Фанни Накди адабӣ

Нақди адабии араб

Адабиёт, яъне шеъру шоири дар Араби пеш аз ислом ҳам мавҷуд буд. Ва дар бораи сухансанҷиҳо низ аз он рӯзгор ҳикоёте боқи мондааст.
Дар оғози ислом шеъру шоири як дараҷа аз равнақ монд. Нозил шудани Қуръон бо услуби олияш шоиронро аз шеъргӯи боздошт ва як дам хомӯши ҳукмфармон буд. Пайғамбари ислом ҳарчанд худ аз Каъбу Ҳассон шеърҳои мадҳи мешунид, аммо шоириро василае барои нифоқ ва ҷудои байни қабилаҳои араб мешумурд ва ба он чандон рағбат нишон намедод. «Мегӯянд, ки вақте номи Имрулқайси шоирро пеши ӯ гуфтанд, ӯ гуфт: Имрулқайс касест, ки дар дунё ному овозае дорад, аммо дар охират фаромӯш гаштааст. Чун рӯзи қиёмат ояд вай ливои шоиронро дар даст дорад ва ононро ба дӯзах роҳ намояд.» (Нақди адаби, саҳ. 137)
Халифаҳои Рошиддин низ ба шеър чандон иноят зоҳир намекарданд. «Як рӯз Ҳассон дар масҷиди расулаллоҳ шеър мехонд. Умари Хаттоб бигузашт ва ба хашм дар ӯ нигарист. Ҳассон гуфт: чи менигари? Ман ин ҷо шеър хондам, ки беҳтар аз ту ҳозир буд, яъне расул алайҳи салом». Дар маҷмӯъ хулафои Рошиддин ба шеър назари нек надоранд, аммо ривоятҳое дар бораи сухансанҷиҳои Умару Абӯбакр вуҷуд доранд, ки онҳо ба ҷанбаи ахлоқии он бештар аҳамият медодаанд.
Дар аҳди Муовия назар ба шеъру шоири дигаргуна буд. Язид ибни Муовия худ ғазал месуруд. Валид ибни Язид ба сурудани шеър чандон алоқа дошт, ки навиштаанд « Рӯзе маст буд, гуфтанд рӯзи одина аст. Савганд хурд, ки имрӯз хутба ба шеър хонам. Пас ба минбар шуд ва хутба ба шеър хонд.» (саҳ. 139)
Аз хулафои уммави Абдулмалик ибни Марвон завқи қавии наққоди дошт ва ба шеърҳое, ки шоирон наздаш мебурданд назар мекард ва нуктасанҷиҳои латиф менамуд. Гоҳ ба онҳо айб мегирифт, ки матлаъи қасидаро хубу муносиб нагуфтаанд ва мадҳро хуб риоят накардаанд. Чунончи, Зуррума қасидае дар мадҳи ӯ гуфта буд, ки он ҷо уштури худро бештар ситоиш кардааст. Абдулмалик ба ӯ гуфт, ки ту ноқаи худро бештар ситоиш кардаи, бирав силларо аз ӯ бигир.
Давраи Аббоси асри азамат ва тамаддуну фарҳанги муслимин буд. Дар ин давра вақте Бағдод шукӯҳу шаҳомат пайдо намуд, аз ҳар тараф мардум барои тиҷорат ва намоиши ҳунари худ ҷамъ меомаданд. Туркону эрониён, ҳиндиҳо ва дигар қавмҳо дар ин шаҳр ҷамъ омаданд ва ин падида боиси омехтани фарҳанг гашт. Нақлу тарҷимаи илмҳои юнони ва паҳлави боиси пешравии фарҳанг гашт.
Аз халифаҳои аббоси ба ғайр аз Сафоҳ ва Мансур, ки чандон фурсати шоирпарвари надоштанд дигар халифаҳо рағбат ва шавқи хос ба адабиёт нишон медоданд. Бисёр воқеъ мешуд, ки маҷлисҳои адаби дар ҳузури халифаҳо доир мегашт ва шоирон дар он маҷлисҳо шеърҳои худро мехонданд. Ҳоди-халифа шамшере кӯҳна дошт. Шоиронро бихонд ва хост то он шамшерро биситоянд. Ҳар яке шеъре мегуфт. Ибни Ямини Басри шеъраш беҳтар буд ва ӯро ҷоиза дод. Ҳорунаррашид худ суханшинос буд ва шеъри Зуррумаро аз хурди дар хотира дошт. Абунувос дар назди ӯ мақому манзалати хос дошт.
Дар бораи чунин суханчанҷихои хулафо ривояти зиёде мавҷуд аст.
Қадимтарин китоби мустақиле, ки дар нақди адаби имрӯз боқи аст, китоби «Табақот-уш-шуаро»-и Абӯабдуллоҳ Муҳаммади Ҷумаҳи аст, ки ӯ ҳудуди соли 232-и ҳиҷри (846 мелоди) аз олам даргузаштааст. Ин китоб назму тартиби дақиқе надорад, аммо ҷанбаи қавии интиқоди дорад. Ҳам шоирони ҷоҳили ва ҳам давраи исломи дар ин китоб оварда шудаанд. Ӯ дар ин китоб нақди ҷолибе бар матнҳо кардааст ва гуфтааст, ки на ҳамаи матнҳо саҳеҳанд.
Китоби «Аш-шеър ва-ш-шуаро»-и Ибни Қутайбаи Динавари низ аз нигоҳи нақд ба китоби Ҷумаҳи шабоҳат дорад. Дар ин китоб ҳам оид ба шоирони давраҳои ҷоҳили ва то давраи худи муаллиф маълумот дода шудааст. Дар муқаддимаи ин китоб ӯ навиштааст, ки ман шоирони пешинро барои он ки қадиманд бо чашми бузурги нигоҳ накардаам ва мутаахиронро барои пасоянд буданашон таҳқир накардам. Балки аз рӯи инсоф амал намудам.
Пайдо шудани илми калом ва мутакаллимин дар давраи аббоси низ дар ташаккули нақд таъсири бисёр дошт. Баҳс дар боби Қуръон ва асолату эъҷози он мутакаллимонро ба нақд ва наққоди вогузошт. Онҳо дар илми балоғат ба муваффақиятҳои баланд ноил шуданд. Умру ибни Убайд, ки балоғатро иборат медонист аз ин ки гӯянда бояд ҳақиқатро чунон дар хотираҳо биншонаду дар назарҳо биёрояд, ки ҳама онро осон бипазиранд.
Истилоҳоти илми балоғат аз қабили ҳақиқат ва маҷоз, итнобу иҷоз, кинояву истиора, ки дар нақд низ бисёр ба кор меравад, ҳамин мутакаллимон кашф карда буданд, ки баъдтар олимони соҳаи баён ва бадеъ он истилоҳотро аз онҳо гирифтанд ва ба кор бурдаанд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *