Фанни Фалсафа

Маърифти илмӣ

  1. Таълимотҳои сциентизм ва антисциентизм
  2. Тафовут байни илмҳои табиатшиносӣ ва гуманитарӣ

Дар маданияти муосир оиди илм ду мавкеи асоси мавчуд аст: сциентизм ва антисциентизм. Сциентизм қиммати мутлақи илмро қабул дошта, онро ҳамчун қуллаи дониш ҳисоб мекунад. Илм хамчун қисмати марказӣ ва пешбарандаи маданият дониста шуда, чун таъминкунандаи ягонагии маданият ба ҳисоб меравад. Сциентистхо чунин ҳисоб мекунанд, ки илм дар оянда натанҳо ҳукмрон мешавад, балки дигар соҳаҳои маданияти маънавиро фурўъ мебарад. Антисциентизм таъкид бар шаклҳои ғайриилмии маърифат мекунанд. Антисциентизм духел мешавад: муътадил ва ифротӣ. Антисциентизми мўътадил илмро дар қатори дигар шаклҳои маданияти маънавӣ мегузорад. Антисциентизми ифротӣ арзиши илмро тамоман инкор карда, онро ҳамчун қувваи зараровар ҳисоб мекунад. Тараққиёти сциентизм ва антисциентизм, ҳамдигарро танқид намудан ва муборизаҳои миёни онхо дар асри 20 барои пайдо шудани андешаҳои нав оиди илмият ва ақлигароӣ имконият пайдо намуд. Давраи нисбатан авҷгирии парстиши илм ба асрхои 17-18 хос аст. Маҳз дар ин давра тафаккури классикӣ, ки таҷассумгари ратсионалии бо ҳақиқати мантиқӣ ва илмият муҷаҳаз шакл мегирад. Ратсионалӣ (ақлонӣ) ин он чизе ки ҳақиқат аст, аммо ба ҷустуҷўи ҳақиқат илм машгуласт. Тараққиёти босуръати илм дар асрхои 17-18 эътиқодро ба имкониятҳои номаҳдуди илм зиёд намуд. Ҳама бар он бовар доштанд, ки илм кодир аст, ки ба ҳамаи саволҳои ҳастии инсон ва сохтори олам посух гўяд. Файласуфони асрхои 17-18 имконияти ба даст овардани озодиро танҳо дар сурати соҳиби дониши ақлонӣ будан медиданд. Дар он давр чунин ақида роиҷ буд, ки дониши илмӣ ин кафили бадаст овардани хушбахтӣ аст. Чун ҳар як инсон соҳиби ақл аст, вазифаи асосиаш дар такмил додани қобилияти ақлонӣ асос меёбад.

Чун инқилоби бузурги буржуазии Франция ратсионалистиро аз будаш зиёд намоиш дод, аммо тартибот баръакс ба ирратсионалистӣ ва бетартибӣ табдил ёфта буд.

Маҳз дар ҳамин давра мухолифат ба парастиши ратсионализми илмӣ ташкил мешавад. Такя намудан ба илм барои донистани эҳсоси инсонӣ, дард, марг, танҳоӣ, ба даст овардани озодӣ, сохтани ҷомеа бар асоси инсонгароӣ ва таъмин намудани хушбахтии умумӣ кифоя набуд. Рў овардан ба илм чун ба дониши мутлақ ва комил дар байни худи илм ҷудоиро ба бор оварда, табиатшиносии классикиро ба бўҳрон дучор намуд.

Дар раванди зиддият ва бўҳрони асри 20 инсоният дарк намуд, ки «ғафлати ақл даҳшатро ба бор меорад», аммо худи ақл низ дар танҳоӣ даҳшате беш нест.

Аваллин маротиба тафовут байни илм оиди табиат- табиатшиносӣ ва илм оиди маънавият (рўҳ)- донишҳои гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дар охири асри 19 пешниҳод гардид. Истилоҳоти «илм оиди табиат» ва «илм оиди маънавият» ба зудӣ дар истифодаи умум қарор гирифт. Худи ин ақида дар фалсафа тасдиқ гардид. Дар асри 20 се мавқеи асосӣ оиди масъалаи муносибати маърифати гуманитарӣ-иҷтимоӣ аз як тараф ва табиатшиносӣ аз тарафи дигар ба миён омаданд:

  1. илм оиди табиат ва илм оиди маънавият аз рўи масъала ва метод фарқ мекунанд. Барои ҳамин хусусияти илмии соҳаи тадқиқоти ҳарду эътироф карда мешавад.
  2. дониши гуманитарӣ ва иҷтимоӣ- илми тарақинокарда буда, дорои масъалаҳои хоси худ мебошад, вале методи маъмули илмӣ яъне методи табиатшиносиро истифода мекунад. Илмҳои оиди маънавият ҳамин тариқ бояд аз рўи илми оиди табиат шакл бигиранд. Чунин ақида ба позитивизм хос аст.
  3. барои дониши гуманитарӣ ва иҷтимоӣ статуси илмӣ дар он асос хос нест, ки илм оиди маънавият масъалаҳоеро дар бар мегирад, ки онҳоро дар таҷрибаи амалӣ санҷидан мумкин нест. Донишҳо оиди маънавият берун аз илманд дар ин ҳолат онҳо дар як категория бо дин, мифология ва фалсафаи непозитиви меистанд. Чунин ақида ба непозитивизм хос аст.

Ба назари мо ақидаи аввал, ки мувофики он маърифати гуманитарӣ ва иҷтимоӣ дорои ҳамаи хусусиятҳои илмӣ мебошад ва бо масъалаҳои хусусии худ (инсон ва ҳамаи соҳаҳои фаъолияти он маданият, таърих ва иҷтимоъ) ва метод нисбат ба ду ақидаи дигар бартарӣ дорад

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *