Фанни Таърих

Динҳои яҳудия ва ҳиндуия

ЯҲУДИЯ. Агар ба таърихи ташаккулёбии динҳои якахудоӣ назар афканем, аввалин кӯшиш ба сӯи якахудоӣ дар Мисри қадим ба миён омадааст. Вале Миср қадим гуфта на фақат Мисри кунунӣ, балки давлатҳои ҳамҷавори он Синай, Ҳабашистон, қисмҳои Ливия, Арабистони Саудӣ, Изроилро ҳам дар назар дошта мешавад.

Дини яҳудия низ яке аз аввалин динҳои тавҳиди миллию давлатӣ буда аз нуқтаи назари анъанаҳои диншиносии эронинаслҳо ба гуруҳи динҳои сомӣ дохил мешавад. Ватани аҷдодии яҳудиҳо шимоли нимҷазираи Арабистон буда, то давраи пайдо шудани динҳои қадима онҳо мардуми кӯчманичӣ будаанд. Дар ислом ин равандро (пайдоиши дини яҳудия) давраи рисолати Мусо(а) ҳам меноманд. Яъне шаклгирии дини яҳудия ба Мусо сахт вобастааст.

Асоси таълимоти динӣ ва дунявии яҳудияро боварӣ, эътиқод, парастиши пештара нею бештар эътироф ва шинохти ягонагии Худо ташкил медиҳад. Ин таълимот дар китоби муқаддаси яҳудиён-Библия дар қисми аввалаш, ки «Таврот» ном дорад ва дар китоби дигари динии яҳудӣ «Талмуд» зикр гардидааст. Яҳудия ҳамчун дин ва таълимот аз ибтидои ҳазораи II ба ташаккулёбӣ сар карда дар асри VI пеш аз мелод, ба охир расида, ҳамчун дини ҷомеаи ғуломдории Осиёи Наздик ташаккул ёфтааст.

Таврот ҳам китоби самовӣ дониста дуда номи аслиаш «Танах» буда, аз калимаи яҳудии Тор гирифта шуда маънояш қонунҳо мебошад. Аз ин сабаб дар шариати яҳудия ва ва илмҳои диншиносӣ инчунин бо номи «Қонунҳои Мусо» ҳам номбар мешавад. Вале дар ислом бештар бо номи Таврот ва дар яҳудияю насрония бо номи «Панҷ китоб»- и Мусо ҳам номида мешавад. Яъне аз Худои Яҳуд ба Мусо барои истифода ва ташвиқ нозил ва фиристодашудааст, дониста мешавад. Ин панҷ китоб номҳои «Ҳастӣ», «Хуруҷ», «Левит», «Аъдод» (Ададҳо) ва «Қонуни дуюм» (такрори қонун, усул, шариат)-ро дорад.

Дар китоби «Ҳастӣ» дар бораи мифологияи пайдоиши оламу одам омадааст. Адаму (Одам) Ева (Ҳаво), обхезӣ, патриархҳои(муаллимон) қадими яҳудиён ва ба таври муфасал дар бораи Юсуф ва асорати ӯ дар Миср омадааст. Дар китоби «Хуруҷ» дар бораи асорати яҳудиён дар Миср ва баромадани онҳо аз Миср бо роҳбарии мусо ва то 10 таълимоти ӯ сухан меравад. Дар китоби «Левит» (Усул) бошад, дар бораи қонуну қоидаҳо ва таълимоти динӣ, «Аъдод» ва «Қонуни дуюм» дар бораи таърихи яҳуд баъди аз банди Миср (фиръавнҳо) озод шудан ва то асри IV пеш аз мелодро дар бар дорад. Маҷмӯи қонуну қоидаҳо ва фарзҳои яҳудия дар таълимоти365 муҳарамот ва 248 фармоиш (амри маъруф) ҷойгиранд, ки иҷрои онҳо аз ҳар як аҳли ин дин талаб карда мешавад.

Дини яҳудия ба мисли динҳои пештара таърихи худро дорад, ки ба раванди таърихи яҳудия ҳамовоз аст. Яҳудиҳо ба гурӯҳи халқҳои сомӣ дохил буда, аз ибтидои пайдоишашон дар қисмати шимолии нимҷазираи Арабистон дар атрофи ҳудудҳои имрӯзаи Исроил, Фаластин умр ба сар мебурданд. Дар давраи ибтидоӣ ба мисли қабилаҳои ҳамсарҳади худ мардуми сараввал кучии чорводор ва баъдтар муқимнишини зироаткору ҳунарманд будаанд. Ватани худро кишвари орзу, бахт, муқаддас мехонданд ва дар раванди ташаккулёбии эътиқоду динпарастӣ ва бисёрхудоӣ рӯ оварда буданд. Вале нисбати дигар халқиятҳо пештар ба сохти синфӣ гузашта аз бисёрхудоӣ ба яктопарастӣ омаданд. Маҳз дар давраи ташаккулёбии давлатдории ғуломдории абарқудрати ҳамсояҳои худ-Миср Фиръавнию Бобули шоҳи дучор гардиданд. Ин раванд ба ташаккулёбии дини яҳудиён таъсири амиқи худро расонид.

Яҳудиён аз бисёрхудоӣ ба қабилавӣ ва аз қабилавӣ ба яктопарастӣ гузаштанд. Дар ин раванд худои қабилаҳо Яҳво ба худои умумияҳудӣ табдил ёфта, маркази ягонаи динӣ ибодатхонаи Иерусалим буд. Яке аз хусусиятҳои дини яҳудия ин пайдо шудани наҷотгаре, ки мессия- зуҳур ёфтааст, ки дар яҳудия бо номи мессияи Моисей ё зуҳури Маҳдии арабӣ аст. Яҳудиён сараввал зуҳури наҷотбахш-шоҳро бовар доштанд ва талқин мекарданд. Баъдтар ба расули афсонавии худи Худо рӯ оварданд, ки омада ҷаҳонро тағир дода, адолати умумиро барқарор менамояд. Дар китоби муқаддаси дин яҳудия «Таврот» дар бораи бораи Худо-Яҳво амадааст, ки Ӯ зану фарзанд дорад, яккаву танҳо нест.

Гарчанде, ки таъсироти дини яҳудия ба динҳои насрония ва ислом дида шавад ҳам, ин дин ба дини ҷаҳонӣ табдил наёф. Чунки ӯ ақидаеро пеш гузошт, ки гӯё Худо қавми яҳудро қавми беҳтарин, баргузида интихоб кардааст. Ин сабабгори он гардид, ки халқи яҳуд ба ба дигар халқҳо омезиш наёфтанд ва надигаронро ба худ қабул намуданд. Худо яҳудия худои қавмӣ- қабилавӣ монд ва ба дини ҷаҳонӣ табдил наёфт. Ҷои намозгузории яҳудиҳо синагогаҳо (канисаҳо) буд.

Дар замони ҳозира, аз ҷумлаи фирқа ва ҳизби сиёсии маъруфи яҳудия – сайхунизм (сионизм) вуҷуд дорад, ҳамчун ҷавоб ба таасуби зидди яҳудия ба вуҷуд омада, мақсадаш дар Фаластин таъсиси давлати яҳудия буд, ки соли 1948 ба мақсадаш расид. Ҳоло сионизм яке аз бузургтарин идеология ва сиёсати шованистии иртиҷоии буржуазяи яҳудии ҷаҳонӣ буда дар зиёда аз 70 давлати ҷаҳон ташкилотҳои худро дорад. Ин ташкилоти нажодпарастӣ (яҳудпарастӣ) буда ҳатто аз тарафи ТДМ маҳкум карда шуд. Мақсади ниҳоии ин ташкилот таъсиси «Исроили Бузург» аст.

Идҳои асосии дини яҳудия ин идҳои фатир (ҷашни солгарди таваллуди қавми Исроил), садер (ҷашни ҷоми қидушнушӣ), ҷашни ҳамсин (ҷашни нузули Таврот), рошхатана (ҷашни карнайҳо ё рӯзи даврӣ), йаму капур (оғози рӯз), кушей ё шалошей (иди оғози ҷамъоварии ҳосил), ки ҳар сол дар рӯзҳои муайяне ҷашн гирифта мешаванд. Ба ғайр аз ин боз ҷашнҳое мебошанд, ки даврагӣ мебошанд. Масъалан, ҳар соли ҳафтум соли шанбеи иди хатуна ва ҳар понздаҳ соле, ки баъди аз соли шанбе меояд-моҳи нав-иди пурил меномаанд.

Дини ҲИНДУИЯ.

Ҳиндустонро аз сабаби зиёд будани динҳои миллиаш мамлакати шоҳигарии империяи динҳо мегӯянд, ки ин яке аз хусусиятҳои динии ин минтақа мебошад. Аз тарафи дигар, ҳамаи динҳои Ҳиндустон такя ба дарки ботинии шахс дар дарёфти роҳи ҳақиқат ва расидан ба орзу- наҷот ёфтан аз табдилёбӣ ва расидан ба осоиши абадӣ- нирвана, вале бо роҳи индивидуалӣ-шахсӣ аст. Ин ақида фалсафа, роҳ, дарк, фаҳмиш асоси таълимоти дин динҳои миллии Ҳиндустон яъне ҳиндуия ва ҷайния гардаанд.

Таълимоти брахмания, ки яке аз таълимоти ҷамъияти Ҳиндусон мебошад, дар давраи гузариш ба сохти синфӣ ба миён омада буд. Ин таълимот дар асрҳоиVII-III то мелодӣ ба кризис дучор гардида рӯ ба демократикунонӣ нигаронид. Яъне дар дохили он таълимоти буддистӣ ва ҷойинӣ сар зада буд. Ҳиндуияи мулсир натиҷаи ҳамин ҳамин раванди демократисозиибрахмания буд. Брахмания таҳаввули номӣ карда ба Ҳиндуҳия табдил ёфт. Вале асоси он – сохтори таълимоти он боқӣ монда фақат маросимҳои динӣ сабуктару осонтар ва равонтар гардида дар чор мақсади зиндагӣ кама, артҳа, дҳарма ва мошка ғунҷонида шудааст, ки оқибаташ наҷот аст.

КАМА-яъне ҷустуҷуи инсон барои ноил гардидан ба комронӣ ва хостҳои нафсонӣ. Мувофиқи ин ақида ҳамагуна хоҳтшҳои нафсонӣ лаззатҳои нафсонию ҷисмонӣ, ишқбозӣ, зебопарастӣ, дар доираи вайрон накардани расму одобҳои иҷтимоӣ иҷозат аст. Ҳиндуия барои Кама ба ҷониби илоҳӣ қоил аст ва барои ҳаводории майлу лаззатҳои ҷисмониву нафсонӣ қонуну қоидаҳоеро муайян кардааст, ки ба воситаи шеъру суруд, рақс ва навиштаҷот зоҳир мегардад.

АРТҲА-ҷустуҷуи мақоми қудрати модӣ-ҷамъ овардани молу сарват, расидан ба фаровонӣ ва сарватмандӣ. Ба воситаи ин сарват расидан ба мақомҳои баланди ҳамъиятӣ ҳамчун ҳадафуои маҷозӣ дониста мешавад. Усул ва принсипҳои ба ин мақсад расидан дар осори «Артҳасутра», «Калила ва Димна» вуҷуд доран, ки аз ривоятҳою ҳикояҳои шӯхиомезу ҷиддии беҳрамию сахтдилӣ, чолокию зиракӣ иборатанд. Вале инҳо воситаи асосии ба мақсад расидан набуда, балки ҳамчун раҳнамо ва дастур ба мақсадгузоштагон омадаанд.

ДҲАРМА-ин шариати динӣ ва ахлоқ аст. Солик бояд як зумра қонуну қоидаҳо ва вазифаҳои шариати худро нисбат ба хонавода, табақа ва ҷомеа иҷро кунанд. Дар натиҷа солик аз ҳаваси нафсонӣ раҳо ёфта, солики хайру шарру толиби нафъи умум мегардад ва барояш имконияти ҷустуҷӯи ҳадафи волотвр, мокшаро муҳаё месозад.

МОШКА- ҳолати халосӣ ва наҷоти рӯҳ аст. Акнун рӯҳ аз пастӣ наҷот ёфта фақат ба Браҳма мепайвандад ва ба кастаи браҳма ворид мегардад.

Илоҳиёти Ҳиндуия бисёр мураккаб ва сертаркиба аст, ки ҳатто худи ҳиндуҳо ба он хуб сарфаҳм намераванд. Чунки Худоёнашон бисёр ҳастанд ва ҳатто то андозае бехудоист. Вале як қонуни беҳвиятии осмониро, ки Рита ном дорад эътироф мекунанд.Рита низоми кайҳониро (ивазшавии шабу рӯзро, фаслҳои сол ва уақиқати воқеию иҷтимоиро) идора мекунад.

Дар ҳиндуҳия мақоми рӯҳониё-браҳманон бисёр баланд аст. Браҳманро дар қатори офаридгори худ-Браҳмо мегузоранд. Таввалуди писар дар оилаи браҳман таҷассуми қонуни илоҳӣ дар пайкараи илоҳӣ дониста мешавад. Баъди браҳманон мансабҳои динии садукҳо ва ёгҳо меистанд.

Ҳиндуия ҷойҳои зиёратгоҳ ба мисли Ҳардвар ҷои бархурии Гангаю ҷамна доранд. Оббозӣ дар оби Ганга ва нушидан аз он ҳамчун мазҳари таҳорат ё покӣ аз гуноҳҳо дониста мешавад. Ҳидувон говро низ муқаддас мешумориданд. Онҳо бар он ақидаанд, ки тамоми узвҳои бадани гов нишеман ва манзили яке аз худоён мебошанд ва агар касе говро кушад вайро аз иттифоқи худ хориҷ мекунанд, яъне кофир эълон мекунанд.

Ҳиндуияи муосир мазҳабест, ки бисёр омехта ва печида мебошад ва аз афкору коидаҳои динии мазҳабҳои гуногун таркиб ёфта, асосан се шохаи маълуми он Браҳма, Ориё Рам-Кришна хеле машҳур ва густаришёфтааст.

Браҳма-самаҷ. Асосгузори ин шоха Рам Маҳан Рай буда, баъди омӯзишу таҳлили зардуштия, буддоия, насрония ва ислом ба хулосае омад, ки ҳама динҳои ҷаҳон аз як ақлу поя сарчашма мегиранд. Ин асли умумӣ-ин имон овардан эътироф кардан, қоил будан ба вуҷуди Худоён, ки яктоист. Пайдоиши ин фирқаро соли 1827 дар назар гирифтаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *