Савдои байналхалки

Усулҳои тарифии танзими савдои байналхалқӣ

Саволҳои мавзӯъ:

  1. Усулҳои боҷии (тарифӣ) батанзимдарории савдои байналхалқӣ
  2. Усулҳои ғайрибоҷии батанзимдарории савдои байналхалқӣ

1. Усулҳои боҷии батанзимдарории савдои байналхалқӣ

Батанзимдарории давлатии савдои мамлакати алоҳида мувофиқи сиёсати савдои берунмарзии он амалӣ мегардад.

Сиёсати савдои берунмарзӣ — ин чораҳои мақсадноки давлат ва сохторҳои он оиди муайян кардани реҷаи танзими савдои он ва самаранок гардонидани иштироки давлат дар тақсимоти байналхалқии меҳнат мебошад.

Сиёсати савдои берунмарзии давлат протексионистӣ, озод ва мӯътадил мешавад. Ҳангоми истифодабарии сиёсати озоди савдо давлат бозори дохилиро барои рақобати хориҷӣ мекушояд. Сиёсати савдои протексионистӣ(муҳофизатӣ) истеҳсолкунандагони миллиро аз рақобати хориҷӣ ҳимоя менамояд. Сиёсати мӯътадили савдо бошад ба дараҷаи муайян элементҳои сиёсати озод ва протексионистиро истифода мебарад.

Сиёсати озоди савдо — сиёсати дахолати камтарини давлатӣ ба савдои беруна буда, дар асоси қувваҳои озоди бозории талабот ва пешниҳод ба амал меояд.

Протексионизм – сиёсати давлатии ҳимояи бозори дохилӣ аз рақобати хориҷӣ буда, бо роҳи истифодабарии асбобҳои боҷӣ ва ғайрибоҷии сиёсати савдоӣ амалӣ мегардад.

Ҳар як мамлакт вобаста ба мақсадҳои стратегии тараққиёти иқтисодиаш яке аз ин сиёсатро интихоб мекунад. Масалан, протексионизм ба рушди саноати миллӣ имконият медиҳад. Сиёсати озод бошад имконияти муқоисаи хароҷотҳои истеҳсолии доҳилиро бо хориҷӣ пешниҳод мекунад.

Дар аксари мамлакатҳо вазифаи асосии давлат дар ҷодаи савдои байналхалқӣ кӯмак намудан ба содироткунандагони мол оиди ҳарчӣ зиёдтар фурӯхтани моли худ дар бозори ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии он мебошад. Инчунин давлат ба воситаи сиёсати савдои хеш воридоти молиро ва дараҷаи рақобатнокии онро дар бозори худ паст карда метавонад.

Воситаҳои батанзимдарории давлатии савдои байналхалқӣ мувофиқи хусусияташ ба боҷӣ ва ғайрибоҷӣтақсим карда мешаванд.

Намудҳои асбобҳои сиёсати савдоии давлатӣ

ҷадвали 15.

Усулҳо Асбобҳои сиёсати савдо Батанзимдарорӣ
Боҷӣ Андозҳои боҷӣ

Квотаи боҷӣ

Воридот

Воридот

Ғайрибоҷӣ Миқдорӣ Квотакунонӣ Литсензиякунонӣ «Маҳдудияти ихтиёрӣ» Содирот

Содирот

Содирот

Воридот

Воридот

Пӯшида Хариди давлатӣ

Талаб оиди нигоҳдории қисматҳои маҳаллӣ

Маҳдудияти техникӣ

Андозҳо ва маблағҷамъкунӣ

Воридот

Воридот

Воридот

Воридот

Молиявӣ Кӯмаки пулӣ

Маблағгузорӣ

Демпинг

Содирот

Содирот

Содирот

Усулҳои боҷӣ – он усулҳои батанзимдарории савдои байналхалқӣ, ки ба истифодабарии боҷи гумрукӣ асос ёфтаанд.

Усулҳои ғайрибоҷӣ – он усулҳои батанзимдарории савдои байналхалқӣ, ки ба ҳамаи усулҳои дигар, масалан усулҳои миқдорӣ ва усули пӯшидаи протексионизм асос карда шудааст. Воситаҳои алоҳидаи сиёсати савдо аксар вақт дар мавриди зарурат ё маҳдуд кардани воридот, ё тезонидани содирот истифода бурда мешаванд.

Мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон барои амалӣ гардонидани сиёсати савдои хеш воситаҳои гуногунро истифода мебаранд. Агар сатҳи миёнаи ҳифзи боҷии давлат ба баҳодиҳии хело аниқи миқдорӣ рост ояд, пас сатҳи истифодабарии усулҳои ғайрибоҷӣ бо назардошти гуногунхелии онҳо ва мӯҳтавои гуногуни иқтисодӣ танҳо ҷиҳати миқдорӣ тақрибан баҳо дода мешавад. Сатҳи миёнаи тариф одатан танҳо ба мол ҳисоб карда мешавад, ки воридоти онҳо ҳамчун андозаи миёнаи боҷи воридотӣ бо боҷ андозбандӣ карда мешавад.

Сатҳи миёнаи маҳдудиятҳои ғайрибоҷӣ одатан ҳамчун ҳиссаи арзишиии воридот ё содирот ҳисоб карда мешавад, ки он таҳти маҳдудият мефарояд.

Вобаста аз он, ки кадом тарафи сиёсати савдо муҳим ҳисобида мешавад, якчанд таърифҳои боҷи гумрукӣ мавҷуданд, ки якдигарро пурра мекунанд.

Боҷи гумрукӣ вобаста аз матн муайян карда шуданаш мумкин, ҳамчун:

  • ҳамчун воситаи сиёсати савдо ва батанзимдарории давлатии бозори мамлакат дар мавриди амали якҷояи он бо бозори ҷаҳонӣ;
  • маҷмӯи андозаҳои боҷи гумрукӣ, ки ба молҳои тавассути сарҳади гумрукӣ гузаранда истифода бурда мешавад, ки он мувофиқи номгӯи молҳои фаъолияти иқтисоди берунӣ ба система дароварда шудааст;
  • андозаи мушаххаси боҷи гумрукӣ, ки бояд дар вақти баровардан ё даровардани моли муайян ба ҳудуди гумрукии мамлакат пардохт карда шавад. Дар ин маврид мафҳуми боҷи гумрукӣ пурра бо мафҳуми андози гумрукӣ (пошлина) мувофиқат мекунад.

Намудҳои андозҳои гумрукӣ.Боҷи гумрукии ҳама гуна мамлакат аз андозаҳои мушаххаси андози гумрукӣ иборат аст, ки онҳо барои мақсади андозбандии молҳои баровардашаванда ва дохилшаванда истифода бурда мешавад.

Андозҳои гумрукӣ – пардохти ҳатмӣ, ки мақомоти гумрукӣ дар мавриди воридот ё содироти мол меситонанд, ва он шарти воридот ё содирот маҳсуб меёбад.

Андозҳои гумрукӣ се функсияи асосиро иҷро мекунанд:

  • фискалӣ, ки он ҳам ба боҷҳои воридотӣ ва ҳам ба боҷҳои содиротӣ мансуб мебошанд, зеро онҳо яке аз моддаҳои қисми даромади буҷети давлатӣ маҳсуб меёбанд;
  • протексионистӣ (муҳофизатӣ), ки ба боҷҳои воридотӣ мансуб мебошанд, зеро бо кӯмаки онҳо давлат истеҳсолкунандагони маҳаллиро аз рақобати номатлуби хориҷиён нигоҳ медорад;
  • мувозӣ, ки он ба боҷҳои содиротӣ мансуб мебошад ва он бо мақсади бартараф намудани содироти номатлуби молҳо муқаррар шудааст, ки нархи дохилӣ ба онҳо бо ин ва ё дигар сабабҳо аз нархи ҷаҳонӣ паст мебошад.

Таснифоти андозҳои гумрукӣ. Мувофиқи тарзи ситонидан:

  • адвалорӣ – дар фоиз ба арзиши гумрукии молҳои андозбандикардашаванда ҳисоб карда мешавад (масалан, 20% аз арзиши гумрукӣ);
  • махсус – ба андозаи муқарраршуда барои воҳиди моли андозбандикардашаванда ҳисоб карда мешавад (масалан, 10 доллар барои 1 г.);
  • якҷоякардашуда — ҳарду намудҳои номбаршудаи андозбандии гумрукиро дар бар мегиранд (масалан, 20% аз арзиши гумрукӣ, лекин на зиёда аз 10 доллар барои 1 г.).

Андозҳои адвалорӣ ба андози мутаносиб ба фурӯш ба ҳам монанд мебошанд ва одатан дар мавриди андозбандии молҳо истифода бурда мешаванд, ки онҳо дар доираи як гурӯҳи молӣ тавсифҳои гуногуни сифатӣ доранд. Тарафи пурзӯри боҷҳои адвалорӣ он чиз ба ҳисоб меравад, ки онҳо сатҳи якхелаи бозори дохилиро новобаста аз тағйирёбии нархҳо ба мол нигоҳ медоранд, танҳо даромади буҷет тағйир меёбад.

Масалан, агар боҷ 20%-и нархи молро ташкил диҳад, пас дар мавриди нархи мол 200 доллар будан даромади буҷет 40 долларро ташкил медиҳад. Дар мавриди зиёдшавии нархи мол то 300 доллар, даромади буҷет то 60 доллар меафзояд. Дар мавриди пастравии нархи мол то 100 доллар – то 20 доллар кам мешавад. Лекин новобаста аз нарх боҷи адвалорӣ нархи моли воридотиро ба 20% баланд мебардорад.

Тарафи сусти боҷи адвалорӣ он чиз ба ҳисоб меравад, ки онҳо зарурияти баҳодиҳии гумрукии арзиши молро барои мақсади андозбандӣ бо боҷ пешбинӣ мекунанд. Бинобар он, ки нархи мол таҳти таъсири омилҳои сершумори иқтисодӣ (қурби мубодила, андозаи фоизӣ ва ғ.) ва маъмурӣ (батанзимдарории гумрукӣ) тағйир ёфтанаш мумкин аст, истифодабарии боҷҳои адвалорӣ бо баҳодиҳии субъективӣ алоқаманд аст, ки ба суиистифода бурдан имконият медиҳад.

Андозҳои махсус одатан ба молҳои стандартикунонидашуда гузошта мешавад ва афзалияти бебаҳс доранд, зеро ба суиистифода бурдан имконият намедиҳанд. Лекин сатҳи ҳифзи гумрукӣ бо кӯмаки боҷҳои махсус ба таври қатъӣ аз тағйирёбии нархҳо ба молҳо вобаста аст.

Масалан, боҷи махсус ба 1000 доллар барои 1 автомобили импортӣ хело воридоти автомобили нархаш 8000 долларро маҳдуд мекунад, зеро 12,5%-и нархи онро ташкил медиҳад, назар ба автомобили нархаш 12000 доллар, ки танҳо 8,3%-и нархи онро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа вақте нархҳои воридотӣ меафзоянд, сатҳи ҳифзи бозори дохилӣ бо кӯмаки боҷи махсус паст меравад, лекин аз дигар тараф дар вақти таназзули иқтисодӣ ва пастравии нархҳои воридотӣ боҷи махсус сатҳи ҳифзи истеҳсолкунандагони миллиро баланд мебардорад.

Таъсири боҷи воридотӣ ба иқтисодиёти кишвари хурд

Расми 8.

Квотаи боҷӣ – боҷи тағйирёбандаи гуногунхелаи гумрукӣ буда, андозаи онҳо аз ҳаҷми воридоти мол вобаста аст: дар мавриди воридот дар доираи миқдори муайян он аз рӯи андозаи базавии дохили квотии боҷ андозбандӣ карда мешавад, дар мавриди баланд бардоштани ҳаҷми муайян воридот бо нархи бештар баланд, бо андозаи аз квота баланди боҷ андозбандӣ карда мешавад.

Далелҳои зидди боҷӣ:Боҷҳо рушди иқтисодиро паст мекунад, яктарафа ҷорӣ намудани боҷҳо аксар вақт ба ҷангҳои савдоӣ оварда мерасонад, боҷ ба молҳои воридотӣ ғайримустақим буда, содироти мамлакатро вайрон мекунад, он ба кам шудани сатҳи умумии шуғл оварда мерасонад.

Далелҳо барои ҳифзи боҷӣ:боҷ ҳифзи соҳаҳои ҷавон, воситаи ҳавасмандгардонии истеҳсолоти ватанӣ, манбаи муҳими даромади буҷетӣ, ҳифзи бехатарии миллӣ, обрӯи байналхалқии мамлакат, фарҳанг ва анъанаҳои он маҳсуб меёбад.

Усулҳои ғайритарифии танзими савдои байналхалқӣ

Усулҳои ғайрибоҷии батанзимдароии савдои байналхалқӣ.

Дар қатори усулҳои боҷӣ давлат усулҳои ғайрибоҷии сиёсати савдоро истифода мебарад. Ҷиҳати сиёсӣ усулҳои ғайрибоҷии сиёсати савдо аксар вақт барои ҳукумат афзалиятнок ҳисобида мешавад, зеро вазнинии андозро ба дӯши аҳолӣ намегузорад.

  1. Маҳдудияти миқдорӣусули асосии ғайрибоҷии сиёсати савдо ба ҳисоб меравад ва ба квота даровардан, литсензиякунонӣ ва «ба таври ихтиёрӣ» маҳдуд кардани содиротро дарбар мегирад.

Квота миқдор ва номгӯи молҳоеро муайян мекунад, ки ба содирот ё воридот иҷозат дода шудаанд.

Литсензиякунонӣ қисми таркибии раванди ба квота даровардан, ё воситаи мустақили батанзимдарории давлатии савдои беруна ҳисобида шуданаш мумкин аст. Литсензия якдафъаина, генералӣ, ҷаҳонӣ ва автоматӣ мешаванд, тақсимоти онҳо бошад байни содироткунандагон ва воридоткунандагон дар асоси ё озмун ё дар асоси афзалиятҳои ошкоро ё дар асоси ғайринархӣ ба вуқӯъ меояд.

«Ба таври ихтиёрӣ» маҳдуд кардани содирот квотаи содиротиро пешниҳод мекунад, ки онро бо тартиби яктарафа, ҳукумати мамлакати содироткунанда таҳти фишори сиёсӣ аз тарафи воридоткунанда ҷорӣ менамояд. Самараи умумии иқтисодӣ барои воридоткунанда аз истифодабарии маҳдудиятҳои «ихтиёрии» содирот аз ҷониби содироткунанда манфӣ мебошад, гарчанде андозаи зарар дар натиҷаи зиёдшавии воридоти молҳои ба ҳам монанд аз мамлакатҳое, ки ба содироти он маҳдудияти «ихтиёрӣ» гузоштанд, кам мешавад.

  1. Усулҳои протексионизмипӯшида монеаҳои гуногуни хусусияти ғайригумрукиро пешниҳод мекунад, ки дар роҳи савдо мақомоти марказии давлатӣ ва ҳатто ҳокимияти маҳаллӣ гузошта шудаанд. Ба қабили онҳо монеаҳои техникӣ дохил мешаванд, яъне: талабот оиди риоя кардани стандартҳои миллӣ, оиди гирифтани сертификатҳои сифати моли воридотӣ, оиди борпечкунии махсус ва тамғазании молҳо, оиди риоя намудани меъёрҳои муайяни санитарию гигиенӣ, андозҳо ва боҷҳои дохилӣ (ААИ, аксизҳо, андоз ба фурӯш), хариди давлатии асосан маҳсулоти маҳаллӣ ва дискриминатсия бар зидди маҳсулоти хориҷӣ; талабот оиди нигоҳдории қисматҳои маҳаллӣ дар молҳои истеҳсолшуда.
  2. Усулҳои бештар паҳншудаи молиявии сиёсати савдо субсидияҳо (ёрии пулӣ), қарздиҳӣ ва демпинг ба ҳисоб мераванд.

Субсидияҳо — маблағҳои пулие, ки ба дастгирии содироткунандагони миллӣ ва ғайримустақим дискриминатсия кардани воридот равона карда шудаанд — онҳо дохилӣ ва содиротӣ мешаванд. Кӯмаки пулӣ ба истеҳсолоти миллӣ шакли афзалиятноки сиёсати савдо дар муқоиса бо боҷи воридотӣ ё квота ҳисобида мешавад.

Маблағҷудокунии содиротӣ аксар вақт шакли додани қарзҳои имтиёзнок ба содироткунандагони миллӣ мегардад, ки ин маблағро бонкҳои давлатӣ таҳти фоизи аз бозор паст ё ҳамчунин қарзҳои давлатӣ ба воридоткунандагони хориҷӣ дар мавриди шарти ҳатмии харидани молҳо танҳо аз фирмаи мамлакате, ки чунин қарзро пешниҳод кардааст, дода мешавад.

Ва дар ниҳояти кор ба сифати маблағҷудокунии содирот демпинг баромад мекунад.

Демпинг ин гардиши мол дар бозори беруна аз ҳисоби кам кардани нархҳои содиротӣ аз сатҳи нархи мӯътадил маҳсуб меёбад, ки дар ин мамлакатҳо дучор мешавад. Барои аз демпинги пешбинишуда муҳофизат намудан боҷҳои зиддидемпингӣ истифода бурда мешавад.

Батанзимдарории давлатии савдои берунии ҶТ

Ҷадвали 16.

Чи тавре ки аз ҷадвал бар меояд, сиёсати боҷии Тоҷикистон назар ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ озод мебошад.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *