Фанни Таърих

Адабиёти Франсия

Муборизаи шадиди синфии дар Франсия асрҳои 14-15 бавуҷудомада тавонист, ки ба маънавиёти аҳолии меҳнаткаш ва табақаҳои гуногуни франсия Франсия таъсир расонида, дар байни мардум афроде ёфт мешудан, ки фикрҳои озодихоҳонаи худро бо роҳҳои гуногун байён намоянд. Яке аз чунин шахсон, ки андешаи озодихоҳонаи худро дар байн халқ паҳн менамуд, ин деҳқонзодаи асил Жен де Венетт (1307-1361) буд. Вай муқобили шуришҳои оммавӣ  буда, кушиш мекард, то зиндагии халқро бо роҳи адолати подшоҳ беҳбуд диҳад. Ў дар солномаи худ воқеияти асосӣ ва ҳақиқати зиндагии оммаро тасвир намуда, ҳамдардии худро байён менамояд. Жен де Венетт таъкид менамояд, ки агар деҳқонон дар тобеиятии бевоситаи фиодалон бошанду онҳо аз ҳисобашон руз гузаронанд, пас барои феодалон лозим меояд, ки деҳқононро аз тохтутози аҷнабиён муҳофизат намоянд ва дар баробаи ин муносибати худро низ бо косибон дуруст намоянд.

Дар асри 14-15 тағирот асосан дар соҳаи адабиёти бадеӣ ба вуҷуд омад, ки мазмуни асарҳояшон ба муборизаҳои синфӣ ба амаломада ва баланд шудани ҳувияти миллӣ ва ватандустӣ  дар Франсия ташкил медод.Намояндаи машҳури ин санъат Машо(1300-1377), ки аз санъати мусиқӣ ҳам бохабар буд, ба ҳисоб меравад. Дар қатори ў боз шоирону нависандагони зиёд аз қабили Христина Пизанская (1364-1429), Карл  Орлеанский (1394-1465) ва дигарон асарҳои хуро руи қалам меофариданд. Асарҳои навишташудаи Машоия дар мактабҳо ҳамчун маводи таълимӣ омухта мешуданд, бар замми ин у лирикаҳои ошиқонаро ҳам эҷод менамуд.  Христина Пизанская муқобили шуришҳои оммавӣ баромад мекард, вале боз дар навбати худ ғалабаи Франсия ва қаҳрамонии Жана  Аркро бисёр тавсиф менамуд. Дар эҷодиёти Карл  Орлеанский, ки 25 сол дар дасти англисҳо баъд аз муҳорибаи назди Азенкур асир афтода буд, масъалаҳои ватандустӣ асосноктар ва ҳақиқатан байён мешуданд.

Машҳуртарин санъати ривоҷёфтаи адабиёт ин сурудҳои халқӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин маротиба ин намуд сурудҳо дар нимаи асри 15 навишта мешуданд, ки онҳоро комплентҳо (гилла, норозегӣ) мегуфтанд. Комплентҳо асосан аз осори чандин нафарон иборат мебошанд, вале ба номи  Оливе Баслен ё Башлен аз Нормандия маълум мебошанд.  Баслен яке аз он иштирокунандагони ҳаракатҳои партизаннӣ ба муқобили англисҳо буда, дар яке аз муқовматҳо дар соли 1450 қаҳрамонона ҳалок мегардад.

 

Фаронса дар аҳди шоҳигарии Галияи Қадим

 

Баъзан давлати Франсияро бо номи қадимааш, яъне Галлия ном мебурданд ва шаҳрвандонашро галлҳо. Ин номгузорӣ на онқадар мафҳуми худашро ифода мекунад, чун ки мамлакати қадимаи Галлия масоҳати ниҳоят калонро ташкил менамуд, яъне Белгия, Люксембург, як қисмати Нидерландия, Шиветсария ва шимоли Италияро низ фар мегирифт.

Таърих гувоҳ аст, ки солҳои  58-51-уми пеш аз милод Галлия аз ҷониби римиҳо ишғол кардашуда буд. Баъд аз забт римиҳо ташаккули халқи румӣ-галлиҳо дар асоси фарҳанги Рим, аз ҷониби римиҳо ба роҳ монда шуд. Аз асри III милодӣ қабилаҳои германии-франкҳо ба ҳуҷум ва ишғол намудан оғоз бахшиданд. То дами порашавии ипреияи бузурги Рим, онҳо сарзамини  калони Галлро забт карда гирифтанд. Баъдтар, дар асри VI аз Испания дар қисмати ҷануби Галлия басконҳо омаданд. Онҳо бо қабилаҳои онҷо якҷоя шуда, қабилаи этникии нав, яъне гасконҳоро ба вуҷуд оварданд. Дар зери таъсири фарҳанги галло-ромиҳо, фарҳангҳои германӣ забан ва фарҳанги худро аз даст медиҳанд. Соли 843 римишудагиҳои франкӣ шоҳигарии бузург ва пуриқтидори худро бо номи Франсия ташкил намуданд. Аз сабаби он ки дар ташкил намудани аҳолии Франсия дар шимол ва ҷануб қабилаҳои этникии гуногун, ки сатҳи римиашон якхела набуданд, онҳо ба ду гурўҳи этники (гарчанде ки як авлод буданд) фаронсавиҳои шимолӣ ва правонсалҳо тақсим гаштанд. Бинобар ҳамин фаронсавиҳо дорои худшиносии мустаҳками дутарафа мебошанд.

Айни замон фаронсавиҳо тақрибан 90% аҳолии Франсияро ташкил медиҳанд. Қисматҳои дурдасти вилоятҳояш, ки аз гурўҳҳои этникии урфу одатҳояшон гуногун-бритонҳо 1,5 миллион нафар, элвазҳо аз 1-миллион зиёдтар, фламанҳо, корисканҳо, баскиҳо, католанҳо зиндагӣ мекунанд. Дар мамалакат  зиёда аз 5 миллион муҳоҷирон, ки қисми зиёдашон аз мамлакатҳои Африқои Шимолӣ ва қисми дигарашон аз мустамликаҳои Франсия-Португалия, ворид шуданд. Кариб 2/3 ҳиссаи аҳолии мамалакат дар қисматҳои хати Гарв-Марсел, дар самти шарқӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин сарзамин  шаҳрҳои калонтарини Франсия-Париж, Лион, Мрсел, Лилл, Тулуза, Нисса, Страсбург, Нант ва Бордо қарор доранд. Тақрибан 90 % аҳоли католикҳо мебошанд.

Париж дар ҷойи сераҳолии қабилаи паризиҳои Лютенӣ рушд ёфт. Аз асри III-IV солшумории милодӣ, ҳамчун Призием (баъдтар Франс. Paris) номбурда мешуд. Дар охирҳои аср X Париж пойтахти давлати Франсия мегардад.

Париж аз ҳама пойтахти зеботарин дар Европа  ба шумор меравад.ин шаҳр ба дигар шаҳрҳои Франсия ягон монанди надорад. Бинобар ин Парижро «шаҳр-давлате бо қонуни худ» ном мебаранд. Ҳар як кўчаву хиёбони шаҳри дорои таърихи худ мебошад. Ёдгориҳои таърихи ва осорхонаҳояш бошанд дар тамоми дунё машҳўранд. Сохтори архитектуравии гузаштаи шаҳр нигоҳ дошта шудааст. Ин шаҳрест, ки аз тағйиротҳо ҳарос надорад. Париж-иҳоткунандаи зебоӣ, санъат ва муд, шаҳри ҷазоби умумӣ мебошад. Маркази Париж ин ҷазираи Ситэ дар Сена мебошад. Аз ҳама бинои таърихӣ, ки бо воқеяҳои зиёди тарихӣ алоқамнд аст, ин калисои «Модархудоӣ Париж» мебошад, ки дар асри XII-XIV сохта шудааст. Яке аз ҷойҳои таърихии шаҳр, ки баландиаш 82 м аст, паси ду манораи чоркунҷа ҷойгир аст. Дар тўли рузҳои маросимҳои гуногун шаҳрвандон метавонанд ба баландии зангулаи 16 тоннагии миссин баромада, зебоии шаҳрро тамошо намуда, баҳраманд гарданд. Ин зангула дар асари В. Гюг «Калисои модархудойи Париж», ки қаҳрамони асосӣ Квазимо мебозид, омадааст. Аз ҳама воқеаи хотирмон ин қасамёдкунии Напалиони I, дар соли 1804 буд, ки иператор ба худаш тоҷ гузошт. Қисми ғарбии Ситеро биноҳои давлати-меҳмонхонаҳое ташкил кардаанд, ки идоракнандагони авали шоҳигари дар он ҷо умр ба сар мебурданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *