Фанни Метрология

Максад ва вазифахои фанни Метрология

Максад ва вазифаҳои фанни Метрология

Маълумоти таърихӣ.

Мақсад ва вазифаи метрология.

Метрология- ки калимаи юнонӣ буда «мetron» – ченак, «logos » — илм аст.

Метрология – илмест дар бораи ченкунӣ, усулҳо ва воситаҳои таъмини ченакӣ ва тарзи ба даст овардани ҳадди аниқи додашуда мебошад.

Мақсади метрология – таъмини ягонагии ченак ва ба даст овардани андозаи аниқи иттилооти ченкунӣ дар бораи оламе, ки инсон дар он зиндагӣ мекунад

Ченкунӣ — ин амалиёти қадимтарини инсон аст. (Масъалан: вақт, масоҳат, дурӣ) Баъдтар бо равнақи доду гирифти мол- ҳаҷм, вазн ва ғайра истофода карда мешуд. Аз асри 17 сар карда асбобҳои ченкунӣ истифода шуда истодааст. Дар нимаи асри хiv – рушноӣ ва дар авали асри хх – радиацаяро чен карданро оғоз намуданд. Дар солҳои 1960 ИМА то 50 млрд воситаҳои ченкунӣ истифода мебурд ва барои такмили онҳо то 8 млрд доллар сарф мекард.

Хулоса замони ҳозираро бе воситаҳои ченак тасаввур кардан номумкин аст.

Мафҳумҳои асосӣ

Барои ифодаи мақсадҳои Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

ченаки ягона—ҳолати ченаке, ки натиҷаи он дар воҳидҳои эътирофгардидаи бузургӣ ифода ёфта, иштибоҳи ченак аз ҳудуди меъёрҳои муайянгардида берун намеояд;

воситаи ченак—таҷҳизоти техникие, ки барои ченак пешбинӣ шудааст;

маҳаки воҳиди бузургӣ—воситаи ченак, ки барои таxдид ва ҳифзи воҳиди бузургӣ бо мақсади интиқоли андозаи он ба дигар воситаҳои ченаки ҳамин бузургӣ пешбинӣ шудааст;

маҳаки давлатии воҳиди бузургӣ—маҳаки воҳиди бузургӣ, ки бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба сифати воҳиди ибтидоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст;

санадҳои меъёрии таъмини ченаки ягона—стандартҳои давлатӣ, стандартҳои байналмилалӣ (минтақавӣ), қоида ба низомнома, дастуруламал ва тавсияҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба кор бурда мешаванд;

хадамоти метрологӣ—маҷмӯи субъектҳои фаъолият ва навъи корҳое, ки барои таъмини ченаки ягона пешбинӣ шудааст;

назорати метрологӣ—фаъолияте, ки мақоми давлатии хадамоти метрологӣ (назорати давлатии метрологӣ) ё хадамоти метрологии шахси ҳақикӣ бо мақсади санҷиши риояи қоида ва меъёрҳои метрологии муқарраргардида анҷом медиҳад;

санҷиши мутобиқи воситаҳои ченак— маҷмӯи амалиёте, ки мақомотидавлатии хадамоти метрологӣ (дигар мақомоту ташкилотҳои ваколатдор)бомақсади муайян ва тасдиқ намуданимутобиқати воситаҳои ченак ба талаботи техникии муқарраршуда анҷом медиҳанд;

-андозагирии (калибровкаи) воситаҳои ченак — маҷмӯи амалиётест, ки бо мақсади муайян ва тасдиқ кардани қимати ҳақиқии тавсифи метрологӣ ва қобили истифода будани воситаҳои ченаки таҳти назорати давлатии метрологӣ қарорнадошта анҷом дода мешавад;

тасдиқномаи навъҳои воситаҳои ченак—ҳуҷҷате, ки онро мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад ва он тибқи муқаррароти қонунгузории ҷорӣ ба қайд гирифта шудани ҳамин навъи воситаҳои ченак ва ба талаботи муқарраргардида ҷавобгӯ будани онро тасдиқ менамояд;

тасдиқномаи санҷиш—ҳуҷҷате, ки ба ташкилотҳои санҷишкунанда дода шуда, воқеият ва натиҷаи санҷиши воситаҳои ченакро тасдиқ менамояд;

-мақоми ваколатдор — мақоми давлатӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи таъмини ченаки ягона танзим мегардонад;

-системаи байналмилалии ченакҳо — системаи воҳидҳои ченкунии бузургиҳои физикие, ки Конференсияи генералии ХI оид ба ченак ва вазнҳо соли 1960 қабул кардааст.

Воҳидҳои бузургӣ

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо истифода бурда мешаванд.

Номгӯй, аломат ва қоидаҳои навишти воҳидҳои бузургӣ, инчунин қоидаҳои истифодаи онҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинигардида, муқаррар мекунад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар баробари истифодаи воҳидҳои бузургии Системаи байналмилалии ченакҳо ба истифодаи воҳидҳои ғайрисистемавӣ низ иҷозат диҳад.

Тавсиф ва хусусиятҳои маҳсулоти содиротӣ, аз ҷумла воситаҳои ченак бо воҳидҳои бузургии муқаррарнамудаи фармоишгар, ифода ёфта метавонанд.

Истифодаи воҳидҳое, ки аз воҳидҳои расман иҷозатдодашуда фарқ доранд, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

Системаи байналмилалии ченакҳо

Номгӯи бузургиҳо Ифода Номгӯи воҳидхо Ифода тоҷики Ифодаи байналхалқи
1 2 3 5
Воҳидҳои асоси
1. Дарози L Метр М m
2. Масса M Кг Кг kg
3. Вақт T Секунда Сония s
4.Қуваи ҷарайёни барқ I Ампер Ампер A
5. Харорати термодинамики O Кельвин Кельвин K
6. Куваи рушнои J Кандела Кандела cd
7. Миқдори модаҳо N моль моль mol
Воҳидҳои иловагӣ
1. Кунҷи ҳамвор радиан рад rad
2. Кунҷи ҷисм стерадиан ср sr
Воҳидҳои фосилавӣ
1.Масоҳат
2.Ҳаҷм
3.Суръат
4.Суръатноки
5.Суръати даври равандҳо

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *