Фанни Таърих

Фарҳанги калиссои феодалӣ дар Франсия

Дар ҷомеаи феодалӣ, ки бевосита ҷомеаи ғуломдориро иваз намуд буд ва чун як сохти нав дар ҷомеаи он вақтаи сарзамини кунунии Фаронса ҳисобида мешуд, фарҳанги нави феодалӣ ба миён омад. Ба вуҷудоваранда ва идоракунии фарҳанги феодалӣ дар ибтидои асрҳои миёна ин калиссо ба шумор мерафт. Чунки дин дар ҷомеаи феодалӣ воситаи асосӣ ва қувваи бузурге буд, ки бо воситаи он истисмор аз болои синфҳои дигари ҷомеа иҷро мегардид. Рўҳониёни калиссо мардуми содда ва оммаи меҳнаткашро бовар мекунониданд, ки агар инсон дар зиндагии ҷисмонӣ ҳарчӣ бештар азоби заминро аз сар гузаронад, ҳамон қадари дигар дарёфти биҳишти осмонӣ барояш осонтар мегардад. Бо ин фиребу сафсата  истисмори бераҳмонаи руҳониёни калиссо ва феодалони маҳалиро аз болои оммаи халқ рўйпуш менамуданд ва гуё суботкорона кушиши барои тарбия намудани халқи меҳнаткаш дар руҳияи пурраи  ибодат ба Худо ба харҷ медодонд.

Таъсири калиссо то ба дараҷае кувват гирифт, ки ҳатто ба маданияти маънавии ҷомеаи асри миёна таъсири бузуриги худро расонида тавонист. Бар замми ин дар замони феодалии он вақтаи Франсия маълумоти динӣ ин маълумоти асосӣ ва ягонаи ҷомеа ба ҳисоб мерафт. Аз ин бар меояд, ки тамоми масъалаҳои муҳими давлати чӣ аз ҷиҳати сиёсӣ , иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ба хусус динӣ бо машварат ва розегии роҳониёни дарбор ҳал мегардиданд.

Аз сабаби паст будани маърифатнокии мардум ва мустаҳкам набудани фарҳанги миллӣ аҳолӣ ба гуруҳҳои алоҳида ҷудо шуда ҳатто дар байни онҳо низ робитаҳои сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ба вуҷуд омаданд, ки дар ин ҳам калиссоҳо ва руҳониён дахолати худро мерасонидан. Чунки агар раияти байни ҳам муттаҳид набошаду пароканда амал намояд, албатта ҳокимияти давлати метавонад онҳоро дар зери зулму истибдоди худ қаро диҳад. Аз ин хоти рўҳониён кушиш мекарданд, ки фарҳанги мардумро маҳдуд намуда таъсири динро баланд намоянд, то деҳқонон ва косибон ошубҳо набардоранд.

Дар асрҳои 6-10 ҳамаи мактабҳо дар зери назорати пурраи калиссо амал мекарданд ва талимдиҳандагони ин омузишгоҳҳо асосан рўҳониён ба ҳисоб мерафтанд. Намояндагони калиссо ҳуқуқ доштанд,ки нақшаи таълимӣ ва программаи пурраи омузишӣ ва тарбиявии мактабҳоро тартиб диҳанд ва ҳатто хонандагони мактабҳоро ба таври ихтиёрӣ интихоб намоянд. Маълум буд, ки ҳамаи фарзандонӣ аҳоли Франсия ба омузиши ин мактабҳо фаро гирифта нашуданд. Дар он албатта фарзандони феодалони бой, амалдорон ва рўҳониёни калиссо фаро гирифта мешуданд. Аз тарбиятгирандагони чунин мактабҳо илми асоси ва дақиқро қариб, ки талаб ҳам намекарданд. Асоси таълимоти мактабҳо ин таълимоти динӣ буд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *