Фанни Метрология

Банақшагири ва тартиби гузаронидани санҷишҳо

Намудҳои гузаронидани санҷиш.

Тартиби гузаронидани санҷиш аз тарафи шахсони масъул.

2.2.Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки аз чониби мақомоти стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозироти савдо гузаронида мешавад, метавонад нақшавӣ, ва ғайринақшавӣ бошад.

  • Дараҷаи мушаххаси хавфнокии объектҳо вобаста аз таҳдиди онҳо ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ;
  • Таҳлили ретроспективии фаъолияти соли гузашта;
  • Таҳлили ҳуқуқвайронкунии оморӣ;

2.3.Санҷиши ғайринақшавӣ гузаронида мешавад:

  • Бо Қарори Ҳукумати ҶТ аз ҷумла бо мақомоти пешгири ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулода.
  • Аз рӯи муроҷиати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.
  • Аз руи муроҷиати мақомоти ҳокимияти иҷроия.
  • Аз рӯи мурочиати ташкилотҳои ҷамъиятӣ.
  • Аз рӯи муроҷиати субъектҳои хоҷагидор.
  • Аз рӯи муроҷиати шаҳрвандон.
  • Бо сабаби мушкил шудани назорат оид ба бехатарӣ ва сифати маҳсулоти тезвайроншаванда.

2.4. Санҷишҳо аз ҷониби шахсони мансабдори Тоҷикистандарт нозирони давлатӣ тибқи номгӯи масъалаҳои назоратӣ, ки намунаашро директори Тоҷикистандарт тасдиқ намудааст, гузаронида мешаванд.

Субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад пешакӣ аз мақомоти стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо нусхаи номгуи масъалаҳои назоратиро, ки тибқи онҳо санҷиш гузаронида мешавад, дархост кунад ва гирад.

2.5. То оғози санҷиш шахси мансабдори Тоҷикстандарт ба роҳбари намояндаи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда шаҳодатномаи хизматиро нишон медиҳад ва ба ӯ қарор оид ба гузаронидани санҷишро месупорад. Дар нусхаи қарор қайд ва имзои роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба шиношавӣ ва гирифтани қарор гузошта мешавад. Рад кардани роҳбари субъекти хоҷагидор аз гирифтани қарор наметавонад ба оғози санҷиш монеа шавад.

2.6. Қарор оид ба гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор тибқи шакли муқарарнамудаи Замимаи 1 ба Қоидаҳои мазкур тартиб дода мешавад ва бояд маълумоти зеринро дошта бошанд:

  • Санна ва рақами бақайдгирии қарор дар мақомоти санҷиш;
  • Номи мақомоте, ки оид ба гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;
  • Номи пурраи субъекти хоҷагидор, ки новобаста аз шакли моликият, аз санҷиш мегузарад;
  • Мавзӯъ ва мақсади санҷиш;
  • Даври санҷидашаванда;
  • Мансаб, фамилия, ном, номи падари шахсони санҷишкунанда;
  • Имзои роҳбари мақомоти санҷиш;
  • Мӯҳри мақомоти санҷиш;

Қарор оид ба гузаронидани санҷиш ва бояд дар Тоҷикстандарт бақайд гирифта шавад.

2.7. баъд аз ба роҳбари намояндаи субъекти хоҷагидор супоридани қарор оид ба гузаронидани санҷиш ва нусхаи Номгӯи масъалаҳои назоратӣ, шахси санҷишкунандаи Тоҷикстандарт ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ворид менамояд ва бо имзои шахсии худ маълумоти зеринро тасдиқ мекунад.

  • Фамилия, ном, номи падар, рақами шаҳодатнома, номи мақомоте,ки шаҳодатномаро додааст, муҳлати эътибори шаҳодатнома;
  • Асос барои санҷиш фаъолияти субъекти хоҷагидор (сана ва рақами қрор оид ба гузаронидани санҷиш), сана ва рақами оғозу анҷоми санҷиш;
  • Мавзӯъ ва рақами санҷиш;

2.8. Бо мақсади таъмини эътимоднокии назорати бузургиҳо (параметрҳо)-и тибқи талаботи стандартҳо ба маҳсулот муқараршуда, санҷиши ҳолат ва дурустии татбиқи воситаҳои ченак гузаронида мешавад.

2.9. Назорати ченакро мутахассисони субъекти фаъолияти хоҷагидор бо иштироки ҳатмии нозири давлатӣ мегузаронад. Назорати ченакро метавонад нозири давлатӣ гузаронад.

2.10. Гирифтани намунаҳои маҳсулот аз ҷониби нозирони давлатӣ бо иштироки шахсони мансабдори субъекти санҷидашаванда сурат мегирад. Усули ҷудо кардан ва шумораи намунаҳо баои гирифтани (ҳаҷми ҷудогкарда баровардан) бояд ба талаботи стандарт нисбати моли мушаххас мувофиқат кунад. Намунаҳои маҳсулоти гирифташуда муқоиса карда шуда, аз назорат ва санҷиши мувофиқат ба талаботи стандарт мегузаранд.

2.11. Натиҷаҳои санҷиш ва ташхиси намунаҳо ба ҳамаи маҳсулоти санҷидашаванда, ки аз байни он намуна гирифта шудааст, дахл дорад.

2.12. Муқоисакунӣ, санҷиши зоҳирии мол ва муоинаи техникӣ аз ҷониби нозири давлатӣ бо иштироки мутахасисони субъекти хоҷагидор гузаронида мешавад.

2.13.Ташхиси намунаҳо дар озмоишгоҳи ваколатдоршуда гузаронида мешавад.

2.14. баҳодиҳии мутобиқати маҳсулот ба талаботи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ оид ба стандартизатсия ва метрология дар асоси натиҷаҳои ташхисҳое, ки мувофиқи стандартҳо ва дастурҳои техникӣ шудаанд, гузаронида мешавад.

2.15. Баъд аз анҷомёбии санҷиши Роҳбари субъекти хоҷагидор дар дафтари бақайдгири санҷиш нишон медиҳад.

  • Сана ва вақти анҷоми санҷиш;
  • Ҳаногми ошкор гардидани вайронкунии талаботи қонунҳо, татбирҳое, ки аз ҷониби шахси мансабдори мақомоти санҷиш нисбати субъекти хоҷагидор андешида шудаанд;

Мулоҳизии худ дар шакли “Розиам”, “Рози нестам”, “Бо эродҳо розиам”.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *