Фанни Таърих

Республикаи буржуазии Голландия дар асри XVII

Республикаи буржуазии Голландия дар асри XVII.

      Сохти сиёсии Республика. Ташкилоти олии Республика Штатҳои Генералӣ (парламент) ҳисоб мешуд. Ҳамаи масъалаҳои муҳим мисли ҷангу сулҳ, қонун ва андозҳоро он ҳал мекард. Вакилони ҳар як музофот (новобаста аз шумораашон) фақат як овоз доштанд. Қарорҳо бояд якдилона қабул карда мешуданд.

Ба ғайр аз Штатҳои Генералӣ, шӯрои давлатии федеративӣ вуҷуд дошт, ки он ташкилоти олии маъмурӣ буда, бештар ба корҳои ҳарбию молиявӣ, судӣ ва масъалаҳои ҷорӣ машғул буд. Ин шӯрои давлатӣ бо аксарияти овозҳо масъалаҳоро ҳал мекард. Раиси шӯро статхаудер ном дошт, ки он дар айни замон сарфармондеҳи армия ва адмирали флоти ҳарбӣ-баҳрӣ ҳисобида мешуд. Муовини статхаудерро пенсионария меномиданд, ки он бештар ба корҳои дохилӣ, хориҷӣ ва молиявӣ машғул шуда, дар набудани раис вазифаҳои онро ҳам иҷро мекард. Вазифаи пенсионарийро одатан намояндагони савдогарони миёна ишғол мекард. Палатаҳои пулӣ ва ҳисобии шӯро ба масъалаҳои сикка задани тангаҳо, гардиши онҳо ва дигар масъалаҳои иқтисодии республика машғул мешуданд. Адмиралтейства (Вазорати ҳарбии баҳрӣ), ки аз 5 коллегия иборат буд, ба корҳои таҷҳизонӣ, бо маблағ таъмин кардан ва ба амалиётҳои ҳарбӣ роҳбарӣ мекард. Суди Голландия дараҷаи олии ҳуқуқии республика ҳисобида шуда, аз болои ҳамаи судяҳои поёнӣ назорат менамуд. Шаҳрҳо магистратҳои худро доштанд, ки дар ҳар яки онҳо ташкилотҳо ва комиссияҳо фаъолият мекарданд. Аз болои онҳо олигархияи патирисиатӣ — тиҷоратӣ ҳукмронӣ мекард. Дар ҳаёти сиёсии республика калисои калвинистӣ мавқеи махсус дошта, ба ҳукумат вобастагӣ дошт.

         Аҳволи иқтисодӣ-иҷтимоии республика. Ба оқибатҳои вазнини солҳои инқилобӣ нигоҳ накарда, дар охири асри XVI ва нимаи аввали XVII иқтисодиёти республика тез тараққӣ мекард. Дар давраҳои аввал ба ин инкишоф муҳоҷирони аз ҷануб омада, таъсири калон расониданд. Дар байни онҳо ҳунармандон ва коргарони баландихтисос кам набуданд. Масалан, дар Лейден маҳз онҳо истеҳсоли навъҳои нави матоҳои пашмиро ба роҳ монда, истеҳсоли он якчанд маротиба зиёд гардид. Дар шаҳри Роттердам, Утрех, Делфт тайёр кардани матоҳои пахтагӣ ва шоҳӣ ривоҷ ёфт. Дар шаҳрҳои Амстердам, Роттердам ва Заандам саноати киштисозӣ хеле тараққӣ кард, инҷо дар давоми сол қариб ҳазор киштӣ сохта мешуд. Флоти баҳрии республика қариб ба 4300 киштӣ мерасид. Дар асри ХVII Голландия ба мамлакати пешқадами баҳрӣ ва тиҷоратии Аврупо мубаддал гардид. Калонтарин шаҳри тиҷоратии он Амстердам буд, ки ҳамчун шаҳри бузургтарини бандарӣ дар Аврупо ба ҳисоб мерафт. Дар бандарҳои ин шаҳр ҳамарӯза то 2 ҳазор киштӣ қарор мегирифт. Киштиҳои тиҷоратии Голландия аз дигар киштиҳои савдоии Аврупо зиёд буд.

Дар асри XVII Голландия инчунин ба бузургтарин давлати мустамликадор табдил ёфт. Дар соли 1602 ширкати голландии Ҳиндустони Шарқӣ (Ост-Индия) таъсис ёфта, голландиҳо кӯшиш намуданд, ки англисҳо ва португалиҳоро аз Ҳиндустон берун намоянд ва тамоми савдои ин қисматро ба дасти хеш дароранд. Дере нагузашта ба онҳо муяссар гардид, ки галаҷазираҳои Зонд ва Маллукаро забт намуда, аз онҷо португалиҳоро пеш намоянд. Дар соли 1621 голландиҳо ширкати Ҳиндустони Ғарбӣ (Вест-Индия)-ро ташкил карданд. Дар аввали асри ХVII онҳо заминҳои соҳилҳои шарқии Африкаи Шимолӣ ва дар соли 1648 нуқтаи охирини соҳили ҷанубии Африкаро забт намуданд. Голландия бо Хитой, Япония ва бо ҳамаи мамлакатҳои Аврупо низ савдои хуб дошт.

Дар хоҷагии деҳоти Голландия ҳам якчанд дигаргуниҳо ба амал омада буд. Заминҳои корами дворянҳо ва дайрҳое, ки ба испаниҳо тарафдорӣ карда буданд, мусодира шуда, ба фермерҳо ба иҷора дода шуданд. Ин маънои дар заминдории Голландия барҳам додани муносибатҳои феодалиро дошт. Аз тарафи дигар ширкатҳои  савдогарон ва сарватмандони шаҳрҳо қариб 110.000 га. ботлоқзорро хушк карда, ба фермерҳои буржуазӣ ба иҷора доданд. Дар заминдорӣ обчакорӣ, боғдорӣ ва баъзе намудҳои растаниҳои техникӣ бештар ҷой доштанд. Чорводории ширию гӯштӣ хеле ривоҷ ёфта буд.

Маданияти Голландия. Тараққиёти  иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсии республика барои инкишофи маданияти он таъсир намуд. Яке аз марказҳои аввалин ва бузургтарин илмию мадании республика донишгоҳи Лейден буд, ки ба он дар соли 1575 асос гузошта шуд. Дертар дар Утрехт, Хронинген ва баъзе шаҳрҳои дигари ин ҷо донишгоҳҳо кушода шуд. Лейден инчунин бузургтарин маркази китобчопкунӣ дар Аврупо мегардад. Забони миллӣ-голландӣ забони давлатӣ гардида, бо он якчанд асари бадеию илмӣ навишта мешавад. Дар  адабиёти ин давра жанрҳои гуногун ба пешравӣ ноил мегардад,  аз ҷумла дар жанри лирикӣ Хоофт(1587-1647) ва Гейгенс, дар жанри драматургия Иост Фондел(1587-1679) ва Бредеро(1580-1618) асарҳо офариданд. Дар ин асарҳо ғайрату кӯшиш ва ҳамчунин хасисию мумсикии буржуазия хуб тасвир ёфтааст. Дар Амстердам ҷамъияти драматургҳо ташкил шуда, пас аз он, театри миллӣ ба вуҷуд меояд, ки дар саҳнаҳои он песаҳои драматургҳои миллӣ гузошта мешуданд. Идеологияю амалҳои буржуазӣ хусусан дар асарҳои иқтисодию сиёсии Гуго Гротсий(1585-1645) ва Питер де ла Курт(1618-1685) хуб инъикос ёфтаанд. Г. Гротсий – яке аз машҳуртарин дипломат, ҳуқуқшинос ва муаррихи замонаш буд. Ӯ дар асарҳои худ «Дар бораи баҳри кушод» ва «Дар бораи ҳуқуқи ҷанг ва сулҳ» ғасби мустамликакунӣ ва тиҷоратии Голландияро қонунӣ асоснок намуда, аз тарафи давлатҳо риоя шудани шартномаҳои байниҳамдигариро талаб карда аст. Гуго Гротсий инчунин «Анналҳо дар бораи таърихи Белгия» ном китобе навиштааст, ки он яке аз беҳтарин сарчашма оид ба таърихи асрҳои XVI-ХVII-и Нидерланд мебошад.

Питер де ла Курт ҳам дар якчанд асарҳои иқтисодии худ фаъолияти озод дар саноат, савдо ва илмро тарафдорӣ кардааст.

Дар Голландия дар байни санъатҳои тасвирӣ хусусан санъати рассомӣ хеле тараққикарда буд. Дар асри XVII дар ин ҷо мактаби миллии рассомӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфт. Машҳуртарин намояндагони ин мактаб Франс Халс(1561-1661) –пайкарасози реалист, Соломон фон Рейсдал(1600-1669), Андриан фон Остаде – рассоми жанри тасвирӣ ва чанд нафари дигар буданд. Лекин қуллаи баланди санъати рассомии ин даврони Голландия Рембрандт ван Рейх(1606-1669) буд. Ӯ қариб дар ҳамаи жанрҳои санъати рассомӣ асар – расм офаридааст. Дар соҳаи техникаи рассомӣ Рембрандт таносуби равшанӣ ва торикиро ихтироъ карда, ӯ сермаҳсултарин рассоми ҳақиқатнигору гуманист буд. Расмҳои «Даная», «Бозгашти писари ноқобил», «Дозори шабона», «Қурбонии Иброҳим», «Оилаи муқаддас», «Манзараи Амстердам» ва дигар расмҳои бонафосату пурмазмуни Рембрандтро қариб дар тамоми музейҳои ҷаҳон дидан мумкин аст.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *