Фанни Таърих

Осиёи миёна дар ҳайати давлати ҳахоманишҳо

 Нақша:

  1. Куруши Кабир ва таъсиси давлати Њахоманишӣ.
  2. Ба шоҳаншоҳии Њахоманишиён ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёна.
  3. Корнамоиҳои чўпони сакоӣ Шерак ва исёни марғиёниён.

Асосгузори  давлати бузурги Њахоманишхо Куруши II сараввал хокими шахрчаи Аншан дар вилояти кухистони чанубу гарбии Эрон буд, ки ба хайати подшои Мидия дохил мешуд. Куруш аз ноухдабарории подшохи Мидиён Астрияга истифода карда, табаддулоти давлати гузаронид ва соли 550 пеш аз милод ба тахти шохи нишаст. У ба ашрофон, савдогарон ва судхурони форсу мидиён такя карда, дар як муддати кутох давлатхои Мидиён, Бобул, Лидиён ва гайраро забт намуд.

Мувофики  маълумотхои Херодот ва Ктесий Куруш аввал Гиркания, Парфия, баъд Бохтария ва Хоразму Сакоихо-массагетхоро забт намудааст. Аз ахбори онхо маълум мегардад, ки мардуми Бохтария, Парфия ва Хоразм бар зидди Хахоманишихо хеле далерона чангидаанд. Тахминан баъд аз Бохтар Маргиён ва Сугд ба хайати давлати Хахоманишихо зуран дохил карда шуданд.

  Азбаски халкхои барзгару бодиянишинони чорводори Осиёи Миёна ба хам алокаи зич доштанд, хучуми Куруш онхоро низ ба чунбиш даровард ва наметавонистанд, ки бетараф монанд. Кабилахои бодиянишини массагетхо ки дар байни дарёхои Ому ва Сир маскан доштанд, ба Хахоманишихо тахдид мекарданд. Куруш хост, ки бо рохи фиреб подшохи массагетхоро ба доми худ андозад. Аз ин чихат у ба назди подшохи массагетхо малика Томириси хостгор фиристода, ваъда дод, ки вай ба у хонадор мешавад. Томириси найранги уро пай бурда гуфт, ки ба Куруш на ман, балки мамлакати ман лозим аст. Бинобар ин талаби Курушро рад намуд. Куруш аз ин вокеъа ба газаб омада, ба мулки массагетхо лашкар кашид.

Томирис аз Куруш талаб кард, ки чангро давом надихад, вагарна у ташнаи хунро ба хун сер мекунад. Аммо Куруш ба ин рози нашуда, чангро идома дод ва дар набард худро маглубшуда хисобида, акиб нишаст.  Дастаи массагетхо онхоро таъкибкунон меронданд. Куруш дар як чои хушманзара зиёфат ороста тамоми наклу неъмат, шаробу майро хозир сохт. Дар хамин асно чангиёни малика Томириси бо сардории писараш Спаргапис лашкари Курушро таъкиб намуданд. Куруш ва лашкараш зиёфатро партофта, акиб нишастанд. Спаргапис хамроҳи лашкари хеш дар лагери Куруш ба хурдани зиёфат андармон шуд. Хамаи чангиёну худи у аз маю шароб мадхуш гаштанд. Куруш аз ин истифода бурда шаб ба лагери худ баргашт, Спаргапису чангиёнашро катл намуд. Аз ходиса малика Томириси вокиф гашта, кассам ёд кард, ки касоси писарашро нагирад, аз куштор даст намекашад. Мохи августи соли 530 дар байни у ва Куруш чанги сахте ба амал омад. Дар натича малика Томариси лашкари 200 хазораи Курушро торумор намуда, сари уро аз тан чудо кард, ба машки хун партофт. Санаи чангхои Курушу малика муаян бошад хам, аммо махалли он то имруз аник нест. Харчанд, ки лашкари эрониён шикаст хурда, Куруши Кабир кушта шуд, вале халкхои Осиёи Миёна аз зулму истибдоти шохони хахоманиши озод нашуданд. Баъд аз сари Куруш точу тахт ба дасти писари калониаш гузашт.

Вориси точу тахти Куруши Кабир Камбис /530-522/ хамаи исёнхо ва муборизахои дарбориро пахш карда, барои хокими мутлак шудан бародари худ Бардияро катл намуд. Пас аз мустакил гаштан Камбис ба васеъ намудани худуди давлати худ камар баст. Баъди яккахоким шуданаш Камбис барои амали гаштани орзуи падараш камар баст. Вай соли 526 ба истилои Миср ва дигар мулки араб баромад. Дар хамин муддат дар дохили давлати у ноитифоки ва кашшоки хукмрон гашт. Зеро галабаи кучманчиёни бодянишини Осиёи Миёна дар мубориза ба Њахоманишихо шўру исёни пай дар пай ба амал оварда, ба такдири минбаъдаи давлатдори таъсири манфи расонд. Мохи марти соли 522 то милод Гавматаи Муг ном ашрофи форс дар гайби Камбис худро Бардия эълон карда, сохиби тахту точи давлат гашт. Вай ба омма баъзе сабукихо дода, халкро ба тарафи худ кашид. Аммо он дер давом накард. Овозаи зинда шудани Бардия ба гуши Камбис расид. Вай тобистони соли 522 то милод хост ба ватан баргардад. Аммо дар рох кушта шуд.

Дар бораи вафоти Камбис фикру мулохизахои гуногун мавчуданд. Як гурух тадкикотчиён эътироф мекунанд, ки у бо ачали худ вафот кард. Гурухи дувум бошад, тарафдори он акидаанд, ки барои точу тахт шуда Камбисро наздиконаш куштанд.

Рўйхати адабиётҳо:

  1. Ѓафуров Б. Ѓ. Тоҷикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 саҳ 13-247.
  2. Раҳмонов Э. Ш. «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Саҳ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Раҳматуллоев А. З. Таърихи халқи тоҷик. Ќисми 1. Душанбе, соли 1975 саҳ 3-29.
  4. Њазратқулов М. Эътиқоду ананаҳои бостонии Аҷам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 саҳ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Раҳматуллоев А. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2006.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *