Фанни Метрология

Назорати сифат маҳсулот ва намудҳои он

Назорат ва намудҳои он.

Намудҳои маҳсулот.

Сифати маҳсулот ва хоситяҳои он.

Назорати сифати маҳсулот ин санҷиши нишондодҳои сифати маҳсулот дар асоси талаботҳои меъёри – техники мебошад. Назорати сифати маҳсулот, дар асоси стандартҳо, шартҳои техникӣ дар асоси шартномаҳо аз болои сифати маҳсулотҳо ва хосиятҳои онҳо, гузаронида мешавад.

Дар ҳолати назорат, ба хосиятҳои истифодабарӣ, боэътимодӣ, зебогӣ, эстетикӣ, оргономикӣ, навъ, тамғагузорӣ, тарзи нигоҳдорӣ, тарзи барпечкунӣ кашонидан ва ғайра диққати махсус дода мешавад. Назорат аз болои молҳои истеҳсолшуда ва дар нуқтаҳои савдо гузаронида мешавад. Дар истеҳсолот назорат аз болои сифати маҳсулот, ба зиммаи шуъбаи назорати техники (ОТК) ва ба зиммаи шӯъбаи идоракунии сифати маҳсулот (ОУК) гузошта шудааст. Ба ғайр аз ин шӯъбаҳо боз дар ҳолатҳои зарурӣ назорат аз тарафи нозирони давлати ва аз тарафи нозирони стандарти давлати, минтақавӣ, соҳавӣ дар базаҳои савдо ва нуқтаҳои он гузаронида мешавад.

Вазифаҳои асосии шӯъбаи назорати техникӣ ва шӯъбаи назорати идоракунии сифати маҳсулот аз назорати сифати ашёҳо, қисмҳои комплекти, риоя намудани низомномаҳои технологӣ, тарз ва усулҳои қабули маҳсулотҳои воридшаванда ва аз назорати сифати маҳсулотҳои тайёр ва ғ иборат мебошад. Ба ғайр аз ин, шӯъбаҳои номбаршуда назоратро аз болои маҳсулотҳои барпечкардашуда, тамғагузошташуда пурзур менамоянд, чунки агар тамғаи маҳсулотҳо ба талаботи ҳуҷатҳои меъёри ва шартномаи байни харидор ва фурӯшанда ҷавобгӯ набошанд, дар ин ҳолат истеҳсолкунанда дар ҳаҷми 20% ҷарима месупорад. Маркази стандарткунони ва воситаҳои ченак ё ин ки озмоишгоҳи назорати давлатӣ яъне стандарти давлатӣ дар истеҳсолот назоратро оид ба ҳолати технологияи истеҳсоли базаҳои истифодабари воситаҳои ченкуни дар истеҳсолот гузаронидани татқиқотҳои аниқ ва сифати маҳсулотҳои истеҳсолшуда пурзур менамояд ва дар ҳолатҳои пурзур тавсифаҳои пурзур пешниҳод менамояд.

Дар соҳаи савдо назорати сифати маҳсулотҳо аз тарафи молшиносони муассисаҳои савдои гузаронида мешавад. Дар ҳолати назорати сифати маҳсулотҳо, аз дастурамали воридоти маҳсулотҳои истеъмолӣ ва низомномаи арбитраиси давлати оид ба тартиботи қабули маҳсулотҳои таъминоти истеҳсолӣ-техникӣ ва қабули маҳсулотҳои истеъмолӣ ҳама аз рӯи сифаташон аз шартномаҳои воридотӣ ва содиротӣ стандартҳои давлатӣ шартҳои теники намуна эталонҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёри ба таври васеъ истифода мебаранд. Маҳсулотҳо аз рӯи миқдор ва сифаташон дар анборҳои харидорон қабул карда мешаванд ва мӯҳлати қабули онҳо барои дигар шаҳру ноҳияҳо то 2 руз ва барои шҳру ноҳияҳое, ки истеҳсол ва қабули маҳсулотҳо дар як шаҳр ё ноҳия мегузарад то 10 руз иҷозат дода мешавад. Пас ба охир расидани қабули маҳсулотҳо оид ба сифати аслӣ комплектноки ва миқдори маҳсулотҳо санад тартиб дода мешавад. Дар ҳолати пайдо кардани камбуди ё пайдо нашудани маҳсулотҳои сифатан паст дарҳол ба истеҳсолот арз пешниҳод карда мешавад.

Барои ворид намудани маҳсулотҳои сифаташон паст ва ғайра комплекти (андозаҳои гуногун намудҳои гуногун) ва ғайраҳо истеҳсолкунанда дар ҳаҷми 20% ва барои молҳои категорияи сифаташон олӣ дар ҳаҷми 30% аз маблағи умуми маҳсулотҳои санҷидашудаи корношоям ва барои истифода набурдан ё истифодаи нопураи тамғҳо дар ҳаҷми 5% аз маблағи умумӣ ба харидорон ҷарима месупорад.

Қабули маҳсулотҳои воридотии хориҷи кишвар, ҳатман бо иштироки экспертизаҳои «Палатаи савдо ва саноати» стандарти давлати гузаронида мешавад. Назорати давлати ба таври системаҳои доими аз болои муассисаҳои яклухт ва чакана оид ба риоя намудани тартиботи қабули маҳсулотҳо аз руи сифат ва миқдор реҷаи нигоҳдори санҷиши дурусти сифати маҳсулотҳо назорат мебаранд. Дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёри техникӣ чунин талаботҳои асосӣ ба сифати маҳсулотҳо пешниҳод карда мешавад ва назорати сифати онҳо мувофиқи талаботи ин ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.

  1. Назорати сифати берунаи намуди маҳсулотҳо, ки дар асоси намуна гузаронида мешавад.
  2. Назорати сифати хелҳои маҳсулот, масолеҳ, қисмҳои он ва фурнитураи маҳсулотҳо.
  3. Назорати сифати истеҳсоли маҳсулот дар истеҳсолот ва тарзи ҳуҷҷатгузории онҳо.

Дар истеҳсолот ва муассисаҳои истеҳсолӣ ширкатҳои истеҳсолӣ ҳамаи намуди маҳсулотҳои истеҳсолшуда аз назорат ва санҷиш мегузаранд вале дар соҳаи савдо назорат ва санҷиши маҳсулотҳо ба таври интихоби гузаронида мешавад, яъне 10%-и маҳсулотҳо аз миқдори умуми санҷида мешаванд.

Сифати маҳсулотҳо асосан аз дараҷаи коркарди технология, конструксия ва сифати ҳуҷҷатҳои меъёри-техники сифати ашёҳо, маҳсулотҳои нимтаёр, нақша мутахасисони ботаҷриба ва ғайраҳо вобастагӣ дорад. Дар ҳолати риоя накардани шартҳои шартномавӣ ва дар муҳлати муайяншуда ворид насохтани маҳсулотҳо дар асоси шартнома ва низомномаҳо ва истеҳсолот дар ҳаҷми 4% аз маблағи умуми дар шартнома нишондодашуда ҷарима месупорад:

Барои маҳсулотҳои тилловорӣ ва соатҳо 1,5% 8% муайян карда шудааст.

Реҷа ва муҳлати нигоҳдории маҳсулот, ба сифати онҳо таъсири калони назаррас мерасонад. Дар ҳолати назорати сифати маҳсулот ба технология, таҷҳизотҳо, шакл модел ва замонави будани маҳсулотҳо диққати махсус дода мешавад. Дар ҳолати истеҳсоли маҳсулоти хурока барои болаззат шудан, намуди зебо гирифтан буи аромати доштан модаҳои хушбуй болаззат илова мекунанд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *