Савдои байналхалки

Шаклҳои асосӣ ва усулҳои савдои байналхалқӣ

  1. Шаклҳои савдои байналхалқӣ

2. Усулҳои савдо

Савдои байналмилалй ва бозори молии ҷах;он

Ташкилотхои байналмилалй таснифоти молхоро вобаста ба хусусиятхои хосашон ба як тартибу коидаи муайян тархрезй мекунанд, ки онхо дар ташкили тичорати байналмилалй ахамияти мухим доранд. Аввалин маротиба соли 1983 системаи гармоникии сабт на ба кодхо (рамзхо) ишора намудани молхо (НГ ё ГС) аз тарафи Шурои хамкории гумрукхо (ШХ,К ё СТС) тартиб дода шуда, ба табъ расид. Системаи мазкур асосй бахсу муиозирахо, гуфтушунидхо дар чорчубаи Созмони умумичахонии савдо (СУС/СКСТ ё ВТО/ГАТТ) ва инчунин барои бунёди таснифоти ягонаи СММ воситаи хеле зарур махсуб мсёбад (ниг. ба замимаи 4.1). Дар ии таснифот хамаи молхо ва маснуот дар тарифхои гумрукй аз руи низоми гармоникии сабт дар 21 — фасл, 96 — гурух,, 1241 — сатр ва 5019 — зерсатр ба як тартибу низоми муайян гирд оварда шудаанд.

1. Шаклҳои савдои байналхалқӣ

Шакли савдо чун усули мавҷудият ва инъикоси мундариҷаи амалиётҳои тиҷоратӣ баррасӣ карда мешавад. Асоси шаклҳои анъанавии савдои байнахалқиро амалиётҳои содиротию воридотии хариду фурӯши молҳо ташкил мекунанд. Ба онҳо содирот, воридот, реэкспорт ва реимпорт дохил мешаванд.

Содирот – ин баровардани мол, меҳнат, хизмат, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо, аз ҳудуди гумрукӣ ба хориҷа бе ӯҳдадории баргардонида ворид кардани онҳо. Амри воқеъ шудани содирот вақте ба қайд гирифта мешавад, ки мол аз сарҳади гумрукӣ гузарад, хизмат расонида шавад ва ҳуқуқ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ба ихтиёри касе гузошта шавад.

Баъзе амалиётҳои ҷудогонаи тиҷоратӣ бе баровардани мол аз сарҳади гумрукӣ ба хориҷа ба содирот баробар карда мешаванд. Ҳаҷми тиҷорати байналхалқӣ ё ин ки гардиши молии ҷаҳонӣ бо роҳи ҷамъ намудани танҳо ҳаҷми содирот одатан бо доллари ИМА ё бо нархҳои ФОБ (англ. free on board) ҳисоб карда мешавад. Нархи ФОБ маънии онро дорад, ки фурӯшанда танҳо як қисми хароҷотҳо барои интиқол ва суғуртакунии мол то лаҳзаи ба киштӣ дастрас амудани онро ба ӯҳда мегирад. ФОБ шарти бунёдии таҳвил мебошад, ки мувофиқи он фурӯшанда пардохти хароҷотҳои бурда расонидани бор ба киштӣ дар бандари боркунанда (одатан дар мамлакати содиркунанда) ва боҷи содиротии гумрукиро ба ӯҳда мегирад. Ҷоёгиркунӣ ва штивкаи бор (яъне сарфакорона ҷойгир намудани бор дар борхонаи киштӣ бо мақсади пур кардани холигиҳо) дар киштӣ, чун қоида, аз ҷониби харидор пардохт карда мешавад. Дигар хароҷотҳои минбаъда, вобаста ба интиқоли бор, суғуртакунии он, пардохти боҷҳои воридотӣ ва дигар пардохтҳоро низ харидор аз ҳисоби худ анҷом медиҳад.

Воридот — ин ворид кардани мол, меҳнат, хизмат, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо, ба ҳудуди гумрукӣ аз хориҷа бе ӯҳдадории баргардонида баровардани онҳо мебошад. Амри воқеъ шудани воридот вақте ба қайд гирифта мешавад, ки мол аз сарҳади гумрукӣ гузарад, хизмат расонида шавад ва ҳуқуқ ба натиҷаи моликияти зеҳнӣ ба даст ояд. Мақоми ҳудуди гумрукӣ аз тарафи Кодекси гумруки ҶТ муайян карда шудааст.

Воридот бо нархҳои СИФ ҳисоб карда мешавад, ки дар натиҷа он аз арзиши содирот қариб ба андозаи 1/10 зиёд мегардад.

СИФ(англ. C1F — cost, insurance and freight) – арзиш, суғуртакунӣ, фрахт – ин шарти расонидани бор, ки фурӯшанда интиқоли мол то нуқтаи таъинот (одатан бандар дар мамлакати воридот) ва хароҷотҳои суғуртакунии мол дар вақти интиқолро пардохт мекунад. Аз ин рӯ, нархи СИФ хароҷотҳо оид ба арзиши мол, суғурта ва фрахти онро низ дар бар мегирад.

Фаъолияти беруниқтисодӣ фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи мубодилаи байналхалқии мол, кор, хизматрасонӣ, иттилоот, натиҷаи моликияти зеҳнӣ, аз он ҷумла ҳуқуқҳои истисноӣ ба онҳо мебошад. Таҳти мол тамоми амволи манқул (аз он ҷумла тамоми шаклҳои энергия) ва киштиҳои обӣ, ҳавоӣ, киштиҳои дар дохили мамлакат шинокунанда ва объектҳои кайҳоние, ки ба амволи ғайриманқул мансуб дониста шуда, предмети фаъолияти берунтиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд, фаҳмида мешавад. Воситаҳои нақлиёте, ки ҳангоми қарордод дар бораи ҳамлу нақли байналхалқӣ истифода бурда мешаванд, мол ба ҳисоб намераванд.

Тиҷорати байналхалқии хизматрасонӣ инчунин содироти диданашаванда номида мешавад.

Хизматрасонӣ – ин фаъолияти соҳибкорие мебошад, ки ба қонеъ гардонидани талаботи дигар шахсон равона карда шудааст, ба истиснои фаъолияте, ки дар асоси муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ амалӣ мегардад.

Ба хизматрасониҳои содиршаванда хизматрасониҳои кашонидани мусофирон ва бағоҷ тавассути киштиҳои ҳавоӣ байни мамлакатҳо – иштирокчиёни ИДМ тибқи созишномаи байниҳукуматии басташуда оиди алоқаи ҳавоӣ дохил мешавад.

Ба хизматрасониҳои содиршаванда ҳамчунин дохил мешаванд: хизматҳое, ки аз ҷониби андозсупорандагон ба арзиши изофае, ки дар ҶТ тибқи тартиби муқарраршуда мувофиқи қарордодҳо (ёдигар ҳуҷҷатҳое, ки ба онҳо баробар карда шудаанд), ки бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ баста шудаанд, ба қайд гирифта мешаванд;

корҳо оиди хизматрасониҳои тамоми шаклҳои пардохтҳо, корҳои таъмирӣ ва ғайра.

Хизматрасонӣ оид ба коркарди ашёи хоми давалчигии воридотӣ, ки ба ҳудуди гумрукии ҶТ бо мақсади коркарди он ба маҳсулоти тайёр ва ба берун аз сарҳади мамлакатҳои ИДМ баровардани он, ворид карда мешавад, (амалиётҳои толлингӣ) ҳамчунин хизматрасонии содиротӣ номида мешавад.

Ҳуқуқи истисноӣ – ин ҳуқуқи истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани ихтироот ё намунаи саноатие мебошад, ки ба муаллиф бо ҳуҷҷат (патент, шаҳодатномаи муаллифӣ, сертификат) нигоҳ дошта мешавад ва ҳамзамон ба дигар шахсон амалӣ намудани чунин ҳаракатҳоро манъ мекунад.

Ба ҳуқуқҳои истисноӣ ба натиҷаи фаъолияти зеҳнӣ дохил мешаванд, ҳуқуқҳои истисноӣ ба: асарҳои адабӣ, илмӣ ва рассомӣ; ҳуқуқҳои ба ҳам наздик; ихтироот; намунаҳои саноатӣ; тамсилаҳои муфид, инчунин натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ, ки ба онҳо баробар карда шудаанд; воситаҳои фардӣ кунонидани шахси ҳуқуқӣ (номи ширкат, тамғаҳои молӣ, тамғаҳои хизматрасонӣ) ва дигар натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва вочитаҳои фардикунонӣ, ки ҳимояашон аз ҷониби қонунгузорӣ пешбинӣ гардидааст.

2. Усулҳои савдо

Усулхои савдо роху равишхои хос ва татбики амалии савдоро нишон медиханд. Дар савдои байналмилалй ду усули асосии савдо мавриди истифода карор дода шудааст:

1) усули мустаким: (ба амал баровардани амалиётхои мустаким дар байни истехсолкунандагон ва истеъмолгарон);

2) усули гайримустаким (ба амал баровардани амалиётхо тавассути миёнаравхо). •

Усули мустакими амалиётхои савдо нисбатан ба усули гайримустаким то андозае дар истифодаи воситахои молиявй дорой афзалият ва нисбатан камхарч мебошад. Аз нигохи дигар, он маблаге, ки барои хаки хизмати миёнарав хамчун мукофотпулй пардохт карда мешавад, сарфа хохад шуд. Баъзан фаъолияти миёнаравхо, хам аз нуктаи назари фаъолияти касбй ва хам аз чихати сифатнокй то андозае ба хадафи асосй мувофикат намекунад. Усули мазкур дар худ хамаи талаботу дархостхои бозорро тачассум менамояд ва дар он бештар тагйироту иловахои чолиб, мавриди тадкику омузиш карор дода мешаванд. Ба гайр аз ин, истифодаи ин усул, аз тачрибаи пешкадами савдо ва тахассуси касбии он кормандони ин соха гувохй медихад. Дар холатхои баръакс бошад, харочоти молиявй на танхо кам мешавад, балки то андозае меафзояд. Инчунин, савдои байналмилалй нисбат ба дохилй бештар дорой нишонаи таваккалкорист. Савдои байналмилалй аз шароиту хусусиятхои хоси мамлакатхо, ойин ва суннатхои миллй, сохти сиёсй, имкониятхои иктисодй, хукукй, фархангй ва ракобату ракобатпазирй дар бозор ва гайра вобасгагй дорад. Ин ба он оварда мерасонад, ки дар амалияи савдои байналмилалй дар холатхои зарурй аз хизмати миёнаравхо низ ба таври бояду шояд истифода бурдан асоснок мебошад. Х,оло як кисмати ташкили мубодилаи амалиётхои байналмилалй бо ёриву мадади миёнаравхои тичоратй суратмегирад. Вале дар ин маврид, донистани шаклхои миёнаравии амалкунанда, ахамияти мухим пайдо мекунад:

Миёнаравҳои оддй (брокерҳо) — онхо одатан фурушандаву харидоронро чустучу карда, бо хам шинос менамоянд, вале мустакиман дар раванди амалиётхо иштирок намеварзанд. Дар савдои байналмилалй бештар шакли комиссияи қарордодӣ ба таври васеъ истифода мешавад, ки комиссионерҳо хукуки аз номи харифон баромад карданро пайдо намуда, бо онхо карордодхоро гарчанде аз номи худашон хам бошад, вале аз хисоби воситахои фурушандаву харидорон, ки фаъолияти таваккалкориро ба ухда доранд, имзо менамоянд. Дар назди шахсони саввум комиссионерхо хамчун фурушанда фаъолият менамоянд.

Ба гайр аз ин, шакли маъмултарини комиссияи карордоди, фуруши молхо дар шароити копсигнатсионӣба шумор меравад. Содиркунанда ё консигнант молро ба анбори миёнарав (консигнатор) барои дар мухлатхои муайян фурухтан, тахвил медихад. Консигнатор пардохти хаки моли консигнантро баъди фуруши он ба амал мебарорад. Молхои ба фуруш нарафтаро консигнатор хукук дорад ба сохибонашон баргардонад. Дар шароити консигнатсия асосан молхои мавриди ниёзи мардум фурухта мешаванд.

Хачми бештари савдои байналмилалй тавассути ширкатхои мустакил, ки ба бозфурушии молхо ё дистрибуторхо сару кор доранд, рост меояд. Фаъолияти онхо дар асосй карордоди хариду фуруш ва бо воситахои худй, хам бо фурушанда ва хам бо харидор сурат мегирад. Хиссаи нисбатан хурд дар савдои байналмилалй ба зиммаи хадамоти агента гузошта мешавад. Онхо миёнаравхое мебошанд, ки ё аз номи содиркунандагон ё аз номи воридкунандагон бештар ба манфиати хеш баромад менамоянд. Ба гайр аз ин, се намуди дигари амалиётхои савдои хоричиро номбар кардан чоиз аст, ки дар иктисоди чахон хамчуи яке аз шаклхои махсус: биржаҳо, торгҳо ва музоядаҳо мансуб мебошанд ва дар рушду нумуи он сахми назаррас доранд.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *