Фанни Таърих

Расонаҳои хабарӣ дар Франсия

Мавқие расонаҳои хабарӣ дар миқёси Франсия хеле баланд арзёбӣ мешавад, зеро ки ин восита метаонал аҳолиро аз хабабарҳои муҳимтарину рузмараи зиндагӣ огоҳ намоянд. Яке аз чунин воситаҳо, кидар Франсия мавқе ва мухлиси зиёди шунавандаҳоро доро мебошад, ин радиои Франсия мебошад. Дар Франсия бори нахуст ба таври эксприменталӣ соли 1908 аз  Эйфелевская башния овози радио садо дод, он мусиқӣ дар шакли пастикӣ буд. Иҷрокунандаи ин мавзуи радиоӣ ихтирокори америкоӣ Ли де Форест буд ва шунавандагони он радиооператорони ҳарбии Франсия буданд. Вале ин воқеа на дар таърихи радиои Франсия дарҷ гардид, балки дар таърихи радиои Америка ба қайд гирифта шуд. Радиои доимӣ дар Франсия аз солҳои аввали асри 20 аз худи Эйфелевская башния, ки дар он стансияи радиоӣ амал меукунад, сурат гирифт. Соли 1945 тамоми стансияҳои радиоҳои хусусиро дар Франсия манъ намуданд. Ҳукумат бо ҳар восита кушиш мекард, ки сиёсати худро бо воситаи радио ва телевизор мавқеи хуро дар байни аҳолӣ баланд бардорад. Аз аввали пайдоишаш радиои Франсия прагаммаҳое, ки дорои мавзуи махсуси  фарҳанги миллӣ буданд, ба кор мебурд ва ин ҷиҳати махсуси фарқкунандаи радиои Франсия буд.  Радиои Франсия праграммаҳои дилгиркунандаи омеаи сиёсиро қариб қабул намекард. Дар он асосан праграммаҳое, ки ҳам дар калонсолон ва ҳам дар кудакон ҳисси фарҳанги миллиро баланд мебардоштанд зиёдтар сабт мегардиданд. Ҳар намуд конкрсҳои мусиқавӣ,вектаринаҳо саволу ҷавобҳо дар эфирҳои радиоӣ овоз дода мешуданд. Дар ташкил намудани праграммаҳои радиоӣ мутахассисҳои дар кори худ олӣ ба фаъолият ҷалб карда мешуданд. Онҳо саъю кушиш мекарданд, ки барои шунавандагони худ ҳар гуна праграммаҳои шавқовару зарурӣ ташкил намоядду ба саҳми онҳо расонанд.

Солҳои 60-ум дар Франсия воситаи телевизионӣ инкишоф ёфт, ки мавқеи радиоро дар ҷомеа танг намуд. Солҳои 80-ум бо қарори ҳукумат дар мамалакат миқдори зиёди радиостансияҳои хусусӣ ташкил ёфтанд, ки дар натиҷа праграммаҳои тару тозаи онҳо диққати шунавандагони зиёдеро ба худ ҷалб намуда, мавқеи радио дар Франсия то ҳозир ҳам балонд аст. Инчунин стансияҳои радиои миллӣ низ ҳамчун расонаи хабарии «Франс интер» дар Франсия амал мекунад, бо тозатарин хабарҳои руз аҳолиро аз вазъи кишвар ва берун аз марзи он огоҳ менамояд. Бар замми ахбори руз боз дар он ҳо мусиқӣ ва дигар праграмаҳои мақбули шунавандаҳо садо медиҳанд. Бар зами радиои миллӣ дар Франсия миқдори зиёди радиоканалҳои хусусӣ амал мекунанд, ки калонтарини онҳо «Франс-Кюльтюр», «Франс-Мюзик»(санъати мусиқӣ) «Франс-Инфо» (программаи иттиолотӣ), «Мув» (фарҳанги ҷавонон), «Радио-Бле» (ташвиқоти фарУанги Фрасия) ба ҳисоб мераванд ва  инчунин 50 ҳазор радиоканалҳои хурди дигар ҳам кор фармуда мешаванд.

Франсия  аз нахустин давлате буд, ки дар он каналҳои телевизионӣ дар он соли 1931ба вуҷуд омад. Нахустин канали телевизионӣ дар Франсия ин RDF буд, баътар номи он ба  ETF ва ORTF иваз мешавад.

Дар Франсия мувофиқи санадҳои оморӣ соли 1995 95 % оилаҳо зиёда аз 34 млн адад телевизионро истифода мебурданд. Дар Фаронса ду телеканали калонтарини давлатӣ «Франс 2» ва «Франс 3», се телеканалҳои калони хусусӣ, ки машҳуртарини онҳо дар назди аҳолӣ «ТФ 1» мебошад, амал мекунанд. Дар шаҳрҳои калонтарини Франсия боз аз спутникҳои телевизионӣ истифода мебаранд.

Фарҳанги готикии Франсия

Ду ҳазор сол пеш дар ҷои шаҳри Парижи имруза кучаи хурдакаки Лутенсия, ки дар ҷазираи Сити ҷойгир буд, амал мекард.Бо тараққӣ ва ривоҷи илму фарҳанг Шаҳри имрузаи Париж бунёд ёфт, ки ин аз бо маърифат ва бо фарҳангии мадуми франсуз дарак медиҳад. Яке аз раванди тараққиёфтаи фарҳанги Франсия ин усули готика ба шумор меравад.

Готика дар шаҳрҳои Франсия дар асри12 ба вуҷуд омад. Калимаи готика аз асирони немис ки готҳо буданд баромадааст. Усули готика- ин санъати бадеиет, ки  дар асрҳои миёна дар санъати бадеии мамлакатҳои  Аврупои Ғарбӣ, Аврупои Марказӣ , қисман дар мамлакатҳо Аврупои шарқӣ аз он ба таври васеъ истифода мебурданд.(12-16), ки дар давраи эҳё инкор гардид. Готика дар давлатҳое амал менамуд, ки дар он калисо давлатро идора менамуд, зеро ин усул дар фарҳанги мардум нақши динро низ мустаҳкам нигоҳ медошт. Ба ин нигоҳ накарда готика ба инкишофи фарҳанги Франсия такони ҷидди дод, ки дар натиҷаи он инкишофи ҳаматарафи мамлакат ба чаш мерасид. Дар ин раванд шаҳрсозӣ ва архитектура бо шиддат тараққӣ менамуд. Дастаҳои архитектурони шаҳрсоз ангоми адои вазиваашон шаҳрҳоро аз биноҳои зебову боҳашамату замонавӣ, купрукҳое, ки шаҳрҳоро бо ҳам пайванд менамуд, қудуқҳои обгузар, ки аҳолиро аз обҳои ошомидани таъмин менамуд ва ғайра, таъмин менамуданд. Готика дар Франсия асосан дар қисми ҷанубии аз давлати Франсия(Илди-Фрас) ба вуҷуд омад, аммо замони тараққиёти он асосан асри 13 ро дар бар мегирад. Дар ари14- ва аааали асри 15 готикаи Франсия ба буҳрон дучор гардид, ки ин ба Чанги миёни Франсия ва Англия вобастагӣ буд .Дар асри 15 ба усули готикаи Франсия таъғирот илова гадид, ки дар натиҷа асоси он дигар шуд, яъне тамоман замонавӣ гардид.

Адабиёти Франсия

Муборизаи шадиди синфии дар Франсия асрҳои 14-15 бавуҷудомада тавонист, ки ба маънавиёти аҳолии меҳнаткаш ва табақаҳои гуногуни франсия Франсия таъсир расонида, дар байни мардум афроде ёфт мешудан, ки фикрҳои озодихоҳонаи худро бо роҳҳои гуногун байён намоянд. Яке аз чунин шахсон, ки андешаи озодихоҳонаи худро дар байн халқ паҳн менамуд, ин деҳқонзодаи асил Жен де Венетт (1307-1361) буд. Вай муқобили шуришҳои оммавӣ  буда, кушиш мекард, то зиндагии халқро бо роҳи адолати подшоҳ беҳбуд диҳад. Ӯ дар солномаи худ воқеияти асосӣ ва ҳақиқати зиндагии оммаро тасвир намуда, ҳамдардии худро байён менамояд. Жен де Венетт таъкид менамояд, ки агар деҳқонон дар тобеиятии бевоситаи фиодалон бошанду онҳо аз ҳисобашон руз гузаронанд, пас барои феодалон лозим меояд, ки деҳқононро аз тохтутози аҷнабиён муҳофизат намоянд ва дар баробаи ин муносибати худро низ бо косибон дуруст намоянд.

Дар асри 14-15 тағирот асосан дар соҳаи адабиёти бадеӣ ба вуҷуд омад, ки мазмуни асарҳояшон ба муборизаҳои синфӣ ба амаломада ва баланд шудани ҳувияти миллӣ ва ватандустӣ  дар Франсия ташкил медод.Намояндаи машҳури ин санъат Машо(1300-1377), ки аз санъати мусиқӣ ҳам бохабар буд, ба ҳисоб меравад. Дар қатори ӯ боз шоирону нависандагони зиёд аз қабили Христина Пизанская (1364-1429), Карл  Орлеанский (1394-1465) ва дигарон асарҳои хуро руи қалам меофариданд. Асарҳои навишташудаи Машоия дар мактабҳо ҳамчун маводи таълимӣ омухта мешуданд, бар замми ин у лирикаҳои ошиқонаро ҳам эҷод менамуд.  Христина Пизанская муқобили шуришҳои оммавӣ баромад мекард, вале боз дар навбати худ ғалабаи Франсия ва қаҳрамонии Жана  Аркро бисёр тавсиф менамуд. Дар эҷодиёти Карл  Орлеанский, ки 25 сол дар дасти англисҳо баъд аз муҳорибаи назди Азенкур асир афтода буд, масъалаҳои ватандустӣ асосноктар ва ҳақиқатан байён мешуданд.

Машҳуртарин санъати ривоҷёфтаи адабиёт ин сурудҳои халқӣ ба ҳисоб мерафтанд. Аввалин маротиба ин намуд сурудҳо дар нимаи асри 15 навишта мешуданд, ки онҳоро комплентҳо (гилла, норозегӣ) мегуфтанд. Комплентҳо асосан аз осори чандин нафарон иборат мебошанд, вале ба номи  Оливе Баслен ё Башлен аз Нормандия маълум мебошанд.  Баслен яке аз он иштирокунандагони ҳаракатҳои партизаннӣ ба муқобили англисҳо буда, дар яке аз муқовматҳо дар соли 1450 қаҳрамонона ҳалок мегардад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *