Фанни Метрология

Тахияи санади санчиш

Санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак

Воситаҳои ченак, ки таҳти назорати давлатӣ қарор гирифтаанд, дар мавриди истеҳсол, таъмир ва истифода бояд аз ҷониби хадамоти метрологии мақоми ваколатдор ҷиҳати тасдиқи мутобиқати онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шаванд.

Намудҳои воситаҳои ченак, ки бояд аз санҷиш гузаранд ва тартиби гузаронидани санҷиши мутобиқатиро мақоми ваколатдор муайян мекунад.

Бо иҷозати мақоми ваколатдор хадамоти метрологии дигар шахсони ҳуқуқӣ низ метавонанд барои фаъолият дар соҳаи санҷиши мутобиқати воситаҳои ченак аккредитатсия карда шаванд.

Тартиби аккредитатсия кардани хадамоти метрологии шахсони ҳуқуқиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Воситаҳои ченак, ки аз санҷиши мутобиқатӣ гузаштаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор мӯҳргузорӣ карда мешаванд ва ё мутобиқати онҳо бо шаҳодатномаи санҷиш тасдиқ карда мешавад.

3.Таҳияи санади санҷиш

3.1. Бо анҷомёбии ҳар як натиҷаҳои санҷиш протокол тартиб дода мешавад. Протоколи баимзорасидаи нозири давлатӣ ва субъети хоӣагидор ба санади санҷишӣ замима мегардад.

3.2. Бо анҷомёбии санҷиш новобаста аз натиҷаҳои он ҷониби шахси мансабдори Тоҷикстандарт, ки санҷишро гузаронидаасту, ҳатман санад (замимаҳои 2,3) бо нишон додани маълумоти зер ин таҳия мешаванд:

  • Макони гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;
  • Мансабҳо, фамилияҳо, номҳо, номи падарҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишкунанда, ки санҷишро гузаронидаанд;
  • Фамилия, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷишшуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
  • Маълумот оид ба санҷиши гузашта, натиҷаҳои он, инчунин чораҳои дидашуда оид ба бартарафкунии вайронкуниҳои пештар ошкоршуда;
  • Давраи санҷиши ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод мегарданд;
  • Натиҷаҳои санҷиш;
  • Ҳангоми ошкоркунии камбудиҳо тавсифи муфассали онҳо бо истиснод ба санади меъёрии ҳуқуқи дахлдор;

3.3. Санади санҷиш дар 2 нусха таҳия мегардад ва аз ҷониби шахсони мансабдори Тоҷикстандарт, ки санҷишҳоро гузаронида буд, имзо карда мешавад. Бо санади санҷиш нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зурурӣ замима мегарданд.

3.4. Як нусха санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор дар мӯҳлати панҷ рӯзи корӣ супорида мешавад. Ҳангоми гирифтани санада санҷиш роҳбари субъекти хоҷагидор ӯҳдадор аст қайд карда, имзои худро оид ба гирифтани он дар нусхаи дигари санад гузорад.

3.5. Ҳангоми рад кардани субъекти хоҷагидор аз гирифтани санади санҷиш оид ба он дар нусхаи санади санҷиши барои Тоҷикстандарт таъиншуда сабт карда мешавад, ки бо имзои шахси мансабдори ин мақомот, ки санҷиши дахлдор гузаронидааст, тасдиқ мегардад. Дар ин ҳолат санади санҷиш ба субъекти хоҷагидор бо мактуби фармоишӣ бо огоҳинома ирсол мегардад.

3.6. Ба санади санҷиш ҳуҷҷатоҳои зерин замима мегардад:

  • Санада гирифтани намунаҳо (замимаи 5);
  • Санади харида санҷиш (замимаи 6);
  • Протоколи санҷиши зоҳирӣ (замимаи 4);
  • Протоколи санҷишӣ ва ташхиси маҳсулот;
  • Ҳолати таъминоти метрологӣ;
  • Хулосаи озмоишгоҳҳои ваколатдоршуда (аккредитатсия) ба маҳсулоти санҷидашуда;

Ваколати шахсони мансабдоре, ки санҷишро

амалӣ менамояд.

4. Шахсони мансабдори Тоҷикстандарт нозирони давлатӣ ҳангоми амал намудани санҷиш дар доираи салоҳияти худ ҳуқуқ доранд;

  • Дар иштироки намояндаи субъекти хоҷагидор тафтиш ва санҷиши корхона, нуқтаи савдо ва дигар объектҳои таҳти назоратро гузаронанда, аз роҳбарони субъектҳои хоҷагидор баёнот, мавод ва маълумоти заруриро гиранд;
  • Ба роҳаброни субъектҳои хоҷагидор (дигар шахсони мансабдор) ва шаҳрвандони амрияҳо (Замимаҳои 7, 8, 9) диҳанд;
  • Шахсони мансабдор ва дигар кормандони субъектҳои хоҷагидорро, ки дар вайронкунии талаботи муқарарнамудаи қонунгузорӣ, иҷро накардани Амрияҳо ва дигар талаботҳои Тоҷикстандарт гунаҳкоранд, ба ҷавобгари маъмури кашанд;
  • Чораҳои ҷаримавиро нисбат ба субъектҳои хоҷагидор барои вайронкунии талаботи муқарарнамудаи қонунгузорӣ иҷро накардани Амрияҳо шахсони мансабдори Тоҷикстандарт истифода намоянд;
  • Мавҷудияти ҳуҷҷатҳоро, ки ҳуқуқ барои амалинамудани фаъолият дар соҳаи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва савдоро медиҳад, санҷад;
  • Маълумотро вобаста ба сатҳи хавфнокӣ барои саломати ва ҳаёти шаҳрвандон, ки дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидор татбиқ мешаванд, талаб намояд;
  • Дар ҳолати ошкоркунии вайронкунии талаботҳои муқарарнамудаи қонунгузорӣ ва дигар сандҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки ба Мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо пешниҳод шудааст, истифода менамоянд;
  • Санадҳоро тартиб диҳад ва дар доираи салоҳияти худ оид ба гузаронидани чорабиниҳои иҷрояшон ҳатми Амрияҳо диҳад, то ки таҳдид ба ҳаёт ва саломатии аҳолиро пешгирӣ намояд;
  • Дар доираи салоҳияти худ санҷишро дар объекти таъиншуда гузаронанд ва намунаҳоро (меъёрҳоро) (замимаи 5) ба миқдори лозимӣ барои гузаронидани санҷиш интихоб намуда гиранд;
  • Аз роҳбари субъети хоҷагидор баёноти хаттиро оид ба масъалаҳои марбут ба санҷиши фаъолияти он талаб намояд;
  • Аз субъети хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои зурурии бевосита ба гузаронидани санҷиш вобастбударо талаб намояд, аз онҳо иқтибос ва нусха гирад;
  • Иҷроиши ҳатмии оид ба бартарафкуни вайронкунии дар ҷараёни санҷиш ошкоршударою назорат кунад;
  • Мавҷуд будани сертификати мутобиқати субъекти хоҷагидорро ба маҳсулоте, ки бояд ҳатман сертификатсия карда шавад ва инчунин аслӣ будани ин сертификатҳо ва қонунӣ будани истифодаи аломатҳои мутобиқатро санҷад;
  • Ташхиси ҳуҷҷатҳои меъёриро оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсия гузаронанд;
  • Истеҳсол, фуруш, нигоҳдорӣ ва истифодабарии маҳсулотҳои ба талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҷавобгӣ набударо, манъ намояд;
  • Дар ҳолатҳои зарурӣ хариди санҷишро гузаронад (замимаи 6)
  • Объектҳое, ки дар он воситаҳои ченак истифода, истеҳсол, таъмир, фурӯхта ва нигоҳ дошта мешаванд, новобаста аз тобеият ва шакли моликият, аз назар гузаронанд;
  • Дурустии татбиқи усулҳои аттестатсияшудаи иҷрои ченакҳо, вазъи маҳҳакҳо (эталон), ки барои калибровкаи воситаҳои ченак истифода мешаванд, санҷанд;
  • Мувофиқати воситаҳои ченак ва шароит татбиқи онро ба навъи тасдиқгардида, санҷанд;
  • Истифодаи воситаҳои техникӣ ва ба санҷиш ҷалб намудани ҳайати объетҳое, ки аз назорати давлатӣ мегузаранд;
  • Иҷрои корҳоро оид ба сертификатсиакунонӣ ва шаҳодатномадиҳии кору хизматрасонӣ амалӣ намояд;
  • Дигар ҳуқуқҳоеро, ки бо қонунҳои ҶТ ба назар гирифта шудааст, истифода намоянд;

Тартиби ҷаримабандӣ

5. Қарор оид ба ҷаримабандӣ аз ҷониби сарнозири давлатӣ оид ба назорати давлатӣ, воситаҳои ченак ва қоидаҳои савдои ҶТ дар асоси қонунгузории ҶТ сурат мегирад (замимаи 10).

Расмиёти мубодилаи иттилооотӣ ва ҳамоҳангсозии

амалиёт бо дигар мақомоти санҷишкунанда

6. Тоҷикстандарт на камтар аз як маротиба дар соли тақвими иттилоот оид ба кори худ оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар нашрияҳои дастраси умум интишор менамояд.

Иттилоот бояд инҳоро дар бар гирад.

  • Иттилооти умуми оид ба сохтори мақомоти санҷишкунанда ;
  • Маълумоти оморӣ оид ба миқдори санҷишҳои гузаронидашуда, камбудиҳое, ки дар ҷараёни санҷиш ошкор шудаанд ва чораҳои нисбат ба вайронкунандагон қабулшуда;
  • Маблағи умум ҷаримаҳои ситонидашуда оид ба натиҷаҳои санҷишҳои гузаронидашуда барои давраи ҳисоботӣ;
  • Маълумоти мухтасари натиҷаҳои банақшагирифташуда ва ноилшуда ва баҳодиҳии онҳо;
  • Бартариятҳо ва нақшаҳо барои моли оянда;

6.1. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки масъалаҳои амалисозии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро ба танзим медарорад ва номгӯи масъалаҳои назорати барои санҷиш аз ҷониби Тоҷикстандарт дар ҷойҳои дастрас ва мушоҳидашаванда ҷой дода мешаванд (дар тахтҳои барои эълонҳо), инчунин ба намояндагони сбъектҳои хоҷагидор тибқи талаб пешниҳод мегарданд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *