суст шудани механизми назорат ва рақобат;
2) нобаробарии даромадҳо, ба инобат гирифта нашудани талаботҳои коллективӣ ва вуҷуд доштани фоидаи беруна ва хароҷот, ки имконияти истеҳсол намудани мол ва хизматҳои заруриро барои ҷомеа бартараф менамояд;
3)иқтисодиёти рақобатноки бозорӣ шуғли пурра ва устувории нархро кафолат намедиҳад[5].