Фанни Накди адабӣ

Муқаддимаи нақди адаби

Вожаи «нақд» дар луғат маъноҳои гуногун дорад. Як маънояш чизи омода ва тайёр, яъне дар муқобили нася. Маънои дигараш назар кардан ба симу зар ва сараро аз носара ҷудо кардан. Ба маънои эроду сарзаниш низ меояд, чунончи танқид кардан.

Дар истилоҳи адабиётшиноси нақди адаби илмест, ки барои муайян кардани арзиши осори санъат ба кор меравад. Як қисмати асосии илми адабиётшиноси ба шумор рафта, чун пуле байни асари адиб ва хонанда меистад. Касе, ки ба нақди осори адибон сару кор мегирад, ӯро ноқид ва ё мунаққид меноманд. Дар забонҳои аврупоиву руси ин фанро «критика» мегӯянд. Масалан, «Литературная критика». Дар истилоҳи кунунии мо ин фанро танқиди адаби ҳам меноманд.

Адабиёти бадеи доираи васеи хонандагон дорад ва ҳар як ба таври худ аз он баҳра мебарад. На ҳар як хонанда қудрати дарк кардани зебои ва ё норасоии асари хондаашро дорад. Танҳо ноқиди нуктасанҷ аст, ки ҳусн (зебои) ва қубҳи (зишти) адабиётро мебинад.

Нақди адаби таърихи хеле қадима дорад. Ҳанӯз дар Юнони Қадим Суқрот, Афлотун ва Арасту оид ба арзиши адабиёт ва ҳусну қубҳи он изҳори ақида карда буданд.

Дар адабиётшиносии асримиёнагии мо нақди адаби дар он шакле, ки имрӯз вуҷуд дорад, набуд. Вале дар ашъори шоирон, тазкираҳо, асарҳои назариявии оид ба бадеъу арӯзу қофия ва амсоли ин мулоҳизаҳои танқидии зиёде ба чашм мехӯранд.

Масалан Рӯдаки мегӯяд:

Шоир Шаҳиду шӯҳра Фаролови

В-ин дигарон ба ҷумла ҳама рови.

Ё ин ки Асадии Тӯси- муаллифи «Гаршосбнома», дар бораи «Шоҳнома» ва Рустам чунин мегӯяд:

Зи Рустам сухан чанд бояд шунуд,

Гумори, ки кас ҳамсари вай набуд.

Агар разми Гаршосб ёд овари,

Ҳама разми Рустам ба бод овари.

Ҳамон буд Рустам, ки деви нажанд,

Бибурдаш ба абру ба дарё фиканд.

Забун кардаш Исфандиёри далер,

Ба куштан-ш овард Сӯҳроб зер.

Сипаҳдор Гаршосб то зинда буд,

Накардаш забун кас, наафканда буд.

Ба Ҳинду ба Руму ба Чин аз набард,

Бикард он чи дастони Рустам накард.

Ва ё Котибии Нишопури дар бораи Бадри Шерози менависад:

Ди Бадраки бадрагро гуфтам, ки наи шоир,

Он к-аз шуаро бошад ангехтанаш бояд.

Гуфто, ки ба ҳар шаҳре овехтаам шеъре,

Шеъре, ки чунин бошад, овехтанаш бояд.

Абдураҳамони Ҷоми дар бораи Соғари ном шоир менависад:

Соғари мегуфт дуздони маони бурдаанд,

Ҳар куҷо дар шеъри ман як маънии хуш дидаанд.

Дидам аксар шеърҳояшро яке маъни надошт,

Рост мегуфт он ки маъниҳошро дуздидаанд.

Доир ба нақд ва мунаққид Шамси Қайси Рози дар китоби «Ал мӯъҷам..» андешаҳои пурқимат баён кардааст. Ӯ менависад: «Бояд донист, ки нақди шеър донистани сусту қави, табоҳи, дурустии он ва шеъри нек гуфтан тааллуқ надорад. Басо шоир аст, ки шеърро пухта мегӯяд ва нақди шеър чунонки бояд натавонад. Ва басо ноқиди шеър мебошад, ки шеърро некӯ наметавонад гуфт. Аз яке фозилон ва умарои калом пурсиданд, ки «чаро шеър намегӯи?». Гуфт: «Аз баҳри он ки чунонки мехоҳам ки ояд, намеояд ва он чи фароз меояд, намехоҳам». Бештари шоирон ба ин фикр ҳастанд, ки нақди шеърро шоирон муайян мекунанд ва ҷуз онҳо наметавонанд, ки дар радду айби он сухан гӯянд. Ин мулоҳиза ғалат аст, аз баҳри он ки масали шоир дар назми сухан ҳамчун устоди бофанда аст, ки ҷомаҳои муҳкам мебофад, нақшу нигорро мухталиф, шоху баргҳои латиф ва гузоришҳои дақиқ ва давол (тасма)-ҳои ширин дар он вуҷуд меорад, аммо баҳои онро ба ғайр аз симсорон (даллолон) ва баззозон (газворфурӯш), ки ҷомаҳои бешбаҳо аз ҳар навъ матои ҳар вилоят аз дасти эшон бисёр мегузарад, наметавонанд ва ҷуз эшон намедонанд, ки лоиқи хазинаи подшоҳ ва шоистаи хилъат ва навъе аз табақоти бузургон кадом аст.

Ҳеҷ кас ба бофанда намегӯяд, ки баҳо кун. Бофанда агар баҳои ҷомаи худ кунад, аз ҳисоби ресмон ва абрешим, зарришта ва муддати амали худ гузашта наметавонад. Лутфи ҷома, ширини, зебоии онро наметавонад донист, магар ки баззози карда, ҷомашинос шуда бошад. Пас сухани ӯро агар шунаванд, аз ҷиҳати симсорию баззози мешунаванд, на аз рӯи бофандаги… Инчунин шоир назми суханро бо хоҳиши табъи худ мекунад ва шеър бар мувофиқати ҳоҷат ва лоиқи сурати воқеа мегӯяд ва ноқид ихтиёри онро барои некӯии лафз ва маъни мекунад.»

Ҳамчунин Шамси Қайс дар бораи шартҳои нақд кардан маслиҳатҳои муфид медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки «Набояд, ки ҳеҷ олими хештандор бар радд ва айби ҳар шоир далери кунад ва дар хунукии калима, сустии маънои он дам занад, магар бовар дошта бошад, ки он шоир сухани ӯро маҳзи шафқат ва айни беҳомӯзи хоҳад шинохт, аз он баҳравар ва раҳнамои хоҳад дид, ки дар ин аҳд ҳеҷ санъат беқиматтар ва ҳеҷ ҳунар хортар аз шеъру шоири нест, барои он ки аз ҳар пеша, ки ҳаст, беҳтар намебошад ва ҳар ҳунаре, ки ҳаст пуромӯзтар набувад, то мард муддате бар музовалати (чизеро ба чизе наздик кардан, кӯшиш кардан) он мудовамат (давомнок) намояд ва дар он маҳорате, ки устодони он санъат биписандиданд, ҳосил намекунад, ба даъвии он берун намеояд… Ва чун ҷоҳиле шефтаи табъи хеш ва мӯътақиди шеъри хеш шуд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз он эътиқод бознатавон овард ва айби шеъри ӯ бо ӯ тақрир натавон кард. Ҳосили иршод ва насиҳати ӯ ҷуз он набошад, ки аз гӯянда биранҷад ва сухани ӯро баҳонаи бухл ва нишони ҳасади ӯ шуморад..»

Дар тазкираҳо ҳам мулоҳизаҳои танқидии хубе мавҷуданд. Масалан Муҳаммад Авфи дар «Лубоб-ул-албоб» дар бораи Фаррухи менависад: «Ба аввал дар санъати сухан ва ба диққати маъони кӯшид ва дар он аз ақрон собиқ омад ва ба охир сухани саҳли мумтанеъ эрод мекард..»

Дар бораи Амъақи Бухорои менависад: «Он чи аз шеъри ӯ азбу матбӯъ аст дар ғоятит салосат ва латофат аст ва он чи маснӯъ аст ҷумлаи устодонро дар ҳайрат афкандааст. Ва иттифоқи ҷумҳури шуарост, ки чанд байт, ки дар матлаъи ин қасида гуфтааст, пеш аз вай кас мисли он нагуфтааст ва баъд аз вай ҳам натавонистааст гуфтан:

Агар мӯре сухан гӯяд ва гар мӯе равон дорад,

Ман он мӯри сухангӯям, ман он мӯрам, ки ҷон дорад.»

Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Давлатшоҳи Самарқанди ҳам оид ба арзиши шеъру мартабаи суханваро суханҳои ҷолиби диққат мавҷуданд. Масалан, ӯ мартабаи суханварии Фирдавсиро хеле баланд бардошта, ин қитъаро меорад:

Дар назм се тан паямбаронанд,

Ҳар чанд, ки лонабия баъди.

Авсофу қасидаву ғазалро,

Фирдавсию Анварию Саъди.

ва менависад, ки мисли қасоиди Анвари қасоиди Хоқониро тавон гуфт бо андаке каму зиёд ва мисли ғазалиёти Шайхи бузургвор ғазалиёти Хоҷа Хусрав хоҳад буд, балки зеботар, аммо мисли авсофу сухангузории Фирдавси кадом фозил шеър гӯяд ва киро бошаду метавонад буд, ки шахсе ин суханро мусаллам надорад ва гӯяд Шайх Низомиро дар ин сухан музойиқа нест ва Шайх Низоми бузург буда ва сухани ӯ баланду матин ва пурмаони аст, аммо аз роҳи инсоф тааммул дар ҳар ду шева некӯ бикун ва мумайиз буда, ҳукм ба рости гӯ биёр..»

Илми нақди адаби дар асрҳои нуздаҳ ва бистум комилан ташаккул ёфта, ба мактабҳои гуногун тақсим шуд. Реализм, модернизм, символизм, футуризм, экспрессионизм, сюреализм, конструктивизм, абстраксионизм, экзистенсиализм ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *