Фанни Таърих

ХОҚОНИИ ТУРК

ТАЪСИСИ ХОҚОНИИ ТУРК.

Ҳокими туркон Бумон аввал Теленом қабиларо мутеъ сохта. кувват гирифт. Баъд дастаи хуб мусаллаҳшуда ташкил намуда,бар зиддииттиходи қабилаҳои Жожҳо, ки муғулзабон буда,бар қабилаҳои туркии онҷо фармонфармо буданд, лашкар кашида, баъди чанде онҳоро мағлуб кард. Дар ин ҷо дигар қабилае набуд,ки бар зидди Бумон муқовимат нишон дода тавонад.

Ҳамин тариқ,соли551 Бумон дар Муғулистону Олтой давлати пурқувватеро ташкил намуд, ки он Хоқонии Турк номида шуд.

ЗАБТКОРИҲОИ ХОҚОНИИ ТУРК.

Аз соли таъсисёбии худ сар карда Хоконии Турк ба забти кишварҳои ҳамсоя ва давлатҳои дуртар шурӯъ намуд.

Бумон баҷангҳоидуру дарозиистилогарона даст зад. Ба лашкаре, ки ба ҷониби Ғарб раҳсипор гардид,бародараш Истам сарварӣмекард. Дар рафтилашкаркашӣтуркҳо то ба соҳилҳои баҳри Арал рафта расиданд. Бародарон дар роҳи ин лашкаркашӣСуғдроҳам ишғол намуда,баъд самтиҳаракати як қисми лашкари худро ба тарафиҷануб гардонданд. Дасгоҳои пурзӯри лашкарӣтуркҳо дар ин самт ба сарҳади давлатиСосониён рафта расиданд. Шоҳи Сосониён Хусрави I Анӯшервон ба ташвиш афтод. Як қисми лашкари туркҳо забткории худро дар самтиғарб идома дод. Туркҳо дар ин ҷо ба муқобилиятиҷиддие дучор нашуда, бо тезӣпеш рафта, то соҳили баҳриСиёҳва халиҷи Босфор расиданд. Чнн ҳам тобеъиХоқонии Турк шуд.

Баъди ин лашкаркашиҳо Хоқонии Турк ба империяи бузурги қабилаҳои кӯчманчии туркӣ мубаддал гардид.Он дар Шарқаз Корея сар шуда,дар Ғарб дар соҳили баҳри Сиёҳ ба охир мерасид. Аз бузургӣва нктидори ин давлат се давлати пурзӯри он замон — Сосониён, Византия ва Ҳайтолиён метарсиданд.

МУБОРИЗАИ ТУРКҲО БАР ЗИДДИ ДАВЛАТИ ҲАЙТОЛИЁН.

Дар нимаи дуюми асри VI ҳайтолиҳо дар байни ду давлати пурзӯр монда буданд — Хоқонии Турк ва давлати Сосониён. Туркҳо дар Осиёи Марказӣба Ҳайтолиён солҳои 60-уми асри VI дучор омаданд. Ин вақт Ҳайтолиён аз иқтидориХоқоннн Турк бехабар буданд. Аз ин рӯ, намедонистанд, кибо чӣ гуна душман рӯ ба рӯ шудаанд. Шоҳи Ҳайтолиён якумин шуда ба ҳуҷум гузашта, хост, китуркҳоро аз хокидавлаташ ронад. Ин лаҳза Қотулф ном вазири ӯ ба шоҳ муроҷиат карда гуфт, ки мо танҳо дар ватани худамон пурзӯр ҳастем. Ин давлати пурқуввати таҷовузкорро дар ватанаш торумор карда наметавонем.

Сосониён, ки борҳо ба давлати Ҳайтолиён лашкар кашида, шикаст хӯрда буданд,бар зидди Ҳайтолиён бо туркҳо иттифоқ бастанд.

Сарулибоси туркҳо — Асрҳои Х-ХI.

Дар бораи ин воқеа ба сарчашмае, ки дар китоби «Точикон…»-и Б. Ғафуров омадааст, таваҷҷӯҳ кунед: «Хусрави Анӯшервон бо туркҳо гуфтушунид мекунаду мақсад аз он таъсиси иттифоқе буд, ки бояд Ҳайтолиёнро барҳам медод. Ҳамаи нн вокеаҳоро Фирдавсӣхеле муфассал бақалам додааст:

Зи БалхузиШукнону Омую Зам,

Силеҳу сипаҳ хосту ганҷу дирам.

Зи Хатлону аз Тирмизу Висагирд,

Зи ҳар сӯ сипаҳ андаровард гирд.

Дар нн мобайн Ғотифар лашкар ҷамъ кард. Аз Балх, Шуғнон, Хатлон, Вашгирд ё Висагирд (ноҳия дар Точикистон, ки имрӯз Файзобод ном дорад. -Шарҳи Т. Зиёев),Тирмиз, Омул, Зам лашкари бисёр омада, дар атрофи Бухоро ҷой гирифт. Муҳорибаи асосӣ дар қарибии Бухоро шуд.

Бухоро пур аз гурзу кӯпод буд,

Ки лашкаргаҳи шоҳи Ҳийтол буд,

Бишуд Ғотифар бо силоҳе чу кӯҳ,

Зи Ҳайтол гирд оваридӣ гурӯҳ,

Ба ҷанг андаромад зи ҳар сӯ сипоҳ,

Зи тангӣ бибастанд бар бод роҳ.

Ҳикояти Табарӣ ҳам дар ин бора аниқу мухтасар… аст: «Тавонотарину муқтадиртарини туркҳо Санҷибу буд, ки аз лашкари бешумори шохи ҳайтолиён… нахаросида, ба ҷанг даромад… ва лашкари ӯро нобуд сохт, сарвату мулки ӯро ғасб кард, ба ҷуз он ҷойҳое, ки пештар Хусрави I тасарруф карда буд».

Инак, ҳар ду тараф мекӯшид, ки аввалин шуда ба ҳайтолиён зарба занад ва амалан ҳайтолиён бар зидди ду душмани муқтадир танҳо меҷангиданд.

Иттифоқи байнн ХоқонииТурк ва Сосониён дуру дароз давом накард. Сабабаш чунин буд: «Байни иттифоқчиён низоъ афтоду азҳамҷудо шуданд ваҳар яке мехост, ки аз шароити мавҷуда, аз афтикор, ҳаддалимкон истифода барад…» Низоъионғо дар масъалаи андоз буд. Сосониён ба Ҳайтолиён боҷмедоданд. Бинобар хамин сабаб туркҳо талаб карданд, ки Сосониёнҳамон боҷеро, ки баҲайтолиён медиҳанд, ба онҳо диҳанд. Ин низоъ ба нафъи Ҳайтолиён буд. Қисматиҷанубии Осиёи Марказӣдар ихтиёри Сосониён ва қисмати шимолиион дар дасти Хоқонин Турк монд. Вале Ҳайтолиён,ки дар зери зарбаҳои лашкариХоконни Турк таназзул карда буданд, бар зидди лашкаритуркҳо муқобилияти сахт нишон дода натавонистанд. Туркҳо якқисмиқаламрави давлати Ҳайтолиёнро ишғол карданд. Аз самтиҒарб Хусрави Анӯшервон ҳамлаи лашкарихудро бар зидди давлатиҲайтолиён ривоч дод. Ӯ аз дарёи Аму гузашта, ба Хатлон дохил шуд. Дар ин муҳориба шоҳиҲайтолиён Шаҳнавоз кушта шуд. Ҳамин тариқ,Хусрави Анӯшервон Хатлонро ба давлати худ ҳамроҳ кард.

НИЗОЪИ НАВИ ТУРКҲОБО СОСОНИЁН.

Иннизоъ дар масъалаисавдои абрешим ба миён омад. Эрон дар байни шарқуғарб дар савдои ин маҳсулотиқиматбаҳои бофандагӣ миёнарав буд ва аз савдои он даромади калон ба даст медаровард. Византия мехост, ки ин маҳсулотро бевосита аз истеҳсолкунандагони пилла харидорӣкунад. Туркҳо ҳам мехостанд, ки абрешим ва маҳсулоти

дигари истеҳсоли Суғдро ба Ғарб бо роҳи абрешим, ки аз хоки давлати Сосониёи мегузашт, бурда фурӯшанд.Дар сурати амалӣшуданн ин мақсади туркҳо Сосониён мақоми миёнаравии худро аз даст медоданд. Дар вазъияти баамаломада манфиатхоиВизантия ва ХоқонииТурк ба ҳам наздик шуданд. Дар ин замина онҳо метавоннстанд бар зидди Сосониёниттифоқи тиҷоратиюҳарбӣ банданд.

САФОРАТҲОИ МОИИЯҲБА ЭРОНУ ВИЗАНТИЯ.

Хоқонии Турк дар ҳалли низоъи тиҷоратӣ бо давлати Сосониён аз тоҷирони Суғд истифода мебурд. Суғдиён бо сардории Монияҳ,ки хоқими Суғд буд,ҳайати сафирони тоҷирро ба Эрон фиристонданд. Азбаски Монияҳва ҳайатисафорати ӯ дар амал намояндагони туркҳо буданд. Анӯшервон дархостҳои онҳороқабул накард. Ӯ баҳона кард, ки мардуми Эрон баин ҷо омаданинамояндагони Хоқонии Туркро намепазиранд. Ин буд, ки кулли пешниҳодоти сафиронисуғдиро рад кард. Ба чунинқарори Анӯшервон вазири шоҳи Ҳайтолиён Катулф. ки аз туркҳо гурехта, дар Эрон паноҳ бурда буд, таъсир расонд. Бо пешниҳоди ӯ шоҳи Эрон тамоми абрешими суғдиёнро харида, дар назди соҳибонаш оташ зад. Баъди ин Хоқонии Турк ба Эрон ҳайати нави сафоратро равон кард. ки он танҳо аз туркҳо иборат буд. Анӯшервон ин дафъа аз ҳайати сафорати мазкур танҳо якчанд нафарро зинда монда, дигаронашроқатл кард. Ин амал муносибатҳои байни Сосониён ва Хоқонии Туркро тезу тунд кард.

Ба танҳоиба давлати Сосониён зӯри Хоқонин Турк намерасид. Аз ин рӯ, туркҳо як роҳдоштанд — бастани иттифоқ бо Византияиттифоқе,ки бар зидди Эрони Сосонӣнигаронида мешуд. Ба ҳайатисафорат,ки соли 568 ба Византия рафт, бозҳамон Монияҳ роҳбарӣмекард. Ӯ бо худ номаи шохи туркҳо ва инъомҳоиқиматбаҳо гирифта, бо корвони тиҷоратӣба роҳ баромад. Баъди чанд моҳ сиҳату саломатба Византия омада расид ва мактубу тӯҳфаҳоро ба императори он супорид. Монияҳ бо императори Византия аз номи Хоқонин Турк созишномаи тиҷоратию ҳарбии зиддиЭрони Сосонироимзо кард. Акнунтиҷорати Хоқонии Турк ба Ғарб ва ШарқиНаздик тавассутиҳудуди Византия сурат мегирифт.

ТАҶОВУЗИТУРКҲО БА ЭРОН.

Соли 579 Хусрави I Анӯшервон вафот кард. Туркҳо хостанд,ки аз ҳамин вазъиятимусоид истифода бурда,ҳам давлати Ҳайтолиён,ки дарТаҳористон вуҷуд дошт ва ҳам давлати Сосоннёнроишғол кунанд.

Ба туркҳо муяссар гардид, ки қаламрави ҳайтолиҳои соҳили ҷануби Таҳористонро ба давлати худ тобеъ кунанд.БаҲайтолиёни шимоли Таҳористон муяссар шуд, ки мустақилияти давлати худро нигоҳ доранд.

Соли 588 туркҳо лашкари худро бо сардории Совашоҳ бар зидди Сосониён равон карданд. Туркҳо аз дарёи Аму гузашта,Таҳористонро ба даст дароварда,баъд ба сӯиҲирот раҳсипор шуданд. Ғайричашмдошти туркҳо лашкари эрониҳо дар зерисарварии Баҳроми Чӯбина ном лашкаркаши машҳур бар зидди лашкари Хоқонин Турк баромад. Дар ин ҷо Совашоҳба лашкари Баҳроми Чӯбина рӯ ба рӯ шуд. Баҳроми Чӯбина ба кароргоҳи лашкаркаши туркҳоҳамла кард. Туркҳо шикаст хӯрданд ва шоҳи онхо Совашоҳ ба асп савор шуда,ба Баҳроми Чӯбинаҳамла кард. Вале аз тири Баҳроми Чӯбина ҳалок шуд. Лашкаритуркҳоин ҳолро дида, рӯ ба гурез ниҳод. Баъди мӯҳлате туркҳо аз нав лашкар ҷамъ карда, ба давлатиСосониён ҳамла оварданд. Писари Совашоҳ, ки Пармуда ё Елтегин ном дошт, аз дасти эрониҳо бори дуюм шикаст хӯрд. Баъди ин тарафҳои низоъ дар соҳили дарёи Аму ба созишномаи сулҳимзо гузоштанд.

ДУ ТАҚСИМ ШУДАНИ ХОҚОНИИ ТУРК.

Дар натичаи ҷангҳои тӯлонӣ Хоқонни Турк таназзул кард. Дар мамлакат харакати чудоихоҳй пурзӯр шуд. Вазънят чунон тезу тунд буд, ки ба ду давлат тақсим шудани Хоконии Турк ногузир гардид. Ҳамин тарик, солхои 600-603 ин давлат ба Хоқонии Шарқии Турк ва Хоконии Ғарбии Турк таксим шуд. Осиёи Марказӣ дар

Сару либоси сарбозони сугдии асрҳои VI- VIII

ҳайати Хоқонии Ғарбии Турк буд. Хоқонии Шарқии Турк мавҷудияти худро оҳиста-оҳиста аз даст дод. Соли 691 Хоқонии Шарқии Турки дуюм таъсис ёфт. Қаламрави ин давлат асосан Чин ва гирду атрофи онро дар бар мегирифт. Вале он ҳамагӣ 25 сол вуҷуд дошт.

Хоқонии Ғарбии Турк дар зери зарбаи лашкари арабҳо соли 744 аз байн рафт.

ЛУҒАТ

Андоз-ӯҳдадории молӣ ва ё пулие, ки аз аҳолӣ барои истифодаи замин, об, роҳҳо ё соҳиб будан ба ягон хел дороӣ ва ғайра ба давлат пардохта мешааад.

Боҷ-андозест, ки тоҷир ё шахси дигар ба давлат то фурӯш ва ё баъди фурӯши мол мепардозад.

Сафорат- ҳайати намояндагони давлате, ки ба давлати дигар равон карда шуда, мақсадҳои муайян дорад: бастани созишномаҳо, аҳдномаҳо, иттифоқномаҳо ва ғайра.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *