Фанни Метрология

Таъминкунии ченаки ягона

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона.

Ташкилотҳои байналхалқии метрологӣ ва таъмини ченаки ягона дар давлатҳои хориҷӣ.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

Идораи давлатии таъмини ченаки ягона

Танзими давлатии муносибатҳо дар соҳаи таъмини ченаки ягона бар зиммаи мақоми ваколатдори давлатие мебошад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Мақомиваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои салоҳиятҳои зерин мебошад:

ҳамоҳангсозии фаъолияти байниминтақавӣ ва байнисоҳавии таъмини ченаки ягона;

муқаррар намудани қоидаҳои офаридан, тасдиқу саришта ва истифода кардани маҳакҳои воҳиди бузургӣ;

муайян намудани талаботи умумии метрологӣ нисбати воситаҳо усул ва натиҷаҳои ченак;

таъмини назорати давлатии метрологӣ;

роҳбарӣ ба фаъолияти хадамоти давлатии метрологӣ ва дигар хадамоти метрологии таъмини ченаки ягона;

иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои байналхалқӣ оиди масъала таъмини ченаки ягона.

Маблағгузорӣ барои таъмини ченаки ягона

Маблағгузории ҳатмии давлатӣ барои иҷрои корҳои зайл зарур аст:

-таҳия, такмил, харидорӣ, нигаҳдорӣ, истифодаи маҳакҳои давлатии воҳидҳои ченак ва воситаҳои ченаки намунавии ниҳоят дақиқ;

-нигаҳдорӣ, харидорӣ ва таҳияи таҷҳизоте, ки барои ҷиҳозонидани мақомоти хадамоти давлатии метрологӣ зарур мебошанд;

-таҳияи санадҳои меъёрӣ барои таъмини ченаки ягона;

-амалигардонии назорати давлатии метрологӣ.

Ҳангоми таҳияи барномаҳои давлатӣ, ки пурра ё қисман аз Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, аз ҷумла барномаи таъсис ва рушди истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ бояд фаслҳои таъмини соҳаи метрологӣ пешбинӣ шаванд.

Ташкилотҳои баналхалқии метрологӣ ва таъмини ченаки ягона дар давлатҳои хориҷӣ.

Калонтарин ва қадимтарин ташкилоти байналхалқии метрологӣ, ки соли 1875 ташкил карда шудааст ин Ташкилоти байналхалқи андоза ва вазн — ТБАВ (МОМВ) мебошад. ТБАВ ба муносибати қабули когнконвенция метрикӣ, ки дар асоси метр ва килограмм, ки мақсадаш танзими низоми ягонагии ченак буд, ташкил карда шуд.

Дар айни замон вазифаи асосии ТБАВ – ин таъмини ягонагии ченак дар асоси истифодаи низоми байналхалқии физикавӣ аст. ТБАВ аз сатторҳои зерин иборат аст:

  1. Конференцияи геперамии андоза ва вазн КГАВ ки дар ин ш. Париж ҷой дошта ҳар 4-сол ҷамъ меоянд.
    1. Комитети байналхалқии АВ – КБАВ, ки 18-аъзо дорад аз олимҳои бузурги соҳаи метрология.
    1. Барои байналхалқии АВ – ББАВ, ки соли 1879 ташкил карда шудааст ва дар ш. Севр бо Париж қарибтар ҷайгир шудааст, ки зиёда аз 100 давлат аъзо аст.

Соли 1955 ташкилоти байналхалқии қонунбарории метрологӣ — ТБҚМ – ро 24- давлат ташкил доданд аз он ҷумла 4-шӯравӣ низ аъзо буд. Ҳозир бошад беш аз 100 давлат аъзо аст. Ин чунин дигар ташкилотҳои байналхалқӣ ва Аврупой ҳастанд: — ИМЕКО, КООМЭТ, Евромет, Велмет

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *