лексия

  • Таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявӣ

    Таснифоти таҳдидҳои бехатарии иқтисодӣ дар бахши молиявию бонкӣ Таҳдидҳои умумии бехатарӣ дар бахши молиявию бонкӣ: Номӯътадилии сиёсӣ Ноустувории низоми молиявӣ Сатҳи баланди таваррум – беқурбшавии пул, паст фуромадани қобилияти харидории он дар натиҷаи баландравии нархҳо Номувозинии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ (ММД, ҳаҷми истеҳсолот, даромадҳо ва ғ) Инкишофи сусти инфраструктураи бозори молиявӣ Афзоиши…

    Муфассалтар »
  • Моделҳои хоҷагидорие, ки дар ҷаҳон вобаста ба муносибатҳои молиявӣ вуҷуд доранд

    Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки моделҳои гуногуни хоҷагидорӣ вуҷуд доранд, ҳар яки онҳо аз рӯйи андозаи дахолати давлат ба корҳои иқтисодӣ, иштирок дар тақсимоту аз навтақсимкунии маблағҳои буҷетӣ фарқ мекунанд. Масалан: — Модели саксонӣ, ки дар ИМА, Канада, Бритонияи Кабир густариш ёфтааст, ба соҳибкорӣ озодии васеъ муҳайё месозад; Модели аврупои…

    Муфассалтар »
  • Бехатарии молиявӣ ва зарурати сиёсати«Эҳёи молиявӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Иқтисодиёт ба таҳияи стратегияи амнияти молиявии мамлакат ниёз дорад. Таъмини бехатарии молиявӣ аз бартараф сохтани камбудиҳои ҷиддие, ки дар бахши молиявии иқтисодиёти кишвар ҷой доранд, бояд ибтидо гирад. Аз ҷумлаи чунин камбудӣ ва норасогиҳое, ки ба чашм мерасанд: Дар иқтисодиёт ҷой доштани вазъияти пардохтнашавӣ, махсусан дар соҳаи кишоварзӣ, энергетика (пардохти…

    Муфассалтар »
  • Таъмини бехатарӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар бозори моликияти зеҳнӣ

    Дар шароити густаришёбии бозори сармояи зеҳнӣ ҳифзи бехатарӣ ва манфиатҳои миллӣ бениҳоят зарур буда, дар чунин самтҳо ифода меёбад: — истифодаи оқилонаи иқтидорҳои зеҳние, ки дар дохили мамлакат вуҷуд доранд; — истифода аз имкониятҳое, ки мубодилаи дастовардҳои илмию техникӣ аз хориҷи кишвар баргузор мешаванд; — васеъ арзёбӣ намудани манфиатҳои мамлакат…

    Муфассалтар »
  • Арзёбӣ намудани қимати (нархгузории) моликияти зеҳнӣ

    Бозори моликияти зеҳнӣ нархгузории ин гуна моликиятро тақозо мекунад, ки он аз ҳадафҳои зерин бармеояд: Пайдо шудани амалияи хариду фурӯши объектҳои моликияти зеҳнӣ. Ба сармояи оинномавӣ ба тариқи саҳмгузорӣ дохил намудани моликияти зеҳнӣ. Муайян намудани натиҷаҳои арзишии бизнес. Хусусигардонӣ, саҳомигардонӣ, якҷоякунӣ, ҷудокунӣ, табаддулот ё барҳамдиҳии корхонаҳо. Нархгузории дороиҳои ғайримоддии корхона…

    Муфассалтар »
  • Ташаккулёбии моликияти зеҳнӣ ва усулҳои ҳифзи он

    Сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шудааст, ки ба қадри имкон иқтидори зеҳнии мавҷуда самаранок истифода шавад. Гуфтан лозим аст, ки дар ҷумҳурӣ то соли 1992 ҳамаи намудҳои моликияти зеҳнӣ ҳамчун моликияти давлатӣ қарор дошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешуданд. Ихтироот бо шаҳодатномаи муаллифӣ ҳифз гардида, ба муаллифон имкон…

    Муфассалтар »
  • Иқтидори зеҳнӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Иқтидори зеҳнӣ (интеллектуали)-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати кормандон ва муассисаҳою ташкилотҳои илмию тадқиқотӣ ва мактабҳои олӣ муайян мекунанд. Солҳои охир мунтазам афзудани шумораи кормандони соҳиби унвонҳои илмӣ ба назар мерасад. Ҷадвали 12.1 Хароҷоти буҷети давлатӣ барои илм, ҳиссаи он дар маҷмӯимаҳсулоти дохилӣ ва қисми хароҷоти буҷет дарҶумҳурии Тоҷикистон 1999 2000…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти моликияти зеҳнӣ ва таснифоти он

    Мафҳуми моликият дар назарияи иқтисод чун муносибати ҷамъиятие дониста мешавад, ки маънои азхудкунӣ ва тақсимоти неъматҳои моддиро мефаҳмонад. Моликият маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие мебошад, ки неъматҳои моддиро ба субъекти муайян вобаста намуда ҳифз менамояд. Ҳуқуқи моликият дар навбати худ се намуд ҳуқуқро дар бар мегирад: ҳуқуқи соҳибгаштан, яъне амволи мазкурро пурра…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи маҳсули эҷодӣ дар ҷаҳони муосир

    «Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад. Э.Раҳмонов Маҳсули эҷодӣ дар ҷомеаи ҷаҳон торафт қадр пайдо карда, чун манбаи дастовардҳо…

    Муфассалтар »
  • Сиёсати давлатии таъмини амнияти иттилоотӣ

    Сиёсати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ: — пешгӯикунии таҳдиди амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳияи чораҳои таъмини амният; — ташкили фаъолияти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи чораҳо вобаста ба пешгирӣ ва бетаъсир кардани таҳдидҳое, ки ба амнияти иттилоотии мамлакат равона карда шудаанд; — хабардоркунии объективии…

    Муфассалтар »
  • Усулҳои таъмини бехатарии иттилоотӣ

    Таъмини бехатарии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба усулҳои ҳуқуқӣ, ташкилии техникӣ ва иқтисодӣ асос меёбад (нақшаи 11.2). Ба усулҳои ҳуқуқӣ таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки муносибатҳоро дар соҳаи иттилоотӣ ба тартиб медароранд ва ҳуҷатҳои методӣ мансубанд. Самтҳои аз ҳама муҳимтарини фаъолият инҳоянд: — такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки муносибатҳоро дар соҳаи…

    Муфассалтар »
  • Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иттилоот

    Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи иттилоот ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо кардан мумкин аст. Якум, риояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд дар соҳаи гирифтани иттилоот ва истифодаи он, таъмини тозагии маънавии ҷумҳурӣ, нигоҳ доштан ва мустаҳкам намудани арзишҳои ахлоқии ҷамъият, анъанаҳои ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ, иқтидори маданӣ ва илмии…

    Муфассалтар »
  • Аҳамияти ҷаҳонии иттилоот ва шарҳи мафҳумҳо

    Инқилоби илмию техникӣ иттилоотро ба захираи ҷамъиятӣ, манбаи ташаккулёбии боигарии ҷомеа табдил дода истодааст. Аз рӯйи ақидаи мутахассисон агар дар аввали асри ХХ «ҳаҷми дониш» дар ҳар 50 сол дучанд афзояд, дар шароити имрӯза ин ҷараён дар як сол сурат мегирад ва аз рӯйи пешгӯиҳои мавҷуда дар ояндаи наздик ҳаҷми…

    Муфассалтар »
  • Нишондиҳандаҳои истеҳсолии нерӯгоҳҳои барқии обии амалкунанда ва бунёдшаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

    Дар таъмини бехатарии энергетикии ҷумҳурӣ нақши бузургтарин нерӯгоҳи барқии Тоҷикистон — НБО-и Норак, ки дар дарёи Вахш сохта шудааст, бениҳоят калон аст. Иқтидори ин барқгоҳ 3000 мВт буда, соле 11,2 млрд. кВт-соат нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Аз 17,0 млрд кВт-соат барқе, ки соли 2005 дар ҷумҳурӣ истеҳсол шудааст, ҳиссаи барқгоҳи…

    Муфассалтар »
  • Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобати энергетики Ҷумҳурии Тоҷикистон

    «…Тоҷикистон дорои захираҳои азими энергияи об аст ва қодир хоҳад буд нерӯи барқи арзон ва аз нигоҳи иқтисодӣ даромадзо ва аз нигоҳи экологӣ поку бехавфро содир кунад. Аз ин лиҳоз мо ояндаи иқтисодии кишвари худро дар рушди соҳаи энегетика мебинем». Э.Ш. Раҳмонов Имкониятҳои таъмини бехатарӣ ва рақобатпазирии энергетикии Тоҷикистон ба…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию сӯзишворӣ

    Самтҳои асосии таъмини бехатарии энергетикию сӯзишворӣ дар Тоҷикистон инҳоянд: тезонидани сохтмон ва ба истифода додани нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтӯда-1 ва Сангтӯда-2, ба кор даровардани нерӯгоҳи барқии Роғун; вусъати сохтмони нерӯгоҳҳои хурд, ташкили истеҳсоли маҷмӯи таҷҳизоту олоти энергетикӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ; азхудкунии конҳои нафту газ, суръатафзоиши ҳаҷми истихроҷи газ ва нафт…

    Муфассалтар »
  • Мавқеи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ дар таъмини бехатарии иқтисодӣ

    «Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад» Э.Ш. Раҳмонов Таъмини иқтисодиёт ва аҳолӣ бо захираҳои сӯзишворию энергетикӣ яке аз масъалаҳои ниҳоят душвору мураккаби бехатарии иқтисодӣ мебошад. Тоҷикистон аз ҷиҳати таъминот бо гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ имкониятҳои калон надошта бошад ҳам, вале дорои захираҳои азими нерӯи об…

    Муфассалтар »
  • Унсурҳои бехатарии озуқаворӣ ва шарҳи мафҳумҳо

    «Минтақаи мо дорои захираҳои азим буда, метавонад аз ҷиҳати энергетикӣ, сӯзишворӣ, озуқаворӣ амалан худкифо гардад» Э.Ш. Раҳмонов Дар Тоҷикистон таъмини бехатарии озуқавории аҳолӣ масъалаи бениҳоят рӯзмарра мебошад. Бинобар ин дар сиёсати давлатии кишвар муаммои таъмини бехатарӣ чун яке аз самтҳои бартаридошта арзёбӣ гаштааст. Бехатарии озуқаворӣ муаммои бисёрҷабҳа буда, аз чунин…

    Муфассалтар »
  • Нишондиҳандаҳои омории озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Тавозуни озуқаворӣ

    Аз иттилооти дар Буллетени бехатарии озуқа ва камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ овардашуда маълум мешавад, ки ба бехатарии озуқаворӣ ҳосилнокии пасти зироаткорӣ ва маҳсулнокии чорво таҳдид мекунад. Дар солҳои 1990-1997 ҳаҷми истеҳсоли кишоварзӣ дар мамлакат 2 баробар кам гашта буд. Ба беҳбудие, ки дар солҳои минбаъда доир гардид, нигоҳ накарда ҳаҷми истеҳсоли…

    Муфассалтар »
  • Маводи озуқа дар сохтори савдои хориҷии кишвар

    Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат аз сатҳи истеҳсоли ватании намудҳои асосии озуқа вобаста аст. Маълумотҳое, ки дар адабиёт оварда мешаванд, нишон медиҳанд, маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда талаботи аҳолиро пурра қонеъ накарда, зарурати аз хориҷ ворид намудани онро дар миқдори зиёд ба миён меорад (ҷадвали 9.2.). ________ 1) Мавриди таҳияи тавозун миқдори…

    Муфассалтар »
  • Натиҷаи тадқиқоти хонавода дар ҷумҳурӣ дар масоили таъмини озуқаворӣ

    Натиҷаи тадқиқоти хонаводаҳо дар ин ҷода нишон медиҳад, ки хонаводаҳо аз 70 фоиз камтар буҷети худро барои озуқаворӣ сарф кардаанд, ҳиссаи онҳо нисбат ба нӯҳ моҳи соли 2004-ум 1,2 фоиз, аз он ҷумла ҳиссаи хароҷоти аҳолии шаҳрҳо 1,4 фоиз, хароҷоти аҳолии деҳот 0,6 фоиз кам шудааст. Дар айни замон нафақахӯрон…

    Муфассалтар »
  • Имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли проблемаи озуқаворӣ дар давраи татбиқи барномаҳои дарозмуддат

    Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҳалли проблемаҳои озуқаворӣ дар дохили мамлакат васеъ мебошанд. Масалан соҳаи кишоварзӣ ҳанӯз аз захираҳои дохилии худ дар бахши ҳалли самараноки масъалаҳои озуқаворӣ пурра истифода намебарад. Ҳосилнокии маҳсулоти ғаллагӣ ва дигар маҳсулоти озуқаворӣ, инчунин маҳсулнокии чорво хеле паст боқӣ мемонад. Таъмини бехатарии озуқавории кишвар бо доир намудани тадбирҳои…

    Муфассалтар »
  • Таъмини бехатарии оби нӯшокӣ чун унсури бехатарии озуқаворӣ ва экологӣ

    «Яке аз сарватҳои муҳимтарини сайёра, ки натанҳо заминаи тавозуни экологӣ, балки заминаи муҳимтарини зиндагии шоистаи иқтисодӣ мебошад, захираҳои об ба шумор мераванд» Э.Ш. Раҳмонов Бехатарии озуқаворӣ дар мамлакат бо бехатарии оби нӯшокӣ зич пайваста аст, зеро об на танҳо унсури асосии маводи хӯрока, балки манбаи ҳаёт, сарчашмаи зиндагӣ дар ҳамаи…

    Муфассалтар »
  • Моҳияти бехатарии иҷтимоӣ, арзёбии таҳдидҳои бахши иҷтимоӣ

    «Ягон ҷомеа шукуфо ва хушбахт буда наметавонад, то замоне, ки аксари аҳолии он бенавою қашшоқ бошанд». Адам Смит. Устувории иҷтимоӣ яке аз нишондиҳандаҳои арзёбишавандаи бехатарии иқтисодии мамлакат буда, қудрати давлат ва сохторҳои ҳукмрони онро дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ, бунёди механизми бонуфуз барои доир ва ҳифз намудани манфиатҳои субъектҳои иҷтимоӣ…

    Муфассалтар »
  • Сатҳи камбизоатӣ

    Сатҳи баланди камбизоатӣ дар кишвар, ки чун натиҷаи ҷараёни гузариш ва ҷанги шаҳрвандӣ ба амал омад, яке аз проблемаҳои мубрами мамлакат, омили номӯътадилсозии иқтисодию иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Дар соли 2000 ҳиссаи аҳолии камбизоат 83,5 %-ро ташкил менамуд. Аз рӯйи маълумотҳои ниҳоӣ ҳаҷми ММД ба ҳар сари аҳолӣ 292,2 сомонӣ…

    Муфассалтар »
  • Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ ва тадқиқоти мониторинги пастшавии камбизоатӣ

    Ба хотири баланд намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҳалли проблемаҳои иқтисодию иҷтимоӣ бо ташаббуси Президенти ҷумҳурӣ Э.Ш.Раҳмонов Ҳуҷҷати Стратегияи паст намудани сатҳи камбизоатӣ таҳия гашт. Ноилшавӣ ба ҳадафҳои ин Ҳуҷҷат самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳадафи асосии Стратегияи паст намудани камбизоатӣ афзоиши даромади воқеӣ дар мамлакат, тақсимоти одилонаи…

    Муфассалтар »
  • Рушди иҷтимоӣ дар барномаҳои давлатии дарозмуддат

    Мунтазам баланд бардоштани сифату сатҳи зиндагии аҳолии мамлакат, муваффақ шудан ба баробарӣ ва адолати иҷтимоӣ, дастраси умум будани неъматҳои асосии иҷтимоӣ, ки аз сиёсати дарозмуддати иҷтимоии давлат бармеоянд, дар Барномаи давлатии рушди иқтисодиёт дар давраи то соли 2015 пешбинӣ гардидааст. Дар ҷараёни татбиқи Барнома иҷрои вазифаҳои зерин муайян шудааст: таъмини…

    Муфассалтар »
  • Аҳамияти демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ ва созишномаҳои бисёрҷонибаи иҷтимоию меҳнатӣ

    Барои таъмини бехатарии иҷтимоии кишвар демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ аҳамияти хоса дорад, зеро рушди демократисозии ҳаёти ҷамъиятӣ ва бехатарии иҷтимоӣ байни худ пайвастагии зич доранд. Дар Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ дар ҷумҳурӣ», ки 1 декабри соли 1999 ба имзо расида буд, чунин самтҳои…

    Муфассалтар »
  • Самтҳои асосии таъмини бехатарии иқтисодӣ дар хоҷагии миллӣ

    Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ Муқоиса намудани нишондиҳандаҳои бехатарӣ бо Ҳадди ногувори ниҳоии бехатарии иқтисодӣ (ҲННБИ) Муаммоҳои қарзи дохилӣ ва беруна Чорабиниҳои таъхирнопазири давлатӣ дар бахши таъмини бехатарии иқтисодӣ дар давраи рушди дарозмуддат 7.1. Самтҳои таъмини бехатарии иқтисодӣ Ба хотири раҳоӣ аз вазъияти ногувори таҳдиди хатари иқтисодӣ, Ҳукумати Тоҷикистон дар сиёсати…

    Муфассалтар »
  • Хатари иқтисодии дохилӣ ва беруна дар хоҷагии миллии Тоҷикистон

    Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он Хатари иқтисодии берунае, ки ба амнияти иқтисодии ҷумҳурӣ таҳдид мекунад Зарурати пешбинии баъзе маҳдудиятҳои сиёсати «дарҳои кушод» 6.1. Хатари иқтисодии дохилӣ ва омилҳои пайдоиши он Дар иқтисодиёти Тоҷикистони имрӯза хатари иқтисодӣ аз оқибатҳои дарозмуддати ҷанги шаҳрвандӣ ва таъсири фалаҷшавии низоми иқтисодии он давра…

    Муфассалтар »