Фанни Таърих

 Фаронса ва ташаккули департаментҳои он

Шоҳигарии давлати Франкҳо ки дар соли 843 ташкил ёфта буд, муддати дароз ба шакли феодалӣ-поравӣ фаъолият менамуд. Муттаҳидкунонии давлат дар асри XV хотима ёфт. Тартиботи мутлақи давлатдории шоҳигариро инқилоби бузурги Франсия, ки дар охири асри XVIII оғоз ёфта буд, аз байн бурд. Сол 1792 аввалин Ҷумҳурии Франсия (республикаи 1-ум) ташкил гашт. Баъд аз табадулоти давлати соли 1799, ки сабаби анҷоми инқилоб гашт, дар кишвар диктатураи ҳарбии Напалеон Банапарт (дар шакли консолӣ ва аз соли 1804 империя (империя 1-ум) ҳукмрон мешавад. Баъд аз шикасти давлатдории Напалеон, ҳукуматдории монархии сарқонун, ки аз соли 1814 то соли 1848 фаъолият менамуд, сари қудрат омад. Инқилоби февралии соли1848 сохтори ҷумҳуриро (ҷумҳурии 2-юм) ҷорӣ намуд. Вале соли 1852 ҷумҳуриятро империяи Напалиони III иваз намуд. Дар давоми ҷанги Франк-Пруссӣ соли 1870-1871, ки дар ин ҷанг иператор асир гирифта шуд, инқилоби сентябр оғоз гашт, ки ин инқилоб сабаби ташкили ҷумҳурии 3-юм гашт. Дар моҳи марти соли 1871 дар натиҷаи шуриш дар шаҳри Париж шакли давлатидоракунӣ, ки бо номи Коммунаи Париж ташкил ёфт, ки аз ҷониби ҳукумат шикаст дода мешавад. Соли 1875 Сарқонуни 3-юми ҷумҳурӣ қабул када мешавад.

Дар охири асри XIX ҷумҳурии мустақили  Франсия ташкил карда мешавад. Дар натиҷа Фаронса ба яке аз давлатҳои абарқудрати дунё табдил ёфт. Дар ҳайати Антанта ((Антант-Entent калимаи фаронсавӣ буда, маънояш-созиш, розигӣ мебошад) («Созиши сегона»)- муттаҳидшавии Британияи Кабир, Франсия ва Русия, ки соли 1904-1907 баста шуда буд. Баъдан дар рафти Ҷанги якуми ҷаҳон ба муқобили Германия зиёда аз 20 давлат (ИМА, Япония, Италия ва ғайраҳо) ба ин созишнома дохил гашта буданд). Франсия дар Ҷанги якуми ҷаҳон иштирок намуд, ки ин ҷанг ба манфиъати Франсия, яъне бастани шартномаи сулҳи Версал соли 1919 анҷом ёфт. Соли 1940 Франсия  аз ҷониби қувваҳои германию италиягӣ таҳти тасарруф қарор мегирад. Соли 1944 аз ҷониби қувваҳои муқобили гитлерӣ ва ҳаракати муқовимат Франсия озод карда шуд. Соли 1946 Сарқонуни 4-уми Ҷумҳурии Франсия  қабул карда шуд. Соли 1958 ҳангоми сари қудрат омадани Ҷумҳурии 5-ум, Франсия боз яке аз давлатҳои пешқдами ҷаҳон гардид.

Франсияи ҷадид-ҷумҳурии президентӣ. Призидент роҳбари давлат ва ҳокимияти иҷроия  мебошад. Аз ҷониби президент вазирон ва аъзоёни ҳукумат (бо розигии парлумон) таъин менамояд, роҳбари шўрои вазирон, қувваҳои мусалаҳро идора менамояд. Парлумон аз ду палата: шўрои миллӣ ва сенат иборат аст. Ҳизбҳои фаъол дар Франсия -Ҳизби фаронсиявии сотсиалисти (ҲФС), Иттиҳод  барои дастгирии ҷумҳурии (ИБДҶ), Ҳизби фаронсавии коммунистӣ (ҲФК), мебошанд. Иттифоқи касаба ташкилоти  васеъ  ва пурнуфуз мебошад.

Идоракунандаи-ҳудудӣ Франсия аз 95 департамент ва ҳудуди-идоракунанда-Корсики, (расми 2.) иборат мебошад. Инчунин ба ҳайати Фаронса 4 департаменти берун аз баҳрӣ (Гваделупа, Гвиана, Мартиника ва Реюнон), 4 ҳудуди беруни баҳрӣ (Каледонияи Нав, Полинезияи фаронсавӣ, ҳудудҳои ҷанубиарктикии фаронсавӣ Уоллис ва Футунаи), ҳудудҳои махсус-ҷазираи Майотта, ҷазираи Сен-Пиер ва Микелон, дохил мегарданд.

Консепсияи асосии сиёсати хориҷии Франсия  ин гузаронидани сиёсати фаъоли мустақили хориҷӣ мебошад. Франсия  зина ба зина барои сохтани маркази пуриқтидори ҷаҳонӣ дар Европаи Ғарбӣ кўшиш ба харҷ медиҳад.

Ноҳияҳо ва департаментҳои Франсия

Нор-Па-де-Кале: 1 – Паде-Кале, 2 – Нор; Нормандияи Поён: 1 – Манш, 2 – Калвадос, 3 – Орн; Нормандияи Боло: 1 – Сенаи Наздибаҳри, 2 – Эр; Пикардия: 1 – Сомма, 2 – Эн, 3 – Уаза; Шампан-Ардени:1 – Ардени, 2 – Марна, 3 – Об, 4 – Марнаи Боло; Ил-де-Франс: 1 – Париж, 2 – О-де-Сен, 3 – Ивелин, 4 – Вал-д’Уаз, 5 – Сен-Сен-Дени, 6 – Вал-де-Марн, 7 – Сена ва Марна, 8 – Эссонн; Марказ: 1 – Эрва Луара, 2 – Луара, 3 – Луара ва Шер, 4 – Эндр ва Луара, 5 – Эндр, 6 – Шер; Лимузен: 1 – Венаи Боло, 2 – Крез, 3 – Коррез; Оверн: 1 – Але, 2 – Пюи-де-Дом, 3 – Кандаль, 4 – Лаураи Боло,; Бреиан: 1 – Финистер, 2 – Кот-Дармор, 3 – Мориан, 4 – Ил ва Вилен; Пэи-де-ла-Луар: 1 – Майенн, 2 – Сарта, 3 – Лаураи Атлантики, 4 – Мен ва Луара, 5 – Вандея; Пуату-Шаранта: 1 – Дё-Севр, 2 – Венна, 3 – Шарантаи Наздибаҳр, 4 – Шаранта; Лотарингия: 1 – Мез, 2 – Мерт ва Мозел, 3 — Мозель,^- Вогезы; Эльзас: 1 —Нижний Рейн, 2 — Верхний Рейн; Бургундия: 1 -Йонна, 2 — Кот-д’Ор, 3 — Ньевр, 4 — Сона и Луара; Франш-Конте: 1 — Верхняя Сона, 2 — Ду, 3 — Юра; Аквитания: 1 — Жиронда, 2 —Дордонь, 3 — Лоти Гаронна 4 — Ланды, 5 — Атлантические Пиренеи; Южные Пиренеи: 1 — Лот,2 — Аверон, 3 — Тарн и Гаронна, 4 — Тарн, 5 — Жер, (5 — Верхние Пиренеи,7 — Верхняя Гаронна, 8 — Арьеж; Л анге док-Руси льон: 1 —- Л озер, 2 — Гар, 3 —Эро, 4 — Од, 5 — Восточные Пиренеи; Рона-Альпы: 1 — Луара, 2 — Рона, J —Эн U — Верхняя Савойя, 5 — Савойя, 6 — Ардеш, 7 — Дром, 8 — Изер;Прованс-Альпы-Лазурный берег: 1 — Воклюз, 2 — Верхние Альпы, 3 — АльпыВерхнего Прованса, 4 — Буш-дю-Рон, 5- Вар, 6- Приморские Альпы; Корсика: 1 — Верхняя Корсика, 2 — Южная Корсика.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *