Фанни Фалсафа

Фалсафа ҳамчун илм

С.1 Фанни фалсафа ва таркиби донишҳои фалсафӣ

С.2 Масъалаи асосии фалсафа ва ду паҳлӯи он

С.3 Мақоми фалсафа дар низоми фарҳанг. Вазифаҳои фалсафа

С.4 Проблемаи метод дар фалсафа. Диалектика ва метафизика

Фалсафа аз калимаи юнонии «филео» – дӯст медорам ва «софия» — ҳикмат гирифта шуда, маънояш «ҳикматдӯстӣ» ё саъю талош сӯи маърифат аст. Ин истилоҳ бори аввал дар Юнони Қадим аз тарафи Пифагор (580-500 т м) истифода шудааст. Яъне ӯ чунин назар дошт, ки ҳикмат хоси Худост ва инсон танҳо дӯстори ҳикмат буда метавонад.

Аммо маънои этимологии фалсафа бо мазмуну мундариҷаи он мувофиқ нест. Яъне пайдоиши мафҳуми «фалсафа» чи будани фалсафаро шарҳу эзоҳ дода наметавонад. Аввалин касе, ки мафҳуми фалсафаро ба риштаи махсуси дониши илмӣ ворид сохт, файласуфи юнонӣ Арасту мебошад.

Мафҳуми фалсафа одатан дар се маънӣ кор фармуда мешавад: — фалсафа ҳамчун шакли ҷаҳонбинӣ; — фалсафа ҳамчун илм, ки предмети омӯзиши худро дорад; — фалсафа ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ.

Фалсафа – илмест, кидар бораи қонунҳои умумитарини инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон баҳс мекунад.

Аз ин рӯ, предмети фалсафа метавонад инсон, табиат, ҷамъият ва дар маҷмӯъ ҳамаи ҳастӣ бошад. Фалсафа ҳамчун илми унверсалӣ(куллӣ) ба ҳамаи илмҳои дигар – яъне, ба илмҳои табиӣ, башарӣ(гуманитарӣ) ва техникӣ робитаи бевосита дорад. Ҳар кадоме аз ин илмҳои мазкур предмети муайяни омӯзиши худро дошта, хулосаи муайян дар ин ё он масъала мебароранд, пас онро фалсафа барои таҷассуми воқеияти олам истифода мебарад.

Ҳар илм мафҳум ва категорияҳои хоси худро дорад, ки илмияти он тавассути онҳо баён мегардад. Азбаски фалсафа илми куллӣ аст мафҳум ва категорияҳои фалсафа ҳам дар илмҳои дигар ва ҳам дар гуфтугузори ҳаррӯза истифода мешавад. Мафҳум ва категорияҳои фалсафа инҳоянд: ҳастӣ, материя, инсон, ҷамъият, шуур, ҳаракат, замон(вақт), макон(фазо), фард, кулл, моҳият, зуҳурот, сабаб, натиҷа ва ғайра.

Илмҳои фалсафаро ба ду қисм тақсим намудан мумкин аст:

— фалсафаи назариявӣ;

— фалсафаи амалӣ.

Ба таркиби фалсафаи назариявӣ чунин илмҳоро дохил кардан мумкин аст: таърихи фалсафа, онтология ва гносеология(ҳастишиносӣ ва назарияи маърифат), антропология(ҳастишиносии инсон), фалсафаи иҷтимоӣ, фалсафаи дин ва ғ.

Ба фалсафаи амалӣ – илмҳои этика (ахлоқ), эстетика (зебоишиносӣ), фалсафаи ҳуқуқ, фалсафаи сиёсат ва ғ.

Фалсафа дорои масъалаи асосии худ мебошад. Масъалаи асосии фалсафаро донишманди бузург Ф. Энгелс дар асараш «Людвиг Фейербах ва анҷоми фалсафаи классики немис» чунин муайян намудааст: «Масъалаи асосии тамоми фалсафа, ба хусус фалсафаи навтарин, масъалаи муносибати тафаккур ба ҳастӣ мебошад».

Масъалаи асосии фалсафа аз ду ҷиҳат: онтологӣ ва гносеологӣ иборат аст.

1. Ҷиҳати онтологии масъалаи асосии фалсафа аз аввал будани шуур ё материя ба вуҷуд омада, вобаста ба ҷавоби ин савол файласуфон ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд.

— идеалистон — чунин ақида доранд, ки шуур аввал буда, баъд аз он материя аз тарафи шуур (идеяи мутлақ) сохта шудааст.

— материалистон — чунин ақида доранд, ки материя аввал буда, шуур дар зинаи олии инкишофи материя дар инсон ба вуҷуд омадааст.

Материализм ва идеализм дорои шаклҳои гуногун мебошад.

Шаклҳои материализм:

— материализми содалавҳонаи антиқӣ (Фалес, Гераклит, Демокрит в. ғ.);

— материализми метафизикӣ(механикӣ) (материализми франсузии асри ХУ111);

— материализми вулгарӣ (Фохт, Молешотт, Бюхнер в. ғ.);

— материализми антропологӣ (Л. Фейербах);

— материализми диалектикӣ (К. Маркс, Ф. Энгелс).

Шаклҳои идеализм:

— идеализми объективӣ (Афлотун, Гегел); Ба ҳайси мабдаъ шуури объективиро эътироф мекунанд («олами мафҳумҳо»-и Афлотун, «идеяи мутлақ»-и Гегел).

— идеализми субъективӣ (Берклӣ, Давид Юм). Ба ҳайси мабдаъ шуури субъектро эътироф мекунанд. (мас. Ҷ. Берклӣ мегӯяд: «ҷаҳон маҷмӯи эҳсосҳои ман аст»).

2. ҷиҳати гносеологии масъалаи асосии фалсафа чунин аст, ки оё ин оламро донисташавандааст ё не? Оё мағзи инсон қудрате дорад, оламро чуноне, ки ҳаст бишносад? Вобаста ба ҷавоби ин масъала файласуфон ба се гурӯҳ тақсим мешаванд:

— агноститсизм (лоадрия) – инҳо файласуфоне мебошанд, ки пурра донисташавандагии оламро аз тарафи инсон инкор мекунанд;

— скептитсизм (шаккокия) – инҳо файласуфоне мебошанд, ки бевосита донисташавандагии оламро инкор накунанд ҳам, вале дар дониста шудани он шубҳа доранд;

— оптимизм (ҷадалгароён, кушиш) – ингурӯҳи файласуфон чунин ақида доранд, ки инсон ба кӯшишу ҷадал кардан метавонад оламро пурра биомӯзад.

Вазифаҳои (функсияҳои) асосии фалсафа инҳоянд:

— вазифаи маърифатӣ — ба воситаи ин функсия фалсафа ҳамчун илм миқдори муайяни донишро дар бораи олам, муайянии онро дар соҳаҳо ва равандҳои гуногуни ҳастии ҷамъиятӣ таъмин мекунад. Фалсафа ҳамчун ақида, ғояҳо ва донишҳои умумӣ дар майнаи одамон ташаккул ёфта, ба онҳо имконияти донистани моҳияти табиат, ҷамъият ва тафаккури инсон, роб ита ва қонунҳои умумитарини инкишофи оламро таъмин мекунад.

— вазифаи методологӣ – фалсафа чун таълимоти куллӣ ба ҳайси методологияи илмӣ баромад мекунад. Файласуфи англис Ф. Бекон методро чун фонус, ки роҳи сайёҳро дар торикӣ рӯшан мекунад, олими рус И.П. Павлов бошад, методро ҳамчун ҳавои олим номида буданд.

— вазифаи ҷаҳонбинӣ — , ки фаҳмиши назариявию муҷарради (абстракти) оламро баррасӣ менамояд. Дар маркази вазифаи ҷаҳонбинии фалсафа одам ва олам , муносибати байни онҳо меистад, яъне мақом ва нақши инсон дар олам, мавқеи одам ва муносибати ӯ ба олам. Яъне ба воситаи ин функсия фалсафа дар одамон идея, назарияю ақидаҳои муайянро дар бораи ҳаёти зиндагӣ, материалистӣ ё идеалистӣ, илмию прогрессавӣ, қафомондаю иртиҷоиро ташаккул медиҳад.

Методҳои маърифати фалсафӣ хело зиёданд. Зеро худи фалсафа ба ҳайси методологияи илм эътироф шудааст. Аммо таърихан ду методи асосии фалсафа вуҷуд дорад:

— методи метафизикӣ;

— методи диалектикӣ.

Мафҳуми метафизика аз ду ибораи юнонӣ «мета» ва «физика» гирифта шуда, маънояш баъд аз физика мебошад. Сухан дар бораи он меравад, ки файласуфи машҳури Юнони Қадим Арасту ин методро дар асарҳояш, ки баъд аз физика навишта буд, истифода карда буд.

Тавассути методи метафизикӣ ҳодисаю воқеаҳо бе дар назардошти робитаҳои мураккабашон бо предмету ашёҳои дигар мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Яъне аз рӯи ин метод ҳамаи чизҳо, ашёҳо, предмету падидаҳои олами воқеӣ дар байни худ робита надоранд, тағйири ҳаракат намекунанд.

Мафҳуми диалектика аз калимаи юн. диалектике гирифта шуда маънои баҳсу мунозираро дорад.

Методи диалектикӣ — ҳодисаю падидаҳои олами воқеиро бо тамоми робитаҳои мураккабашон мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Аз рӯи методи диалектикӣ ҳама чизҳо, предметҳои олам дар ҳаракат, тағйирёбӣ ва тараққиёт мебошанд, бо ҳамдигар робита доранд, сабабгори инкишофи ҳамдигар, бо ҳамдигар алоқамандию вобастагӣ доранд.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *