Фанни Накди адабӣ

Нақди адаби дар Юнону Рими Бостон

Таҳаввул ва ташаккули нақди адаби дар Юнони қадим дар тадқиқоти дастҷамъии олимони замони шӯрави «Древнегреческая литературная критика».- Москва: Наука, 1975.- 480 с. ба тафсил шарҳ ёфтааст.

Он чи аз рӯи тадқиқоти пажӯҳишгарон бармеояд нақди адаби дар Юнони қадим маҳз дар мисоли осори Афлотуну Арасту ташаккул ёфтааст. Муҳаққиқони таърихи адабиёт Пизейстротро аз он ҷо ки нахустин бор осори Ҳомерро ҷамъу тадвин намудааст, кадимтарин мунаққид дар Юнон шинохтаанд. Дигар ашхосе, ки осори Ҳомерро аз лиҳози ахлоқи нақд карда, камбудиҳои ононро гуфтаанд, Ксенифонт ва Ҳеркулис будаанд.

Дар замони Суқрот Аристофани мазҳаканависро аввалин мунаққид шинохтаанд, ки ӯ дар намоишномаҳои мазҳакавияш ба тариқи танз мулоҳизаҳои интиқоди баён кардааст.

Мулоҳизаҳои интиқодии Суқротро бошад Афлотун дар рисолаи «Дифои Суқрот» овардааст. Ӯ гуфтааст: «Бояд ҳамаи саъй ва кӯшишеро, ки барои расидан ба ҳақиқати маънии каломи нидои ғайби ба ҷо овардам, барои шумо нақл кунам. Пас аз он ки мардумони номии давлатиро дидам, ба хидмати шоирон шитофтам ва яқин доштам, ки нодонии ман нисбат ба онон ошкор хоҳад буд. Аз ин рӯ, натиҷаи афкори шуаро он чи бештар аз рӯи равия суруда шуда буд, бар эшон хондам ва барои касби дониш маънии калимоташонро пурсидам. Ҳамаи ҳозирон беҳтар аз худи шоирон шеърҳои онҳоро тавзеҳ мекарданд ва мавзӯи таҳқиқ месохтанд ва ба зуди донистам, ки мояи каломи шоирон дониш нест, балки гуфтаҳои эшон аз табиат ва шӯру шавқ бармеояд. Онҳо аз забон калимотеро ҷори месозанд, вале худ намефаҳманд чи мегӯянд..»

Ба назари Суқрот шеър танҳо бо лаззату хушоянди сару кор дорад ва ҳунар ба хайру неки коре надорад.

Афлотун шеъру адабро бештар аз назари ахлоқ барраси мекард. Ба назари ӯ шеър илм нест, зеро на аз он касб омӯхта мешавад на ба дигарон омӯзонда мешавад. Шеър танҳо амрест илҳоми. Ӯ шеърро санъат ва фан ҳам намедонад, агар санъат мебуд дорои қавоиду қонуни мушаххас буд, аммо шеър ин фазилатро надорад. Албатта, гоҳ иттифоқ меафтад, ки шоир дар баъзе мавзеъ ҳақиқатро изҳор кунад, лекин гумон набояд кард, ки ин ҳақиқатро ӯ монанди файласуф ё санъаткор ба далел дарёфта ва ё дар амал фаро гирифтааст. Шоир худ ҳеҷ чиз кашф намекунад ва иродаи ӯ таъсире дар гуфтаҳояш надорад ва аз ҳамин рӯст, ки вақте аз ҳолати ваҷд бозмеояд, дигар маънии ашъореро, ки худ сурудааст, дуруст намедонад ва онҳоро хуб намефаҳмад ва шеъри ӯ чун руъёест, ки шабҳангом пеши чашмаш омадааст ва субҳгоҳон аз пеши назараш зудуда мешавад. Бо ин ҷиҳат шоир наметавонад назири суханеро, ки дар он ҳоли бехуди гуфтааст, дар ҳоли ҳушёри бисозад ва ҳатто онро ба дурусти бифаҳмад ва идрок кунад ва табиист, ки ба дигаре чизе наметавонад омӯзад..»

Вале вақте Афлотун ба шеър аз даричаи ҳунар менигарад, онро дигаргуна мебинад ва зебоияшро меситояд.

Суқроту Афлотун шеъру адабро маҳсули илҳом медонистанд. Ҳар гуна қонуну қоидае барои он қоил набуданд. Аммо Арасту барои нақди шеър қонуну қоида ва мизонеро дарёфт, аз ин рӯ Арастуро эхёгари нақд дар Юнон донистаанд.

Арасту донишманди сермаҳсуле будааст ва осораш соҳаҳои гуногуни замонро фаро гирифтааст. Оид ба маҳорат, зебоишиноси, назарияи шеъру драма китобҳоеро аз қабили «Риторика» (Хитоба), «Поэтика» (Фанни шеър) офарид.

Дар боби моҳияту усули шеър, мавқеи сухан, нақди шеър рисолаи «Фанни шеър» аз навиштаҳои ҷомеъ ва муфиди Арасту аст. Нахустин бархурди интиқодии Арасту дар ин боб мунозираи ӯ бо Афлотун аст. Арасту қабл аз ҳама шоириро «аз осори фаъолияти зеҳнии инсон» мешумурд ва амри муфиде медонад, ки дорои моҳияте низ ҳаст. Арасту арзиши зебоии шеърро аз арзиши ахлоқияш ҷудо мекунад. Мӯҳтавои рисола чунин аст: дар боби моҳияти шеър, анвою фунуни он, аслу мабдаъи шеър аз лиҳози нафсони, маншаъ ва навъҳои фанни шоири. Дар боби трагедия (фоҷиа) низ баҳсҳои ҷолибе оварда шудааст.

Дар боби маъниву моҳият низ Арасту фикрҳои қобили мулоҳиза баён кардааст. Ба назари ӯ ҳарчанд нияти аслии шоир дар фоҷиа бедор кардани ҳисси тарсу шафқат аст, ӯ вазифадор аст, ки «некон ба ҷурми неки ва хушхӯи гирифтори бадбахти нашаванд ва фарҷоми бад надошта бошанд. Ин амал ба ҷои ҳисси тараҳҳуму шафқат дар хонанда ҳисси нафратро ба вуҷуд меоварад. Ҳамчунин набояд, ки бадкорону ситамгарон ба саодату иқбол расанд. Аз нигоҳи ӯ қаҳрамони фоҷиа на зиёда аз ҳад бад ва на беш аз андоза хуб бошад. Балки марди оддиву маълум бояд, ки дар асари хатои хеш ба бадбахти гирифтор гашта бошад.

Дар масъалаи забони асарҳо низ мулоҳизаҳои судманде баён доштааст, ки хосси забони драматургияи Юнони қадим мебошан

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *