Год: 2017

  • Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ

    Идораи ҷамъияти саҳҳомӣ гуфта механизм ё низоми ҳамкории иштирокчиён ва усулҳое фаҳмида мешавад, ки бо ёрии онҳо манфиатҳои худро ҳимоя менамоянд. Мақоми олии идораи ҷамъияти саҳҳомӣ, ки изҳори иродаи моликони сармояро таъмин менамояд, маҷлиси умумии саҳмдорон мебошад. Иҷрои корҳои зайл аз салоҳияти он аст: муайян кардани самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият,…

    Муфассалтар »
  • Вазъи ҳуқуқии ҷамъиятҳои  саҳҳомӣ

    Ҷамъияти саҳҳомӣ яке аз шаклҳои ҷамъияти хоҷагидориест, ки дар қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст (дар қатори ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд (ҶММ) ва аз ҷамъияти дорои масъулияти иловагӣ (ҶМИ), ки аз ҶММ фарқи кам дорад). Ҷамъияти саҳҳомӣ ҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқҳои амволӣ (молумулкӣ) дар муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ

    Ҳуқуқҳои амволӣ бо ҳуқуқи моликият ба муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидории амволи мутааллиқи субъектҳо муайян карда мешаванд. Моликият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли хусусӣ ва оммавӣ (давлатӣ) дорад.    Дар   Ҷумҳурии Тоҷикистон     метавонад    моликияти давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеи  арзи вуҷуд намояд. Молик ҳуқуқи соҳибият, истифода ва ихтиёрдорӣ кардани молумулкашро…

    Муфассалтар »
  • Хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)

    Дар сохтори субъектҳои соҳибкорӣ хоҷагиҳои дехқонӣ  (фермерӣ), ки фаъолияти худро бе таъсиси шахси ҳуқуқи ба амал мебароранд, мақоми мустақилро ишғол менамоянд[1]. Мақсади асосии ба  параграфи алоҳида ҷудо намудани  хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ҳамчун субъекти фаъолияти соҳибкорӣ дар махсусиятҳои зерин  асос меёбад: мутобиқи моддаи 3 Қонуни ҶТ «Дар бораи хоҷагиҳои дехқонӣ (фермерӣ):…

    Муфассалтар »
  • Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор

    Ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидор ташкилотҳои тиҷоратие мебошанд, ки сармояи оинномавиашон (ҳарифонаашон) ба ҳиссаҳои (пасандозҳои) муассисон (иштирокчиён) тақсим шудааст. Ширкатҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ширкати комил ё ширкати ба боварӣ асосёфта (ширкати коммандитӣ) таъсис дода шаванд. Ҷамъиятҳои хоҷагидор метавонанд дар шакли ҷамъияти саҳҳомӣ, ҷамъияти  дорои  масъулияти   маҳдуд   ё   худ   дорои  масъулияти  иловагӣ…

    Муфассалтар »
  • Шахси ҳуқуқӣ ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқии хоҷагидорӣ

    Соҳибкории шахси ҳуқуқӣ фаъолияти мустақилона ва таваккалонаи ташкилотест, ки мақсадаш мунтазам фоида гирифтан аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат аст[1]. Ташкилоте шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад, ки дар моликият,  тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ молу мулкро  дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият…

    Муфассалтар »
  • Мафҳуми субъекти ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Соҳибкор шахси асосии фаъоли бозор ва пояи ҳар гуна низоми иқтисодист, ки на дар заминаи давлатию инҳисорӣ (монополистӣ), балки дар асоси рақобат матраҳ шудааст. Ӯ мол истеҳсол карда, онро дастраси истеъмолкунандаи ниҳоӣ мегардонад, ҳаракати молро дар давраҳои гуногуни муомилот ба роҳ монда, ба шаҳрвандон ва дигар истеъмолкунандагон ҳар гуна хизмат…

    Муфассалтар »
  • Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ

    Асосҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ 1. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ. 2. Тарзҳои танзими ҳуқуқӣ. 3. Усулҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ. 4. Низоми ҳуқуқи соҳибкорӣ. 5. Сарчашмаҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ. 6. Ҳуқуқи соҳибкорӣ дар низоми ҳуқуқ. Мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ Мустақилияти ин ё он соҳаи ҳуқуқ дар низоми ҳуқуқӣ бо мавҷудияти мавзӯъ,  тарзи танзими ҳуқуқӣ ва ҳамчунин усулҳои…

    Муфассалтар »
  • Қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ

     Мафҳуми қонуният Қонуният ба маъноҳои зерин истифода мешавад: 1) қонуният чун принсипи ташкилу фаъолияти давлат, аз он ҷумла давлати ҳуқуқӣ; 2) қонуният чун талаботи давлати ҳуқуқӣ нисбати мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ашхоси мансабдор; 3) қонуният ҳамчун усули амаликунии ҳокимияти давлатӣ. Конститутсияи Тоҷикистон принсипи қонуниятро мустаҳкам мекунад. Дар асоси қ. 2…

    Муфассалтар »
  • Рафтори қонунӣ, ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷавобгарии ҳуқуқӣ

    Мафҳуми  рафтори  қонунӣ          Рафтори ҳуқуқӣ ду хел мешавад: 1) рафтори мутобиқи ҳуқуқ ё рафтори қонунӣ (бо назардошти волоияти қонуни ҳуқуқӣ) – амалиёте, ки мутобиқи нишондодҳои ҳуқуқ аст ва 2) рафтори зиддиҳуқуқӣ ё ҳуқуқвайронкунӣ – амалиёте, ки бо вайрон кардани талаботҳои ҳуқуқ пайдо мешавад. Рафтори қонунӣ дар ҷомеа – амалест…

    Муфассалтар »
  • Шуури ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ

    Мафҳум,  таркиб  ва функсияҳои шуури  ҳуқуқӣ        Шуури ҳуқуқӣ – маҷмӯи ҳиссиёт, эҳсосот, ақидаҳо, ғояҳо, арзишҳо, нишондод, фаҳмиш, мафҳумҳои ҳуқуқист, ки муносибати одамонро ба ҳуқуқ ва зуҳуроти мухталифи ҳуқуқӣ дар ҷомеа ифода мекунанд. Шуури ҳуқуқӣ таркибан аз ду қисм иборат аст: 1) мафкураи ҳуқуқӣ ва 2) психологияи1 ҳуқуқӣ. Мафкураи ҳуқуқӣ…

    Муфассалтар »
  • Тафсири ҳуқукӣ

      Мафҳуми  тафсири  ҳуқуқӣ        Тафсири ҳуқуқӣ – ин равшан намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ аст. Тафсири ҳуқуқ  хислатҳои  зайл дорад: а) зинаи (унсури) муҳим ва ҳатмии ҷараёни амалишавии меъёрҳои ҳуқуқ аст; б) мақсади тафсири ҳуқуқӣ – амаликунии меъёрҳои ҳуқуқ буда, дар натиҷаи он меъёрҳои умумии (абстрактии) қонун вобаста ба ҳолатҳои…

    Муфассалтар »
  • Амалисозии ҳуқуқ

     Мафҳуми  амалисозии  ҳуқуқ       Амалисозии ҳуқуқ – ин дар ҳаёт ҷорӣ гаштани нишондоди ҳуқуқ, воқеиӣ гаштани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқ дар фаъолияти амалии субектони ҳуқуқ аст. Амалисозии  ҳуқуқ  ба  ду  маъно  фаҳмида мешавад: 1) чун ҷараёни амалӣ кардани ҳуқуқ ва 2) ҳамчун натиҷаи дар ҳаёт ҷорӣ гардидани нишондодҳои ҳуқуқ. Амалигардонии ҳуқуқ ду…

    Муфассалтар »
  • Санадҳои  меъёрии ҳуқуқӣ

    Мафҳум ва нишонаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ              Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – санадҳои ҳуқуқэҷодкунӣ мебошанд, ки аз ҷониби субектони босалоҳият (мақомоти давлат, шахсони мансабдор, халқ) қабул шуда, меъёрҳои ҳуқуқро муқаррар, тағйир ва қатъ мекунанд. Мафҳум ва низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳукуқӣ» (с.…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқэҷодкунӣ

    Мафҳум  ва  принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ        Ҳуқуқэҷодкунӣ ин фаъолияти махсуси бо қонунҳо муқарраргаштаи мақомоти давлат, шахсони мансабдор (дар доираи салоҳияташон) ва халқ (дар раъйпурсӣ) аст, ки дар натиҷаи он санадҳои ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Ҳуқуқэҷодкунӣ, ки ба туфайли он меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар мегарданд, ба принсипҳои муҳим асос меёбад.       Принсипҳои ҳуқуқэҷодкунӣ гуфта…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои  (сарчашмаҳои) ҳуқуқ

     Мафҳуми  шакл  ва  сарчашмаҳои  ҳуқуқ Сарчашмаи ҳуқуқ ба маънои иҷтимоӣ кулли заминаҳои иҷтимоӣ, талаботҳои айнии ҳаёти ҷамъиятӣ аст, ки дар асоси онҳо ҳуқуқ, меъёрҳо ва принсипҳои он пайдо ва ташаккул меёбанд.       Ба маънои ҳуқуқӣ (мазмуни аслии калима) сарчашмаи ҳуқуқ ба ду маъно фаҳмида мешавад: 1) сарчашмаҳои иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ ё заминавӣ-ҳуқуқӣ…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои  ҳуқуқӣ

    Мафҳуми  муносибатҳои  ҳуқуқӣ        Муносибати ҳуқуқӣ – муносибати ҷамъиятии бо ҳукуқ танзимгашта аст, ки иштирокчиёнаш бо ҳам тавасути ҳуқуқҳои субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ вобастагии ҳуқуқӣ доранд. Муносибатҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеа намудҳои гуногун доранд. Вобаста ба соҳаҳои ҳуқуқ онҳо ба муносибатҳои ҳуқуқии конститутсионӣ, маъмурӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ ва ғ. тақсим мешаванд.…

    Муфассалтар »
  • Низоми  ҳуқуқ

     Мафҳуми  низоми  ҳуқуқ        Низоми ҳуқуқ – ин сохти дохилии ҳуқуқ аст, ки дар муттаҳидгардонӣ ва ҷойгиркунии муттасили маводи меъёрӣ (меъёрҳо, соҳаҳо, институтҳои1 ҳуқуқ) ифода меёбад. Низоми ҳуқуқ аз се унсури асосӣ иборат аст: 1) меъёри ҳуқуқ, 2) институти ҳуқуқ ва 3) соҳаи ҳуқуқ. Меъёри ҳуқуқ асоси, унсури ибтидоии низоми…

    Муфассалтар »
  • Танзими ҳуқуқӣ

      Мафҳуми  танзими  ҳуқуқӣ              Танзими ҳуқуқӣ гуфта таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд, ки бо воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Танзими ҳуқуқӣ як қатор хусусиятҳо дорад. Як намуди танзими иҷтимоӣ аст. Рафтори одамон на танҳо бо қонунҳо ва дигар…

    Муфассалтар »
  • Функсияҳои ҳуқуқ

      Мафҳум ва намудҳои функсияи ҳуқуқ        Функсияҳои ҳуқуқ ин самтҳои асосии танзим ва таъсиррасонии ҳуқуқӣ мебошанд. Вобаста ба соҳаҳои ҷудогонаи фаъолияти инсон функсияҳои ҳуқуқ ба иқтисодӣ, сиёсӣ, тарбиявӣ, экологӣ, махсуси ҳуқуқӣ тақсим мешаванд. Функсияи иқтисодӣ роҳҳои танзиму таъсиррасонии ҳуқуқро ба ҳаёти иқтисодӣ (танзими соҳибкорӣ, низоми молия ва андоз ва…

    Муфассалтар »
  • Меъёрҳои  ҳуқуқ

    Мафҳуми меъёрҳои ҳуқуқ       Меъёрҳои ҳуқуқӣ гуфта муқаррароти меъёрӣ ва нишондодҳои дигари ҳуқуқро меноманд, ки муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд. Меъёри ҳуқуқ дорои як қатор нишонаҳоест, ки ба туфайли онҳо аз дигар меъёрҳои иҷтимоӣ (ахлоқ, одатҳо ва ғ.) фарқ мекунад. Меъёри ҳуқуқ дар асоси ғояҳои асосии ҳуқуқи фитрӣ – адолат ва…

    Муфассалтар »
  • Шаклҳои  давлат

    Шакли  давлатдорӣ  ҳамчун  масъалаи абадии  афкори  ҷомеа        Шакли давлат яке аз масъалаҳои анъанавии фалсафа ва илми ҳуқуқӣ мебошад. Қариб ҳамаи мутафаккирон оиди он ибрози ақида намудаанд. Ҳанӯз дар ҷамъиятҳои қадим одамон дар ҷустуҷӯи шакли бехтарини давлатдорӣ буданд. Аз ҷумла, дар «Авасто» шоҳигарии ормонӣ тарғиб мешуд, ки он ҷо ҳаёти…

    Муфассалтар »
  • Функсияҳои давлат ва шаклҳои ҳуқуқии амалисозии онҳо

     Вазифаҳо  ва функсияҳои  давлат        Функсияҳои давлат – самтҳои асосии фаъолияти давлат мебошанд, ки барои ҳалли вазифаҳо равона гаштаанд. Иҷрои вазифаҳо, ки фаъолият ва чорабиниҳои муташаккилонаро металабанд (сохтмони иншоотҳои саноатӣ, қабули қонунҳо, азхудсозии кайҳон ва ғ.), ба зиммаи давлат гузошта мешавадДавлат барои иҷрои вазифаҳои ҷомеаи инсонӣ амалиёти муайяни зарурро ба…

    Муфассалтар »
  • Навъҳои таърихии давлат

    Навъбандии  давлат  аз  нигоҳи назарияи  форматсионӣ        Навъбандии давлатҳо, яъне аз ҳам ҷудо кардани навъҳои таърихии давлат – масъалаи марказии назарияи давлат аст. Навъбандӣ – усули таснифи илмӣ буда, мисли хама гуна таснифи илмӣ асосҳои муайянро (маҳаки илмии таснифиро) металабад. Дар илми муосир чунин асосҳо ва умуман таснифи илмии давлатҳоро…

    Муфассалтар »
  • Дастгоҳи  давлат  ва  асосҳои ҳуқуқии ташкилу фаъолияти он

     Мафҳум  ва  асосҳои ҳуқуқии  дастгоҳи  давлат              Дастгоҳи давлат – аз мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор иборат аст, ки функсияи ҳокимиятдориро амалӣ месозанд. Дастгоҳи давлатӣ воқеан дастгоҳи ҳокимиятӣ буда, воҳидҳои таркибии он аз номи давлат, ҳамчун намояндагони ҳокимият ваколатҳои ҳокимиятиро иҷро мекунанд. Аз ин ҷо аломатҳои асосии дастгоҳи давлат ҳосил…

    Муфассалтар »
  • Назарияи ҳуқуқии давлат

     Давлат ҳамчун ташкилоти (воҳиди  таркибии) ҷомеа. Нишонаҳои  давлат        Давлат ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ, таркибӣ ва худудии ҷомеаи шаҳрвандӣ аст. Ҳамчун ташкилоти ҳуқуқии сиёсӣ давлат бо сиёсат алоқаманд аст. Сиёсат дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ ва назарияҳои сиёсиву ҳуқуқӣ ҳар хел маънидод мешавад. Мутафаккирони Юнони Қадим сиёсатро санъати идоракунии давлат меҳисобанд. Асосгузори…

    Муфассалтар »
  • Оилаҳои ҳуқуқии ҷаҳони муосир

    Низоми  ҳуқуқӣ ва  «оилаҳои  ҳуқуқӣ»1        Ҳар як давлат дар ҷаҳони имрӯза дорои ҳуқуқи хеш аст. Аммо низоми ҳуқуқӣ бо як давлат маҳдуд намешавад. Унсурҳои якчанд низоми ҳуқуқӣ метавонанд дар ҳудуди як давлат истифода шаванд. Масалан, дар Ҳиндустон ҳуқуқи англисӣ, дар Тоҷикистон унсурҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ нақши муҳим доранд. Низоми ҳуқуқии…

    Муфассалтар »
  • Низоми ҳуқуқии ҷомеа

    Мафҳумҳои низоми ҳуқуқ, низоми ҳуқуқӣ, «оилаи ҳуқуқӣ»        Низоми ҳуқуқӣ яке аз унсурҳои ҷомеа буда, якҷоя бо «низоми сиёсӣ», «низоми иқтисодӣ» ва ғ. арзи вуҷуд дорад. Агар давлат, ҳизби сиёсӣ унсури низоми сиёсӣ бошанд, пас ҳуқуқ унсури низоми ҳуқуқӣ аст. Низоми ҳуқуқӣ ғайр аз ҳуқуқ боз унсурҳоеро дар бар мегирад,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ва меъёрҳои иҷтимоӣ

     Меъёрҳои  иҷтимоӣ  ва  техникӣ       Меъёрҳои иҷтимоӣ гуфта қоидаҳои рафтори одамонро дар ҷомеаи инсонӣ меноманд. Азбаски ҳаёти ҷомеа аз соҳаҳои мухталиф ва мустақил иборат аст, меъёрҳои иҷтимоӣ намудҳои ҷудогона доранд: ҳуқуқӣ, сиёсӣ, динӣ ва ғ. Агар меъёрҳои иҷтимоӣ муносибати байни одамонро танзим намоянд, пас меъёрҳои техникӣ – муносибати одаму табиат,…

    Муфассалтар »
  • Ҳуқуқ ва иқтисод

     Таносуби  ҳуқуқ  ва  иқтисод  аз  нигоҳи таърихӣ-иҷтимоӣ        Таносуби ҳуқуқ ва иқтисод атрофи як масъалаи муҳим – моликият сурат мегирад. Интихоби ин ва ё он шакли моликият, режими ҳуқуқии шаклҳои гуногуни моликият, бартарии намудҳои алоҳидаи моликият таносуби ҳуқуқ ва иқтисодро муайян мекунад. Иқтисоди давлатҳои сармоядори асри ХIХ ва индустриалии асри…

    Муфассалтар »