Савдои байналхалки

Назарияҳои тиҷорати байналхалқӣ

  1. Меркантилизм ҳамчун назарияи аввалаи ташкили тиҷорати байналхалқӣ.
  2. Назарияи афзалияти мутлақӣ А. Смит.
  3. Назарияи афзалияти муқоисави (нисбӣ) – и ва мубодилаи байналмиллалии Д. Рекардо.
  4. Назарияи навклассикии Э. Хекшер. Б. Олин ва П. Самуэлсон. Моҳият ва мавқеъи он дар иқтисодиёт.
  5. Меркантилизм ҳамчун назарияи аввалаи ташкили тиҷорати байналхалқӣ

Тиҷоратӣ байналхалқӣ шаклӣ анъанавӣ ва қадимаи МИБ мебошад. Садсолаҳо пештар пайдо шуда, вай имрӯз ҳамчун мавқеи муҳимро дар системаи умумии робитаҳои хоҷагии ҷаҳонӣ нигоҳ медорад.Баъдӣ ҷангӣ дуюмӣ ҷаҳонӣ тиҷоратӣ байналхалқӣ бо су ръатӣ хело баланд авҷ гирифта, суръатӣ рушдӣ истеҳсолотӣ ҷаҳониро ба миён овардааст.Аз рӯи маълумотҳои Cозмонӣ Умумиҷаҳонии меҳнат кишварҳое, кӣ саҳмӣ босазро дар тиҷоратӣ байналхалқӣ гузоштаанд – ин ШМА, Япония, Германия, Фаронса, Британияи Кабир, Италия, Канада, Голландия, Ганконг, Белгия мебошад. Тиҷорати байналхалқӣ метавонад дар режимҳои гуногун суъат гирад:

  1. Тиҷоратӣ озод;
  2. Протексионизм.

— тиҷоратӣ озод дар вақтӣ убур карданӣ ҳудудҳои гумрукӣ дар ҳаракатӣ молҳо ягон хел монеъа дучор намешавад.( аз қабилӣ боҷҳо, андозҳо, ҳиссаҳо ва ғ.)

протексионизм, яъне дар шароитӣ ҷой доштанӣ сатҳӣ ниҳояд баландӣ тиҷоратиро дар назар дорад. Ин ҳолат хислати манъкунии ҳакориҳои тиҷоратиро дар худ таҷассум мекунад.Суммаи содирот ва воридотро – ин гардишӣ тиҷоратӣ хориҷӣ меноманд. Фарқӣ байнӣ онҳоро салдо ( бақия ) – и тиҷоратӣ меноманд.

Афкори иқтисодӣ дор тулӣ се садсолаҳои охир кӯшиши назариявии дарк намуданӣ масоилӣ тиҷоратӣ байналхалқӣ ва ҷавоб гуфтан ба саволҳои асосии зеринро дорад:

— асосӣ тиҷоратиро чӣ ташкил мекунад ва фоида аз муноибатҳои тиҷоратӣ гирифташавандачӣ гунна аст;

— бо кодом молҳо бояд ин ё он мамлакат тиҷорат кунад, аз чӣ бояд содирот ва воридотӣ ташкил ёбад?

Баназар мерасад, кӣ ҷавоб гӯфтан ба ин саволҳо начандон душвор аст вале фарқият дар саватҳои табии, шароитӣ обу ҳаво ва ҷойгиршавии омилҳои истеҳсолот, кӣ онро ҳар як кишвар дорад мебошад.Саравал кӯшишӣ омӯзишӣ назариявии масоилӣ тиҷоратӣ байналхалқиро бо истифода аз доктринаи « меркантилизм » карда буданд, кӣ дар тӯлӣ асрҳои 17-18 ҳукмрон буд. Ин доктрина дар як қаттор китобу маҷалаҳо нашр шуда буд, кӣ муалифонӣ онҳо худдӣ тоҷирон, бонкирҳо, хизматчиёнӣ ҳукуматӣ, файласуфон аз Англия, Испания, Фаронса, Партугалия ва Нидерландия буданд.

Доктринаи меркантилизм диққатӣ дигар иқтисодчиёнро аслан на аз нуқтаи назарӣ таърихӣ афкорӣ иқтисодӣ балкӣ аз рӯи як қаттор омилҳое, кӣ ба иқтисодиётӣ байналхалқӣ бештар алоқаманд аст, ҷалб намудааст.

  1. Меркантилизм аввалин кӯшишӣ ба вуҷуд овордани назарияи мавзунӣ тиҷоратӣ байналхалқӣ мебошад.
  2. Идеяҳои иқтисодчиёнӣ мактабӣ классикиро ҳамон вақт амиқ дарк кардан мумкин аст, кӣ агар ба онҳо ҳамчун реаксия ба ақидаи меркантилистон оид ба соволҳои тиҷоратӣ байналхалқӣ ва нақши иқтисодии давлат баҳо доджа шавад.
  3. Дар шароити ҳозира ақидаҳои неомеркантилистӣ во мехӯранд, кӣ мамлакатҳои алоҳидае, кӣ сатҳӣ бекори дар онҳо баланд аст воридоти молҳо ва хизматҳоро аз хориҷа хориҷа маҳдуд намуда бо ин роҳ ҳавасмандгардонии истеҳсолотӣ дохилиро ва зиёд карданӣ шуғлро дар бахшҳои гуногунӣ иқтисодӣ таъмин менамояд.

Меркантилистон дар он ақида буданд, кӣ сарчашмаи боигариро соҳаи муомилот ва истеҳсолот ташкил мекунад.боигариро ба пулҳо шабоҳат дода буданд. Ба фикри меркантилистон дар самтӣ асосноксозии робитаҳои байнӣ давлатӣ, диққатӣ бештарро дар муайян намуданӣ дар таносуб дар байнӣ содироту воридот медоданд. Дар натиҷа боигарии кишвар ба воридоти бештарӣ тилло пойваст карда мешавад. Ба ин ақидаҳои худ онҳо дар назар доштанд, кӣ барои мустаҳкам карданӣ иқтисодиётӣ миллии давлат бояд:

  1. балансӣ мусбии тиҷоратро бояд нигоҳ доранд, яъне бештар мол бароранд назар ба оне, кӣ ворид намоянд, айнӣ ҳол хароҷотӣ дохилӣ, истеҳсолотва шӯғлро зиёд намоянд.
  2. бароварданӣ ашёи хомро маҳдуд, карда бебоҷ ворид карданӣ онҳоро ҳавасманд гардонанд, ки имконияти ҷамъ карданӣ захираҳои тилоро медиҳад ва нархҳои содиротиро ба маҳсулотӣ тайёр дар сатҳӣ паст нигоҳ медорад.
  3. ба мустамликаҳо ва дигар кишварҳо, робитаҳои тиҷоратиро ғайри истеҳсолӣ молҳои тайёр манъ кунад ва бо ин роҳ онҳоро таъминкунандаи ашёи хом намояд.

Назарияи меркантилистӣ. Меркантилизм – самти тафаккури иқтисодӣ, ки олимони аврупоӣ таҳия намудаанд ва он бо хусусияти молии истеҳсолот ифода карда мешавад. Меркантилистон нуқтаи назари омориро ба ҷаҳон дастгирӣ менамуданд, яъне аз нуқтаи назари онҳо танҳо миқдори маҳдуди боигарӣ мавчуд аст. Бинобар ин боигарии як мамлакат танҳо аз ҳисоби камбағалшавии дигар мамлакат зиёд шуданаш мумкин буд. Зеро афзоиши боигарӣ танҳо аз ҳисоби азнавтақсимкунӣ имконпазир аст. Ба ҳар кадом миллат ғайр аз иқтисодиёти мустаҳкам мошинаи пурзӯри давлатӣ зарур аст, ки он армия, флоти баҳрӣ ва савдоиро дарбар мегирад ва он метавонад афзалиятро ба дигар мамлакатҳо таъмин намояд.

Системаи иқтисодӣ мувофиқи нуқтаи назари меркантилистон аз се сектор иборатаст: сектори истеҳсолӣ, сектори қишлоқ ва мустамликаҳои хориҷӣ. Тоҷирон аз ҷиҳати иқтисодӣ гурӯҳи бештар муҳимро ташкил медиҳанд ва меҳнатро бошад ҳамчун омили асосии истеҳсолот дида мебаромаданд.

Боигарии мамлакатҳоро бо миқдори тилло ва нуқрае, ки онҳо дар ихтиёр доранд чен карда, мактаби меркантилистӣ чунин ҳисоб мекард, ки барои мустаҳкам намудани мавқеи миллӣ давлат бояд:

  • тавозуни мусбии савдоро нигоҳ дорад – молҳоро бештар дарорад, назар ба баровардан, зеро ин анбӯҳи тиллоро ба сифати пардохт таъмин мекунад, ки он дар навбати худ имконият медиҳад хароҷоти дохилӣ, истеҳсолот ва шуғл зиёд карда шавад;
  • барои зиёд кардани содирот ва кам кардани воридот бо мақсади таъмин намудани бақияи мусбии савдо бо кӯмаки тарифҳо, квотаҳо ва дигар олотҳои сиёсати савдо онро ба танзим дарорад;
  • баровардани ашёи хомро манъ кунад ё ба таври ҷиддӣ маҳдуд намояд ва ба воридоти бе боҷи ашё иҷозат диҳад, ки ба он дар дохили мамлакат ноил шудан мумкин нест ва он имконият медиҳад захираҳои тиллоро ғун карда нархҳои пасти содиротӣ ба маҳсулоти тайёр нигоҳ дошта шавад;
  • ҳама гуна савдои мустамликаро бо мамлакатҳои дигар ғайр аз метрополия манъ кунад, ки танҳо метрополияметавонад молҳои мустамликавиро дар хориҷа ба фурӯш барорад ва ҳамчунин ба мустамликаҳо истеҳсоли молҳои тайёрро манъ намояд, ки бо ҳамин онҳоро ба таъминкунандаи ашёи хом ба метрополия табдил медиҳад.
  1. Назарияиҳои классикии тиҷорати байналмиллалӣ, моҳият ва мазмуни онҳо

Назарияи Меркантилисти тулӣ якуним аср дар иқтисодиёт ҳамкорӣ намуд ва дар ибтидои асри-18 дар асосӣ қоидоҳои сохтаи Ҳукуматҳои миллӣ доир ба тиҷоратӣ байналхалқӣ пурзиддият гашт ва ба талаботҳои тарзӣ истеҳсолотӣ сармоядорӣ ҷавобгӯ набуд.

Акнун дар майдонӣ иқтисоди лидерӣ нав ба миён омад, кӣ инкишофӣ минбаъдаи назарияи тиҷоратӣ байналхалқӣ дар асарҳои иқтисодчиёнӣ мактабӣ классикӣ ( А. Смит ва Д. Рекардо ) во хӯрда мешуд. Дар давраи гӯзариши мамлакатҳоикалони сармоядорӣ ба истеҳсолоти калонӣ мошини , А. Смит масъалаи ратсионалӣ будани тиҷоратӣ байналхалқиро гузошт. Ӯ дар китобӣ машҳури худ «Татқиқот оид ба мазмун ва сабабҳои боигарии халқҳо» , кӣ ба танқидӣ меркантилизм бахшида шудааст. Вай пешниҳод кард, кӣ барои давлат на фақат фӯрӯш балкӣ хариди молҳо дар бозорӣ хориҷӣ фоидаовар шуда метавонад ва ҳамчунин кӯшиши ба харҷ дод, кӣ муайян намояд кадоме молҳоро фоиданок содир ва кадоме аз онҳоро ворид намоянд.

Маҳз ба ҳамин хотир нуқтаи назарӣ вайро дар адабиётҳои иқтисодӣ принсипӣ ( ё моделӣ ) афзалиятӣ мутлақ ном гузоштаанд.

Идеяи А. Смитро дар моделӣ оддӣ ифода кардан мумкин аст,кӣ барои он шартҳои зерини таҳлил хос мебошад:

  1. дар ҷаҳон фақат ду мамлакат арзи вуҷуд мекунад;
  2. дар мамлакатҳо фақат ду мол истеҳсол карда мешавад;
  3. тиҷоратӣ молҳо дар байнӣ мамлакатҳо бе ягон маҳдудият гузаронида мешавад ;
  4. омилҳои истеҳсолот дар байнӣ мамлакатҳо ҳаракат намекунанд;
  5. ба ҳосилноки ва нархӣ мол фақат меҳнат таъсир мерасонад;
  6. тиҷоратӣ байналхалқӣ дар ҳолатӣ мувозинат қарор дорад (воридот аз ҳисобӣ содирот пардохта мешавад);
  7. таносубӣ байнӣ меҳнат ва истеҳсолот доимист ( самараи миқёс);
  8. омилҳои истеҳсолот дар байнӣ соҳоҳо задҳаракат мебошад;
  9. дар ҳудудӣ мамлакат ва ҳардуи соҳаҳо рақобатӣ муккамал ҷой дорад.

Шароити афзалиятӣ мутлақ дар ҳамон ҳолат ҷой дошта метавонад, кӣ агар ин ё он мамлакат имкониятӣ истеҳсолӣ як ва ё якчанд молҳоро бо хароҷотӣ кам нисбат ба дигар мамлакатҳо дошт бошад. Бинобар ин бояд он молҳое содир карда шаванд, кӣ хароҷотӣ истеҳсолии назар ба дигар мамлакатҳо кам бошадва мувофиқат молҳое ворид намояд, кӣ хпароҷотӣ истеҳсолии онҳо дар хориҷа нисбатан паст, назар ба мамлакатӣ худ бошанд.

Саромадони мактаби классикии иқтисодӣ, сараввал А. Смит, аввалин бор алоқаи тарафайни мустақими савдои берунаро бо тараққиёти иқтисодиёти дохилии мамлакатҳо нишон доданд.

Назарияи афзалиятҳои мутлақ — мамлакатҳо он молҳоеро содирот менамоянд, ки онро онҳо бо хароҷоти кам истеҳсол мекунанд (дар истеҳсоли ин хели молҳо онҳо афзалияти мутлақ доранд) ва он молҳоеро воридот мекунанд, ки онҳо аз ҷониби мамлакатҳои дигар бо хароҷоти кам истеҳсол карда мешаванд (дар истеҳсоли он афзалият ба шарикони савдоии онҳо мансуб мебошад).

Вазифаи асосӣ на харидани тилло, балки дар тараққиёти истеҳсолот аз ҳисоби тақсимоти меҳнат ва кооператсияи он иборат мебошад. Ба таври беҳтарин ба ин дар шароите ноил гардидан мумкин аст, ки истеҳсолкунандагон мутлақо ҷиҳати иқтисодӣ озод мебошанд ва тавонанд мустақилона дар доираи қонунҳои мавҷуд буда ҷабҳаи фаъолияти хешро интихоб намоянд. Ин сиёсат номи «лэссэ-фэр»-ро – сиёсати давлатии дахолат накардан ба иқтисодиёт ва рақобати озодро ба худ гирифтааст.

Мувофиқи ҷаҳонбинии А.Смит:

  • ҳукуматҳо бояд ба савдои беруна дахолат накунанд, режими бозорҳои кушод ва савдои озодро дастгирӣ намоянд;
  • миллатҳо ҳам ҳамчун шахсони алоҳида бояд ба истеҳсоли он молҳо тахассусонида шаванд, ки дар истеҳсол ва савдо кардани он дар мубодила бо молҳое афзалият доранд, ки дар ҷодаи истеҳсоли онҳо миллатҳои дигар бартарӣ доранд;
  • савдои беруна инкишофи ҳосилнокии меҳнатро бо роҳи васеъ намудани бозор берун аз сарҳадҳои миллӣ ҳавасманд мекунад;
  • барои иқтисодиёти мамлакат содирот омили мусбӣ ба ҳисоб меравад, зеро он фурӯши маҳсулоти изофагиро таъмин менамояд, ки онро дар бозори дохилӣ фурӯхта наметавонанд;
  • субсидия (ёрии пулӣ) ба содирот ин андоз ба аҳолӣ ба ҳисоб меравад ва ба баландшаваии нархҳои дохилӣ оварда мерасонад ва бинобар ин бояд он бекор карда шавад.

Аргентина

Гандум

Шакар

50

0

25

50

Хати имкониятҳоиистеҳсолӣ

Хати имкониятҳои савдоӣ

А

А’

Бразилия

Гандум

Шакар

В

В’

100

40

0

100

Хати имкониятҳоиистеҳсолӣ

Хати имкониятҳои савдоӣ

расми 3. расми4.

ҷадвали10.

То тахассусгардонӣ
Мамлакат Истеҳсолот Содирот(-)/ Воридот (+) Истеъмол Афзоиши истеъмол
Аргентина

гандум

шакар

20

15

0

0

20

15

Бразилия

гандум

шакар

12

70

0

0

12

70

Баъди тахассусгардонӣ
Аргентина

гандум

шакар

50

0

-20

+20

30

20

+10

+5

Бразилия

гандум

шакар

0

100

+20

-20

20

80

+8

+10

Назарияи савдои берунаи А.Смит ба истисноҳои сершумор асос карда шудааст. Он ҳамчун аксиома онро қабул мекунад, ки: омили ягонаи истеҳсолот меҳнат ба ҳисоб меравад; шуғли пурра ҷой дорад, яъне ҳамаи захираҳои меҳнатии мавҷуд буда барои истеҳсоли молҳо истифода бурда мешавад; дар савдои байналхалқӣ танҳо ду мамлакат иштирок мекунанд, ки онҳо бо ҳамдигар танҳо бо ду мол савдо мекунанд; хароҷоти истеҳсолот доимӣ боқӣ мемонад, камшавии онҳо бошад талаботро ба мол зиёд мекунад; нархи як мол дар миқдори меҳнате ифода карда шудааст, ки ба истеҳсоли моли дигар сарф карда шудааст; хароҷоти нақлиёт оиди кашонидани молҳо аз як мамлакат ба дигараш ба сифр баробар аст; савдои беруна аз маҳдудиятҳо ва батанзим дарорӣ озод мебошад.

  1. Назарияи афзалияти муқоисави (нисбӣ) – и ва мубодилаи байналмиллалии Д. Рекардо

Назарияи бартарияти мутлақӣ А. Смит универсалӣ намебошад. Чункӣ ба як қаттор соволҳои дар раванди муносибатҳои тиҷоратии хориҷӣ пайдошаванда ҷавоб намедиҳад.

  1. Чӣ ҳолат рӯй медиҳад, агар мамлакат аз рӯй истеҳсолӣ яган намудӣ мол бартарият надошта бошад?
  2. Оё метавонад чунин мамлакат шарикӣ баробарҳуқуқ дар тиҷоратӣ байналхалқӣ бошад?
  3. Оё дигар мамлакатҳо барои бо вай ҳамкорӣ карданро дар тиҷоратӣ байналхалқӣ розӣ мешаванд?
  4. Магар чунин шароит ба вуҷуд намеояд , агар мамлакат маҷбур шавад молҳои ба худ зарурро аз бозорӣ хориҷӣ харид кунад ва бо истифода аз чӣ дар чунин ҳолат вай бо молҳои аз хориҷа харидкардашуда ҳисобӣ мекунад.

Давид Рекардо дар ибтидои асрӣ 19 далелҳоро ба манфиати тиҷоратӣ озод мустаҳкам сохт. Ӯ дар асарӣ классикии худ «принсипҳои иқтисодӣ сиёсӣ» тасдиқ кард, кӣ тиҷоратӣ хориҷӣ барои ҳамаи мамлакатҳо фоида дорад ҳатто агар вай бартариятӣ мутлақ надошта бошад ҳам ва ё баръакс бартариятӣ мутлақро дар истеҳсолӣ ҳамаи намудӣ маҳсулот дошта бошад. Муҳим фақатон аст,кӣ фарқият дар хароҷотӣ истеҳсоли ва ё натиҷанокии меҳнат, ҳосилнокии меҳнат яъне бартариятӣ нисбӣ мавҷуд бошад.

Ҳамин тавр сарчашмаи фоиданокии тиҷоратӣ хориҷӣ фақат дар фарқиятӣ хароҷотҳои истеҳсолӣ новобаста аз ҳаҷмӣ мутлақӣ ин хароҷотҳо шуда метавонад.

Барои оне, кӣ нақшӣ бартариятӣ нисбиро дар механизмӣ тиҷоратӣ хориҷӣ муайян созанд, фақат мо як омилӣ истеҳсолот – меҳнатро истифода мебарем.Аз рӯй ақидаи Д. Рекардо барои асоснок намуданӣ бартариятӣ муқоисавии кишвар чунин ҳисоботҳо гузаронида мешавад.

АLх — хароҷотӣ меҳнат ба як воҳиди маҳсулотӣ х;

Аly – хароҷотӣ меҳнат ба як воҳиди маҳсулотӣ у;

Qх – миқдорӣ маҳсулотӣ х;

Qу — миқдорӣ маҳсулотӣ у;

Pх – нархӣ маҳсулотӣ х;

Pу – нархӣ маҳсулотӣ у;

L – қувваи коррӣ.

Барои интихоб намуданӣ маҳсулотҳое, кӣ бартариятӣ муқоисавӣ доранд чунин таносубҳо таҳлил карда мешаванд.

1. QLх / QLу >Pх / Pу; Яъне агар QLх >QLу ва Pх <Pу бошад, пас барои ин кишвар истеҳсолӣ маҳсулотӣ у фоидаовар мебошад. Лекин муздӣ кор дар истеҳсолӣ маҳсулотӣ х баланд мебошад.

2. QLх / QLу <Pх / Pу; Яъне агар QLх < QLу ва Pх >Pу бошад, дар ин ҳолат истеҳсолӣ маҳсулотӣ х фоидаовар аст. Лекин муздӣ кор дар истеҳсолӣ маҳсулотӣ у баланд мебошад.

3. QLх / QLу = Pх / Pу; Яъне агар QLх = QLу ва Pх = Pу бошад, пас дар ин ҳолат хароҷот аз ҳисобӣ доромод рӯйпӯш мешавад.

Пас мо нишондиҳандаи нисбии ду мамлакат – хароҷотӣ меҳнатро таҳлил менамоем.Ҷадвалӣ 4.2 принсипи бартариятӣ насбӣ.

Ҷадвалӣ 4.2

Номгӯи маҳсулот Арика Бритика

N — матоъ 4 ст. 5 ст.

M- вино 10 ст. 12 ст.

Таҳлилӣ хароҷотӣ меҳнат барои истеҳсолӣ матоъ ва винодар кишварӣ Арика.

1. Матоъ.

М/В=4/10=0,4ст ба 1ст Вино.

2. Вино.

В/М=10/4=2,5ст ба 1ст Матоъ.

Таҳлилӣ хароҷотӣ меҳнат барои истеҳсолӣ матоъ ва винодар кишварӣ Бритика.

1. Матоъ.

М/В=5/12=0,42ст ба 1ст Вино.

2. Вино.

В/М=12/5=2,4ст ба 1ст Матоъ.

Хулоса чихеле, кӣ аз ҷадвал дидан мекунем, Кишварӣ Арика дар наздӣ Кишварӣ Бритика бартариятӣ муқоисавиро дар истеҳсолӣ матоъ дошта, Кишварӣ Бритика дар наздӣ Кишварӣ Арика бартариятӣ муқоисавиро дар истеҳсолӣ Вино дорад.

Назарияи бартариятӣ муқоисавӣ дар замонӣ муосир ба чунин мушкилотҳо бар мехурад:

  1. ин назария бештар ба хароҷотҳои – Меҳнат асос меёбад ва дигар номгӯй хароҷотҳоро ба назар намегирад. Масъалан хароҷотҳои нақлиётӣ чунин баланд мебошанд, кӣ метавонад бартариятеро, кӣ аз рӯй хароҷотӣ меҳнат кишвар соҳиб шуда буд, кулан тағйир диҳад.
  2. ин назария ҷой доштанӣ боҷҳои гумрукиро ба назар намегирад. Ҳол он, кӣ дар воридотӣ маҳслот низомӣ гумрукӣ истфода мешавад ва дар ҳолате, кӣ боҷҳои гумрукӣ баланд гузошта мешаванд бартарияте, кӣ аз рӯи моделӣ Д. Рекардо дар кишвар буд аз даст дода мешавад.
  3. бо инкишофи ширкатҳои трансфоромиллӣ ( корхонаҳои азимҷӯсае,кӣ шуъбаҳои худро дар бештарӣ минтақаҳои ҷаҳон кушодаанд ) бартариятӣ муқоисавӣ метавонад афзун гардад аз ҳисобӣ дастрас шуданӣ технологияи пешқадам.

Назарияи афзалиятҳои нисбӣ (муқоисавӣ) – агар мамлакатҳо ба истеҳсоли он молҳое тахассусонида шаванд, ки онҳо ин молҳоро нисбатан бо хароҷоти алтернативии паст дар муқоиса бо мамлакатҳои дигар истеҳсол мекунанд, пас савдо барои ҳарду мамлакат муфид мешавад, новобаста аз он, ки оё истеҳсоли яке аз ин молҳо мутлақо назар ба дигараш самаранок мешавад.

Бурд аз савдо дар натиҷаи он карда мешавад, ки мамлакат барояш миқдори зиёдтари молҳои хориҷиро, назар ба бозори дохилӣ гирифта метавонад. Ва бурд аз савдо аз ду тараф бояд мушоҳида кард: аз тарафи сарфаи меҳнат ва аз тарафи зиёдшавии истеъмолот.

Афзалияти нисбӣ на танҳо аз таносуби ҳосилнокӣ дар ду мамлакат, балки ҳамчунин аз таносуби миқдори меҳнат, ки ба истеҳсоли молҳои якхела сарф карда шудааст, ки дар ниҳояти кор дар таносуби пардохти меҳнат зуҳур меёбад. Агар мамлакат ба коргарон барои истеҳсоли моле, ки аз рӯи ин мол он афзалияти мутлақ надорад музди бештар пастро пардозад назар ба оне, ки коргарони мамлакати шарик оиди савдо мегиранд, пас дар мамлакати якум афзалияти нисбӣ пайдо мешавад, ки он савдоро ақлона ва самаранок мегардонад.

  1. Назарияи навклассикии Э. Хекшер. Б. Олин ва П. Самуэлсон. Моҳият ва мавқеъи он дар иқтисодиёт. Назарияи савдои хизматҳо

Иқтисодчиёни Шведи Б. Олин ва шогирдонаш Хекшер ва Самуэльсон дар доираи ташкили савдои байналхалқии кишварҳо назаОмирияеро бо номи “Назарияи ба омилҳои истеҳсолот асосёфта” ё “назарияи омилии кишвар» рӯи чоп овардаан, ки ба афзалиятҳои тиҷоратии кишварҳо аломати хоса дорад. Онҳо татқиқоти илмии худродар доираи таҷрибаи кори иқтисодии кишварҳои Бразилия ва ШМА гузаронидаанд. Аз рӯи татқиқот ба чунин хулоса омадаанд: “Омилҳои истеҳсолот дар ҳама кишварҳо вуҷуд доранд, Яъне хар як кишвари алоҳида дар ҳудуди худсоҳиби замин, қувваи корӣ, технология ва сармоя мебошад” Аммо на хар як кишвар соҳиби миқдори зарурии онҳо мебошад. Яъне омилҳои истеҳсолот дар ҳар як кишвар дар шакли маҳдуд ҷой дорад. Бинобар ин кишварҳое, ки соҳиби технология ва сармояи зиёдан дар савдои байналхалқӣ ба чифати истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони маҳсулотҳои илмталаб машғул гарданд ва кишварҳое, ки дорои соҳиби қувваи кории арзон мебошанд, онҳо дар савдои байналхалқӣ ба сифати кишварҳои истеҳсолкунанда ва содиркунандаи маҳсулотҳои меҳнатталаб бояд машғул шаванд. Масъалан Амрико ки сармоя ва технологияи муосирро дорад метавонад содиркунандаи маҳсулотҳои илмталаб (таҷҳизотҳои компютерӣ, барномаҳои он, ва ғ.) ва Бразилия, ки қувваи кории арзонро дорад метавонад ба истеҳсоли маҳсулоти меҳнатталаб (масъалан коффе) машғул шавад.

Тавсифи савдои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 ба 3121,6 млн. долл. баробар омада, аз нишондиҳандаи соли 2005 39,4% зиёдтар гардид. Дар айни ҳол содирот ба 54% зиёд шуда ба 1399,0 млн. долл. расид, воридот бошад таносубан 29,5% ва 1722,6 млн. долларро ташкил кард.

Суръати тағироти содирот ва воридоти ҶТ

таи солҳои 1999-2006

Расми 5.

Сохтори содироти ҶТ таи солҳои 1999-2006

таблица 11.

Нишондиҳандаҳо 2006 2005
Ҳаҷми умумии содирот бо нархҳои ФОБ (ҳазор долл. ИМА) 1 399 022,5 908 716,7
Алюминии коркарднашуда 1 049 510,2 563 016,0
Нахи пахта 128 666,8 143 912,0
Қувваи барқ 49 015,0 52 555,0
Молҳои дигар 171 830,5 149 233,7

Дар сохтори содироти Тоҷикистон мақоми калонтаринро металлҳои камқиммат ишғол менамоянд. Дар соли 2006 вазни қиёсииалюминии коркарднашуда дар ҳаҷми умумии содироти кишвар 75,0%-ро ташкил намуд. Ҷои дуйумро дар сохтори содиротӣнахи пахта ва маҳсулоти аз он истеҳсолмешуда мегирад. Вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии содироти кишвар дар соли 2006 12,5,0%-ро ташкил кард. Вале дар хотир бояд дошт, ки дар солҳои 80-ум Тоҷикистон ҳар сол 850 ҳазор то 1 млн. тоннаин маҳсулотро мебаровард. То соли 1999 ҳаҷми истеҳсоли пахта то 315,8 ҳазор тонна кам шуд. Дар солҳои охир тамоюли афзудани истеҳсоли он ба назар мерасад.

Дар айни ҳол 4,75% ҳаҷми содиротромаҳсулоти минералӣ ва маҳсулоти растанигӣ, ба монанди барги тамоку, меваҳои хушк ва сабзавот ташкил медиҳад.

Хамагӣ зиёда аз 80% ҳаҷми содироти Тоҷикистон аз маҳсулоти хом ва коркарди аввала иборат мебошад. Чунин сохтори содироти кишвар ҷабҳаи ашёӣ доштани иқтисодиёти моро муаррифӣ карда, нишони он аст, ки маҳсулоти охирии соҳаҳо ва корхонаҳои кишвар дар бозорҳои беруна рақобатпазир нестанд.

Суръати тағироти сохтори содиротии ҶТ

расми 6.

Дар сохтори воридотии ҶТ маҳсулоти саноати кимиё бештар аст. Он аз нуриҳои минералӣ, заҳрҳои кимиёвии кишоварзӣ, рангубори гуногун ва масолеҳи нимтайёр барои саноати кимиё, ресандагӣ, хурокӣ, коркарди маъданӣ ва металлургияи ранга ва инчунин молҳои ниёзи мардум иборат мебошад. Тараққиёти босуръати саноати чопӣ, талаботи шабакаи маориф ба ин гуна маҳсулот ба афзоиши воридоти қоғаз ва дигар ин гуна маҳсулот замина гузошт. Таи солҳои 1993-2003 ҳаҷми воридоти ин гуруҳи молӣ 17,8 маротиба афзуд.

Сохтори воридоти ҶТ таи солҳои 1999-2006гг.

ҷадвали12.

Нишондиҳандаҳо 2006 2005
Ҳаҷми умумии воридот бо нархи СИФ (ҳазор долл. США) 1 722 614,4 1 329 799,3
Ашёи хом барои алюминий 386 670,0 361 823,0
Гази табиӣ 34 927,3 26 600,0
Маҳсулоти нафтӣ 191 366,6 126 129,0
Қувваи барқ 66 834,4 58 137,0
Гандум 28 025,5 30 690,0
Орд 48 952,7 45 434,0
Маҳсулоти дигар 965 837,9 680 986,3

Тағироти сохтори воридоти ҶТ

Расми 7.

Тавсифи савдои байналхалқии хизматрасонӣ

Аз рӯи баҳодиҳии тахминӣ дар солҳои 80-ум хизматҳо наздик 64%-и маҳсулоти умумии миллии ҷаҳониро ташкил медоданд. Бо вуҷуди ин дар тӯли солҳои бисёр хизматҳо дар амал тибқи назарияи муносибатхои иқтисодии байналхалқӣ омӯхта нашуда буданд. Қисман ин бо мураккабии муайян намудани худи мафҳуми хизматҳо алоқаманд аст, ки миқдори хизматҳо хело зиёд мебошад.

Хизматҳо– тағирёбӣ дар мавқеи воҳиди институтсионалӣ, ки он дар натиҷаи амалҳо ва дар асоси мувофиқаи тарафайн бо дигар воҳиди институтсионалӣ ба амал омадааст. Хизмаро ҳамчун моли ноаёни махсус дида баромадан мумкин аст, яъне — «ҳамаи он чиро ки фурӯхтан мумкин аст, лекин ба болои пой афтондан мумкин нест».

Мувофиқи тавсифоте, ки Созмони Милали Муттаҳид қабул кардааст ва он дар аксарияти мамлакатҳои ҷаҳон эътироф гардидааст, хизматҳо гуфта ҳамаи молҳое ҳисобида мешаванд, ки ба категорияи 4-9 дохил карда шудаанд, ки онро мо дар боби 1 (ҷадвали 1.) моли савдокарданашаванда меҳисобидем. Қисми зиёди молҳо дар ҳақиқат дар доираҳои миллӣ истеҳсол ва истеъмол карда мешаванд, яъне аз нуқтаи назари МИБ моли савдокарданашаванда ба ҳисоб мераванд.

Хизматҳое, ки ба бозори беруна мебароянд, бозори ҷаҳонии хизматро ташаккул медиҳанд. Он дар навбати худ аз як қатор бозорҳои бештар хурд иборат мебошад: литсензия ва ноу–хау, хизмати муҳандисию машваратӣ (инжиринг), хизмати нақлиёт ва алоқа, хизмати туристӣ ва ғайраҳо.

Ҳам савдои молҳо ва ҳам савдои хизматҳо дар қатори баъзе дигар моддаҳо ба ҳисоби амалиётҳои ҷории тавозуни пардохти ҳар кадом мамлакат дохил мешаванд. Лекин ҳамчунин фарқиятҳои ҷиддии сифатии байни молҳо ва хизматҳо ва савдои онҳо мавҷуд аст.

Хизматҳо ба 2 гурӯҳи калон ҷудо мешаванд:

  • хизматҳои омилӣ — пардохтҳое, ки бинобар ҳаракати байналхалқии омилҳо ба миён меоянд (сармоя, қувваи корӣ) – даромад ба инвеститсия, роялти ва дигар пардохтҳои литсензионӣ, музди меҳнате, ки ба ғайрирезидентҳо пардохта мешавад.
  • хизматҳои ғайриомилӣ – дигар намудҳои хизматрасонӣ – нақлиёт, саёҳат ва ғ.ҳ.

Назарияи савдои хизматҳо

Хизматҳое, ки дар бозори ҷаҳонӣ савдо карда мешаванд ҷиҳати хосияти иқтисодии хеш ҳеҷ хел аз савдои моли муқаррарӣ фарқ намекунанд. Бинобар ин ҳамаи назарияи талабот ва таклифот дар савдои байналхалқии мол ва ҳам савдои хизматҳои ғайриомилӣ истифода бурда мешавад. Масалан, дар амсилаи назарияи афзалиятҳои муқоисавӣ ба ҷои молҳо полиси суғурта ва борхати нақлиётро истифода бурдан мумкин аст.

Дар савдо хизмати асосӣ он чиз ба ҳисоб меравад, ки дар аксарияти мавридҳо бояд ҷиҳати ҷисмонӣ ба ҳамназдикшавии харидор ва фурӯшанда ба амал ояд, яъне истеҳсоли хизмат ва содироти он дар вақт ба ҳамдигар мувофиқат мекунад. Танҳо дар ин маврид муомилоти хариду фурӯши байналхалқии хизмат ба амал меояд.

Механизмҳои мукаммалгардонии муомилот оиди савдои байналхалқии хизматҳо:

  1. Ҳаракатнокии харидор. Харидорони хизматҳо, ки резидентҳои як мамлакат ба ҳисоб мераванд, ба назди фурӯшандаи хизматҳо меоянд, ки резиденти дигар мамлакат ба ҳисоб мераванд, яъне набудани ҳамин хизмат дар мамлакати хеш (туризм, маориф), сифати баланд (маориф, кӯмаки тиббӣ), нархи паст, (захиракунии молҳо, таъмири киштиҳо).
  2. Ҳаракатнокии фурӯшанда. Харидори хизмат дар хориҷа мебошад ва ба назди фурӯшанда омада наметавонад (хизматҳои аудиторӣ ва муҳосиботӣ, хизматҳои консалтингӣ, шинондани таҷҳизот, сохтмон).
  3. Хусусияти зудҳаракатии худи хизмат – гуфтушуниди байналхалқии телефонӣ, конференсия.

Содироти хизматҳо дар соли 1998 дар бозори ҷаҳонӣ наздик 1,3 триллион долларро ташкил кард ва он нисбати содироти молҳо ҳамчун як бар чор мансуб мебошад. Ин рақамҳо назар ба ҳолати ҳақиқӣ хело кам карда шуданд, зеро ба монанди бисёр намудҳои хизматҳое, ки ба ҳаракати байналхалқӣ ҷалб карда мешавад, ё дар омори савдои хизматҳо пурра ба қайд гирифта намешаванд, ё ба содироти молҳо дароварда мешаванд. Бинобар ин дар ИМА, масалан ҳаҷми воқеии содироти хизматҳо аз рӯи баъзе маълумотҳо, қариб ду маротиба аз маълумоти расмӣ зиёд мебошад.

Омори байналхалқӣ оиди савдои ҷаҳонии хизматҳо ҳаҷми маҳдуди маълумотҳоро медиҳад. Гардиши савдои беруна, масалан ин савдоро танҳо ба се намуд ҷудо мекунад — хизматҳои нақлиётӣ, туризм ва хизматҳои дигар. Наздик 1/4 савдои ҷаҳонии хизматҳо ба хизматҳои нақлиёт ва боз наздик 1/3 ба туризми байналхалқӣ рост меояд

Батанзимдарории давлатии савдои хизматҳо — воситаҳои сиёсати савдо, ки ба фирмаи хориҷӣ — истеҳсолкунандагони хизматҳо кор кардан дар бозори маҳаллиро маҳдуд мекунанд ё манъ менамоянд.

Аксаран ин чораҳои аз ҷиҳати миқдорӣ маҳдуд кардани хизмат мебошанд:

  • Маҳдудият ба савдои хизматҳо масалан талаботҳои қонунгузорӣ дар бораи он ки ҳамаи молҳои воридотӣ бояд аз ҷониби ширкатҳои маҳаллӣ суғурта карда шаванд, ё кашонидани молҳои содиротӣ аз ҷониби ширкатҳои миллии нақлиётӣ амалӣ гардонида шавад;
  • Ҷорӣ намудани квотаҳои миқдорӣ ба воридоти хизматҳои хориҷӣ: маҳдудият ба миқдори намоишдиҳии филмҳои хориҷӣ аз ҷониби ширкатҳои телевизиони маҳаллӣ, миқдори ВАО-и хориҷӣ дар бозори миллӣ;
  • Маҳдудият ба дар бозори дохилӣ таъсис додани филиалҳои ширкатҳои хориҷӣ: бонкҳо, ширкатҳои суғурта, ширкатҳои туристии хориҷӣ. Ё маҳдуд кардани номгӯи хизматҳое, ки онҳо метавонанд, пешниҳод намоянд;
  • Маҳдудият ба ҳаракати хизматҳои истеҳсолкунандагон: литсензикунонии давлатии воридоти қувваи корӣ: масалан литсензикунонӣ ва санҷиши духтурон, дипломҳо;
  • Маҳдудият ба ҳаракати истеъмолкунандагони хизматҳо: ба лимит даровардани миқдори визаҳои туристӣ.

Тавсифи тавозуни хизматрасонии пардохти тавозуниҶТ

дар соли 2006, ҳазор.доллари ИМА

ҷадвали 14.

Тавозуни хизматрасонӣ -260 277,4
Хизмати нақлиётӣ -179 601,3
Сафарҳо -3 886,0
Хизмати алоқа 2 171,7
Сохтмон -70 677,3
Хизмати суғуртавӣ -18 861,7
Хизмати молиявӣ -3 845,7
Дигар намудҳои хизматрасонӣ 14 422,9
0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *