Фанни Фалсафа

Фалсафаи асри 20

  1. Неотомизм
  2. Прагматизм.
  3. Экзистенциализм.
  4. Персонализм.

Ба фалсафаи асри XX Урупои ғарбӣ ҷараёнҳои зиёди фалсафие аз қабили: навпозитивизм (неопозитивизм), фалсафаи аналитикӣ, фалсафаи илм, антропологияи фалсафӣ, экзистенсионализм, фалсафаи динӣ, феноменология, герменевтика, постмодернизм, структурализм, неотомизм, прагматизм, персонализм хос мебошанд. Мо як чанд ҷараёни фалсафии ин давраро дида мебароем.

Неотомизм фалсафаи динии асри XX ба шумор меравад. Неотомизм – ин яке аз ҷараёнҳои бонуфузи фалсафаи Урупои ғарбии асри XX ба ҳисоб меравад. Ин фалсафа реша дар таълимоти схоластии асри XIII Фомаи Аквинӣ (Томаззо) дорад. Аз номи ў ин ҷараён ба худ чунин номро гирифтааст. Асоси таълимоти неотомистиро таълимоти онтологӣ-назарияи фалсафӣ оиди ҳастӣ ташкил менамояд.

Таълимоти асосии он инҳоянд:

Усули ҷудокунии ҳақиқати ақлӣ (илм ва фалсафа) аз ҳақиқати динӣ (теология). Мухолифат байни илм ва дин дар гузашта буд. Ҳозир илм гўё маҳдудият ва имконияти худро пайбурда бошад ва постулатҳои беохири динро эътироф менамояд. Сатҳи аз ҳама боло дар таснифбандии дониш ба теология дода мешавад. Ҳамин тариқ, афкори асримиёнагӣ дар шаклгирии нав идома меёбад: фалсафа ва илм танҳо барои исботи ҳақиқати динӣ вуҷуд дорнд.

Прагматизм

Прагматизм – яке аз ҷараёнҳои бонуфузи фалсафии асри XX асосан дар ИМА ба шумор меравад. Номи ин ҷараён аз калимаи юнонӣ гирифта шуда маънояш кор, фаъолият мебошад. Прагматизмро бисёр вақт фалсафаи кор, амал гуфта ҳамин тариқ мақсади таҷрибавии онро қайд мекунанд. Аз рўи нуқтаи назари прагматизм ба ҳайси меъёри ҳақиқат мувафаққият баромад мекунад. Манбаҳои прагматизм дар фалсафаи олмонӣ асосан дар таълимоти Гегел ва Нитсше мавҷуданд.
Барои дарёфти моҳияти прагматизм мувофиқи мақсад мешуд, ки онро дар мисоли эҷодиёти асосгузори он Ч. Пирс (1839-1914) дида бароем. Баъди андешаҳои зиёд аз болои усулҳои бунёдии докторинаи прагматистӣ дар соли 1904 ў китоберо бо номи «Прагматизм чист» нашр мекунад. Маълум мешавад, ки унвони таълимоти худро ў аз Кант гирифтааст. Кант эътиқодро, ки барои фаъолият зарурӣ мебошад ва тавассути дониш онро асоснок кардан мумкин нест, эътиқоди прагматикӣ меномад.
Ҳамин тариқ, Пирс ин ақидаро ривоҷ дода, алакай оиди амалияе сухан меронад, ки бар эътиқод асос дорад, на бар дониш. Аз сабаби он ки шуур ду ҳолатро ҳис мекунад: шубҳа ва бовариро. Инсон ба ақидаи Пирс ба он кўшиш мекунад, ки ба ҳар наве аз ҳолати ногувори шубҳа берун шавад ва ҳолати гуворо- бовариро ба даст биёрад. Функсяи ягона ва арзандаи фикр ин қобилияти комёб шудан ба этиқоди устувор мебошад. Инсони муосир, аз рўи ақидаи прагматистҳо, ба оромии эҳсосӣ, ба таъминоти равонӣ — чун ба манбаҳои аз байн бурдани шубҳа, майл дорад. 

Экзистенциализм.

Экзистенциализм – фалсафаи махсусе аст, ки дар чаҳорчубаи тасаввуроти анъанавӣ намеғунҷад. Хусусияти он дар он зоҳир мегардад, ки таваҷўҳи махсусе ба масъалаҳои фардӣ ва ҳаётӣ доштанд. Мавқеи асосиро дар байни масъалаҳое, ки экзистенсионализм дар бар мегирад ин масъалаи мавҷудияти инсон, қисмати шахсии он дар олами муосир мебошад. Дар доираи ин масъалаҳо диқатти экзистенсионалистҳо ба дарки гуноҳ ва масъулият, муносибати инсон ба вазифа ва ўҳдадории худ, дар охир ба масъалаи муносибат ба марг равона шудааст. Дар фалсафаи Экзистенсионалистӣ асосан ду шоха вуҷуд дорад: экзистенсионализми динӣ ва экзистенсионализми «атеистӣ». Б а шохаи аввал Бердяев, Шестов, Ясперс ва ғ дахл доранд. Ба шохаи дуюм:Сартра, Хайдеггер, Камю ва ғ.

Персонализм. 

Персонализм (аз калимаи лотинӣ -шахс) ҷараёни динӣ дар фалсафаи муосир. Номи ин ҷараён аз эътирофи шахсият дарак медиҳад. Оламе, ки дар он шахс зииндагӣ ва фаъолият мекунад зуҳури фаъолияти эҷодии шахси олӣ – Худост. Ташаккули персонализм аз охири асри XIX дар ИМА ва Россия оғоз меёбад.
Дар тазод бо принсипи монизми идеалистӣ персонализм ақидаи бисёриро баён мекунад. Ақл дар муқобили идрок карор дорад. Оламро шахси олӣ-Худованд офарида онро қобилияти инкишоф эҳдо намуд, илм ҳаргиз қодир нест, ки гуногунӣ ва ғановати оламро дарк кунад. Илм наметавонад, ки ба инсон роҳи ростро нишон диҳад. Ин вазифаро танҳо фалсафаи динӣ ба уҳда гирифта метавонад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *