Фанни Метрология

Қоидаҳои гузаронидани санҷиш

Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои

хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти

стандартизатсия, меторология, сертификатсия ва нозироти

савдои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон

Қоидаҳои мазкур тибқи моддаи 4 Қонуни Ҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҶТ”, Қонунҳои ҶТ “Дар бораи стандартонӣ”, “Дар бораи сертификатсия маҳсулот ва хизматрасонӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, “Дар бораи сифат ва бехатарии маҳсулоти хурокворӣ”. Низомномаи Агентии стандартизатсия, меторология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ таҳия шудаанд ва тартиби ташкил ва гузаронидан санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро дар соҳаи стандартизатси, меторология, сертификатсия, аккредитатсия ва савдо муайян мекунад.

1.Муқарароти умумӣ

1.1. Қоидаҳои мазкур барои ҳамаи мақомоти санҷиш, ки ваколатдоранд санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагдорро ба мавзӯи аз ҷониби онҳо риоя шудани меъёрҳо ва талаботи сатндартҳои давлатӣ дар соҳаи стандартизатси, меторология, сертификатсия, аккредитатсия, савдо ҳатмӣ мебошад, гузаронанд.

1.2. Талабот қоидаҳои мазкур барои ҳамаи марказҳои зертобеъ ва шахсони мансабдори Мақомоти стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозирот савдо, ки санҷишро оид ба риояи талаботи стандартҳои давлатӣ дар доираи салоҳияти худ амалӣ месозад, инчунин барои субъектҳои хоҷагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеият, ҳатмӣ мебошанд.

1.3. Мақсади санҷиш ҳимояи давлатии ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва манфиатҳои давлат мебошад.

1.4. Вазифаҳои асосие, ки дар ҷараёни гузаронидани санҷиш ҳал мешаванд инҳо мебошанд:

  • Санҷиши риояи қонунгузорӣ дар соҳаи стандартизатси, меторология, сертификатсия, аккредитатсия, савдо аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор;
  • Сари вақт ошкоркунӣ, пешгирӣ ва рафъкунии вайронкунии стандартҳои давлатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодии ҶТ, ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон зарар мерасонад, муқаррарнамоии сабабҳо ва шатҳое, ки ба содиркунии онҳо мусоидат менамояд;
  • Назорат аз болои иҷрои қоидаҳои сертификатсияи маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ;
  • Дидани чораҳо оид ба ҷуброни зарари расонидашуда;

1.5. Шахсони мансабдори Мақомоти стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозирони савдо ҳангоми амалисозии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ӯҳдадоранд;

  • Ҳатман Конститутсяи ҶТ, санадҳои меъёри ҳуқуқии ҶТ, аз ҷумла Қонунҳои ҶТ “Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҶТ”, “Дар боари стандартонӣ”, “Дар бораи сертификатсияи маҳсулот ва хизматрасонӣ”, “Дар бораи таъмини ченаки ягона”, “Дар бораи сифат в бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ”, “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон”, Низомномаи Агентии стандартизатси, меторология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати ҶТ ва Қоидаҳои мазкурро ба роҳбарӣ гиранд.
  • Чораҳои заруриро оид ба пешгирӣ огоҳии далелҳои вайронкунии қонунгузорӣ, ҷуброни зарари ба давлат расонидашуда, ба ҷавобгари кашидани шахсони гунаҳгор, татбиқи санксияҳои бо қонунгузорӣ пешбинишуда;
  • То оғози санҷиш (ғайр азҳолатҳои гузаронидани хариди санҷишӣ) ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷишҳо фаҳмонида диҳад;
  • Ба иштрок намудани намондагони субъети хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷишро ба онҳо шарҳ диҳанд;
  • Мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардидаро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, тадбирҳоро оид ба бартараф намудани онҳо ба амал бароварда, ба пинҳон кардани онҳо оҳ надиҳанд;
  • Барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъаҳо эҷод накунанд;
  • Ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда доир ба бартараф наммудани камбудиҳои ошкоршуда дастурҳои қонунӣ ва асосноки иҷрояш ҳатмиро диҳанд;
  • Риояи сири давлатӣ, тиҷорати ва дигар асрореро , ки қонун ҳифз намудааст, таъмин намоянд;
  • Ҳангоми гузаронидан санҷиш шахсони мансабдори Тоҷикстандарт ҳуқуқ надоранд;
  • Иҷроиши талаботҳоеро, ки ба салоҳияташон дахл надоранд, санҷанд;
  • Санҷишро бе супоридани қарор оид ба гузаронидани санҷиш ба субъекти хоҷагидор ва бе ворид намудани маълумоти дахлдор дар дафтари б қайдгирии санҷишҳои субъекти хоҷагидор, инчунин дар набудани шахсони мансабдор ё кормандони субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда ё намояндагони онҳо гузаронанд;
  • Муҳлати муқарарнмудаи санҷишро гузаронанд;
  • Истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
  • Пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, намунаҳои маҳсулот, иттилоъҳо, агар онҳо ба мавзуи санҷиш робита надошта бошанд, талаб намояд, инчунин ҳуҷатҳои асл, ки ба мавзӯи санҷиш дахл доранд, мусодира намоянд;
  • Дар сурати ҷой надоштани далелҳои дағалнок вайрон намудани меъёри муқарраршудаи талаботи стандарти давлатӣ,ҷори намудани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии муттаасили субъектҳои хоҷагидор, монеъ мешаванд;

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *