Савдои байналхалки

Тамоюли муосир дар савдои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз молу мавод ва ашёи хом

  1. Гардиши савдои хориҷӣ.

Шиддатгирии буҳрони сиёсию иқтисодии ҷаҳон дар давоми соли 2014 аз ҷумла таҳримҳои сиёсию иқтисодӣ нисбати ҳамшарикони тиҷоратӣ, тағйирёбии вазъи бозорҳои ашё ва маҳсулоти озуқа, инчунин, беқурбшавии пули миллӣ ба гардиши савдо ва бозори истеъмолӣ таъсири манфии худро расонид. Паст рафтани нархи маҳсулотҳои стратегии содиротии кишвар аз қабили алюминий ва нахи пахта ва кам шудани талабот ба онҳо боиси коҳиш ёфтани содирот гардид.

Мувофиқи маълумотҳои фаврии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2014 5316,2 млн. доллари ИМА-ро бо афзоиши 6,6 фоиз ташкил дод. Дар сохтори савдои хориҷӣ содироти мол 977,4 млн. доллар ва воридот ба маблағи 4338,8 млн. доллари ИМА амалӣ шуд. Фарқияти тавозуни савдои хориҷӣ – 3361,4 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, таносуби он нисбати соли гузашта 8,3 фоиз зиёд мебошад.

Ҷадвали №1

Таҳлили иҷрои нишондиҳандаҳои асосии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2014

(млн. доллари ИМА)-2

Номгӯи амалиёт соли 2013 соли 2014 тамоил,
+,- %
Гардиши савдои хориҷӣ 4988,8 100,0 5316,2 100,0 327,4 106,6
аз он: мамлакатҳои ИДМ 2093,0 42,0 2422,7 45,6 329,7 115,8
кишварҳои хориҷи дур 2895,8 58,0 2893,5 54,4 -2,3 99,9
Содирот 943,4 18,9 977,4 18,4 34,0 103,6
аз он: мамлакатҳои ИДМ 177,4 18,8 249,9 25,6 72,5 140,9
кишварҳои хориҷи дур 766,0 81,2 727,5 74,4 -38,5 95,0
Воридот 4045,5 81,1 4338,8 81,6 293,3 107,3
аз он: мамлакатҳои ИДМ 1915,6 47,4 2172,8 50,1 257,2 113,4
кишварҳои хориҷи дур 2129,9 52,6 2166,0 49,9 36,1 101,7
Тарози савдо -3102,1 -76,7 -3361,4 -77,5 259,3 108,3

Эзоҳ: Маълумотҳо аз рӯи «Методологияи ягонаи омори гумрукии савдои хориҷии давлатҳои-аъзои ИДМ дар таҳрири нав» аниқ карда шудаанд.

Дар сохтори гардиши савдои хориҷӣ ҳиссаи содирот 18,4 ва воридот 81,6 фоизро ташкил дода, нисбати соли 2013 содирот 3,6 фоиз ва воридот 7,3 фоиз зиёд шуд.

Ҷадвали №2

Маълумоти муқоисавӣ оид ба содирот, воридот

ва нархи миёнаи маҳсулоти асосӣ

(млн. доллари ИМА)

НОМГӮИ

МАҲСУЛОТ

соли 2013 соли 2014 Тамоил

+, —

ҳаҷм,

ҳаз.

тонна

арзиш

млн.$

нархи

миёна бо $/тн

ҳаҷм,

ҳаз.

тонна

арзиш

млн.$

нархи

миёна

бо $/тн

аз ҳаҷм аз арзиш аз нархи

миёна

СОДИРОТ
Алюмини аввалия 199,7 369,5 1851 125,7 234,2 1863 -74,0 -135,3 12
Нахи пахта 114,4 189,2 1653 86,4 132,1 1529 -28,0 -57,1 -124
Маҳсулоти меваю сабзавот, аз онҳо: 227,0 48,5 214 179,3 36,6 204 -47,7 -11,9 -10
— хушкмеваҳо 87,9 29,2 332 87,7 24,9 284 -0,2 -4,3 -48
— пиёз 112,2 12,9 115 75,9 7,7 102 -36,3 -5,2 -13
Ашёи пӯст 4,3 3,3 764 4,6 3,7 810 0,3 0,4 46
Қувваи барқ (млн.кВт.с) 1025,0 33,3 3,4

сент/кВт

1326,1 43,7 3,4

сент/кВт

301,1 10,4 0
ВОРИДОТ
Гандум 640,2 208,4 326 774,9 231,3 299 134,7 22,9 -27
Орд 232,3 98,7 425 189,0 77,6 411 -43,3 -21,1 -14
Шакар 105,7 54,7 517 123,9 65,6 530 18,2 10,9 13
Равғани растанӣ 67,9 78,4 1155 74,5 83,0 1113 6,6 4,6 -42
Маҳсулоти нафтӣ 383,0 394,0 1029 579,8 507,7 876 196,8 113,7 -153
— бензин 137,8 131,7 956 246,5 196,3 796 108,7 64,6 -160
— сӯзишвории дизелӣ 147,8 148,1 1002 243,8 208,6 856 96 60,5 -146
-сӯзишвории реактивӣ 54,8 74,6 1363 60,6 73,5 1214 5,8 -1,1 -149
-равғанҳои молиданӣ 10,9 15,4 1420 13,1 16,8 1277 2,2 1,4 -143
-мазут 14,7 13,0 888 15,8 12,3 784 1,1 -0,7 -104
-битум 17,0 11,0 646
Нуриҳои минералӣ 82,7 27,5 333 84,5 29,6 350 1,8 2,1 17
Гази моеъ 253,6 156,9 619 295,0 179,6 609 41,4 22,7 -10
Гилхок 389,2 202,5 520 251,2 130,6 520 -138,0 -71,9 0
Ангишт 7,0 0,5 71 12,3 1,0 84 5,3 0,5 13

Паст рафтани нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба ин намуди маҳсулот, ҳаҷми истеҳсолоти онро низ коҳиш дод. Дар натиҷаи таҳлили вазъи бамиёномада ҳаҷми содироти он дар давоми соли 2014 тақрибан якуним маротиба коҳиш ёфт.

Аз нимаи дуюми соли 2014 тамоили болоравии нарх ба назар расида, бо вучуди ин, дигаргунии назаррас дар содироти алюминий дар ин давра мушоҳида нашуд.

Дар соли равон 125,7 ҳазор тонна алюмин бо арзиши умумии 234,2 миллион доллари ИМА содирот шуда, як тонна алюминий бо нархи 1863 доллар ба фурӯш рафт.

Аз рӯи маълумотҳои гумрукӣ дар соли равон 86,4 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 132,1 млн. доллари ИМА содирот шуда, нисбат ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 24,5 фоиз коҳиш ёфт.

Ҷадвали №3

Таҳлили муқоисавии содирот бо гурӯҳи молҳо

(млн. доллари ИМА)

Номгӯи молҳо соли 2013 соли 2014 Тамоил,

+/-

Арзиш Вазни

хос,%

арзиш вазни

хос,%

Содирот, ҳамагӣ 943,4 100,0 977,4 100,0 34,0
Сабзавот ва бехмеваҳо 13,9 1,5 8,0 0,8 -5,9
Меваҳо ва чормағз 32,7 3,5 27,3 2,8 -5,4
Шираи растанӣ 3,4 0,3 2,5 0,2 -0,9
Маҳсулоти коркардшудаи меваю сабзавот 0,4 0,04 0,2 0,02 -0,2
Маъданҳо 100,4 10,6 175,9 18,0 75,5
Маҳсулоти нафтӣ (реэкспорт) 38,0 4,0
Барқ 33,3 3,5 43,7 4,5 10,4
Пустҳои коркарднашуда 3,5 0,4 3,8 0,4 0,3
Шоҳӣ (нахи абрешим) 2,4 0,2 1,5 0,1 -0,9
Нахи пахта 189,2 20,0 132,1 13,5 -57,1
Либос ва қисмҳои он 19,1 2,0 18,9 1,9 -0,2
Тилло, нуқра, металлҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо 76,7 8,1 146,3 15,0 69,6
Металлҳои сиёҳ 4,8 0,5 1,5 0,1 -3,3
Алюминийи аввалия 369,5 39,2 234,2 23,9 -135,3
Таҷҳизоти механикӣ, дегҳо 21,8 2,3 8,3 0,8 -13,5
Мошинҳои электрикӣ, дастгоҳҳо ва кисмҳои онҳо 5,2 0,5 2,8 0,3 -2,4
Воситаҳои нақлиёти заминӣ 8,4 0,9 8,9 1,0 0,5
Воситаҳои парвозкунанда ва қисмҳои эҳтиётии онҳо 5,7 0,6 6,4 0,6 -186,7
дигарон 15,0 1,8 155,1 16,0 140,1

Дар давраи таҳлилшаванда аз қаламрави ҷумҳурӣ 179,3 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 36,6 млн. доллари ИМА содирот шуда, нисбат ба соли гузашта 47,7 ҳазор тонна кам мебошад.

Дар ин давра аз ҷониби ширкатҳои саноати кӯҳӣ ба маблағи 175,9 млн. доллари ИМА маъдану консентратҳо содирот шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 75,5 млн. доллари ИМА зиёд аст.

Дар натиҷаи ташкили фаолияти пурсамари корхонаҳои истеҳсоли семент талаботи бозори дохилӣ ба семент дар соли ҷорӣ 1200,0 ҳазор тонна қонеъ гардида, воридоти он аз дигар давлатҳо назар ба соли гузашта, ба ҳисоби миёна 517,8 ҳазор тонна коҳиш хоҳад ёфт.

Қайд намудан лозим аст, ки афзоиши содирот дар соли 2014, назар ба соли гузашта, аз ҳисоби афзудани фурӯши маҳсулоти ғайриозуқа, аз ҷумла, маъдану консентрат, нерӯи барқ, тиллою нуқраи нимкоркард ба амал омад.

Шарикони асосӣ оид ба содироти маъдану консентрат — Қазоқистон (бештар аз 90 фоизи маъданҳои содиротшуда дар соли 2014) ва Хитой (тақрибан 10,0 фоиз), нерӯи барқ — Афғонистон (80,0 фоиз), тилло ва нуқраи нимкоркард – Швейтсария (100 фоиз) мебошанд.

Ҳиссаи воридоти молу ашё дар муомилоти савдои хориҷӣ дар соли 2014 81,6 фоизро ташкил дода, вазни хоси он нисбати соли гузашта 7,3 фоиз афзуд. Аз ҷумла афзоиши воридот бо мамлакатҳои ИДМ ба 13,4 фоиз мушоҳида шуд.

Дар сохтори воридот ҳиссаи маҳсулоти озуқаворӣ 20,0 фоиз, маҳсулоти нафтӣ, сӯзишворӣ ва гази моеъ 17,7 фоиз, дастгоҳу таҷҳизоти техникӣ ва мошинолот 10,3 фоиз, ҳама намуди воситаҳои нақлиёт 11,4 фоиз, металлҳои сиёҳ ва маҳсулотҳо аз он – 7,1 фоиз, чӯбу тахта ва маҳсулот аз он – 6,7 фоиз, гилхок- 3,0 фоизро ташкил менамоянд.

Ҷадвали №4

Таҳлили муқоисавии воридот бо гурӯҳи молҳо

(млн. доллари ИМА)

Номгӯи молҳо соли 2013 соли 2014 Тамоил

+/-

арзиш вазни хос % арзиш вазни хос %
Воридот, ҳамагӣ 4045,5 100,0 4338,8 100,0 293,3
Гандум ва ғалладонагиҳо 225,2 5,6 256,5 5,9 31,3
Орд ва маҳсулоти ордӣ 111,5 2,8 88,2 2,0 -23,3
Гӯшт ва маҳсулоти гӯштй 41,7 1,0 57,5 1,3 15,8
Моҳӣ ва дигар маҳсулоти баҳрӣ 2,7 0,1 4,0 0,1 1,3
Маҳсулоти ширӣ, тухм 21,2 0,5 25,7 0,6 4,5
Сабзавот ва баъзе бехмеваҳо 8,9 0,2 12,8 0,3 3,9
Меваҳо ва чормағз 22,1 0,5 26,6 0,6 4,5
Чой, қаҳва 5,2 0,1 7,0 0,2 1,8
Равғани растанӣ ва чорво 94,2 2,3 102,1 2,3 7,9
Маҳсулоти таёр аз гӯшт, моҳӣ ва дигар харчангшаклҳои баҳрӣ 6,6 0,2 9,4 0,2 2,8
Шакар ва маҳсулоти каннодӣ 72,4 1,8 87,1 2,0 14,7
Какао ва маҳсулот аз он 44,0 1,1 44,2 1,0 0,2
Маҳсулоти тайёр аз орд, гандум 57,4 1,4 60,8 1,4 3,4
Маҳсулоти коркарди меваю сабзавот 7,2 0,2 10,1 0,2 2,9
Маҳсулоти гуногуни хурокворӣ 16,4 0,4 21,0 0,5 4,6
Нӯшокиҳои спиртдор ва беспирт 28,7 0,7 32,3 0,7 3,6
Партовҳои саноатии ҳурокворӣ ва хӯрокаи тайёр барои ҳайвонот 11,1 0,3 13,8 0,3 2,7
Ғайраҳо 2,6 0,1 7,5 0,2 4,9
Ҷамъи маҳсулоти хурока 788,8 19,5 866,6 20,0 77,8
Тамоку ва ивазкунандаи саноатии он 11,6 0,3 13,0 0,3 1,4
Семент, намак, олтингӯгирд 112,5 2,8 71,0 1,6 -41,5
Маҳсулоти нафтӣ, сӯзишворӣ 480,6 11,9 589,8 13,6 109,2
Гази табиӣ
Гази моеъ 156,9 3,9 179,6 4,1 22,7
Гилхок (глинозем) 202,5 5,0 130,6 3,0 -71,9
Маҳсулоти фармасевтӣ 84,4 2,1 80,0 1,8 -4,4
Нуриҳо 27,5 0,7 27,4 0,6 -0,1
Рангу бори сохтмонӣ 23,6 0,6 34,1 0,8 10,5
Равғанҳои эфирӣ, маводҳои парфюмерӣ, косметикӣ, ороишӣ 14,8 0,4 16,8 0,4 2,0
Маводҳои шустушӯӣ 38,5 1,0 44,9 1,0 6,4
Дигар маҳсулоти кимиёвӣ 12,8 0,3 13,8 0,3 1,0
Маҳсулоти полимерӣ 55,6 1,4 71,1 1,6 15,5
Каучук, резина, маҳсулоти он 15,0 0,4 22,1 0,5 7,1
Чӯбу тахта ва маҳсулоти он 228,9 5,6 290,6 6,7 61,7
Когазу картон ва ва маҳсулоти он 29,5 0,7 36,7 0,8 7,2
Маҳсулоти типографӣ, полиграфӣ 6,7 0,2 14,7 0,3 8,0
Ресмону нахи химиявӣ 3,6 0,1 3,7 0,1 0,1
Қолинҳо ва дигар болопӯшҳои саноатии рӯифаршӣ 14,5 0,3 14,2 0,3 -0,3
Либос, пойафзол ва қисмҳои онҳо, маҳсулоти бофандагӣ 32,6 0,8 42,3 1,0 9,7
Маҳсулот аз санг, гулгаҷ ва семент 55,3 1,4 60,8 1,4 5,5
Маҳсулоти керамикӣ 22,6 0,6 37,2 0,8 14,6
Шиша ва маҳсулоти шишагӣ 17,6 0,4 22,7 0,5 5,1
Металлҳои сиёҳ 181,5 4,5 211,6 4,9 30,1
Маҳсулот аз металлҳои сиёҳ 108,0 2,7 95,9 2,2 -12,1
Дегҳо ва таҷҳизот 253,0 6,2 272,0 6,3 19
Мошинҳои барқӣ ва тачҳизот 202,3 5,0 174,0 4,0 -28,3
Роҳи оҳан ва трамвайҳо 32,0 0,8 53,1 1,2 21,1
Воситаҳои нақлиёти заминӣ 412,6 10,2 436,9 10,1 24,3
Воситаҳои парвозкунанда

ва қисмҳои онҳо

266,2 6,6 5,6 0,1 -260,6
Таҷҳизоту дастгоҳҳои оптикӣ 39,6 1,0 49,4 1,1 9,8
Мебел 29,5 0,7 42,4 1,0 12,9
Ғайраҳо 84,4 2,1 314,2 7,2 229,8

Қайд намудан лозим аст, ки беш аз 19,0 фоизи таъминоти бозорҳои кишвар бо маҳсулоти хӯрока ва 90,0 фоизи маҳсулоти нафтӣ аз ҳисоби воридот аз Федератсияи Россия амалӣ карда мешавад.

Дар натиҷаи татбиқи Созишномаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар мавриди таҳвили бебоҷи маҳсулоти сӯзишворӣ, воридоти маҳсулоти нафтӣ ҳам аз рӯи ҳаҷм ва ҳам аз арзиш зиёд гардид. Ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ 51,4 фоиз ва гази моеъ 16,3 фоиз нисбат ба соли гузашта зиёд мебошад.

Бо мақсади танзими интиқоли маводҳои сӯзишворӣ ва пешгирии болоравии беасоси нарх дар бозор, масъалаҳои ҷудо намудани квотаҳои воридотӣ ба ширкатҳо, кам кардани муҳлати эъломияҳои гумрукии содиротӣ ба молрасонҳоро дар доираи тавозуни индикативии воридоти маҳсулоти нафтӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ба муқаррароти Созишномаи байни Тоҷикистон ва Россия пешниҳод намудани тағйиру иловаҳо мавриди дастгирӣ қарор дода шуд.

Дар соли ҷорӣ 295,0 ҳазор тонна гази моеъ ба маблағи 179,6 млн. доллари ИМА ворид гардида, афзоиши он назар ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 41,4 ҳазор тонна ва аз арзиш 22,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Воридоти гандум дар давраи таҳлилшаванда 774,9 ҳазор тоннаро бо арзиши умумии 231,3 млн. доллари ИМА ташкил намуда, нархи миёнаи он барои як тонна дар сатҳи 299 доллари ИМА қарор ёфт.

Воридоти орд ба қаламрави ҷумҳурӣ нисбат ба соли гузашта аз рӯи ҳаҷм 43,3 ҳазор тонна ё 21,1 млн.доллари ИМА коҳиш ёфта, мутаносибан 189,0 ҳазор тонна ва арзиши умумии он 77,6 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод.

Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои ҳавасмандгардонии воридот, коркарди гандум дар дохил зиёд гардида, то андозае вобастагии бозорро аз орди воридотӣ кам гардонид.

Воридоти молу маҳсулот дар соли 2014 асосан аз Федератсияи Россия – 27,6 фоиз, Чин -16,8 фоиз, Қазоқистон -15,7 фоиз, Швейтсария -5,1 фоиз, Литва -4,7 фоиз, Эрон -3,8 фоиз, Туркия – 3,4 фоиз, ИМА –2,6 фоиз ва ғайраҳо сурат гирифт.

Бо мақсади мусоидат ба рушди содироти мамлакат, ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дигар давлатҳо тайи солҳои охир аз тарфи мақомотҳои дахлдори ҷумҳурӣ як қатор чораҳои мушаххас андешида шуда истодааст.

Дар ин радиф метавон ёдрас шуд аз аъзогӣ дар Созмонии Умумиҷаҳонии Савдо, ташкили “Равзанаи ягона”, идомаи корҳо оиди ташкили нуқтаҳои савдои наздисарҳадӣ, инчунин татбиқи Барномаҳои сатҳи миллӣ ва соҳавӣ вобаста ба рушди содироти кишвар, ки барои бартараф кардани монеъаҳои маъмурӣ ва рушди савдо дар доираи талаботҳои умумибашарӣ мусоидат менамоянд.

Вобаста ба ӯҳдадориҳои кишвар дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба тасдиқ намудани Номгӯи ягонаи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар бораи тарифи гумрукӣ” дар баррасии вазорату идораҳои соҳавӣ ва лоиҳаи “Барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти кишвар дар шароити узвият дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо” бо қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 31 октябри соли 2014, таҳти №691 қабул карда шуд.

Бо мақсади ҷорӣ намудани низоми “Равзанаи ягона” оид ба расмиёти соддагардонидашудаи воридоту содирот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва суръатбахшӣ ба ин раванд, як қатор чораҳои натиҷабахш андешида шуданд. Аз ҷумла, корҳои барномасозӣ, насби таҷҳизотҳои корӣ ва воситаҳои алоқа дар мақомотҳои мутасаддӣ ба анҷом расида, санҷиши тестии система дар мақомоти ҷалбгардида гузаронида шуд ва дар марҳилаи аввал барои фаъолият омода мебошад.

Санаи 1 декабри соли 2014 дар бинои Вазорат чаласаи навбатии Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба масъалаҳои татбиқи Барномаи ҷорӣ намудани системаи Равзанаи ягона баргузор гардида, қарорҳои қабулшуда тибқи Протоколи тасдиқгардида ба Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2014, №09/1-662 ирсол карда шуд.

Ҷиҳати таҷдиди назар намудани натиҷаи иҷрои нақша ва Матритсаи тадбирҳои асосии Барнома, ки мӯҳлати татбиқи онҳо то охири соли 2015 муайян шудааст, ва таҳия намудани лоиҳаи “Барномаи рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020” ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо дастури Ҳукумати кишвар дода шуд.

Таъсис додани нуқтаҳои тиҷорати наздисарҳадӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои васеъ намудани робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар асоси манфиати мутақобила, рушд ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дӯстонаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсоя таъин ва нигаронида шудааст.

Вобаста ба густариши ҳамкорӣ дар самти ташкили тиҷорати миёнмарзӣ, тибқи нусха аз Протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 феврали соли 2014, №2 ҷиҳати ба кор даровардани бозори наздисарҳадӣ дар шафати пули Хумроғӣ дар ноҳияи Ванҷ, лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкил намудани нуқтаи савдои наздисарҳадии “Хумроғӣ” дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” таҳия гардида дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон 3 июли соли 2014, таҳти №438 қабул карда шуд.

Қайд намудан лозим аст, ки аз ҷониби Сарраёсат ташаббуси соҳибкорон дар самти бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ тавассути ворид намудани таҷҳизоту технологияи муосир ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин сохтмону азнавсозии иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ ҳаматарафа дастгирӣ карда мешаванд.

Дар ин раванд, тибқи супориши Роҳбари Дастгоҳи иҷоияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2014, №22-6 Вазорати рушди иқтисод ва савдо, ҷиҳати такмили Номгӯи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ, ки воридоти онҳо аз андоз аз арзиши иловашуа ва боҷи гумрук озод мебошанд (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 2014, №93) пешниҳод таклиф намудааст.

Ҷиҳати ба танзим даровардани муносибатҳои байни мақомоти давлатии кишвар ва иштирокчиёни фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, аз ҷониби Гуруҳи кории байниидоравӣ, ки дар назди Вазорат таъсис дода шудааст, лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содиротӣ» таҳия гардида, аз 31 декабри соли 2014, таҳти №1168 ба тасвиб расид.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *