Савдои байналхалки

Асосҳои назариявию методологии Савдои байналхалқӣ

1.Моҳият ва зарурати инкишофи савдоибайналхалқӣ дар замони муосир.

2.Нишондиҳандаҳои асосии ташкили савдои байналхалқӣ.

3. Робитаи фанн бо илмҳои дигари иқтисодӣ.

  1. Моҳият ва зарурати инкишофи савдои байналхалқӣдар замони муосир.

Савдои байналхалқӣ ё хориҷӣ аз ибтидо то кунун яке аз шаклҳои тарақикардаи муносибатҳои иқти содии байналхалқӣ (МИБ) ба ҳисоб меравад.Савдои байналхалқӣ ҳамчун муносибати молию пулӣ суръат гирифта куллӣ кишварҳои ҷаҳонро дар бар мегирад.Бо ибораи дигар савдои байналхалқӣ – ин ташкилӣ содироту воридотӣ молу хизматҳо аз ҷониби харидорону фӯрӯшандагони кишварҳои гуногуни ҷаҳон.

Ба сифати субъект дар савдои байналхалқӣ ҳамаи давлатҳои ҷаҳон, ширкатҳои форомиллатӣ, гурӯҳҳои ҳамгироии минтақавӣ (ЕврАзЕС, Иттифоқӣ аврупо ) ва ғ. баромад мекунанд.

Ба сифати объект дар ин бозорӣ байналхалқӣ маҳсулотӣ меҳнатии инсонтавлиднамуда ( молу хизматҳо ) баромад мекунанд.

Савдои байналхалқӣ иқтисодиёти миллии мамлакатҳои ҷаҳонро ба системаи ягонаи бозорӣ ҷаҳонӣ пайваст мегардонад.Бозорӣ ҷаҳонӣ аз бозорӣ миллӣ бо чунин аломатҳояш фарқ мекунад:

1.Дар бозорӣ ҷаҳонӣ фақат маҳсулотӣ рақобатпазир истеҳсол ва пешниҳод карда мешавад;

2. Дар он дараҷаи баландӣ монополигардонӣ амал мекунад;

3. Нархҳои ҷаҳонӣ дар ин бозор амал мекунад;

4. Дар инҷо омилҳои иқтисодӣ бештар ба назар гирифта мешавад.

Савдои байналхалқӣ — соҳаи муносибатҳои байналхалқии пулию молӣ, шакли ба худ хоси мубодилаи маҳсулоти фаъолияти истеҳсолӣ байни харидорони мамлакатҳои гуногун маҳсуб меёбад.

Савдои берунаи давлатҳо ва минтақаҳои алоҳида ҳамчун элементи таркибии савдои байналхалқӣ баромад мекунад.

  1. Нишондиҳандаҳои асосии ташкили савдои байналхалқӣ

Савдои беруна ва байналхалқиро се элементи муҳим тавсиф мекунад:

  1. Гардиши мол;
  2. Сохтори мол;
  3. Сохтори географӣ.

Гардиши мол- ин фарқияти байни содиро ва воридоти давлат мебошад.

Сохтори молии савдои берунии Тоҷикистон аз чунин молҳо иборат аст: пахта, алюминий,металургияи ранга,хӯрокворӣ, қувваи барқ, саноати сабук ва ғайраҳо.Сохтори ҷуғрофӣ-бо кадом давлатҳо доду гирифт мекунад, мисол Россия, Қирғизистон Узбекистон, Эрон, Хитой, ва ғайраҳо.

Гардиши мол — ҳосили ҷамъи арзиши содирот ва воридоти ин ё он мамлакат. Дар баробари ин ҳаҷми арзишӣ ва табиии савдои берунаро фарқ мекунанд.

Дар савдои беруна якчанд намудҳои содироти молҳоро вобаста аз пайдоиш ва таъиноти онҳо фарқ мекунанд:

  1. Содироти классикӣ (ба таври оддӣ гузаронидани мол аз мамлакат ба мамлакат);
  2. Толлинг – (дар шароити муосир баровардани молҳои ватанӣ (бахусус ашёи хом ва нимфабрикатҳо) барои коркард дар хориҷа таҳти назорати гумрукӣ бо минбаъд баргардонидан аҳамият пайдо мекунад.
  3. Реэкспорт (баровардани молҳои пештар аз хориҷа овардашуда бе коркард).
  4. Ба содирот дар мавриди муваққатан ба хориҷа даровардани молҳо инҳо тааллуқ доранд (виставкаҳо, ярмаркаҳо, конференсияҳои илмӣ) бо мақсади минбаъд баргардонидани онҳо.
  5. Содирот дар доираи ширкатҳои трансмиллӣ.

Намудҳои воридот.

  1. Воридоти классикӣ;
  2. Реимпорт (хариди молҳои пештар ба хориҷа баровардашуда);
  3. Воридоти молҳо (ашёи хом, узелҳо, ҷузъҳо) барои коркард дар дохили мамлакат бо мақсади минбаъд баровардан ба хориҷа;
  4. Молҳои муваққатӣ баровардашаванда;
  5. Воридот дар доираи ширкати трансмиллӣ.

Аломати берунаи асосии мавҷудияти бозори ҷаҳонӣ ҳаракати молҳо ва хизматҳо байни мамлакатҳо, яъне савдои байналхалқӣ ба ҳисоб меравад.

Савдои байналхалқӣ— муносибатҳои устувори байналхалқии молию пулӣ, ки маҷмӯи савдои берунаи ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад.

Мутобиқан ба як мамлакат одатан истилоҳоти «савдои берунаи давлат», мутобиқан ба савдои ду мамлакатҳо байни хеш — «савдои байнидавлатӣ, тарафайн, дутарафа» истифода бурда мешавад. Аксар вақт таҳти савдои байналхалқӣ на танҳо савдои молҳо, балки ҳамчунин хизматҳо ҳам фаҳмида мешавад. Савдои байналхалқӣ аз ду ҷараёни мутақобилаи молҳо — содирот ва воридот иборат аст, ва он бо бақияи савдо ва гардиши савдо тавсиф карда мешавад.

Содирот— ҳаҷми фурӯши мол дар ифодаи нархӣ, ки ба хориҷа баровардани онро пешбинӣ мекунад — Э, $.

Э = Эн х Цэ,

ки дар ин ҷо: Эн — ҳаҷми содироти мол бо ифодаи натуралӣ: тонна, метр, литр.

Цэ — нархи воҳиди моли содиротӣ: $/тн, $/м, $/л.

Воридот — ҳаҷми хариди мол дар ифодаи арзишӣ, ки воридоти онро аз хориҷа пешбинӣ мекунад – И, $.

И = Ин х Ци,

ки дар ин ҷо Ин — ҳаҷми воридоти мол дар ифодаи натуралӣ: тонна, метр, литр.

Ци — нархҳои воҳиди моли воридотӣ $/тн, $/м, $/л

Бақияи савдо(тавозуни савдо, содироти соф) — фарқияти ҳаҷми содирот ва воридот дар ифодаи пулӣ — Тс, $.

Тс = Э – И

Ҳаракати савдои беруна(гардиши савдо) — суммаи ҳаҷми содирот ва воридот дар ифодаи пулӣ — ГСБ, $.

ГСБ = Э + И

Расми 1. Тавозуни талабот ва таклифот дар бозори ҷаҳонӣ

  1. Робитаи фанн бо илмҳои дигари иқтисодӣ

Мақсади асосии омӯзиши фанни мазкур – ин ба донишҷӯён додани дониши муккамал доир ба ташкил ва инкишофи савдои хориҷии кишварҳо, омӯзиши самтҳои назариявию амалиявии ташкили савдои байналхалқӣ. Ин имконият медиҳад, ки доир ба асосҳои назариявии ташкили савдои байналхалқии кишварҳо тассавуроти пурра пайдо гардад. Дар баробари ин назарияҳои асосии иқтисодчиёни асрҳои гузашта ва ҳозира оиди равандҳои ташкил ва инкишофи савдои байналхалқии кишварҳо омузонида мешавад.

Шароити иқтисоди бозор талаб менамояд, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бо таври муайян намудаи худ муносибатҳои иқтисодиро бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳ монад. Ин муносибатҳо мавқеи иқтисодӣ – савдои байналхалқии давлатро дар ҷаҳон маънидод мекунанд ва онҳо бояд тавре ба роҳ монда шаванд, ки фаъолияти субъектҳо ба муносибатҳои берунииқтисодӣ фоиданок ва осон ҳуҷҷатгузорӣ шаванда бошанд. Танзими самараноки давлатӣ метавонад ба рушди фаъолияти субъектҳои берунииқтисодӣ мусоидат намуда онҳоро дар самтҳои алоҳида ҳавасманд гардонад. Аз ин рӯ зарур аст, ки давлат ё мақомотҳои ҳокимияти давлатӣ дар баробари ба эътибор гирфтани манфиатҳои худ манфиатҳои корхонаҳоро низ ба инобат гиранд. Яке аз масъалаҳои муҳими идораи давлати — ҷорӣ намудани меъёрҳо дар фаъолияти бурунмарзии кишвар ва корхонаҳо бо назардошти таъмини рушди содиротии мамлакат ба ҳисоб меравад.

Муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ аз ҷумла аз бисёр ҷиҳатҳо ба омилҳои байналхалқӣ такя мекунад, ки ин бесабаб нест. Рушди савдои байналхалқӣ, ҳаракати сармояи пулӣ аз як мамлакат ба мамлакати дигар, бозори озоди иқтисодӣ, ҳисоббаробаркуниҳои гуногуни молиявӣ, сармоягузориҳо ва ғ. дар замони муосир талаб менамоянд, ки давлат танзими иқтисоди миллиро бо назардошти нигоҳдории манфиатҳои миллӣ ба роҳ монад.

Чумҳурии Тоҷикистон дар ин самт сиёсати устувореро пеш гирифта аст, ки он аз тарафи Вазоратҳо ва Кумитаҳои соҳавӣ дар қаламрави мамлакат танзим карда мешавад. Аз донишҷӯён дар ҷараёни омӯзиш талаб карда мешавад, ки барномаи таълимии барои фанни «Савдои байналхалқӣ» муайян шударо бо мисолҳои саҳеҳи амалӣ аз таҷрибаи давлати худ аз худ намоянд.

Донишҷӯён дар соатҳои муайян шуда шарту шароит ва роҳҳои барпо намудани муносибатҳои иқтисодии байналхалқии кишварҳоро бо меъёрҳои байналхалқӣ дар асоси низомҳои байналхалқӣ меомӯзанд.

Курси мазкур барои тайёр намудани мутахассисони ихтиссоси 1-25-01-03-01 «иқтисодиёти ҷаҳонӣ» пешниҳод мешавад.

Фанни мазкур дар навбати худ бо дигар фанҳои тахассусӣ алоқамандии зич дорад:

— Назарияи иқтисодӣ;

— Макроиқтисод;

— Омори байналхалқӣ;

— Молия ва қарз;

— Рақобати байналхалқӣ;

— Бехатарии иқтисодӣ;

— Маркетинг;

— Иқтисоди ҷаҳонӣ;

— Иқтисодиёти байналхалқӣ;

— Маркетинги байналхалқӣ;

— Менеҷменти байналхалқӣ;

— Муассисаҳои иқтисодии байналхалқӣ;

— Муносибатҳои арзию қарзии молиявии байналхалқӣ;

— Сармоягузории байналхалқӣ ва ғ.

0 Загрузки

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *