Фанни Таърих

Давлати Кӯшониён

Нақшаи кор:

  1. Ташаккули давлати Кӯшонӣ.
  2. Канишка ва равнақи давлати Кӯшониён.
  3. Маданият дар замони Кӯшониён.
  4. Ташаккули давлати КӯшонИ.

Дар асри II то мелод дар сарҳади давлати императории Чин давлати бодиянишинони Гунҳо (ё Хунҳо) ташкил шуда будааст. Ин давлат дар охир ҳарифи асосии давлати Чину қабилаҳои кӯчманчӣ мегардад. Дар натиҷаи оғози ҷангҳои дарозмуддат бисёр халқҳо аз сарҳади шимолии Чин ба тарафи Ғарб ҳаракат мекунанд. Сарчашмаҳои чинӣ дар қатори дигар халқҳои фироркарда, номи юечжиҳоро ёдовар мешаванд. Онҳо баъди ишғоли Ҳафтрӯд оҳиста — оҳиста ба Осиёи Миёна сар дароварда, сабабгори аз Суғду Бохтар ба тарафи Ҳиндукуш ронда шудани скифҳо гардиданд.

Ҳамин тавр, ҳукмронии гурӯҳи хурди ҳокимони Юнону Мақдунӣ дар Осиёи Миёна, ки аз ноҳияҳои худ дур монда буданд, дер давом накард. Ҳанӯз дар замони охирин подшоҳони Юнону Бохтарӣ баъзе қисмҳои Суғд аз итоати онҳо рӯй гардонида буданд. Муборизаи пуршиддати бохтариҳо, суғдиён, портҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна шоҳигарии Юнону Бохтариро барҳам зад. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шоҳигарии Юнону Бохтар охирин бор дар мобайни солҳои 141 ва 128 то мелод номбар карда мешавад.

Соли 141 онҳо ҳамчун қувваи сиёсии мустақил мавҷуд буданд, вале соли 128 то мелод дар зери зарбаи қабилаҳои бодиянишини сакоию массагетҳо ҳукмронии юнониён дар Ориёно тамоман барҳам дода шуд. Мардуми Ориёноро Юнону Мақдуниҳо бештар аз 200 сол зери асорати худ нигоҳ доштанд. Аммо дар натиҷаи пурзӯр шудани мавқеъи ҳокимони маҳаллӣ зулми мустамликавӣ барҳам дода шуд.

Аз рӯи навиштаҳои сайёҳ Чжан Цзян маълум мешавад, ки танҳо дар давлати Даван (Фарғона) 70 шаҳр мавҷуд будааст.

Ба Осиёи Миёна сар даровардани юечжиҳо давлати Юнону Бохтарро аз байн бурда, ба парокандагии сиёсӣ роҳ кушод. Зеро мувофиқи маълумоти маъхазҳои чинӣ ба ҷои ин давлат намояндагони панҷ хонадони Юечжиҳо ҳоким мегарданд. Дар Бохтар ин хонадони юечжиҳоро бо номҳои Хюмӣ, Шанмӣ, Гӯйшан, Хисс ва Дюмӣ ёдовар мешаванд. Ин қабилаҳо соҳиби панҷ вилояти Осиёи Миёна буданд. Баъди тақрибан сад соли ташкилшавӣ дар байни ин қабилаҳо низ мубориза барои муттаҳидшавӣ оғоз меёбад.

Дар охири асри I то мелод Бохтария тамоман ба зери ҳокимияти Кушониён гузашт. Тахмин меравад, ки асосгузори ин давлат падари Кудзула Кадфиз Герай будааст. Зеро дар Осиёи Миёна ва берун аз ҳудуди он тангаҳои зиёде бо тасвири Герай ёфт шуданд. Дар ҳавзаи мобайни дарёи Сир давлати Кангюй ташкил ёфта буд. Қувваи асосиро дар ин давлат бодиянишинон ташкил медоданд. Ин давлат шояд дар асри II то милод дар натиҷаи пурзӯр гаштани нуфузи бодиянишинон ташкил ёфта бошад.

Мувофиқи гуфтаи Чжан Цзян соли 128 пеш аз мелод Кангюй давлати калоне будааст, вале ноҳияҳои ҷанубиаш ба юечжиҳо ва шимолиаш ба хуннҳо тобеъ будаанд. Дертар ин давлат пурзӯр гардида, ба корҳои Чин ва Даван (Фарғона) дахолат мекард. Дар солҳои 104 ва 101 то милод Кангюй ба Даван дар муборизаи зидди Чин ёрӣ дода буд. Давлати Кангюй тангаҳои махсуси худро надошт ва аз ҷиҳати иқтисодию маданӣ нисбат ба Хоразму Суғд хеле ақибмонда буд.

Яке аз давлатҳои дигари охири асри II ва аввали асри I пеш аз мелод Даван буд. Ин давлат ҳам дар натиҷаи задухӯрдҳои қабилаҳои кӯчманчӣ барпо гашта буд. Даван ҷои барзгарон ва мулки тараққикарда буда, аспҳои бодпо дошт. Ҳамаи ин диққати чиниёнро ба худ мекашид. Соли 104 пеш аз милод чиниҳо лашкари худро ба сарҳади Даван равона карданд.

Вале ин лашкар, ки ҳанӯз дар задухӯрдҳо дар роҳ суст шуда буданд, ба муқобилияти қӯшуни Даван тоб наоварда, соли 102 то милод ба тарафи музофоти Ғансу ба шаҳри Дунхуан ақиб нишаст. Дар соли 101 то милод чиниҳо бо лашкари 60 ҳазора, ки бисёр хуб тайёрӣ дида буданд, боз бар зидди Даван ҳуҷум карданд. Дар ин ҷанг чиниҳо ғалаба карда бошанд ҳам, аз дахолати қӯшунҳои Кангюй тарсида, ба созиш кардан розӣ шуданд ва 3 ҳазор аспро ғанимат гирифта ба ватан баргаштанд.

Дар ин давра ҳам аҳолии асосии Осиёи Миёнаро эронинажодиҳо ташкил медоданд, ки қиёфаашон ба одамони ҳиндуаврупоӣ шабоҳат дошт.Мавҷудияти давлати Кӯшониёнро ба марҳалаҳои зерин метавон тақсим кард:

  1. Аз байн рафтани давлати Юнону Бохтарӣ ва дар Бохтария ба вуҷуд омадани шоҳигариҳои дигар (охири асри II- аввали асри I то мелод).
  2. Давраи ташкилёбӣ ва гул — гулшукуфии давлати Кӯшониён (миёнаи асрҳои III мелод).
  3. Сустшавӣ ва аз байн рафтани давлати Кӯшониён (миёнаи асрҳои III — IV мелодӣ).
  4. Канишка ва равнақи давлати Кӯшониён.

Қариб ҳамаи сарчашмаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки аввалин шоҳи Кӯшонӣ Кудзула Кадфиз будааст. Инчунин ёдовар мегардад, ки кори ӯро писараш Вима (ё Гима) Кадфиз идома додааст. Дар замони ҳукмронии Кудзула Кадфиз муттаҳидшавии қабилаҳои парокандаи юечжиҳо ба амал омадааст.

Кудзула Кадфиз музофотҳои Бохтария, қисмҳои ҷанубию ғарбии Афғонистон ва шимолии Ҳиндустонро ба давлати худ ҳамроҳ карда буд. Вай баъзе заминҳои тарафи рости Бохтарияро ҳам забт карда гирифт. Вале қисми зиёди Осиёи Миёна ба давлати Кушониён дохил намешуд. Дар замони Кудзула Кадфиз сикка задани тангаҳо сар шуда буд ва аз онҳо маълум мегардад, ки вориси ӯ писараш Вима будааст. Дар давраи ҳукмронии Вима давлати Кӯшониён аз ҳисоби қисми марказии Ҳиндустон аз тарафи рости Бохтария, махсусан аз ҳисоби Вахшу Ҳисор, Қубодиён,

Душанбе, ки дар ин ҷо пулу тангаҳои Кушониён бисёр ёфт шудаанд васеъ шуда буд.

Замони гул — гулшукуфии давлатдории Кушониён ба даврони ҳукмронии Канишка рост меояд. Солҳои подшоҳии Канишка аз соли 78 сар карда то соли 278 мелодӣ тахмин шудааст. Зеро ҳамин давра дар таърихи сулолаи Кушонӣ замони пешравии давлат мебошад. Дар замони подшоҳии ӯ Панҷоб, Кашмир, Синд, Уттор, Прадеш ва ғайра ба давлати Кушон ҳамроҳ карда шуда, шаҳри Пешовар пойтахти давлати Канишка мегардад.

Дар аҳди Канишка ҳудуди давлати Кушониён дар шимол то ба Хоразм, Кангюй, Даван ва дар ҷануб бошад, тамоми Ҳиндустонро фаро мегирифт. Дар солҳои 70 — 80 -ум Кушониён ба забткориҳои чиниҳо дар Туркистони Шарқӣ ёрӣ дода бошанд ҳам, аммо пас аз ду — се сол муносибатҳои онҳо душманона мегардад. Чиниҳо аввалин маротиба аз болои қӯшунҳои Кушониён соли 91 милодӣ ғалаба карда буданд. Вале дере нагузашта дар солҳои 102 -107 бо мадади Кушониён Қашқар аз тасарруфи Чин раҳоӣ ёфт. Ин ғалаба таъсири Кушониён ва паҳншавии дини буддоиро дар Қашқар зиёд кард. Азбаски якчанд нафар подшоҳони Кушонӣ номҳои якхела ба монанди: се Канишка, ду Хувишка, ду ё се Васудэва доштанд, муайян кардани солҳои ҳукмронии онҳо душвор аст.

Давраи ҳукмронии Канишка бо он машҳур аст, ки ҳудуди давлат аз соҳилҳои Сирдарё то ба мулки Хутан васеъ шуд. Канишка бо барпо намудани муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо мамлакатҳои Шарқу Ғарб муваффақ гардид. Вай соли 99 мелод сафорати хешро ба давлати Рум мефиристад. Баробари ин румиҳо низ ба давлати Кӯшониён намояндагони сиёсии хешро фиристода буданд. Таърихи Кӯшониён дар давраи барои онҳо фоҷиавӣ, яъне соли 226 мелодӣ ҳангоми дар Эрон ба сари ҳокимият омадани сулолаи Сосониён боз дар сарчашмаҳои таърихӣ номбар карда мешавад. Асосгузори давлати Сосониён Ардашери Бобакон охирин подшоҳи портҳо Артабани V-ро сарнагун карда, ба истило намудани шоҳигариҳои ниммустақил пардохт. Аз ин амалиёти Сосониён Васудэваи I ба ҳарос афтода, ба ҷанги зидди онҳо тайёрӣ медид. Соли 242 лашкари Сосониён бо роҳбарии Шопури I қӯшуни Кӯшониёнро шикаст дода, онҳоро то дараҷае тобеи худ гардонид.

Кӯшониён як қисми заминҳои худро дар Ҳиндустон ҳам аз даст доданд. Ҳиндустон дар миёнаҳои асри III давлати мустақил гардид. Бо мурури замон Хоразм аз тасарруфи Кӯшониён баромад. Ҳамин тавр, давлати Кӯшониён дар миёнаи асри III ба бӯҳрони бузурге мубтало гардид, ки он сабабҳои дохилӣ ва берунии худро дошт. Ба шикастҳои вазнини ҳарбӣ нигоҳ накарда, Кӯшониён то дараҷае иқтидори сиёсӣ ва иқтисодии худро барқарор намуданд. Васудэваи II, Канишкаи II ва Васудэваи III на танҳо мамлакати худро идора мекарданд, балки мавқеи калони сиёсӣ доштанд. Онҳо бо душмани асосии Эрон — Рум муносибат карда, шӯриши писари шоҳи Эрон Баҳромро (276 — 293) тарафдорӣ намуданд.

Форсҳо, ки бо Рум дар ҳолати ҷангӣ буданд, ба он манфиатдор буданд, ки сарҳади шарқии худро бехатар нигоҳ доранд. Барои ҳамин онҳо бо Кӯшониён муносибатҳои хешу таборӣ барқарор карданд ва Ҳурмузди II (301 — 309) ба духтари шоҳи Кӯшонӣ хонадор шуд. Дертар дар замони Шопури II (309 — 379) давлати Кӯшониён аз тарафи Сосониён зарбаи ҳалокатовар хӯрд. Ба ҷои Кӯшониён дар Балх сулолаи Кидориҳо ҳукмрон гашт. Дар ин вақт ба онҳо қабилаҳои бодиянишин таҳдид мекарданд.

Пайдо шудани сулолаи Сосониён сабаби заволи Кӯшониён гаштааст. Эҳтимол меравад, ки заифшавии давлати Кӯшониён аз замони Шопури I Сосонӣ (242 — 272) оғоз меёбад. Яъне ин давлат дар нимаи дуюми асри III мелод қисмҳои Шарқию Ғарбии хешро аз даст дода, дар асри IV мелодӣ пурра аз байн рафтааст.

  1. Маданият дар замони Кӯшониён.

Замони ҳукмронии Кӯшониён замони инкишофи маданияти кӯҳани аҷдодони тоҷикон ба шумор меравад. Онҳо бо роҳи баланд намудани

маданияти маънавию моддӣ дар инкишофи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми босазое гузоштанд.

Ҳаёти шаҳрҳо ҳам то андозае дигаргун шуда буд. Дар қатори шаҳрҳои Хоразму Афросиёб шаҳрҳои Қалъаи Мир, Кайқубодшоҳ, Мунҷоктеппа (дар Шаҳритус), Кӯҳнақалъа ва Қумтеппа (дар водии Вахш), Хайрободтеппа (дар вилояти Сурхандарё) ва ғайра бунёд гардида буданд, ки онҳоро деворҳои ғафси бурҷдор иҳота мекарданд. Шаҳрҳо дар ин давра марказҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, савдо, ҳунармандӣ ва маданӣ ҳисоб меёфтанд.

Савдои дохилӣ ва байналхалқӣ хеле ривоҷ меёбад. «Роҳи бузурги абрешим» ба Хитой ва Ҳиндустон аз ҳудуди давлати Кӯшониён мегузашт. Савдогарони Кӯшонӣ ба тамоми корҳои тиҷорати байни мамлакатҳои Шарқ ва Ғарб сарварӣ мекарданд. Зарфҳои шишагӣ, муҷассамаҳои биринҷӣ, анҷомҳои сирдори чинӣ ва ғайра молҳои хушхарид буданд. Кӯшониён барои ривоҷ додани савдо ба румиҳо пайравӣ карда, ба истеҳсоли тангаҳои тиллоӣ гузаштанд, ки онҳо дар бозорҳои ҷаҳон бебаҳо буданд.

Яке аз подшоҳони Кӯшонӣ Канишка, ки тарғиботчии дини буддоӣ буд, барои сохтани ибодатхонаҳо дар Ҳиндустон, Афғонистон ва Туркистони Шарқӣ кӯшишҳои зиёде карда, дар Пешовар бутхонае месозад, ки вай беҳтарин ёдгории меъморӣ ва ҳайкалтарошии он давра ба шумор меравад. Ин бутхона хеле зебо буда, дар болои иморати панҷошёнае меистодааст, ки вай сутунҳои оҳании зарҳал кардашуда доштааст.

Дар замони ҳукмронии Канишка дар баробари дигар соҳаҳои ҳаёт инчунин маданият хеле пеш рафт. Ӯ тавонист, ки дар омезиши маданияти Шарқу Ғарб, ки бо номи маданияти эллинӣ машҳур гаштааст саҳми босазои худро гузорад. Канишка дини буддоиро аз Ҳиндустон қабул намуда, онро тавассути халқҳои Осиёи Миёна дар Чин паҳн кард. Соли 147 мелодӣ чиниҳо дини буддоиро аз Осиёи Миёна қабул мекунанд. Бо кӯмаки донишмандони суғдӣ китоби муқаддаси дини буддоӣ «Амитаба Сутра» ба забони чинӣ тарҷума карда мешавад. Аз Осиёи Миёна ба Чин паҳн шудани дину адабиёти буддоӣ шоҳиди ба маданияти баланд соҳиб будани мардуми Суғду Бохтар мебошад. Оташкада ва бутхонаҳо дар ҳудуди империяи Канишка зиёд буданд.

Ёдгории дигари Кӯшониён тангаҳо мебошанд, ки дар онҳо бо усули Юнонӣ — Бохтарӣ расми шоҳони Кӯшонӣ ва худоёни онҳо хеле хуб тасвир карда шудаанд.

Бохтария, ки акнун Тахористон номбар мешуд, яке аз вилоятҳои марказии Кӯшониён ба шумор мерафт ва дар он ҷо нуфузи дини буддоӣ ниҳоят калон буд. Ҳам сарчашмаҳои динӣ ва ҳам ёдгориҳои бостонӣ дар бораи ба таври васеъ паҳн гардидани дини буддоӣ дар Тахористон гувоҳӣ медиҳанд.

Бутхона дар Тирмиз, Қаротеппа, Чингизтеппа хеле зебо сохта шуда буданд. Оинҳои маҳаллӣ низ ҷой дошта, мардум ба худоҳои Охшо, худозанҳо Ордохшо, Нана ва ғайра саҷда мекарданд. Бутхонаи Аҷинатеппаи ноҳияи Вахш хеле ҷолиб будааст. Дар он ҷо пайкараи буддои хуфтаи 12 метра, ҳайкалу пайкараҳо, анҷомҳои рӯзгор ва ғайра ба даст омадаанд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *